Симои инсони кор дар публитсистика

 Симои инсони кор дар публитсистика

Яке аз мавзуъҳои муҳимме, ки имрӯз дар адабиёту публитсистикаи тоҷик ҷойгоҳи вежа дорад, бунёди НБО-и «Роғун» аст. Сохтмони мазкур аз бузургтарин ташаббус ва хид­матҳои Пешвои миллат мебошад, ки новобаста ба ҳама шебу фароз ва мушкилот, бунёди он имрӯзҳо идома дорад.

Доир ба ин сохтмони бузург асарҳои зиёди публитсистию ада­бӣ ба табъ расидаанд, ки қиссаи «Кафшергар»-и Равшан Махсумзод намунаи ба тозагӣ таълифшудаи чунин асарҳо аст.

Қиссаи «Кафшергар» аз нигоҳи мавзуъ ва баррасию ҳалли он бо сабку шеваи махсус эҷод шудааст. Аз оғози қисса хонанда зуд ба мақ­саду маром ва ҳадафи нависанда пай мебарад. Тарзи муносибат ба мавзуъ, равзанаи амиқ ва вусъатно­ки назари муаллиф имкон дода, ки воқеиятҳои марбут ба корзори НБО- и «Роғун» дар таҳқиқи бадеӣ намои худро буруз намоянд. Нависанда дар таҳқиқи бадеии масъала ва рангину ҷолиб гардонидани сужаи қисса аз ҷузъиёти гуногун истифода карда, ба ин васила, аз як тараф, доманаи тасвир ва дараҷаи таҳлилҳоро ба­ланд мебардорад, аз ҷониби дигар, ба алоқамандии мантиқии ҷузъиёти гуногун неру мебахшад. Ин гуна муносибат ба муаллиф имкон до­дааст, ки образи қаҳрамонони асар воқеиву самимӣ офарида шавад. Ба ин манзур нависанда дар оғоз аз набудани барқ ва аҳамияти равшанӣ дар ҳаёт сухан ба миён мегузорад ва бо нақли вазъи воқеӣ зина ба зина ба асли мақсад мегузарад. Ӯ дар симои қаҳрамони қисса Баҳром Рустам мушкилоти бунёди НБО-и «Роғун»-ро аз зовияҳои гуногун баррасӣ карда, андешаҳои созандаашро ба низоми муайян медарорад. Қисса бо руҷуъҳои ҳикматомезе оғоз ёфтааст, ки тадриҷан ба ғояи асар иртибот пайдо мекунанд:

«Марде дар қабати чоруми ба­ландошёна назди бухории чӯянӣ нишаста оташ дармедод. Бухориро ба тиреза қариб гузошта, дудкашро аз чашми он ба берун бароварда буд. Хона сарду нимторик буд. Коғаз­девору дару тирезаҳои рангбохта ва шифти тирарангу қандили куҳнаи он аз хеле боз таъмирро надидани ин манзил мегуфт».

Ин лаҳзаи ҳузнангез аз шароити мушкилу тоқатфарсои замон дарак медиҳад ва қаҳрамонро водор мекунад, ки ба андеша равад, лаҳзаҳои шодиву рифоҳ ва раванди бунёдкориҳо дар кишварро пеш аз оғози ҷанги шаҳрвандӣ ба ёд орад. Қаҳрамони асар шебу фарози зиндагиро дидаву ба ҳар воқеаву ҳодисае, ки дар ҷомеа ба вуқуъ мепайвандад, бо нигоҳи умед менигарад. Бо гарм шудани дастонаш ва бартараф гардидани сардии хона ба берун нигоҳ мекунад ва ин ҳолат ӯро ба дунёи рангини даврони гузашта мебарад. Ин гуна ҳолат борҳо ба ӯ рух додааст, зеро инсон замоне ба қадри оромиву шодӣ ва серию пурӣ мерасад, ки он ҳамаро аз даст дода бошад. Қаҳрамони асар давраи корҳои сохтмонӣ дар неругоҳи «Роғун»-ро ёд меорад, ки халқу миллатҳои зиёде якҷо дар ин иншоот кор мекарданд. Имрӯз на аз он коргарон нишоне ҳасту на дар сохтмон кор ҷараён дорад. Ӯ бинои валангори манзилҳои зисти коргарони неругоҳро ба мушоҳида гирифта, ба ёди дӯсташ Виктор Агеев меафтад, ки дар қабати якуми бинои якум мезист ва дар сохтмони НБО-и «Роғун» ҳамроҳ кор мекарданд. Дар он замон ӯ кафшергар буду Виктор ҳамчун ронанда дар ин сохтмон кор мекарданд. Д а р ин макони нообод сохтмон оғоз меёбад ва оҳиста-оҳиста биноҳои баландошёна қомат меафрозанд. Кандани нақби зеризаминӣ дар сохтмон шуруъ мешавад. Дар ин майдони ҳарбу зарб Баҳром Рустам бо Виктор унс мегирад ва бо ҳам аҳди дӯстиву бародарӣ мебанданд. Вале ҷанги шаҳрвандӣ ба раванди корҳо дар иншоот таъсири манфӣ расонда, коргарон, ки чун дар як оила мезистанд, ҷилои кишвар мекунанд.

Дар қиссаи «Кафшергар» се марҳалаи таърихии бунёди НБО-и «Роғун» таҷассум гардидааст. Якум, замони шӯравӣ, ки ба бунёди НБО-и «Роғун» асос гузошта шуд. Дуюм, расидан ба Истиқлоли давлатӣ ва гирифтори ҷанги шаҳрвандӣ гаштани Тоҷикистон. Сеюм, таъмини сулҳу субот ва расидан ба ваҳдати миллӣ дар кишвар, ки ба оғози дубораи корҳои сохтмонӣ имкон фароҳам овард.

Ба ин мазмун, нависанда дар заминаи воқеоти мушаххас, бо истифода аз аносири ҳунарӣ симои инсонҳои бунёдкорро офарида, бо тасвирҳои ҷолиб фазо ва муҳити корзори сохтмони НБО-и «Роғун»-ро пеши назари хонанда равшану бармало сохтааст.

Муаллиф лаҳзаҳои мураккаб ва зиддиятноку низоъангезро дар ра­ванди кор дар сохтмон ба тасвир гирифта, панорамаи ҳаёт ва кору пайкори қаҳрамононро ҷаззобу муас­сир пеши назар муҷассам месозад. Фарҳод, писари қаҳрамони асар – Баҳром Рустам аз Душанбе барме­гардад ва ҳангоми суҳбат масъалаи оғози дубораи корҳо дар сохтмони «Роғун»-ро ба миён мегузорад, ки аз ин пайғоми шодӣ чеҳраи Баҳром Рустам мешукуфад.

Дар асар Баҳром Рустам ҳамчун шахси боиродату боҷасорат, ки муш­килоти зиёдро пушти сар намуда, садоқатмандона дар роҳи бунёди иншооти мазкур талош меварзад, та­свир мешавад. Нависанда моҷарову зиддият ва лаҳзаҳои мураккабро аз бархурди дидгоҳҳои шахсони алоҳи­да ба қалам дода, симои қаҳрамони марказиро барҷаста гардонидааст. Агар тасвири оғози дубораи корҳои сохтмонӣ дар НБО-и «Роғун» ва талошу пайкори Пешвои миллат, баррасии ҷараёни воқеаву амалиёт чеҳраи қаҳрамонро намудор гардон­да бошад, кӯшишу талошҳои фаъо­лонаи ӯ дар бунёди ин иншооти азим ба симояш барҷастагӣ бахшидааст. Дар мукаммал гардидани симои қаҳрамони меҳварии асар, ҳамчунин, муносибати дигар персонажҳо ва фаъолияти онҳо мусоидат кардааст.

Дар асар ташаккули мактаби бунёдкорию созандагӣ дар кишвар, ки аз насл ба насл мегузарад, дар симои фарзанди Баҳром – Фарҳод ва шогирдаш Нусрат бозтоби бадеӣ ёфтааст. Мусаллам аст, ки ташакку­ли мактаби бунёдкорӣ дар кишвар дар дарозои таърих рушду инкишоф ёфта, ин рисолат имрӯз низ дар ҷа­раёни корҳои сохтмонии мамлакат ба мушоҳида мерасад. Ба ин маънӣ, Баҳром Рустам, ки худ парвардаи мактаби Ҳабиб Ёрмуҳаммад аст, маҳз бо дастгириҳои ӯ ба бригадаи кафшергарӣ ворид шуда, ба заҳма­ти садоқатмандона баҳри ободиву осоиштагии имрӯзу фардои кишвар пардохт.

Нависанда ба тасвири зоҳирии воқеоти иншоот иктифо намекунад, балки ба паҳлуҳои мураккаби ҳаёти қаҳрамонаш низ эътибор медиҳад. Ин омил ба нависанда имкон до­дааст, ки қаҳрамонашро ҳам дар майдони ҳарбу зарб ва ҳам дар оила ба риштаи тасвир кашад. Аз тасвирҳои ӯ бармеояд, ки қаҳрамони асар натанҳо дар корҳои сохтмонӣ масъулиятшинос аст, балки дар оила низ бо ахлоқу фазилати воло соҳиби обрӯю эътибори баланд мебошад.

Дар қисса, дар баробари масоили бунёдкорӣ, инчунин, ба масъалаи муҳоҷират, ки он замон авҷ гириф­таву мардуми зиёд кӯшиши сафар ба Русияро мекарданд, таваҷҷуҳ шу­дааст. Масъалагузории нависанда воқеияти ҳол аст, зеро дар он замон мардум бештар кӯшиш мекарданд, ки ба муҳоҷират раванд, дар сурате ки дар Тоҷикистон заминҳои зиёде бекор хобидаву дар сохтмонҳои бузург коргарон намерасиданд. Ин мушкилот дар асар ҳамчун омиле маънидод шудааст, ки аксари мар­думро танбал намуда, барои ободи­ву пешравӣ ва истифодаи самара­ноки замин талош ҳам намекунанд.

Нависанда дар бозтоби симои қаҳрамононаш ҳамаҷониба талош намудааст ва воқеаву ҳодисаҳое, ки бо онҳо рух медиҳанд, дар кушодани ҷузъиёти паҳлуҳои норавшани ҳаёти қаҳрамонон мусоидат кардаанд. Аз ҷумла, ба ҳам аҳд бастани ду ҷавон – Абдулло ва Моҳрух ҷараёни қиссаро дигар мекунад, симои қаҳрамонро барҷаста месозад. Дар ин эпизодҳо ҷавонмардиву меҳрубонӣ ва гузашт кардани Баҳром Рустам инъикос ёфтааст.

Дар асар ба тасвири образи муаллим Ёдгор Қудрат, ки мисли персонажҳои дигар дар такмили хислату характери қаҳрамони асосӣ хизмат кардаанд, таваҷҷуҳ шудааст. Ёдгор Қудрат дар бозтоби нависан­да ҳамчун омӯзгори хирадманд ва дӯстдори китоб таҷассум ёфтааст. Ӯ аввалин касест, ки дар НБО-и «Роғун» китобхона ташкил наму­даву китоб тақдим кардааст ва дар баланд бардоштани маърифати коргарон саҳм гузоштааст. Баробари ба фурӯш баромадани саҳмияҳои «Роғун» симои Ёдгор Қудрат боз ҳам бештар равшан мегардад, зеро ӯ аз аввалинҳо шуда маблағи солҳо ҷамъкардаашро барои харидории саҳмия сарф мекунад ва ҳамчун шахси ватандӯсту хештаншинос ин корро амри воқеӣ меҳисобад

Вежагии дигари ин асар он аст, ки дар пасманзари тамоми воқеаҳо ва бунёдкориҳо корномаи Асосгузо­ри сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷи­кистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Ин ҳама пешравӣ ва оғози дубораи корҳо дар ин сохтмони азими тақдирсоз аз иродату матонат ва сиёсати бунёдкоронаи Сарвари давлат шаҳодат медиҳад.

Равшан Махсумзод дар нақлу тасвири корзори Роғун, хислату характери қаҳрамонон ва ҳикмати корномаи онҳо аз воситаҳои санъати сухан ва аносири ҳунарӣ моҳирона кор гирифта, ба ин васила, аз як тараф, қиссаро ҷолибу хонданӣ намудааст, аз ҷониби дигар, симои қаҳрамони арсаи корро ҳамчун шахсони фазилатпеша ва фидоии касби хеш намоён карда, ба воқе­ияти ҳақиқии замон рӯҳи бадеӣ бахшидааст. Бахусус, истифодаи зарбулмасалу мақол, ки қариб дар ҳар саҳифаи қисса ба мушоҳида мерасад, шеваи гуфтори қаҳрамонон ва ҳамчунин, кору пайкори онҳоро рангину намакин гардонидааст, гарчанде баъзан такрор омадани зарбулмасалу мақолҳои халқӣ ба назар мерасад. Ҳамин тавр, исти­фодаи аносири ҳунарӣ ва мақолу ибораҳои халқӣ вобаста ба ҷараёни суҳбати қаҳрамонон сурат гирифта, муколамаҳои қаҳрамонҳои асарро муассир кардааст.

Дар «Кафшергар» ҷараёни сох­тмони иншооти НБО-и «Роғун» ба як низоми муайян сурат гирифта, марҳалаҳои бунёди ин сохтмон бо истифода аз арқому далел тасвиру инъикос гардидааст. Аксари воқе­оте, ки дар асар тасвир шудаанд, ҷанбаи қавии публитсистӣ дошта, ба ҳақиқати замон мувофиқат меку­нанд. Тасвири воқеии макону замон, истифодаи далоилу арқом, анде­шаҳои ботинии қаҳрамонон рӯҳияи публитсистии қиссаро қувват бах­шидааст. Хонанда ҳангоми мутолиа қудрату шаҳомати НБО-и «Роғун»-ро эҳсос мекунад.

Дар маҷмуъ, нависанда Равшан Махсумзод дар тасвири саҳнаҳои мухталифи амалиёти қаҳрамонон ва кушодани симои образи асосӣ ба таври эҷодкорона муносибат намуда, тариқи нақлу тасвирҳо ҳақиқати воқеиро бо ҳақиқати бадеӣ ҳунармандона пайванд додааст.

Ҳикояҳои нависанда «Ҳидоят», «Носеҳ», «Ҷавоби мактуб», «Духта­ри кӯҳистон», «Дилкашолӣ», «Ме­рос», «Миннату иллат», «Дили модар», «Ду ифтиро», «Лахти ҷигар дар бағал», «Ду некӣ», «Духтари чиновник», «Модари суфрадӯзи ман», «Ҷазо», «Антогонизм» ва «Суду зиён», ки як бахши китоби «Кафшергар»-ро ташкил медиҳанд, ба мавзуъҳои муҳимми рӯз нигаро­нида шуда, ҷанбаи қавии тарбиявӣ доранд, хонандаро ба роҳи рост, инсондӯстӣ, ғамхорӣ, меҳру муҳаб­бат, садоқат ва амсоли инҳо ҳидоят мекунанд.

Мурод МУРОДӢ,
профессор,

Насриддин ОХУНЗОДА,
номзади илми филология

Дигар хабарҳо