Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат
Сотим Улуғзода дар силсилаи он шахсиятҳои адабии соҳибмактабу соҳибнуфуз дар таърихи муосири тоҷикон аст, ки кору пайкори ӯ аз оғози фаъолияти давлатдорӣ мавриди таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои муаззами миллат буд. Ҳанӯз соли 1996-97, ки дар мамлакат оташи ҷанги бародаркуш аланга мезад, гурезагони зиёдеро ба Ватан баргадонидан, муносибати сиёсиву иқтисодии кишварамонро бо дигар давлатҳо ба роҳ мондан ва аз буҳрони сангини иқтисодиву сиёсӣ берун овардан зарур буд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисто муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Маскав Сотим Улуғзодаи беморро аёдат намуданд. Суҳбати мондагоре, ки миёни ин ду фарзанди фарзонаи миллат ба вуқуъ пайваста буд ва ҳанӯз ҳам дар бойгонии телевизиони Тоҷикистон маҳфуз аст, далели муҳаббат ва қадршиносии Пешвои фараҳангпарвару инсондӯсти мо нисбати шахсият ва хидматҳои нависандаи бузург дар равнақи адабиёти тоҷик мебошад.
Ҳамчунин бо фармони Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 29-уми апрели соли 2009 ба номи Сотим Улуғзода гузоштани Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон (ҳозира Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода)-ро падидаи боризи иқдоми миллатдӯстона ва ояндабинона дар шинохт ва абадӣ гардонидани хотираи неки нависанда маҳсуб мешавадад.
Санади 25-уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскав устод Сотим Улуғзода даргузаштанд. Бо дастури Пешвои миллат ба Тоҷикистон интиқол додани ҷасади адиби шодравон, баргузории маросими видоъ бо иштироки омма дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ва дар оромгоҳи Лучоб дафн кардани ӯ, ки имрӯз зиёратгоҳи ихлосмандони рӯҳу равони нависанда гаштааст, идомаи ҳамон фазилати олӣ – қадршиносии Пешвои миллат аз фарзанди фарзонаи миллат мебошад.
Пешвои миллат кору пайкорҳои адабии Сотим Улуғзодаро, ки пеш аз ҳама манбаи дарси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ барои имрӯзиёну ояндагон аст, дар мақолаи “Мусаннифи таърихи пурфоҷиаи халқ” падид меоваранд, ки басо судманду ибратомӯзанд. Ин мақола диди воқеӣ ва пурмояи Пешвои моро ба моҳияти осору андеша ва шахсияти ҳунарии Сотим Улуғзода ба сароҳат муайян ва мушаххас менамояд.
Пешвои миллат дар мақолаи мазкур печутобҳои сарнавишт ва ҳунари нигорандагии Сотим Улуғзодаро аз дидгоҳи мақоми ӯ дар таърихи миллат, ҷомеа, адабиёт ва ҷаҳони маънавии тоҷикон баррасӣ намуда, бо тавваҷӯҳ ба масъалаи нуфузи шахсият дар ҳаёти иҷтимоӣ ва адабию фарҳангӣ дар густураи таҳқиқ қарор додаанд. Бинобар ин инъикоси шинохт ва рӯзгори пуршебуфароз, махсусиятҳои ҳунар ва чашмандозии бадеии нависанда дар мақолаи Пешвои миллат аз аҳаммити хос бархурдор буда, онро ҳамчун намунаи арзишҳои барозандаи миллӣ ва таъсиргузор ба раванди худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ ба қалам медиҳанд.
Пешвои миллат мутаваҷҷеҳи он будаанд, ки ин нависанда таърих ва сарнавишти милллаташро дар фосилаҳои гуногуни замонӣ чӣ гуна тасаввур кардаву чӣ гуна муҷассам сохтааст ва андешаву орои ӯ амиқрафти маърифат ва худшиносиву худогоҳии хонандагон чӣ таъсири созандае доштааст. Дар шинохт ва арзёбии чеҳраи адабӣ ва ҳунарии Сотим Улуғзода, пеш аз ҳама, нуктаи ёдшуда маҳаки эътибор ва андешаи Пешвои миллат будааст.
Пешвои миллат менависанд, ки “Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон, Арбоби шоистаи ҳунари мамлакат Сотим Улуғзода дар радифи фарзандони бузурги суханвари миллати тоҷик ҷою мақоми хоса”дорад (Эмомалӣ Раҳмон. Чеҳраҳои мондагор. – Душанбе: “ЭР-гарф”, 2016. – С. 359).
Андешаҳои Пешвои миллат перомуни рӯзгори пуртазод ва шахсияти адабию ҳунарӣ ва фарҳангии Сотим Улуғзода ҳар фарди ватандӯсту ватанхоҳро барои зиндагӣ ва пайкори шарофатмандона раҳнамоӣ мекунанд. Ба ифодаи дигар, мақолаи Пешвои муаззами миллат дар бораи Сотим Улуғзода, қабл аз ҳама, дар парвариши андешаву оро, ҳисси худогоҳиву худшиносии миллӣ, ватанпарастӣ ва эҳёи арзишҳои маънавӣ дар ҷомеаи тоҷикон таъсиргузор мебошад. Ин мақола консепсияи тоза ва судманди шинохти сарнавишти инсонӣ ва адабию ҳунарии нависанда буда, дар матни рӯзгор ва осори ӯ масъалаи ворисияти наслҳо ва ибратпазирӣ аз сарнавишти фарзандони барӯманди миллатро ба ҳайси ангезаи ҳувиятсози миллӣ дар маърази андешаҳои доманадор кашидааст.
Таҳқиқ ва андешаву арзишдовариҳои Президенти кишвар, Пешвои муаззами миллат дар ин мақола, пеш аз ҳама, ҳадафи парвариши ифтихороти миллӣ ва ватанпарастӣ дошта, се асли бебадал дорад, ки асли аввал – ибратпазирӣ аз сарнавишти нависанда ва хостаҳои маънавии ӯ, асли дувум – таърихи ҳазорсола ва ҳофизаи таърихии миллат, ки забон ва адабиёт ҷузъи он аст ва ниҳоят, асли сеюм – ислоҳ ва таҷдиди андеша ва ормони миллӣ дар такя ба сарнавишти инсонӣ ва ҳунарии чеҳраҳои таъсиргузори таърихӣ ва адабӣ, аз ҷумла Сотим Улуғзода ба шумор меояд.
Дар ин замина нахуст эътибори Пешвои миллат ба пайвандҳои ҷуғрофиёию миллии аҳвол, осор ва андешаи Сотим Улуғзода, ки саршори ғояҳои ҳаётофарини миллист, аввалан далели огоҳии комили муаллиф аз ормонҳои ғоявии нависанда ва сониян баёнгари ҳадафи волои Сарвари давлат дар ҳифзи асолати миллӣ ва равишҳои ҳунарии муносиб ба он маҳсуб мешавад.
Дар он рӯзҳое, ки ба ифодаи Акбари Турсон бисёре аз аҳли қалам барои эмин мондан аз сиёсати ҷудоиандози шӯравӣ “некӯро дар хилъати зишт ва зиштро дар сурати некӯ” ҷилва медоданд (А. Турсон. Қадри сухан ва қавли суханофарин / Садои мардум. 1991. – 7-уми сентябр), Сотим Улуғзода ба се чиз такя дошт: нахуст ҷасорату шуҷоат, то ҳиммати кофӣ дар ҳаллу фасли мушкилоти зиндагиву ҳунарӣ дошта бошад; баъдан сабру тоқат, то дар баррасии вазифаву мушкилоте, ки ҳаллу фаслашон аз маҳдудаи ҷуръат ва қудрати шахсият берун аст, тамкину таҳаммул пеша карда тавонад ва ниҳоят, ақлу хирад то мушкилоти аввалро аз масоили дувумдараҷа бо камоли заковат фарқ карда, саъяш комил бошаду раъяш дуруст. Ба ин далел, Сотим Улуғзода аз нависандагони хушбахте дар таърихи адабиёти замони шӯравии тоҷик аст, ки ҳар се сифати ёдшуда дар сиришти ӯ ба таври мутаносиб ба ҳам омада буд.
Пешвои миллат аз таҳқиқи аҳвол ва осори нависанда ба ин натиҷа расидаанд, ки “Сотим Улуғзода дар деҳаи Варзики вилояти Намангони Ҷумҳурии Ӯзбакистон таваллуд шуда бошад ҳам, чун як ҷигарбанди асили тоҷик аз солҳои сиюми садаи бист ба шаҳри Душанбе омада, ба хидмати матбуоту адабиёти тоҷик камар мебандад. Вай ба ҳайси шогирди содиқу бовафои устодон Айнӣ ва Лоҳутӣ дар радифи Мирзо Турсунзода, Ҷалол Икромӣ, Мирсаид Миршакар хиштҳои нахустини адабиёти навини тоҷикро мегузорад” (Эмомалӣ Раҳмон. Чеҳраҳои мондагор. – С. 359-360).
Ба мушоҳидаи Пешвои муаззами миллат, сарнавишти таърихии нависанда ишора ба пайвандҳои ҷуғрофиёиву миллӣ дошта, моҳияти аслиаш, ба қавли худи нависанда “худшиносии миллӣ донистани миллат аст таърихи худро донистани ӯст ҳиссаи ба тамаддуни ҷаҳон ва ба ҷунбишҳои озодихоҳии башар гузоштаи худро” (Сотим Улуғзод. Худшиносии миллӣ донистани миллат аст таърихи худро / Газетаи муаллимон. – 1983. – 1-уми январ). Аз ҳамин мавқеъ Пешвои миллат фаъолияти эҷодии нависандаро баррасӣ карда, ҷустуҷӯҳои ҳунарии ӯро дар шинохт, тасвир ва арзёбии сарнавишти таърихии миллат ва корномаи фарзандони он дар маҳдудаи ҷуғрофиёии замони шӯравӣ ва пеш аз он меъёри қазоват ва андеша қарор медиҳад, ки равиш ва ҳарфи тоза дар тафсири сарнавишти ҳунарии нависанда мебошад.
Аз нигоҳи нависандаи соҳибмаърифат маҳдудаи ҷуғрофиёиро барои тоҷикон сиёсатмадорони тангназар ва ҷудоиандоз сохтаанд. Вале инсонҳои огоҳу ҳушёр дар андешаи нависанда дар ҳамин маҳдуда на фақат ҳувият ва эътибори миллиашонро ҳифз карда тавонистаанд, балки онро таҳаввул низ бахшидаанд. Аз ин назар, дар тасаввур ва тасвири нависанда тоҷикон ҳеҷ гоҳ қурбонии таърих ва хостаҳои сиёсии абарқудратҳо набудаанд. Ин унсур дар тамоми осори Сотим Улуғзода воситаи пешрафти миллат буда, мардумро аз завол ва хориву дастнигарӣ наҷот додааст. Ба пайбурди дақиқ ва воқеии Пешвои миллат, бо вуҷуди маҳдудиятҳо нависанда “бо роҳнамоии устод Айнӣ дар баробари кори рӯзноманигорӣ фаъолияти адабиашро аз навиштани мақолаҳо дар бораи шахсият ва осори классикони адабиётамон оғоз мекунад ва перомуни арзишҳои бадеии осори Рӯдакӣ, Дақиқӣ, Носири Хусрав, Ибни Сино, Саъдӣ, Аҳмади Дониш ва дигарон рисолаву мақолаҳо ба нашр мерасонад. Ин навиштаҳои адиб, ки дар китоби “Намунаҳои адабиёти тоҷик” гирд омадаанд, дар замонҳои пур аз мубориза барои исботи ҳастии миллат ва адабиёту фарҳанги он аҳамияти беназир доштанд” (Эмо- малӣ Раҳмон. Чеҳраҳои мондагор. – С. 360).
Таҷрибаи нависандаро дар шинохти таърихи гузашта ва моҳияти худшиносии он ба назар гирифта, Пешвои миллат дар идомаи андешаҳояшон дар боби эҷодиёти нависанда навиштаанд: “Маҳз аз баракати истеъдод ва килки сеҳрофарини Сотим Улуғзода хонанда, ҷомеаи Тоҷикистон ва берун аз он марҳала ба марҳала ба даврони пурэъҷози Сомониён ва рӯзгори пурфоҷиаи устод Рӯдакӣ дар драмаи “Қисмати шоир”, муборизаи беамони мардум алайҳи аҷнабиён дар қиссаи “Ривояти суғдӣ”, зиндагиномаи пур аз кашфу эҷоди Ибни Сино, Ҳаким Фирдавсӣ, Аҳмади Дониш, талошҳои ҷоннисоронаи Темурмалику Восеъи диловар барои озодии халқу диёр аз ҷабру ситами ғосибон ошно шуданд. Оре, Улуғзода пас аз устод Айнӣ ба қаҳрамонҳои таърихии миллат дар адабиёт умри зиндаву абадӣ бах- шид” (Эмомалӣ Раҳмон. Чеҳраҳои мондагор. – С. 360).
Ба ин тартиб, аз андешаҳои Пешвои миллат, Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Рамҳон дар бораи эҷодиёти Сотим Улуғзода ва мурури кӯтоҳе, ки доштем, метавон ба ин натиҷа расид, ки ташаккулу таҳаввули андешаи миллӣ дар тамоми марҳалаҳои зиндагӣ хамирмоя ва муҳтавои аслии эҷодиёти нависанда буда, ин тамоюли эҷодӣ хидматҳои ӯро дар шинохти моҳияти ҳастии таърихии тоҷикон падид меоварад ва минбаъд низ барои ҷустуҷӯҳои тоза дар маърифати ҳақиқати таърих ва сарнавишти миллат роҳҳо ва самтҳои ҷадидро тахсис медиҳад.
Сайрам БАҚОЗОДА,
номзади илми филология



