Симо ва пайкари миллатро зебо нигоҳ дорем!
Муқаддастарин ва баландтарин арзиши миллии мо забони тоҷикӣ мебошад, ки халқи шарафманди Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ба ҳайси миллати фарҳангофар ва дорои таърихи ғанӣ муаррифӣ намудааст ва имрӯзро ба таърихи ҳазорсолаи гузашта пайвастааст. Забони мо танҳо як забон не, балки як фарҳанг, як тамаддун ва як бахши муҳими ҳувияти мо мебошад. Забони модарии мо – забони ширину шево ва шоиронаи тоҷикӣ, ки донишу маърифати дар тули ҳазорсолаҳо андӯхтаи мардумро дар худ нигоҳ доштааст, гӯётарин далели ҳастии миллати мо ба ҳисоб меравад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асари гаронбаҳои хеш “Забони миллат – ҳастии миллат” забонро шиносномаи миллат, руҳи поки ниёкон ва оинаи осори нобиғагони гузаштаи миллати тоҷик номидаанд ва ёдовар мешаванд, ки ҳар гоҳ аз минбарҳои баланд бо забони шевои шоирона сухан мегӯям, лаззати маънавӣ мебарам ва ҳастиамро ба ҳастии забон пайванд медонам. Воқеан, муҳаббати бузург ба забони модарӣ доштани Пешвои миллатро аз рӯзҳои аввали роҳбарӣ ҳар як фарди бедордил ва соҳибхирад эҳсос кардааст.
Дар ҷаҳони муосир 6 ҳазор забон арзи вуҷуд дорад ва аз ҳисоби ба ҳам шабеҳ будани баъзе забонҳо пажуҳишгарон онро ба 20 гурӯҳ раддабандӣ намудаанд. Яке аз муҳимтарини ин гурӯҳбандиҳо забонҳои ҳиндуэронӣ мебошад, ки забони форсии тоҷикӣ аз ин оила маҳсуб мешавад. Решаҳои забони тоҷикӣ ба садсолаҳои пеш аз мелод ва асрҳои аввали солшумории нав, бахусус, ба даврони мавҷудияти забонҳои суғдӣ, бохтарӣ, портӣ ва паҳлавӣ рафта мерасад. Ин рӯзҳо бо ин забони бостонӣ ва ғанӣ тамоми мардуми Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, нисфи Ӯзбекистону Қирғизистон, ақаллияти Ҳинд, Туркия, Покистон, кишварҳои Халиҷи Форс гуфтугӯ мекунанд ва бе тарҷумон фикри ҳамдигарро мефаҳманд ва теъдоди зинданигоҳдорандагони ин забон ба 200 миллион расидааст. Бо забони тоҷикӣ ҳазорон бузургмардону нобиғагон дурри сухан суфтаанд ва осори безаволу мондагорро ба ояндагон мерос гузоштаанд. Асарҳои оламшумули шоирону адибони бузурги тоҷику форс Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Хайём, Сино, Ҷомӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Мавлоно бо забони мо эҷод шудаву имрӯз барои мардуми мо дастрасу фаҳмо ва азизу гиромиянд. Забони форсӣ забони байналмилалии илму адаб аст, олимону адибони зиёде аз Ҳинду Араб ва Туркия асарҳои илмиву адабӣ ва ирфонии хешро ба ин забон навиштаанд. Забони форсиро бо забони юнонӣ муқоиса мекунанд, ки дар бузургӣ ва қадимиву фарогир будан ба ҳам мусовианд. Ҳанӯз соли 1872 дар нишасти адибон ва забоншиносони аврупоӣ дар Берлин забонҳои юнонӣ, форсӣ ва лотинӣ ба унвони забонҳои классикии ҷаҳон баргузида шуда буданд. Аз ҳисоби чунин меъёрҳо, бостонӣ будан, адабиёти ғанӣ доштан, дар ҳазораи охир тағйироти камро аз сар гузаронидан забони форсӣ ҳамчун забони классикӣ ва пурнуфӯз арзёбӣ гардида буд.
Ҳатто дар рӯзгори Ибни Батута, забони мо берун аз Варорӯду Хуросон забони илму адаб, ирфон ва коргузорӣ буд. Ибни Батута, ки ба тамоми минтақаи ғайриараб сафар карда буд, дар “Сафарнома”-аш менависад, ки мушкилоти муоширатро бо мардуми бумии ин ё он минтақа, хоса Аврупову Африқо тавасссути забони форсӣ ҳаллу фасл намуда будааст.
Забони тоҷикӣ забони қудрат буданашро дар ду давраи муҳими таърихӣ исбот кард, аввал дар аҳди Сомониён ва сониян дар давраи Истиқоли давлатии кишвар. Чунон ки медонем, дар давраи хилофати араб забони арабӣ забони давлатдориву коргузорӣ, илму таҳсил буд, аммо забони тоҷикӣ чун забони илм эътироф намешуд. Арабҳо мегуфтанд, ки забони тоҷикӣ забони қиссаҳои шаб, забони достони хусравон аст, барои илму дафтардорӣ ба кор намеояд. Амирони Сомонӣ исбот карданд, ки форсӣ дар ҳамаи шохаҳо қудрат дорад. Аввал фатво гирифтанд ва Қуръонро тарҷума карданд. Чун Қуръон ба хубӣ тарҷума шуд, дигар шак намонд, ки дар риштаҳои дигар ҳам метавон форсиро ба кор бурд. Ҳақиқатан ҳам дар замони Сомониён забони тоҷикӣ дар ҳама риштаҳо амал кард ва яке аз муқтадиртарин забонҳои ҷаҳон шуд.
22-юми июни соли 1989 (қабл аз Истиқлол) «Қонуни забон» бо талоши фарҳехтагони тоҷик, бахусус Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ, Лоиқ Шераливу Муъмин Қаноат қабул гашт. Миллати тоҷик ба забони хеш соҳибӣ кард. Қаблан дар бораи масъалаҳои забони тоҷикӣ, таърихи он, рушди забони имрӯза бо забони классикӣ, баҳрагирӣ аз забону гӯишҳои маҳаллӣ ҷиҳати такмили забони меъёр, ислоҳи забони асарҳои нависандагон, забони матбуот, наздик намудани забони гуфтор ва навиштор, ташаккули забони меъёр ва луғатшиносӣ устод Садриддин Айнӣ асару мақолаҳои зиёде навишт, ки то ҳол арзиши илмию амалии худро аз даст надодаанд.
Ҳамчунин рушду нумуи ин забон баробари соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон суръати тоза гирифт. Бо тадбирҳои фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар қадам ба қадам марҳалаи рушди иқтисодиву фарҳангӣ оғоз гашт. Дар баробари он масъалаҳои эҳёи фарҳангу забон ва ойини ниёгон таҷдиди назар карда шуд. 5-уми октябри соли 2009 «Қонуни забон» бори дигар тағйиру таҳрир дид. Забони давлатӣ, забони маориф, илм, техника, таҳсил, коргузориву номгузорӣ гашт ва ба қавли Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «забони миллӣ симо ва пайкари миллат» шуд.
Бо ибтикори Ҷаноби Олӣ дар тақдири забони тоҷикӣ давраи Сомониён дубора такрор гардид. Боз забони тоҷикӣ аз минбарҳои баланди созмонҳои байналмилалӣ садо медиҳад. Ҳамчун забони қудрат шинохта шудааст ва ба тамоми ниёзҳои замон посух мегӯяд. Дар соҳаи илму техника забони мо кашшоф аст. Дар асри фанноварӣ ҷавонони мо дониш ва иттилоотро ба забони модарӣ дармеёбанд, ки калиди рушди илми миллӣ мебошад. “Забон нишонаи асосии ҳастии як миллат аст”, — гуфтаанд Сарвари давлат. Воқеан бо талошҳои бесобиқаи он кас забон ва андешаи миллӣ манфиатҳои миллатро таҷассум кард.
Забон яке аз ҷузъҳои асосии таҳкимбахши ваҳдату якпорчагии Тоҷикистони азиз ва Истиқлоли давлатӣ мебошад. Аз ин рӯ ҳар яки мо вазифадор ҳастем, ки симои забонро зебо ва пайкари онро тавоно нигоҳ дорем.
Ҷовидон зӣ, эй забонидонишу фарзонагӣ,
То ба гетӣ нур бахшад офтоби ховарӣ!
Тоҷикиро пос медорем, зеро гуфтаанд:
Қадри зар заргар шиносад, қадри гавҳар гавҳарӣ!
Муҷибахон Ҷавҳарӣ,
нависанда