Солики роҳи бузургон

 Солики роҳи бузургон

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан қарор кардааст, ки соли 2025 дар шаҳри Истаравшан ҷашни 165-солагии шои­ри маъруфи тоҷик Зуфархон Ҷавҳарӣ таҷлил карда ша­вад. Ин иқдоми хуб ва боиси ифтихор аст, зеро Зуфархон Ҷавҳарӣ дар шеъру шоирӣ ва таҳқиқоти илмии таърихшиносӣ ва адабиётшиносии тоҷик бо сабку услуби худ нақши муассир гузоштааст. Оид ба паҳлуҳои мухталифи эҷодиёти Зуфархон Ҷавҳарӣ донишман­дони маъруфи тоҷик С. Айнӣ, А. Мухторов, Х. Отахонова, А. Сай­фуллоев, Н. Сатторӣ, Б. Файзуллоев ва К. Олимов мақолаву ри­солаҳои илмӣ ва ада­бӣ нашр кардаанд. Зуфархон Ҷавҳарӣ яке аз намояндагони номвари доираҳои адабии Бухорову Самарқанд ва Истаравшану Хӯқанд ба шумор мерафт.

Ин ҷо мехоҳем оид ба як саҳифаи ҳақиқати зиндагиномаи Зуфархон Ҷавҳарӣ рӯшанӣ андозем. Сухан дар бораи соли мавлуди шоир ме­равад. Перомуни ин мавзуъ солҳои қаблӣ олимон А. Сайфуллоев, Н. Сатторӣ ва нависанда Б. Файзулло­ев андешаҳои худро навиштаанд. Нахустин муҳаққиқи зиндагиномаи Зуфархон Ҷавҳарӣ Набиҷон Сатторӣ буд ва соли 1982 китоби худро бо номи «Ҳаёт ва эҷодиёти Зуфархон Ҷавҳарӣ» аз чоп баровард. Адабиёт­шинос ва мунаққид, шодравон Атахон Сайфуллоев соли 1962 аввалин шуда «Асарҳои мунтахаб»-и Ҷавҳа­риро интишор намуд. Соли 2002 китоби худро бо номи «Зуфархон Ҷавҳарӣ» ба ихлосмандони ашъори шоир пешкаш кард. Баҳодур Файзул­лоев низ китобҳои «Девони Ҷавҳарӣ» (1986) ва «Мунтахаби осор»-и шоир­ро соли 2002 чоп карда буд.

Соли 2004 китоби шодравон ака­демик Аҳрор Мухторов бо номи «Зу­фархон Ҷавҳарӣ» (андешаҳои муар­рих) чоп шуд. Муаллиф мухталифии ҳаёт ва фаъолияти Зуфархон Ҷавҳа­риро бо далелҳои асоснок мавриди таҳқиқ қарор додааст. Ҳамзамон оид ба масъалаи санаҳои шарҳи ҳоли шоир таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, иштибоҳҳои раводидаи Н. Сатторӣ, А. Сайфуллоев ва Б. Файзуллоевро таҳлили ҷиддӣ ва илман асоснок кардааст. Бояд гуфт, ки муҳаққиқон роҷеъ ба санаи мавлуди Ҷавҳарӣ ба ихтилоф роҳ додаанд ва соя бар шарҳи ҳоли шоир низ андохтаанд, ки чунин назар нораво ва носавоб аст.

Академик А. Мухторов зикр карда­аст, ки муҳаққиқон санаи таваллуди Зуфархон Ҷавҳариро дар асоси шеъри падараш Сайид Маҳмудхони Назмӣ, ки таърихи таваллуди фарза­ндашро ба ҳисоби абҷад баён кар­дааст, бо ихтилофи назари якдигар ва иштибоҳи нобахшанда мавриди таҳқиқ қарор додаанд.

Байти Назмӣ чунин аст:

Таърихи ӯ шуд аз рӯи толеъ
Мавлуди Масъуд Сайид Зуфархон.

Н. Сатторӣ навиштааст, ки санаи зодрӯзи шоир 1278 ҳиҷрӣ буда, ба ҳисоби абҷад рақамшуморӣ намуда, санаи 1238-ро баровардааст. Бояд қайд кард, ки тибқи ҷадвали расмии баргардонии соли ҳиҷрӣ ба мило­дии академик И. А. Орбели ва В. В. Сибулский соли 1278 ҳиҷрӣ ба соли 1861-1862 (на соли 1860) ва соли 1238 ба соли 1822 милодӣ баробар аст.

Б. Файзуллоев, ки ба шаҷараи Ҷавҳарӣ алоқаманд аст, дар муқад­димаи худ ба «Девони Ҷавҳарӣ» (Ир­фон, 1986, саҳ. 3) чунин навиштааст: «Ҷавҳарӣ соли 1860 дар оилаи шоир Сайидмаҳмудхони Назмӣ дар Иста­равшан ба дунё омадааст. Падараш ба ин муносибат таърихе гуфтааст, ки моддаи он „Мавлуди Масъуд Сайид Зуфархон“ мебошад. Ин ба ҳисоби абҷад ба 1278-1279 ҳиҷрӣ рост меояд».

А. Мухторов андешаҳои муаллиф­ро нодуруст гуфта, ин тавр маънидод кардааст: «Нахуст ин ки тибқи усули рақамшумории ҳисоби абҷад, ду сана, яъне 1278-1279 намебарояд. Дигар ин ки солҳои ҳиҷрии мазкур ба солҳои 1861-1863 мувофиқ меоянд. Дар ин ҳолат ҳам соли таваллуди Ҷавҳарӣ 1860 шуда наметавонад».

Профессор А. Сайфуллоев, ки худ аз шаҷараи Ҷавҳарӣ буда, зодаи шаҳри Истаравшан мебошад, дар китоби «Зуфархон Ҷавҳарӣ» (соли 2002, саҳ. 20-21) ин тавр навиштааст: «Аз тарҷумаи ҳоли мазкур пайдост, ки Зуфархон Ҷавҳарӣ соли 1289 ҳиҷрӣ мутобиқ ба соли 1860 дар фасли баҳор дар оилаи шоир Сайид Маҳмудхони Назмӣ, дар маҳаллаи Намозгоҳи шаҳри Истаравшан тавал­луд ёфтааст».

Аз рӯи ҷадвали расмии академик И. А. Орбели тарзи ҳисоббарорӣ чу­нин аст: 1289 х 0,97 = 1250,33 + 621,6 = 1871,93. Зимни қоидаҳои фанни ҳисоб (арифметика) соли таваллуди Ҷавҳарӣ ба 1872 мусодиф меояд. Бо усули дигари баргардонии соли ҳиҷрӣ ба милодӣ ин тавр ҳисоб карда мешавад: аз дохили соли 1289 ҳиҷрӣ рақамҳои 30 + 6 + 3, ки 39 ҳосил ме­шавад, тарҳ (кам) карда мешавад ва ба рақами 1250 баробар мешавад. Баъдан ба 1250 рақами 622 ҷамъ мешавад, ки дар натиҷа соли 1872 ҳосил мешавад.

Хоҷа Ҳофиз фармудааст:

Кавкаби бахти маро ҳеҷ мунаҷҷим нашинохт,
Ё Раб, аз модари гетӣ ба чи толеъ зодам?

Толеъ бурҷест, ки дар вақти тавал­луди касе дар шарқи осмон намоён бошад ва гӯё хушбахтию бадбахтии одам ба саъд ё наҳс будани он бурҷ вобаста аст. Оид ба равшанӣ ан­дохтан нисбати мавлуди Зуфархон Ҷавҳарӣ ба нуҷумшиносон муроҷи­ат кардем. Мутахассисон таҳлил намуда, ҷавоб доданд, ки шоир дар давраи аз 21 апрел то 20 май ҳангоми намоён шудани бурҷи Савр тавал­луд шуда бошад. Бурҷи Савр яке аз бурҷҳои дувоздаҳгона ва баробар бо моҳи Удибиҳишт дар тақвими эронӣ буда, дуюмин рамзи толеънома аст ва ба сектори 2-юми эклиптикӣ аз 30 то 60° тааллуқ дорад, аз нуқтаи баробаршавии рӯзҳои баҳорӣ (ҳамал) ва ҳамсито­рагии Савр дарак медиҳад. Бояд қайд кард, ки падари Ҷавҳарӣ Сайид Маҳмудхони Назмӣ дар шеъри худ оид ба мавлуди фарзандаш ба толеъ такя кардааст.

Дар урфият мегӯянд, ки «сухан аз даҳони Луқмон хуш аст». Бинобар он ба таваҷҷуҳи хонандагон дастхати худи шоирро, ки соли 1343 ҳиҷрӣ (1924 милодӣ) ба устод Айнӣ навишта, фиристода буд, ҳам­чун далели қотеъ пешниҳод менамоем. Дар асари бунёдии устод Айнӣ «Намунаи ада­биёти тоҷик» (нашри солҳои 1926 ва 2010) чунин омадааст:

САЙИДЗУФАРХОН ҶАВҲАРИИ ИСТАРАВШАНӢ

Ӯротеппагӣ, ибни Сайидмаҳмуд­хон Назмӣ. Таваллуди Ҷавҳарӣ 1289.

Ҷавҳарӣ дар насри форсӣ низ муқтадир аст, лекин насрашро бағоят душворфаҳм менависад. Ба хоҳиши фақир барои тарҷумаи ҳоли худ чизе навишта фиристода буд, ки нисбат ба соири мансуроташ хеле сода аст. Ба тариқи намуна нақл мешавад:

Намунаи насри Ҷавҳарӣ аз дастха­ти худаш: «Ин тарозандаи саҳоифи хато ва нигарандаи девони нуқсон Ҷавҳарии оҷизисармояи ҳеҷмадон минҷумла аҳволи асафомоли худро чунин рақамзадаи килки баён мена­мояд, ки дар таърихи як ҳазору дуса­ду ҳаштоду нуҳуми ҳиҷрӣ дар балдаи Истаравшан, дар маҳаллаи Намозгоҳ ҳангоми фасли рабеъ ба арсаи вуҷуд қадам ниҳодаам ва ба олами зуҳуру шуҳуд оғӯши назар кушода.

Академик А. Мухторов дар китоби худ чунин ибрози ақида кардааст: «Дар сарсухани „Мунтахаби осор“ соли 1289-ро иштибоҳ донистаанд. Ин иштибоҳ гӯё аз С. Айнӣ содир шуда бошад. Агар чунин хулосаро ба ҳукми илм дохил кардан пеш омада бошад, бояд навишта мешуд, ки на С. Айнӣ, балки Ҷавҳарӣ ва падари ӯ Назмӣ соли 1289-ро нафаҳмида овардаанд?!

Саволе пеш меояд: ба кадом са­бабҳо ба маълумоти даҳонии шахси номаълум, ки гӯё дар сари тобути шоир ӯро 85-сола гуфта бошад, бовар кардан мумкин будаасту ба ҳуҷҷати бо дасти Ҷавҳарӣ навишта­шуда боварӣ набудааст?

Чунин иқдоми хато – бо Садриддин Айнӣ розӣ нашуда, навиштаҳои шо­ири бузургро ба назар нагирифтан ё худ барғалат маънидод кардан аз рӯи инсоф нест. Аз рӯи ҳар сатре, ки бо дасти Ҷавҳарӣ навишта шудааст, мо бояд „сарсарӣ“ нагузарем.»

Бамаврид аст бигӯем, ки ба зин­дагиномаи чунин шахсияти бузурги адабиёти тоҷик ин тавр даст задан норавост.

Ҳақиқати таърихиро роҷеъ ба ин масъала адабиётшиноси нозукбаён, шодравон Х. Отахонова навишта­аст. Ӯ дар маҷаллаи «Фарҳанг» (№ 7-8, соли 2002) мақолаеро бо номи «Назаре ба шарҳи ҳол ва осори Зуфархон Ҷавҳарӣ» ба чоп расонд ва худи ҳамон сол мақолаи дигари олим «Ду адиби номвар» чоп шуда буд. Ҳарду мақолаи олим ба шарҳи ҳоли Зуфархон Ҷавҳарӣ бахшида шуда, соли таваллуди ӯ 1289 ҳиҷрӣ (1872 милодӣ) илман асоснок карда шудааст.”

Бо назардошти гуфтаҳои боло, таҷлили 165-солагии Ҷавҳарӣ бе асоси илмӣ аст, зеро дар фасли баҳори соли 2025 шоир 153-сола (2025 – 1872 = 153) мешавад. Таърих ҳақиқатро мехоҳад. Бешубҳа, Саийд Зуфархон Ҷавҳарии Истаравшанӣ донишманд ва шоири забардасти тоҷик дониста шудааст. Бузургии шоирро дар замони худ шоир ва таърихнигори муборизи тоҷик Дил­шоди Барнои Истаравшанӣ, Садрид­дин Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров тасдиқ кардаанд.

Бинобар он, ба назари мо, раво мебуд, ки таҷлили 150-солагии зо­дрӯзи Ҷавҳарӣ баҳори соли 2022 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷики­стон дар сатҳи ҷумҳурӣ бо иштироки таърихшиносон, адабиётшиносон ва шоирону адибони тоҷику форс ҷашн гирифта мешуд. Чунин муносибат ба адолати таърихӣ мувофиқат мекард.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ масъу­лони мақомоти иҷроияи шаҳр итти­лоъ додаанд, ки дар Истаравшан осорхонаи шоир таъсис меёбад, оромгоҳаш обод мешавад ва инчу­нин бинои истиқоматии баландошёна бо номи «Зуфархон Плаза» бунёд меёбад. Ташкили осорхонаи Зуфар­хон Ҷавҳарӣ мувофиқи матлаб аст. Барои абадӣ гардонидани номи неки шоир «Боғи Зуфархон Ҷавҳарӣ»-ро бо мақбараи ӯ бояд таъсис дод.

Оид ба бинои истиқоматии «Зу­фархон Плаза» бояд гуфт, ки чунин номгузорӣ бар хилофи Қонуни Ҷумҳу­рии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва сурату сирати ин шахсияти бузург мебошад. Қаблан маънои калимаи «плаза»-ро бояд дарк кард.

Дар забони испанӣ «плаза» маъ­нои фазои кушодаи ҷамъиятии майдони бозори шаҳрро дорад. Ба забони русӣ ин вожа маркази савдо, тиҷорат, мавҷудияти меҳмонхона, та­рабхона ва ғайраро ифода мекунад. Дар бораи чунин тарзи номгузориҳо шоири маъруфи тоҷик Ато Мирхоҷа мақолаи таҳлилии хуб ва пурмазмун бо номи «Эҳтироми забон эҳтироми миллат аст»-ро («Адабиёт ва санъ­ат», 30-юми июли соли 2025, №30) хеле бамаврид навишта буд.

Обидҷон КАРИМОВ

Дигар хабарҳо