СУННАТНИЁ НУҚРА

 СУННАТНИЁ НУҚРА

НУҚРАИ СУННАТНИЁ 24 сентябри соли 1950 дар деҳаи Роғи ноҳияи Ванҷи ВМКБ тавваллуд шудааст. Маълумоти ҳаштсоларо дар мактаби деҳа гирифта, баъдан мактаби миёнаи №4 маркази ноҳияро хатм кардааст. Соли 1968 вориди факултаи таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (собиқ Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин) дохил шудааст. Соли 1973 донишгоҳро ба поён расонда барои кор дар кафедраи таърихи Тоҷикистон ба кор пазируфта шудааст. Баъди хонадор шудан ба ноҳияи Кумсангири вилояти Хатлон (собиқ вилояти Қӯрғонтеппа) кӯчида, чанде машғули омӯзгорӣ будааст. Баъдан ба Кумитаи ноҳиявии ҳизби коммунистӣ ба кор даъват шуда, солиёне дар вазифаҳои масъули ҳизбию давлатии ноҳия кор кардааст. Аз соли 1993 мудири шуъбаи кадри Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Ба навиштани шеър аз овони ҷавонӣ шуғл варзида, навиштаҳояш дар китобҳои дастҷамъӣ чоп шудаанд.

Иддаи дигаре аз ашъораш дар маҷмӯаҳои алоҳидаи «Чашмаи роғ» (1976), «Шогуна» (1987), «Сояи абр» (2000), «Нафаси хаёл» (2007) ва «Атри гули ёс» (2010) дастраси хонандагон гардидаанд.

Намунаи шеърҳояш ба забонҳои русӣ, ӯзбекӣ ва арабӣ тарҷума шуда, силсилае аз онҳо дар рӯзномаву маҷаллаҳои Эрону Афғонистон ба табъ расидаанд.

Барои маҷмӯаи «Атри гули ёс» (2011) барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода гардидааст.

Бо Ифтихорномаи Президиуми Шӯрои Олии ҶТ, медали «Хизмати шоиста» ва медали «Нишони сухан»-и ИН Тоҷикистон қадршиносӣ шудааст.

Аз соли 1994 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

АБДУҶАББОРИ СУРУШ (Шоҳаҳмадов Абдуҷаббор) 13 апрели соли 1967 дар деҳаи Искодари ноҳияи Айнии вилояти Суғд ба ҷаҳон омадааст. Соли 1984 мактаби таҳсилоти ҳамагонии зодгоҳашро ба фарҷом расонда, соли 1985 муҳассили факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Хуҷанд шуда, соли 1992 ба итмомаш расондааст. Солҳои 1986-1988 адои хидмати аскарӣ кардааст. Баъди хатми донишкада дар бахши Суғди Бунёди байналмилалии забони форсии тоҷикӣ ба фаъолияти илмӣ пардохта, дар давоми солҳои 1992-1994 «Фарҳанги ашъори Камоли Хуҷандӣ»-ро (дар се ҷилд) таълифу танзим намудааст, ки муштамил ба шарҳу тафсири зиёда аз 12 ҳазор калимаву ибора мебошад. Матни мукаммали «Девони Камоли Хуҷандӣ»-ро ҳам таҳия ва омодаи чоп намудааст.

Солҳои 1995-2002 дар маҷаллаи «Хуҷанд» мудири бахши насру адабиёти илмӣ будааст. Ҳолиё дар Ҳукумати вилояти Суғд котиби масъули Комиссияи татбиқи Қонуни забон мебошад.

Ашъори ӯ дар авроқи маҷмӯаҳои «Фарёди силсилаи хомӯшӣ» (1997), «Симоби маҳбус» (1998), «Салиби сафед» (1999) ва «Ҷазираи танҳоӣ» (2008) интишор ёфтаанд.

Барандаи Ҷоизаи ба номи Камоли Хуҷандӣ.

Аз соли 2001 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Дигар хабарҳо