Синамоҷоизаи «Тоҷи Сомон»
Бахшида ба Рўзи кинои тоҷик (16 октябр) моҳи октябри соли 2024 дар шаҳри Душанбе Синамоҷоизаи дуюми миллии «Тоҷи Сомон» баргузор мегардад.
Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» таҳти шиори «Қадршиносии ҳунари асил» бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 15 то 18 октябр дар шаҳри Душанбе доир мешавад.
Ин чорабинӣ бо мақсади ба таври шоиста муаррифӣ намудани манфиатҳои миллӣ, тарбияи ватандўстӣ, ифтихор аз миллати созанда, тавсифи табиати зебои диёр, ҷалби сайёҳон, дарёфти истеъдодҳои нодир дар соҳаи синамо дар доираи «Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» доир шуда, ба тарғиби дастовардҳои замони Истиқлол, махсусан рушду шукуфоии босуръати шаҳри Душанбе мусоидат менамояд.
Дар синамоҷоиза филмҳои ҳунарӣ, мустанад, бадеии кўтоҳ ва тасвирии миллӣ пешниҳод мегарданд. Филмҳо дар қолаби МР-4 (Н 264), DCP ё бо шакли электронӣ ба забони асл бо зерматнҳои англисӣ ва русӣ дар суроғаи Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм», шаҳри Душанбе, кўчаи Беҳзод 25, ё почтаи элетронии tajikfilm@gmail.com то 1 сентябри соли 2024 қабул карда мешаванд.
Барои муайян намудани беҳтарин филмҳо дар бахшҳои «Озмунҳои миллии филмҳо» ва тақдими ҷоизаҳо ба онҳо ҳайати ҳакамони байналмилалӣ ва миллӣ иборат аз муътабартарин филмсозон, мунаққидон ва пажўҳишгарони фарҳанги синамоӣ даъват мегарданд.
Ёдовар мешавем, ки Синамоҷоизаи якуми миллии Душанбе — «Тоҷи Сомон» соли 2022 дар шаҳри Душанбе баргузор гардида буд.