СУХАНИ МИЛЛАТСОЗИ АЙНӢ
Ӯрун Кӯҳзод
Садриддин Айнӣ, дар вақте ки бардаму бақувват буд, даъвати аморатро қабул накард ва ба хидмати амир нарафт. Аммо вақте ки воқеаҳои рӯзгор ва азобҳойи чӯбзаниву зиндон ӯро пиру каммадор карда буд, хоҳиши Ҳукумати мухтори Тоҷикистонро хуш қабул кард ва ба хидмат камар баст.
Чаро?
Аз ҳамин бобат суҳбат мекунем.
Садриддин Саидмуродзода дар вилояти Бухоро, дар ноҳияи Ғиждувон, дар деҳаи Соктаре, дар соли 1878 ба дунё омад. Падараш аҳли савод буд, вале рӯзгорашро бо кишту кор ва бофандагӣ ва сангиосиётарошӣ таъмин мекард. Вай чор писар дошт ва тайёрӣ медид, ки писари дувумаш Садриддинро барои хондан ба Бухоро, ба мадраса мебарад.
Ҳамон сол ба Бухоро вабо омад. Дар байни мардум муромурӣ сар шуд. Дар хонаи Садриддинино ҳама — додаронаш, модараш ва падараш, бемор ва бистарӣ шуданд. Аҳволи падараш аз ҳама вазнинтар буд. Як шаб об талабид ва обро қулт кард ва ба Садриддин нигариста гуфт:
— Хон! Дар чӣ гуна душворӣ бошад ҳам, хон! Одам шав! Лекин қозӣ, раис ва имом нашав! Агар мударрис шавӣ, майлат! — ва чашм пӯшид.
Садриддин ятим монд. Умеди хондан барбод рафт. Бори рӯзгори хонаводаро бояд мебардошт. Вай акнун сардори хоҷагӣ буд. Аҳли оиларо хӯрондан ва пӯшондан, такопӯ ва тараддуду ташвиш ва заҳмату равиши бисёре дошт.
Бибӣ ва бобои модариаш, ки дар деҳаи дигар мезистанд, ба ӯ пайғом фиристоданд, ки додараконашро пеши онҳо барад, дар пирӣ рӯи набераҳоро серӣ бубинанд. Садриддин оши соли падару модарашро дод. Баъд хару хингил карда бародарони хурдашро назди бибиашон бурд.
Дар он деҳа муллобачае аз Бухоро меҳмон будаст, ки зиёфати калоне доштаст. Вай домуллои бародари калонии Садриддин будааст ва ӯро ба ҳамон ҳавлӣ бурданд, ки дастёрӣ бикунад. Дар ҳамон зиёфат меҳмони азиз Шарифҷон Махдум, писари қозикалон Абдушакури Оят буд. Шарифҷон ба Муҳиддинхоҷа, бародари калони Садриддин тавсия дод, ки «ин бачаро хонондан даркор. Зеҳнаш тез. Хонондан даркор».
Муҳиддинхоҷа розӣ шуд.
Садриддин ҷуворӣ, ғӯлинг, тутмавиз ва дигар чизҳоеро, ки барои зимистон захира карда буд, ба хар бор кард ва ба хонаи бибияш бурда дод. Баъд ако ука мешу барра ва харро фурӯхтанд, пулро ба миён бастанд.
Ҳардуяшон рафтанд ба шаҳри Бухоро. Дар шаҳри Бухоро Муҳиддинхоҷа аз мадрасаи Мири Араб, дар ошёнаи чорум ҳуҷрае ёфт. Бародарон дар ҳамин ҳуҷра зиндагӣ мекарданд, ки тиреза надошт ва равшаниву ҳаво фақат аз як дар медаромад. Ҳамон сол Садриддин аз хондан баҳрае набардошт. Вай се дарс мехонд. Китобҳои дарсӣ арабӣ буд. Домуллоҳо ба тоҷикӣ тарҷума мекарданд, вале фаҳмонда наметавонистанд. Бо вуҷуди ин Садриддин дар хондан танбалӣ намекард, мехонд ва матнро аз ёд мекард.
Дар мадраса зиёда аз сесад нафар талаба ва муллоҳои хатмкарда мезистанд ва ҳарифонахӯриҳо мекарданд, вале дар ин як сол Садриддин боре надид, ки онҳо аз шеъру адабиёт суҳбат кунанд. Суҳбати онҳо асосан дар бораи мансабҳои илмӣ, вақт ва ҳақ ё ноҳақ мансаб гирифтани касоне мерафт. Вай аз ин суҳбатҳо дилгир мешуд. Агар китоб хонанд, китобҳоеро мехонданд, ки аз муъҷизаҳои пайғамбару шайхҳо буд ва ба гӯшаш афсонаи дилнокаш барин мерасид.
Худи Садриддин хондан ва шеър аз ёд карданро дӯст медошт. Ҳанӯз дар деҳа, ҳарчанд ки маънояшро намефаҳмид, шеър аз ёд мекард. Ба вай оҳанги шеър ва шаҳди сухан маъқул буд. Гоҳо падараш байте мегуфт ва маънидод мекард. Боре вай байте аз Исо Махдум, шоири ҳамзамонаш ва байте аз Бобо Соиб, шоире, ки ду саду панҷоҳ сол пеш гузаштаст, хонд.
Байт аз Исо:
То ба кай зи бекорӣ бо
фасурдагӣ мурдан,
Нусхае ба даст дорӣ, ҷамъ
созу аҷзо кун!
Байт аз Соиб:
Ба дӯши таваққул манеҳ
бори худро!
Валинеъмати хеш кун кори худро!
Баъд шарҳ дод:
— Мебинӣ, одамони донишманд ҳамфикранд, Исо имрӯз ва Бобо Соиб садҳо сол пеш, аз як забон гап мезананд. Онҳо мардумро ба кор ҷеғ мезананд. Бекориро ба мурдан баробар медонанд. Муллоҳои дигар бошанд, бо вуҷуди ин ки худашон дар моли дунё ғӯтида рафтаанд, мардумро «тарки дунё кунед» мегӯянд. Яъне мехоҳанд, ки мардум дунёро тарк кунанд ва ҳамаашро худи онҳо ғундошта гиранд.
Садриддин дар ҷустуҷӯ ва ёфтан ва хондани ҳамин хел асарҳо буд. Ва дарун-дарун орзу мекард, ки ҳамин хел шеърҳои бамаънӣ бинависад.
***
Панҷ сол боз Садриддин дар Бухоро, дар мадраса мехонд. Дар ин солҳо, дар зиндагии вай, рӯзҳои хуш кам буд. Бисёрии рӯзҳояш ба сахтӣ ва муҳтоҷӣ гузашт. Сарпаноҳ на ҳамеша ёфт мешуд. Хӯрду хӯрок на ҳама вақт муҳайё мегардид. Либосу палос на ҳамеша дастрас буд. Ҳамаи ин норасоиҳоро расо кардан лозим буд ва Садридин кӯшиш мекард, ки чорае бинад ва илоҷе биёбад. Ва меёфт, — дар ҳавлии дорое дастёр мешуд, дар мадрасае фаррошӣ мекард, ба бозори мардикорон корковӣ мерафт…
Бо вуҷуди ин ҳама ташвиш ва таку дав, Садриддин дарсҳоро сари вақт тайёр мекард, қафо намепартофт, сарсарӣ намехонд, ба маънояш фурӯ меарфт.
Ҳамон сол, соли панҷуми таҳсил, корҳои дарсхонӣ ва адабии вай хеле боло рафт, шарикдарсон ба пешсафии ӯ қоил буданд. Аз ӯ маслиҳат мепурсиданд, ба ёриаш эҳтиёҷ доштанд. Ҳамроҳи ӯ дарс тайёр кардан мехостанд. Вай ҳам рад намекард. Хондани дурусти матнҳои арабиро нишон медод, ҷумлаҳои тарҷумаи тоҷикиро маънидод мекард. Дар ин мавридҳо вай фақат шарикдарс не, балки як дараҷа вазифаи муаллимиро низ ба уҳда дошт.
Корҳои адабиаш ҳам ба назари худаш бад набуд. Аз ин пеш ҳам шеър менавишт. Аммо ба касе нишон намедод. Ҳар як шеъри навиштаашро борҳо ба такрор мехонд. Баъд аз понздаҳ рӯз ё як моҳ, бемаънӣ буданаш ба худаш маълум мешуд. Бемаънигиашро ки фаҳмид, пеш аз он ки ба касе нишон диҳад, медарронд ва ё месӯхту нест мекард. Акнун ҷуръате дошт, ки шеърашро ба каси дилхоҳе нишон бидиҳад, ба шарике бихонад.
Вай бо тахаллуси Айнӣ шеър менавишт.
Номи Айнӣ ҳамон солҳо дар байни аҳли адаб ва аҳли қалам паҳн шуд. Ва албатта ба гӯши Амир ҳам расид. Амир ба қозикалон фармуд, ки Айниро ба дарбор ҷалб бикунад.
Амири аморати Бухоро Абдулаҳад, ба ибораи Абулқосим Лоҳутӣ, шоири инқилобӣ ва муборизи озодии коргару деҳқон, «натанҳо золиму мустабид, балки бисёр гӯсолаву безавқ ҳам буда». Вай безавқии худро намефаҳмид ва худаш ҳам шеър мегуфт. Бо тақлид ба амирони гузашта, ки дар дарборашон шоирону мутрибонро ғун меоварданд, аҳли адаб ва ҳофизонро надими дарбор мекард ва онҳо аҳли рикоб мешуданд, аз онҳо ба ҷомеа ва давлат ва рӯзгори мардум манфиате мерасид ё не, ба ин тарафаш касе коре надошт.
Умуман мавзӯи шеър дар аморати Бухоро «аз дунё ва аз замон шикоят кардан, мадҳияҳои бардурӯғ, ҳаҷвияҳои шахсии беадабона, май ва маҳбуб» ва аз ҳамин қабил чизҳо иборат бд. Айнӣ, ҳамчун шоири навҷӯ ва навгӯ, медонист, ки агар Аҳмади Дониш, Шамсиддин Шоҳин, Муҳаммадсиддиқи Ҳайрат барин шоирон истисно бишаванд, дигарон ҳамагӣ ба тақлиди якдигар ва тақлиди беҳунарона ба гузаштагон менавиштанд, ки мағз надошт. Бино бар он дар дилаш ҳаваси хидмати дарбор набуд.
Қозикалон Айниро даъват кард:
— Чанд шеър биёред. Ба дарбор мефиристам. Дар он ҷо, дар қатори шоирон, зикри номи шумо ҳам рафтааст.
— Шеъре надорам, ки лоиқи ба дарбор бурдан бошад.
— Шумо биёред. Лоиқу нолоиқашро Онҳо мефаҳманд.
Айнӣ ваъда надод.
Шеър ҳам набурд.
Аммо Қозикалон аз ӯ даст накашид. Боз даъват кард. Боз шеър талаб кард. Ин дафъа бо оҳанги таҳдид.
Айнӣ ночор се-чор шеър бурда дод. Дар байни он шеърҳо қитъае буд ба ин маъно, ки агар коре ба ҷое дорӣ, воситае аз дарун биёб, агар дар дарун восита надошта бошӣ, умедатро бикан, зеро ки дар замони мо бевосита коре буд намешавад.
Қозикалон ба Амир ахбор дод, ки «Айнӣ андаке девонагӣ дорад».
Баъд аз ин ӯро дигар суроғ накарданд.
***
Аморати Бухоро матбуот надошт. Нашриёт ҳам надошт. Рӯзномае намебаромад. Китобе чоп намешуд. Касе чизе бинависад, ба ёронаш мехонд ё дӯстон нусха мебардоштанд.
Китобдӯст ва китобшинос Шарифҷон Махдум аз куҷое китоби Аҳмади Дониш «Наводир-ул-вақоеъ»-ро ёфтааст. Ба шогирдаш Мирзо Абдувоҳид, ки хушхат буд, додааст, ки нусха бардорад. Абдувоҳид шоир буд. Бо тахаллуси Мунзим шеър менавишт ва бо Айнӣ дӯстии дерина дошт.
Айнӣ ва Ҳайрат гоҳе пеши Абдулвоҳид мерафтанд. Порча-порча аз ҳар ҷойи он китоб мехонданд, ки хеле маъқулашон мешуд.
Баъд аз тамом шудани китобат Шарифҷон Махдум аз Айнӣ хоҳиш кард, ки ин нусхаро ба нусхаи аслӣ, бо дастхати муллиф, бо Мирзо Абдувоҳид муқоиса бикунем. Дар вақти муқоиса онҳо китобро сар то сар пурра хонданд. Ин китоб ба китобҳое, ки Айнӣ то ҳол хонда буд, монандӣ надошт. Тамоман як чизи нав буд. Забон, тарзи баён, мавзӯъ, тасвирҳо ва таҳлилҳо фарқ дошт, нав буд, анъанавӣ набуд. Муаллиф воқеаҳоеро тасвир мекард, ки Айниву ёронаш дар зиндагӣ ҳар рӯз медиданд. Ба диданаш одат карда буданд ва ба моҳияту оқибаташ чандон аҳаммият намедоданд. Ба ғояаш фурӯ намерафтанд.
Муаллифи китоб ҳолу аҳволи Аморат ва рисолати амиру вазир ва муомилаи қозиву раис ба мардумро тасвир ва таҳлил мекард. Дарсдиҳӣ ва дарсхонӣ дар мадрасаҳо ва баҳрае, ки хонандаҳо мебардоранд, ё ки намебардоранд, воқеъбинона, равшан нишон медод. Аз касбҳо, ҳунарҳо, заношӯйӣ, оиладорӣ ва монанди ҳаминҳо мисолҳо меовард ва хулосаҳо мебаровард, ки фоида ва зарараш ину он аст.
Хондани «Наводир-ул-вақоеъ» чашми Айнӣ ва дӯстонашро баройи дидани ҷаҳон ва рӯзгори мардум, аз нав кушод. Бо эътирофи худи Айнӣ «Дар соли 1900, соли хондани китоби Аҳмади Дониш «бо ман ва баъзе шариконам инқилоби фикрӣ рӯй дод».
***
Баъди инқилоби соли 1905 фазои маънавии Бухороиён васеътар шуд. Газетаҳои форсие, ки дар Ҳиндустон ва Миср ба забони форсӣ чоп мешуд, ба Бухоро меомад. Рӯзномаҳои урусӣ ва татариро аз Когон бемалол харидан мумкин буд. Рӯшанфикрони Бухоро, ки ғами ислоҳи мактабу маорифро мехӯрданд, аз ин газетаҳо фикрашон бештар кушода мешуд. Талабашон ҳам меафзуду ҳаракат ва ҷунбишҳояшон ҷон мегирифт, ки аморати Бухоро давлати бад аст. Онро беҳ кардан даркор. Идораҳои амирро ба як тартиби муайян даровардан даркор…
Айнӣ бо ҳамин ҳаракатҳои ободихоҳӣ ҳамроҳ шуд. Вай сабаби ҳамагуна вайрониро дар мактаб медид. Мактабро ислоҳ кардан мехост.
Дар Самарқанд, дар Тошканд мактабҳои миллии нав кушоданд. Айнӣ Самарқанд рафт. Чанд рӯз дар он мактаб истод. Бо муаллимон ошно шуд, шароити кориашонро дид. Усули таълимашонро омӯхт, ба китобҳои дарсӣ шинос шуд.
Дар Бухоро як тотор мактаби хусусӣ кушод. Баъзе бухориҳо фарзандонашонро ба ин мактаб доданд. Дарс ба забони тоторӣ мегузашт. Бачаҳо аз он дарсҳо чизе намефаҳмиданд.
Айнӣ пеши он муаллими тотор рафт:
— Агар шумо розӣ шавед, ман дар мактаби шумо бепул хидмат мекунам. Дарсҳои тоториро, барои тоҷикбачаҳо ба тоҷикӣ тарҷума мекунам.
Муаллими тотор розӣ шуд. Айнӣ ба кор омад. Ва шаш моҳ дар он мактаб кор кард.
Дар асоси ҳамин таҷрибаҳо Айнӣ ва Мирзо Абдулвоҳид дар ҳавлии ӯ як мактаб кушоданд. Ба бойбачаҳо моҳе се сӯм ҳаққи таълим муайян карданд. Фақирбачаҳоро бепул гирифтанд.
Онҳо барои мактабашон китоби алифбо навиштанд. Айнӣ дар ин мактаб ҳам дарс медод ва ҳам китоби қироъат менавишт. Мақсад доштанд, ки бачаҳо дар як сол хондану навиштанро баробар ёд гиранд.
Дар охири сол имтиҳони намунавӣ ташкил карданд. Бачаҳо дар назди муллоҳо ва падару модарон имтиҳон доданд ва исбот карданд, ки дар як сол хондан ва навиштанро хуб ёд гирифтан мумкин.
Аммо муллоҳои калон муқобил баромаданд. Иғво андохтанд. Ғавғо бардоштанд, ки «ин мактаб бачаҳоро кофир мекунад». Илова ба ин боз даъво карданд, ки «ин хел бачаҳойи босавод бисёр шавад, ин қадар муллои Бухоро нонашро аз куҷо меёбад» Бо ҳамин иғво ва даъво муллоҳойи калон гапашонро ба Амир гузаронида мактабро бастанд. Айнӣ ва Абдулвоҳидро таъқиб карданд ва онҳо маҷбур шуданд, ки як муддат рӯй пинҳон бикунанд.
Оқибат дар ҳар гӯша пинҳон шуда гаштан ба дили Айнӣ зад. Вай як рӯз хесту рост ба қабули Аълами Бухоро рафт. Аълам яке аз ташаббускорони ашаддии бастани мактаб буд. Айнӣ бо ӯ мунозира кард, баҳс кард. Ба иқтибосҳо аз Қуръон ва шариат эзоҳ дод, ки мактаб мухолифи шариат набуд, ва зуд савод баровардани бачаҳо дар шаръи шариф кори савоб дониста шудааст.
Аълам ба далелҳои Айнӣ ҷавоб наёфт. Гапро дигар тараф бурд. Ӯ гуфт:
— Фарзандони мардум саводнок шаванд чӣ ва бесавод монанд чӣ? Худат савод дорӣ, илм дорӣ, қозӣ шав, раис шав, агар зиндагӣ мехоҳӣ дар паи ин корҳо нагард.
***
Бо ҳамин Айнӣ аз таъқиб халос нашуд.
Як мактабро бастанд, ба ҷойи он панҷ-шаш мактаби махфӣ кушода шуд.
Одамони қушбегӣ ҳамаи муаллимони мактабҳоро ғун карда ба арк бурданд. Қушбегӣ аз забони онҳо хат гирифт, ки дигар муаллимӣ намекунанд, касе муаллимӣ кунад, ҷазо мегирад.
Айнӣ ба деҳашон, ба Соктаре рафт. Ба ҳасту нести рӯзгор машғул шуд.
Тирамоҳрӯя Абдулвоҳид ба дидорбинӣ омад ва хабар овард, ки:
— Ду рӯз пеш тахминан панҷоҳ касро пеши қушбегӣ бурданд, ман ҳам будам. Қушбегӣ «шумоҳо ба сиёсат машғул, аз шикасти аскари рус гап мезанед, шуморо ҷазо додан даркор» гӯён дӯғ зад. Баъд аз ҳама имзо гирифт, ки дигар газета нахонанд. Шояд шуморо ҳам ҷеғ зананд, натарсед.
Вақте ки Айнӣ ба Бухоро баргашт, муаззини мадраса ба ӯ гуфт, ки одами қушбегӣ омада буд. Таъкид кард, ки биёед ман шуморо пеши қушбегӣ фиристонам.
Субҳи рӯзи дигар Айнӣ пеши қушбегӣ рафт. Дар роҳ ба худаш аҳд кард, ки «агар муомилаи дағал кунад, ман ҳам ҷавоби сахт медиҳам».
— Ҳа, чӣ гап? — пусид вай.
— Ман Айнӣ, — гуфтам.
— Шумо газета мехондаед. Аз сиёсат гап мезадаед?
— Рост аст, ки газета мехонам. Аммо дар ҷое аз сиёсат гап назадаам.
— Ин тавр бошад, чаро номи шуморо аз ҳама болотар навиштаанд?
— Инро аз ҳамон касе пурсидан даркор, ки навиштааст.
— Чаро газета мехонед?
— Газета хондан ҷиноят нест. Газетаро худам махфӣ чоп карда нахондаам. Ҳазорҳо одам газета мехонад. Дар қатори онҳо ман ҳам мехонам.
— Шумо ки мулло ҳастед, шоир ва бофазл ҳастед, газетахонии шуморо гап мекунанд. Шумо Қуръон хонед, китоб хонед, газетахонӣ ба шумо муносиб нест.
— Қуръон ва китобҳои дигарро чунон бисёр хондаам, ки монда шудаам. Акнун барои ман чизҳои наве даркоранд, ки хонда мондагии худро барорам. Ин ҳам бошад, газета ва журнал аст.
— Ҳеҷ набошад то тамом шудани ҷанг нахонед.
— Ман агар як рӯз газета нахонам, девона барин мешавам.
— Бисёр хуб. Намехонам гӯеду равед!
— Ман ба дурӯғгӯӣ одат накардаам. Дурӯғ гуфта наметавонам.
— Хуб! Равед!
Айнӣ дар ин баҳс ғолиб шуд. Аммо донист, ки ин ғалабаи муваққатист.
***
Соли 1917 дар Бухоро ҷадидкушӣ сар шуд.
Амир Олимхон бо талаби ҷадидон ва фишори ҳукумати муваққатии Русия, як ислоҳот эълон кард. Ба ин муносибат ҷадидон ба намоиши шодиёна ва шукрона, ба кӯчаҳо баромаданд. Дар роҳ тӯдаҳои бо тешаву чӯб мусаллаҳ аз пеш баромаданд ва ба онҳо ҳуҷум карданд. Аксулҳаракат хеста буд.
Айнӣ дар ҳуҷрааш аз ин воқеа бохабар шуд. Хост, ки дар ҷое сар пинҳон кунад. Аз тиреза ба берун нигоҳ кард. Саҳни мадраса пур аз одам буд, ки «ва дина», «ва шариата» гӯён ба ҳар тараф медавиданд. Як аз дилаш гузашт, ки ба хонаи дӯсте равад. Сар пинҳон кунад. Лекин зуд аз ин фикраш гашт. Дар дилаш гуфт, ки ҳарчи шавад, дар ҳуҷраи худам шавад. Барои ман хонаи як каси дигар помолу тороҷ нашавад.
Вай аз ҳуҷрааш берун набаромад!
Дар шаҳр ҷадидковӣ, ҷадиддорӣ ва ҷадидкушӣ авҷ мегирифт. Рӯзи дигар, саҳари барвақт, дари ҳуҷраи Айниро кӯфтанд. Вай дарро накушод. Одамони қушбегӣ аз тиреза даромада, ӯро зада-зада ба арк бурданд. Дар он ҷо ба тахтапушташ ҳафтодупанҷ чӯб зада ба Обхона, ба зиндон партофтанд.
Маҳбусони Обхонаро аскарони рус озод карданд. Айниро шаҳри Когон бурданд. Дар беморхона хобониданд. Духтурҳо ӯро биступанҷ бор ҷарроҳӣ каданд. Баъди панҷоҳу ду рӯзи табобат ӯро ҷавоб доданд.
Айнӣ Бухоро нарафт. Самарқанд рафт.
Самарқанд тобеи Русия буд.
***
Чунон ки як камбағали беҷон ва кафандарида аз зимистон баромада ба тобистон мерасад ва ҷону танаш роҳат мекунад, Айнӣ муҳити тангу торики аморати Бухороро паси сар карда, ба олами васеъ ва равшани сотсиализм по монд ва бо ҷону дил ба ин тартиби давлатдорӣ хидмат кард. Вай илми марксистӣ нахондааст. Дар ҳаракатҳои инқилобӣ иштирок накардааст, вале инқилоби Октябрро хуш қабул кард. Чунки ғояҳои сотсиалистӣ ба дилаш наздик буд. Дарду аламаш ба дарду алами ӯ монанд буд. Ҳар чизе ки вай диду написандид, сотсиалистҳо намеписандиданд ва мехостанд, ки бекор бикунанд, ислоҳ бикунанд. Ва Айнӣ овоз баланд кард:
Инқилоб офтобро монад!..
***
Эй машъали рахшони адолат,
зи куҷойӣ,
к-имрӯз ба мойӣ?
Торикии бедод зи гетӣ бизудойӣ,
моно ки зиёйӣ…
***
Мактаб дар Самарқанд давлатӣ буд. Айнӣ дар як мактаб муаллим шуд. Аз забон ва адабиёти тоҷик дарс медод. Таҷрибаи кор бо талабаҳо дошт. Аз дигар муаллимон хубтару беҳтар дарс медод.
Як сол пас ӯро ба кори матбуот даъват карданд.
Дар Самарқанд маҷаллаи «Шуълаи инқилоб» ва газетаи «Меҳнаткашлар товуши» нашр мешуд. Аз мардуми маҳалӣ коркунони адабӣ ва қаламдорон кам буданд. Бино бар он қисми асосии ин маҷалла ва газетаро Айнӣ пур мекард. Вай бо имзоҳои гуногун мақола, хабар, шеър менавишт. Як рисола бо номи «Таърихи амирони манғити Бухоро» навишт ва чоп кард.
Дар ин миён коммунистони Бухоро Айниро ҷеғ зада, ба Тошканд бурданд. Дар Тошканд вай як моҳ истод. Барои бедор кардани мардум ва ба инқилоб даъват намудани заҳматкашон хитобаҳо ва баённомаҳо ва муроҷиатномаҳо навишта дод:
Эй ситамдидагон, эй асирон,
Вақти озодии мо расид.
Муждагонӣ диҳед, эй фақирон,
Дар ҷаҳон субҳи шодӣ дамид…
***
Соли 1920 дар Бухоро инқилоб ғалаба кард.
Дар арафаи инқилоб туркпарастон хеле фаъол шуданд. Онҳо мавҷудияти халқи тоҷикро инкор мекарданд. Бинобар он, вақте ки Ҷумҳурияти шӯроии халқии Бухоро ташкил ёфт, роҳбарони он забони туркиро забони давлатӣ эълон карданд, ки тоҷиконро ба шӯр овард. Айнӣ аз ин беадолатӣ ба дод омад, эътироз кард, ба корҳои давлатӣ нарафт, комиссар нашуд. Вазифаи сафириро пушти по зад.
Баъди чор сол, соли 1924, масъалаи тақсимоти миллии Осиёи Миёна пеш омад. Хоки Ҷумҳурии халқии Бухоро байни ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Туркманистон, Тоҷикистон тақсим шуд.
Ҳамон солҳо даъвои туркпарастон ва муқобил истодани тоҷикон ба авҷи аълояш расид. Туркпарастон ба воситаи матбуот, идораҳои давлатӣ ва раисони маҳаллаҳо ташвиқот мебурданд, ки дар Бухоро, Самарқанд, Тошканд ва Фарғона тоҷик нест. Тоҷикон бо далелҳо аз забон, илм ва адабиёт ва таъриху ҷуғрофия ҷавоб медоданд, ки даъвоятон асос надорад. Таърихро намедонед.
Дар майдони ин мубориза Садриддин Айнӣ дар сафи пеш меистод. Вай мақолаҳо менавишт. Китобҳо менавишт. Нашр шудани рӯзномаи «Овози тоҷик»-ро ҳамчун як муваффақият дар ин роҳ медид:
Ба парда то ба чандин рози тоҷик?
Биё, биншин, шунав овози тоҷик…
Ба зеҳни софу истеъдоди фитрӣ,
Набошад дар ҷаҳон анбози тоҷик…
Фақат бемактабӣ дар аҳди ҳозир,
Каме монеъ шуд аз парвози тоҷик…
Айнӣ дар ҳамон солҳо повести «Ҷаллодони Бухоро», рисолаи «Материалҳои таърихи инқилоби Бухоро»-ро навишт. Ин асарҳоро пасу пеш ба нашрияи давлатии Бухоро бурда дод. Нашриёт ин асарҳоро чоп накард. Гуфт, ки «гум шуд». Чоп накард, вале музди қаламашро пурра дод. Айнӣ бо ин пул дар Самарқанд ҳавлӣ харид.
***
Ҷумҳурии мухтори Тоҷикистон дар дохили Ҷумҳурии Ӯзбекистон буд, сарварони туркпарасти ин ҷумҳурӣ, бо ҳар роҳе, ки аз дасташон биёяд, ба тоҷикон ва тоҷикистониён фишор меоварданд, халал мерасониданд, зарар мерасониданд. Маблағҳое, ки ҳукумати шӯроӣ барои тараққиёти Тоҷикистон ҷудо мекард, бо ҳар баҳона намедоданд. Ба манфиати худашон сарф мекарданд. Ба мактабҳои тоҷикӣ китоб намедоданд. Муаллим намефиристоданд…
Ҳукумати Тоҷикистон ба муқобили туркпарастон пайваста мубориза мебурданд. Ба воситаи матбуот, ба воситаи адабиёт, ба воситаи идораҳои сиёсӣ ва ҳизбӣ мубориза мебурданд. Дар давоми муборизаҳо фикре пайдо шуд ки, як асари яклухт, як китобе аз таърихи адабиёти тоҷик даркор, ки ба даҳони туркпарастон муҳр занад. Кӣ қудрат дорад, ки чунин китоберо бинависад?
Қуръаи фол ба номи Садриддин Айнӣ афтод.
Нахустин Раиси Шӯрои Комиссарони Тоҷикистони мухтор Абдулқодир Муҳиддинов Самарқанд назди Айнӣ рафта, фикрашро ба ӯ гуфт. Айнӣ ҳам фикрашро пешниҳод кард. Онҳо ба як ақида омаданд, ки чунин китоб хеле зарур аст. Ҳукумати Тоҷикистон бо Айнӣ шартнома баст — хароҷот аз Ҳукумат, навиштан аз Айнӣ.
Айнӣ китоби «Намунаи адабиёти тоҷик»-ро дар як сол навишт. Китоб соли 1926, бо сарсухани Абулқосим Лоҳутӣ, дар Маскав чоп шуд.
Нашр шудани «Намунаи адабиёти тоҷик» туркпарастони Тошкандро ба таҳлука андохт. Онҳо ба сари ин китоб моҷарои зиёде оварданд, лекин таъсири онро кам карда натавонистанд.
«Намунаи адабиёти тоҷик» ҳамон солҳо, дар майдони сиёсат ва миллат ва ғояи миллӣ ҳамчун шаҳодатномаи миллати тоҷик хидмат кард.
***
Аввали умри Айнӣ дар сахтиҳо гузашт.
Охири умраш пуропури шодмониҳо буд.
Вай беҳтарин рӯзҳои хуши зиндагиашро дар замони Шӯроӣ дид. Ва беҳтарин асарҳои бадеӣ ва илмиашро низ дар замони Шӯроӣ навишту нашр кард. Алҳол Куллиёти Айнӣ дар Душанбе, дар сенздаҳ ҷилд ба табъ расидааст, ки ғолиби осори ӯро фаро мегирад.
Асарҳои Айнӣ ба 34 забони дунё 273 маротиба чоп шудааст. Ҳамаи осори ӯ бо забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ, русӣ ва дигар забонҳои халқҳои СССР ба миқдори 3222390 нусха нашр шудааст. Фақат китоби «Ёддоштҳо» ба 22 забони олам 33 бор чоп шудааст, ки шуморааш ба 1000000 нусха мерасад.
Мартаба ва обрӯи Айнӣ дар назди Ҳукумати Тоҷикистон дар пояе буд, ки агар ҳузураш даркор бошад, аз Душанбе ба Самарқанд вагони хосе мефиристонид ва ӯро меовард.
Як умр бошарафона зистан,
Як умр ҳақиқати таърихро ҷустан,
Як умр адлу адолатро ҳимоя кардан,
Як умр ғами давлат ва миллатро хӯрдан
Қаҳрамонист!
Қаҳрамонӣ аз ин боло намешавад.
Устод Садриддин Айнӣ ҳамин хел Қаҳрамони Тоҷикистон аст.
25.01.2016.