Суруди ифтихорофарин
Ба муносибати 30-солагии Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суруди миллӣ яке аз арзишҳои олии ватандӯстӣ ва давлатдории тоҷикон ба ҳисоб рафта, дар радифи муқаддасоти миллии мо қарор дорад. Сурудан ва садо додани Суруди миллӣ яке аз рамзҳои асосии Истиқлоли давлатӣ ва худсолории миллӣ буда, барои ҳар ватандор лаҳзаи ифтихору сарбаландист.
Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 7-уми сентябри соли 1994 бо Қарори Шурои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст. Муаллифи матни он Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ ва муаллифи оҳангаш Сулаймон Юдаков мебошанд.
Матни рӯшану возеҳи Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои оммаи мардум фаҳмо ва қобили дарк буда, ниёз ба шарҳи луғавию забонӣ надорад. Бинобар ин, тафсири зерин бештар моҳияти мазмунӣ дошта, асосан барои истифодаи таълимӣ ва корбурди тарбиявию ватандӯстӣ дар байни наврасону ҷавонон пешбинӣ шудааст.
БАНДИ 1:
Диёри арҷманди мо,
Ба бахти мо сари азизи ту баланд бод,
Саодати ту, давлати ту бегазанд бод!
Зи дурии замонаҳо расидаем,
Ба зери парчами ту саф кашидаем, кашидаем.
Зинда бош, эй Ватан,
Тоҷикистон озоди ман!
«ДИЁРИ АРҶМАНДИ МО»
Калимаи «диёр» ба маънои сарзамин, кишвар ва зодгоҳ аст, ки шакли ҷамъи решаи арабии «дор», яъне хона ё Ватан мебошад. Чунонки дар таркиби «дору-л-ватан» истифода шудааст.
«Арҷ» калимаи тоҷикӣ буда, ба маънои арзиш, баҳо ва қимат ва «арҷманд» ба маънои бисёр арзишманд, азиз, пурқимат, дорои шукӯҳу манзалату ҷойгоҳи хоса аст.
Пас «диёри арҷманди мо» як муроҷиатест ба Ватан, ки эй сарзамини бисёр гиромии мо, эй Ватани азизи мо, эй кишвари бисёр зебову арзишманду муқаддаси мо!
Ва дар идомаи он тамоми матни Суруди миллӣ як муроҷиати мутантани мо бо Ватан ё як гуфтугӯи самимии мо бо Модар-Ватан аст, як қадрдонӣ ва як ниёиши неку фарзандонаи мо дар ҳаққи Ватан аст.
«БА БАХТИ МО САРИ АЗИЗИ ТУ БАЛАНД БОД», яъне, эй Ватан, таманно дорем, ки истиқлоли ту барҷой бод, озодии ту поянда бод, зеро «сари баланд» рамзи озодиву истиқлолу худсолорист. Аммо «сари хам» рамзе аз шикасту вобастагист. Барои давлат ва Ватан сари баланд орзу кардан ба маънои барояш истиқлолу озодиву шуҳрату рушду шукуфоӣ орзу кардан аст.
Ибораи «сари азизи ту» баёни саршор аз муҳаббат аст, яъне сари ту барои мо азиз аст, худи ту барои мо бисёр азиз ҳастӣ, сари азизи ту дар амон бод, баланд бод! Мисли ибораи муҳаббатомези мардумӣ, ки «саракат дардро набинад!».
«САОДАТИ ТУ, ДАВЛАТИ ТУ БЕГАЗАНД БОД», яъне орзу дорем, ки хушбахтии ту халал наёбад ва давлатдории ту осудаву ҷовидон бошад.
«Саодат» ба маънои хушбахтист. Чунонки дар «Кимиёи саодат» (Ғаззолӣ) ба маънои равиши расидан ба хушбахтӣ ва «ҷавонони саодатманд» (Ҳофиз) ба маънои ҷавонони хушбахт омадааст. Саодати як давлат пеш аз ҳама сулҳу субот ва рушду амнияти он кишвар ва осудагиву хушбахтии мардуми он аст.
«Газанд» ба маънои офату зарар ва зиён истифода мешавад ва «бегазанд» маънои бехалал, безарар ва солимро дорад. Тавре ки Фирдавсӣ фармуда буд:
Пай афкандам аз назм кохе баланд,
Ки аз боду борон наёбад газанд.
Пас Суруди миллии мо бо чунин орзую таманнои нек нисбати модар-ватан оғоз мешавад. Дар оғози он мо ба диёри арҷманди худ сари баланд ва саодату давлати ҷовидонаву бегазанд орзу менамоем. Ин таманнои нек муҳаббатномаи ҳар яки мо нисбат ба Ватани азиз аст. Аз ин рӯ, бо ҳар хониши Суруди миллӣ мо саршори эҳсосу эҳтиром аз ҷой бархоста, дар ҳаққи Ватану давлати арҷманди худ, барои сарбаландиву саодату бегазандии он орзу ва дуои нек мекунем.
Аммо ибораи «БА БАХТИ МО», ки дар оғози ин сатрҳо омадааст, ишорат ба он дорад, ки бахту саодати ҳар яки мо низ ба суботу истиқлол ва сарбаландиву хушбахтиву бегазандии ин Ватан вобаста аст. Яъне, барои он, ки мо хушбахт бошем, барои он, ки мо ба саодат бирасем, Ватани мо бояд сарбаланду бегазанд бошад. Зеро бе Ватани озод, бе давлати миллии мустақил мо як мардуми бесарпаноҳ, беҳуқуқ ва саргардон хоҳем буд. Ин ҷост, ки бахти мо, манфиати шахсии мо ва манфиати Ватану давлат бо ҳам пайваст мешаванд ва тавъам мегарданд. Ту сарбаланд бош, то мо сарбаланд бошем, ту хушбахт бош, то мо низ дар сояи ту хушбахт бошем!
«ЗИ ДУРИИ ЗАМОНАҲО РАСИДАЕМ», яъне мо таъриху тамаддуни бисёр қадиму бостонӣ дорем. Мо миллати сохта, навпайдо, береша, беасолат нестем, балки аз замонҳои қадим омада расидаем.
Зи дурии замонаҳо расидаем, яъне таърихи мо бисёр дуру дароз аст, мо дирӯзу имрӯз пайдо нашудаем, мо аз қаъри таърих берун омадаем. Мо аз оғози таърих будем, ҳузур доштем, ҳудуд доштем, тамаддун доштем, давлат доштем. Тамоми осори бостонӣ ва ёдгориҳои таърихӣ шаҳодат медиҳанд, ки умри ин миллат баробари тамоми умри таърих аст.
Ин сатри хеле муҳимми Суруди миллист, ки синаҳоро пур аз ифтихор мекунад ва ҳар як тоҷикро ба он гузаштаи бузург ва бо решаву асолати худ мепайвандад. Зеро «тоҷик» танҳо номи як миллат нест, он номи як таърих, як асолат, як фарҳанг, як тамаддун аст. Тоҷик рӯи чунин решаву пояи устувор истодааст ва сирри пойдории ин миллат низ дар ҳамин аст.
Ва ин таъкид, ки мо «зи дурии замонаҳо расидаем», идомаи он посухҳои таърихист, ки бузургони мо чун устод Айниву устод Ғафуров бо шоҳкориву ҷонбозиҳои худ дар исботи асолати таърихии тоҷикон эҷод кардаанд. Ин таъкид хулосаи ҳамаи он талошҳост, ки ба гӯши гарони инкоргарони тоҷик садо медиҳад, ки мо зи дурии замонаҳо расидаем!
«БА ЗЕРИ ПАРЧАМИ ТУ САФ КАШИДАЕМ», яъне имрӯз ҳамаи мо, фарзандони азизи ту, дар канори ту ҷамъ омадаем, дар ҳимояти ту истодаем, ба зери парчами ту саф оростаем. Ва маънои савгандии ин сатр барҷастатар аст, зеро ба зери парчаме саф кашидан ба маънои аҳду паймон бастан ва ба ҷонибдориву ҳимояи он савганди вафодорӣ ёд кардан аст. Аз ин рӯ, ин сатр як навъе паймон, шартнома ва савганд бо Ватани арҷманд аст, ки мо ба зери парчами ту саф оростаем, ба ту вафодорем, ҳеҷ парчами дигарро қабул надорем.
Ин аст, ки ҳар боре дар вақти иҷро ё шунидани Суруди миллӣ ба ин сатр мерасем, аҳду паймони вафодории худро бо Ватани азиз ба ёд меорем, онро эҳё мекунем, байъати худро ба ватан таҷдид мекунем; қомати худро рост ва сари худро баланд карда, бо ифтихор ва вафодорӣ аз дил мегузаронем, ки ба зери парчами ту саф кашидаем, ба зери хеҷ парчами дигар намеравем! Яъне ба ту хиёнат намекунем, туро намефурӯшем, дар ҳама ҳолат аз ту ҳимоят мекунем…
«ЗИНДА БОШ, ЭЙ ВАТАН, ТОҶИКИСТОН ОЗОДИ МАН!» Дар бахши шиорӣ ё нақарот, ки он ҳам идома ва нуктаи авҷи ниёишу таманнои неки мо дар ҳаққи Ватан аст, ибораи «Тоҷикистони озод» хеле муҳимм буда, таҷаллии давлати соҳибистиқлол, худкифо ва худсолори мост. Зеро маҳз Тоҷикистони соҳибистиқлол ва озоде, ки ба касе ва аз ҷое вобаста нест, ормони миллии мо мебошад. Зеро маҳз Тоҷикистони озоде, ки сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро мустақилона муайян ва татбиқ мекунад, ба манфиати миллии мост. Аз ин рӯ, дар нақароти Суруди миллӣ калима ва мафҳуми «озод» ҳамчун муҳимтарин сифат барои Тоҷикистони соҳибистиқлол ва худсолор садо медиҳад.
БАНДИ 2:
Барои нангу номи мо,
Ту аз умеди рафтагони мо нишонаӣ,
Ту баҳри ворисон ҷаҳони ҷовидонаӣ,
Хазон намерасад ба навбаҳори ту,
Ки мазраи вафо бувад канори ту, канори ту.
Зинда бош, эй Ватан,
Тоҷикистон озоди ман!
«БАРОИ НАНГУ НОМИ МО», яъне барои ҳифзи нангу номус ва номи баланди мо. Нанг – арзиш ва сифати баландтарини тоҷикон аст, ки он шарафу номус, сари баланд ва ахлоқи болои миллатро ифода мекунад ва ҷойи ифтихор аст, ки тоҷикон ҳамеша чун миллати бонангу номус шинохта мешуданд. Аммо «ном» аломати асосии ҳувият ва ҳастии як миллат аст ва ном ҳамеша бо нангу номус пайваст мебошад. Ибораи «нангу ном» як ибораи рехта буда, дар осори бузургони мо зиёд корбурд дорад ва дар кул, ба маънои обурӯву шараф ва ҳастиву буду набуди инсон ё миллат низ меояд.
«ТУ АЗ УМЕДИ РАФТАГОНИ МО НИШОНАӢ,
ТУ БАҲРИ ВОРИСОН ҶАҲОНИ ҶОВИДОНАӢ», яъне, эй Ватани азиз, эй Тоҷикистони арҷманд, ту муҳимтарин мероси гузаштагони мо ҳастӣ, ту бузургтарин нишона ва неъмате ҳастӣ, ки аз падарону бобоёнамон ба мо, яъне ба ворисон (ба фарзандон, ба меросдорон) расидааст. Дар вуҷуди ту тамоми умеду орзуи рафтагони мо, орзую омоли насл андар насли муборизону шаҳидони роҳи озодиву истиқлоли мо таҷассум ёфтааст.
Бале, мо зи дурии замонаҳо расидаем, мо сарзаминҳои паҳновар ва давлатҳои бузург доштем, мо соҳиби тамаддуну фарҳанги оламгир будем, ниёгони мо ҳамеша истиқлолу озодиро гиромӣ медоштанд. Аз ҷабри таърихӣ он ҳудудҳои бузургу он давлатҳои абарқудрат аз даст рафтанд ва аз он ҳама танҳо ту барои мо ёдгор ва нишона мондаӣ. Ба гунае, ки аз тамаддуни ориёӣ ҳам ту нишонаӣ, аз даврони эҳёву бузургии миллӣ ҳам ту нишонаӣ, аз Куруши Кабиру Ҳахоманишиён ҳам ту нишонаӣ, аз Ашкониёну Кӯшониён ҳам ту нишонаӣ, аз Сосониёну Сомониён ҳам ту нишонаӣ, аз Ҳироту Балху Самарқанду Бухоро ҳам ту нишонаӣ…
Ту гавҳару хулосаи тамоми таъриху ифтихорҳои моӣ. Ту барои мо, ки ворисони он тамаддуни бузургу он абардавлатҳоем, як арзиши мондагор, як марзи муқаддас ва як ҷаҳони ҷовидонаӣ. Пайванди мову ту абадӣ ва бепоён аст. Ту охирин пойгоҳи миллӣ, ту охирин паноҳгоҳи таърихӣ ва ту охирин умеду имкони тоҷикон ҳастӣ. Ту охирин ҷое ҳастӣ, ки тоҷик бо сари баланд метавонад забон, фарҳанг, ҳувият, ҳуқуқ ва манфиатҳои худро ҳифз ва ҳимоя кунад. Агар ту набошӣ, ояндаву бақои миллати тоҷик зери савол меравад, тира мешавад. Аз ин рӯ, ин сарзамин дигар ҷойи бохтан, ҷойи гузашт кардан, ҷойи муомила кардану бахшидан надорад, мо ҳар ваҷаб хоки туро ҳифз мекунем, туро дигар аз даст намедиҳем! Ту аз умеди рафтагони мо нишонаӣ!
«ХАЗОН НАМЕРАСАД БА НАВБАҲОРИ ТУ,
КИ МАЗРАИ ВАФО БУВАД КАНОРИ ТУ, КАНОРИ ТУ», яъне мо бовар дорем, ки ту ҳамчунон озоду шукуфон боқӣ мемонӣ ва неруи харобиовари хазон наметавонад ба навбаҳори зебои ту осеб расонад, ҳеҷ душман наметавонад амнияту осудагии туро халалдор созад.
Сабаби чунин боварӣ ба пойдории ту дар он аст, ки оғӯши ту як «мазраи вафост», яъне замини ту як киштзори вафодорист, ки аз он насл ба насл фарзандони бонангу номус мерӯянд ва ин фарзандони вафодорат ҳаргиз иҷозат намедиҳанд, ки касе ба ту газанд расонад. Яъне, то замоне ки аз домани ту, аз ин «мазраи вафо», аз ин хоки қаҳрамонпарвар пайваста фарзандони сарбаланду шуҷоъ бармехезанд ва дар ҳимояи ту, ба зери парчами ту саф мекашанд, ҳеҷ неруе наметавонад ба ин фазои биҳиштии ту, ба ин навбаҳори шукуфони ту осеб расонад.
Тасвири навбаҳори бехазонро метавон чун ишорате ба табиати биҳиштосо ва зебоии ҷовидонаи Тоҷикистон низ шарҳ намуд, зеро дар ҳақиқат кишвари ҳамешабаҳори мо бӯстонест, ки дасти хазон ҳаргиз ба он намерасад.
Аммо дар шарҳи ибораи пурмазмуни «мазраи вафо» ё киштзори вафодорӣ бояд афзуд, ки истиқлолу ватандӯстӣ арзиши меҳварии андешаи миллии мо буда, дар тамоми давраҳои таърихӣ моҳияти мубориза ва ҳастии миллии тоҷиконро ташкил додааст. Ин ормону андеша ҳатто дар мушкилтарин давраҳои таърихӣ, дар марҳалаҳои куштору ишғолу занҷиру асорат низ аз зеҳни тоҷикон берун нарафтааст. Ва таърих гувоҳ аст, ки аз ин сарзамин хиёнат намерӯяд ва фарзандони ин миллат ҳамеша оини вафодорӣ ба Ватанро нигоҳ доштаанд. Ба ростӣ, ин таърих таърихи вафодорӣ ва ин сарзамин мазраи вафо будааст!
БАНДИ 3:
Ту модари ягонаӣ,
Бақои ту бувад бақои хонадони мо,
Мароми ту бувад мароми ҷисму ҷони мо,
Зи ту саодати абад насиби мост,
Ту ҳастиву ҳама ҷаҳон ҳабиби мост, ҳабиби мост.
Зинда бош, эй Ватан,
Тоҷикистон озоди ман!
«ТУ МОДАРИ ЯГОНАӢ», яъне, эй Тоҷикистон, эй Ватани азизи мо, ту барои ҳамаи фарзандону шаҳрвандонат модари ягонаӣ. Мо дар оғӯши ту ба дунё омадем, дар канори ту бузург шудем, аз обу хоки ту неру гирифтем, дар сояи ту оромиш дорем ва бо муҳаббати ту зиндаем. Ту, эй модари ягона, ҳамаи моро дар домони худ ҷамъ овардаӣ, ҳамаи моро ба ҳам пайванд додаӣ, ҳамаи моро сари як хони бародарӣ гирд овардаӣ, аз фард-фарди мо миллати бузургу ягона сохтаӣ.
Пайванди ту ва ишқи ту дар ҷони мо, дар хуни мо, дар вуҷуди мо нишастааст ва ҳаргиз берун намешавад. Мо дигар ҳеҷ ҷое барои чунин оромиш ва чунин муҳабати зотӣ надорем, мо дигар ҳеҷ ҷойро чунин самимона дӯст дошта наметавонем. Аз ин рӯ, ту модари ягонаи моӣ. Чуноне ки модари инсон танҳо яктост, Ватан низ танҳо яктост. Ватани ягона, модари ягона.
Пас туро ҳамеша дӯст медорем, бароят ҳамеша хизмат мекунем, ба ту хиёнат намекунем, эй Тоҷикистон, эй модари ягонаи мо.
«БАҚОИ ТУ БУВАД БАҚОИ ХОНАДОНИ МО,
МАРОМИ ТУ БУВАД МАРОМИ ҶИСМУ ҶОНИ МО». «Бақо» ба маънои будан, ҳифз шудан ва боқӣ мондан ва «маром» ба маънои ҳадаф, мурод, мақсад, низоми арзишҳо.
Ин сатрҳо пайванди амиқу унсурии моро бо модари ягона, яъне бо Тоҷикистони азиз ифода мекунанд. Ба ин маънӣ, ки боқӣ мондани ҳар яки мо, боқӣ мондани хонадони ҳар яки мо ва боқӣ мондани ин миллат ҳамчун як оилаи ягона ба боқӣ мондани Тоҷикистон ҳамчун Ватани азиз ва давлати мустақил вобаста аст. Бақо ва ояндаи миллати тоҷик ба ҳифз шудан ва бақо ёфтани давлатдории миллии он вобаста аст. Муҳимтарин омили ҳифзу бақо ва таъмини ояндаи рӯшани миллати тоҷик ҳифзи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати миллию мустақили он аст. Яъне, агар сарзамин ва давлат аз даст раванд, миллат ҳам ба тадриҷ аз байн хоҳад рафт. Аз ин рӯ, байни бақои Ватану давлат ва бақои фарҳангу миллати мо вобастагии зиндаву мустақим вуҷуд дорад.
Ин аст, ки «мароми ту бувад мароми ҷисму ҷони мо», яъне вуҷуди мо бо вуҷуди ту омехтааст ва марому мақсади мо бо мақсаду ҳадафҳои ту ҳамгун шудаанд. Ҳамон гуна, ки ту барои осудагиву пешрафту комёбии мо хидмат мекунӣ, мо ҳам дар пайи осудагиву пешрафту комёбии ту ҳастем. Ту дар ғами осудагиву комёбии халқат ҳастӣ ва мо дар пайи осудагиву комёбии ту. Мо дар оромиши ту оромиши худро мебинем, дар амнияти ту амнияти худоро меёбем, дар саодати ту саодати худро мебинем. Дунёи модиву маънавии мо бо ҳам омехтааст, мақсаду мароми мову ту бо ҳам як шудааст. Ту бо фарзандонат менозӣ ва мо бо ту ифтихор дорем, эй модари ягона! Чуноне ки фарзанди бузургворат Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ фармуда буд:
Ҳикмати ҳақ дар қазову дар қадар
Карда моро ошиқони ҳамдигар.
«ЗИ ТУ САОДАТИ АБАД НАСИБИ МОСТ», яъне бо сабаби будани ту ин хушбахтии ҷовидонӣ насиби мо шудааст, бо сабаби соҳиби ватани озод ва соҳиби давлати миллии худ будан мардуми тоҷик хушбахт ё саодатманд гаштааст. Зеро соҳиби давлат будан ва бо номи худ давлат доштан дар ҳақиқат саодати бузургест, ки насиби ҳар халқу миллат намешавад. Шигифтовар аст, ки дар ҷаҳони имрӯз танҳо 2% аз халқу миллатҳо соҳиби давлати миллии худ ҳастанд ва ин саодату хушбахтист, ки тоҷикон ба он гурӯҳи хурди миллатҳои соҳибтоҷу соҳибдавлат дохил мешаванд. Ва ба сабаби доштани давлат тоҷикон метавонанд сарнавишти худро муайян кунанд, бақои худро таъмин кунанд, рушди худро фароҳам созанд ва ояндаи рӯшани худро рақам зананд. Пас, ин саодати тоҷикон абадӣ бод!
«ТУ ҲАСТИЮ ҲАМА ҶАҲОН ҲАБИБИ МОСТ, ҲАБИБИ МОСТ» Калимаи «ҳабиб» ба маънои дӯст, рафиқ, шарик ва ҳампаймон аст ва дар ин сатр ду бор такрор шудани ибораи «ҳабиби мост» ҳам таъкид ба мазмун ва ҳам аз талаботи оҳанги суруд аст. Ва ин сатри баланди Суруди миллии мо ба яке аз муҳимтарин ҳақиқатҳои ҷаҳони имрӯз ишора менамояд, ки танҳо бо сабаби соҳиби давлат ва истиқлол будан миллатҳо эътирофу эҳтиром меёбанд, ҳуқуқи дӯстӣ ва ширкат дар муносибатҳои байналхалқиро пайдо мекунанд.
Яъне, эй ватани азиз, эй давлати миллии мустақили мо, ту ҳастӣ, ки ҷаҳониён моро эътироф мекунанд, ту ҳастӣ, ки ҷаҳониён моро ба расмият мешиносанд, ту ҳастӣ, ки бо мо шартномаҳои дӯстӣ имзо мекунанд, ту ҳастӣ, ки бо мо паймонҳои шарикӣ ва шарикии стратегӣ мебанданд. Ту ҳастӣ, ки мо ҳамчун халқи соҳибдавлат парчаму нишони худ ва шиносномаи худро дорем, дар тамоми ҷаҳон озод сафар мекунем, дар ҳамоишҳои ҷаҳонӣ аз номи ту сухан мегӯем, дар созмонҳои ҷаҳонӣ аз номи ту садо баланд мекунем ва аз номи ту овоз медиҳем. Ту ҳастӣ, ки имрӯз мо бо 170 кишвари ҷаҳон робитаҳои дипломатӣ дорем, дар 60 ташкилоти минтақавию ҷаҳонӣ узвият дорем, узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид ҳастем.
Ту ҳастӣ, ки моро одам мешуморанд, бо мо менишинанд, гуфтугӯ мекунанд, қарордод мебандад. Вагарна имрӯз ҳазорон халқҳои бедавлату беватане ҳастанд, ки дар сатҳи байналмилалӣ ҳеҷ эътибору эътирофе намеёбанд, дар орзуи ҳуқуқ ва давлат мубориза мекунанд, ба давлатдории мо бо дидаи ҳавас менигаранд.
Ин яке аз нуктаҳои авҷи Суруди миллии мост, ки аз дарки маънои он сина пур аз фараҳ мегардад ва ашки шукронаву ифтихор аз чашмҳо ҷӯш мезанад. Ту ҳастию ҳама ҷаҳон ҳабиби мост…
Ва дар ҳамин сатрҳо муаллифи Суруди миллӣ устод Гулназар натанҳо чун шоири баркамол, балки ҳамчун андешаманди сиёсӣ низ зуҳур мекунад, ки ба рози асосии хушбахтии имрӯзи мо ишора мефармояд: Ту ҳастию ҳама ҷаҳон ҳабиби мост! Ин давлат ва истиқлол аст, ки мо ҷойгоҳу эътибори ҷаҳонӣ ёфтем, вагарна бе ватан, бе давлат ва бе истиқлол насиби мо танҳо зулму асорату бечорагиву оворагӣ дар ҳошияҳои таъриху сиёсати ҷаҳонӣ мебуд…
Ва ин шиору ин таманно садои дили ҳар тоҷик, садои қалби ҳар ватандори асил аст. Ин аст мазмуни мухтасари Суруди миллии мо, шарҳи кӯтоҳи паймону меҳрномаи мо дар пешгоҳи диёри арҷманди худ.