Марям Тӯробӣ (Эрон) Суннати хуршед

Марям ТЎРОБӢ (Эрон)

— Модар, то кунун ошиқи ду мард шудаӣ?

Модар бо тааммул: Бале, шудаам…

Духтар дар оғоз ба шиддат шигифтзада шуд ва гуфт: Чӣ тур ин иттифоқ афтод?

Модар максе кард ва мунтазир шуд, ки пешхидмат зарфҳои наҳорро рўи миз бичинад ва баъд идома дод: Падарат марди хуб ва меҳрубоне аст, аммо шавҳари хубе набуд.

Ҳамин тавре, ки хуршед дар ҳоли ғуруб кардан буд, нураш дуруст рўи сураташ афтода буд ва чашмонашро бароқтар карда буд, ба ёди шавҳараш афтод, шавҳари хуб ва наҷибе, ки дар канораш шуруъ ба пўсидан карда буд ва дар идома гуфт: Ў дар тамоми ин солҳо ҳеҷ гоҳ дар хона садояш баланд накарда буд.

Ҳамин тур, ки дошт суҳбат мекард, тасовире аз ҷилўи чашмонаш гузашт, ба ёд овард вақте ки бачааш мариз мешуд, ва таб мекард, шавҳараш андаке чеҳраашро дарҳам мекард ва бо нутқи мулоим ва ором дар мавриди ин ки дар ин муддат хуб аз бача муроқибат накардаӣ ва ё бо як қурси таббур ҳолаш хуб мешавад ва ниёз ба дуктур рафтан ва харҷи изофа нест, ба роҳатӣ ба рах- тхоб мерафт ва мехобид ва изтиробҳои модаронаи зан монеъ аз ин мешуд, ки даст рўи даст бигзорад ва бачаро дар ҳар соате аз шабонарўз танҳоӣ ба дуктур мебурд. Ва медонист фардо ба хотири ҳазинае, ки кардааст, бояд аз харҷҳои ғайризарурии дигар бигзарад.

Чизе, ки сахт озораш медод, ин буд, ки ин марди хуб ва орому наҷиб ба назар намеомад, ки мутаваҷҷеҳи

ранҷу эҳсоси танҳоии ў бошад. Ҳамчунонки ба фикр фурў рафта буд, ба хеле чизҳои дигар андешид: ба рўҳаш, ба синну солаш, ба чароғи камнури зиндагиаш, ки на хомўш шуда буд ва на шуълавартар.

Духтар: — Хуб, хеле кунҷков шудам, бифаҳмам, чӣ иттифоқе афтод? Модар? Ҳолатон хуб аст?

Дар ин байн, ки ин тасвирҳо аз ҷилўи чашмаш мегузашт, буғзе бехи гулўи ўро гирифта буд ва мутафаккирона изофа кард: Бале, падарат хеле ором буд ва бештар дар локи худаш фурў рафта буд.

Аммо зан бо ҳар калима оҳе кашид, дудил монда буд, ки чӣ бигўяд ва чӣ тур бигўяд ва саранҷом гуфт: Аммо он рўзҳо хеле эҳсоси танҳоӣ ва бекасӣ мекардам, ҳамон рўзҳое, ки саргарми нигаҳдорӣ аз ту будам, наметавонистам ончунонки дилам мехоҳад, бароят харҷ кунам. Барои ҳамин дар як коргоҳи арўсаксозӣ машғул ба кор шудам, то эҳсоси надориро битавонам маҳор кунам. Он мавқеъ ману ҳамкорҳоям эътиқод доштем, ки танҳо ангезаи зиндагӣ ишқ аст. Ман ба хотири зиндагии хонаводагии пешипоуфтодаам руъёҳое пуртаҷаммули зиёде доштам, мехостам барои зиндагӣ ба шаҳри бузурге бира- вам, дар айни ҳол дилам ҳам мехост бимирам, дуруст намедонам чӣ вақт? Кай? Ишқу иштиёқ дар ман шуруъ ба об рафтан кард.

Баъд аз муддате макс, зан гуфт: Ҳафдаҳ сол пеш ба далели рўзи таваллудам тасмим гирифтам ба кофае (қаҳвахонае) худамро меҳмон кунам, эҳсоси беҳудагӣ ва касолат мекардам, ба назарам расид бояд бештар ба ху- дам таваҷҷуҳ кунам, ё шояд ба дунболи таскине барои ғурури хадшадоршудаам дар асари бетаваҷҷуҳӣ будам, кики кўчакеро харида будам, шамъашро рўшан ва фут кардам. Ногаҳон садои каф задани мардеро шунидам, каф задани ў боис шуд, ки дигарон ҳам ин корро бикунанд ва ман ногаҳон ашк дар чашмам ҷамъ шуд. Марде ҳудудан панҷоҳу чандсола, ки қади мутавассите дошт, кути сурмаии кўтоҳе бо шалвори катон пўшида буд. Пешонии баланд ва чашмони обии тира ва пўсти рангпаридааш дар маҷмуъ чеҳраи ором ва муваққаре ба ў дода буд, наздиктар омад ва гуфт: Иҷоза ҳаст биншинам, таваллудатон муборак… Аввал каме эҳсоси ғарибӣ кардам. Бостоншинос буд ва мусофир, ки барои рафъи хаста- гӣ барои сарфи қаҳва ба кофа омада буд. Вақте фаҳмидам ғариба аст, шуруъ кардам ба муаррифии чанде аз биноҳои таърихии шаҳрам ва аз ў хостам, ки ба он ҷо ҳам сар бизанад. Аммо ногаҳон он мард бо ҳарфҳояш дар бораи таъриху маконҳое, ки ман ҳамеша бо бетафовутӣ аз канорашон рад мешудам, ба ман фаҳмонд, ки танҳо нестам ва бештар аз чизе, ки фикр мекардам, бо дунё ва мардумонаш иштирок дорам. Ў гуфт, ки ҳар шаҳр як макони ҷодуйӣ дорад, маконе, ки оғозгари руъё ва ишқ дар мо аст. Ман дар канори панҷара, ки нардае давраш насб карда буданд, то гулдони моро рўи он бигузоранд, осмони обиро медидам, ки хуршед дар васати он метобид. Чи андоза дунё дар канори ў бароям матбуъ ба назар расид ва он қадр вусъат дошт, ки як сараш ба ояндаи дуру дароз мерасид ва марзе барояш намешинохтам! Баъд аз он ки рафт, чи қадр ба озодии он мард ғабта хўрдам, рўзҳо фикр кардам оё он мард воқеият дошт?!

Аммо мутмаинам қатъан як мард буд ва он лаҳзаҳо, ки ишқ байни чашмонамон мавҷ медод, воқеӣ буданд ва дар он буъд аз зуҳр ҳар чиро, ки дар саросари зиндагиаш ҳифз карда буд, бо иштиёқ ба ман таслим кард ва ман он чанд соат ҳам шунаванда ва ҳам маъшуқааш будам.

Аз он рўз ба баъд ҳар гоҳ аз канори ин макон ва панҷара рад мешудам, нохудогоҳ қадамҳоямро оҳиста бармедоштам.

Духтар бо лабханде бар лаб пурсид: Чаро оҳиста бармедоштӣ?

Модар, ки ҳоло ашк дар чашмонаш ҷамъ шуда буд, гуфт: Намедонам… Шояд… то рўъёҳоям лагадмол нашавад.

Росташ бихоҳӣ, он чанд соат дар канори он мард руъёҳоям зиндатар, зеботар дар назарам муҷассам шуд ва ба назарам расид ба муҳимтарин чизи зиндагӣ расидаам, чизе, ки рўзе дар гузашта ба хотири он издивоҷ кардам ва дар солҳое баъд ба тури мубҳам хобашро дида будам.

Духтарам, ҳар касе, ки илҳомбахш аст, қалбашро ба тарзе амиқ ба ту бахшидааст.

Таҳияи П. ҲАБИБ

Дигар хабарҳо