Саттор Турсун. ДОҒ. (Новелла)

Дарвозаи мӯйсафед кушода шуда, ба саҳни ҳавлӣ боз ҳамон марди тирарӯйи чашмони хокистариаш танг ва бурути маллааш ба ду тараф овезон, ки вақтҳои охир ба ин ҷо хеле кам меомад, оҳиста қадам монда, ба чор тараф назар давонд. Модасаг ӯро зуд шинохт ва дандон сафед карда, як ғурриду ҷаста, ба по хест. Вале ҳамин дам мӯйсафед аз хона баромада, ҷонварро, ки сахт ба ғазаб омада буд ва акнун худро ба сӯйи он марди тирарӯй андохта, ниҳоят доғи дилашро шустан мехост, баногоҳ аз шасташ гардонд. Ва меҳмонро пешвоз гирифта, ба хона даровард.

Модасаг боз як ғурриду аламаш зиёда шуда, гашта дар ҷояш дароз кашид.

…Порсол ин ҷониб мӯйсафед ба вай халал мерасонад. Дар ин муддат бори чандум аст, ки модасаг он марди чашмонаш танг ва буруташ овезонро дар ҳамин ҳавлӣ мебинад, аммо коре карда наметавонад. Чунки мӯйсафед ҳамеша ҳозиру нозир шуда, ба вай ҳатман халал мерасонад…

Хайр, ҳоло мебаромадагист!

Модасаг сари вазнинашро, ки беист ғуввос мезад, ба рӯи дастонаш гузошта, дандонҳояш фишурдаву чашмонаш нам, дер гоҳ ба дари хонаи соҳибаш нигарист. Хаёлаш ба рӯзҳои гузашта пайваста, нолиду нолид, оҳ кашид, гирист.

Наход вай, ҳеҷ набошад, ӯро нагазида… аламашро наситонда, аз ин дунёи равшан чашм пӯшад?

Не, не-е!

Баъд модасаг бархоста, оҳиста-оҳиста пеши дарвоза рафт, ки дар он ҷо як охури қуҳна буд. Лаҳзае ба қафо нигариста, касеро надид, шарфаеро ҳам нашунид… Ва худро ба даруни охур гирифт. Замонаш буд… аз ҳамин охур аспи хушфеъли мӯйсафед обу алаф мехӯрд. Ҳоло муддатҳост, ки дигар он аспи пир наменамояд.

Куҷо шуд вай?

Модасаг дар интизори душманаш лӯнда гардида, ба даруни охур мехобиду аз зӯри қаҳр ва ҳисси оташини қасос дили пурғамаш сахт-сахт метапид, – гӯё ғулғула мекард. Ҷонвар он айёмеро, ки дар ҳавлии мӯйсафед хушу хурсанд мезист, ба ёд оварда, дар аввал ҳамааш нағз буд, мегуфт ба худ ҳасратомез, лекин баъд…

Айшаш талх шуд баъд. Ҳамин марди тирарӯй талх кард айши ӯро. Одам не вай, балки як балои қазо буд.

Ҳоло барояд, ҳоло аз пеши ин охур гузарад… Мӯйсафед ӯро, албатта, то дарвоза гусел намекардагист.

Рафту гусел кунад, чӣ?

Не-е, не!

Модасаг медонад. Медонад, ки муомилаи соҳибаш ба он марди бадгуҳар сард шудааст.

Ё ба назараш ҳамин тавр метобад?

Ҳаргиз! Модасаг ба чашми худаш дида буд – мӯйсафед ду-се бори охир то таки дарвоза гусел накард ӯро. Яқин вай ҳам он марди хода барин дароз ва нигоҳаш дами корд барин тезро бад мебинад…

Ҳа-а, бад мебинад! Чунки вай ҳам як сол муқаддам шоҳиди сангдилии фарзанди одамизод буд.

Модасаг рагу паяшро бештар дарҳам кашида, боз нолид; нолиду нолид. Чашмони сурхаш ҳамчунон тар…

Ногаҳон шарфаи пой баромад. Ҷонвар гӯш ба қимор шуда, ақида кард, ки танҳо як кас меояд.

Душманаш…

Вай акнун қариб нафас нагирифта, қариб нақши замин гардида, дар зери бори бисёр гарони интиқом, ки омехта ба дарди бедаво буд, раҳ мепоид.

Шарфаи пой наздиктар мешуд.

Дандонҳои модасаг гӯё меёзиданд.

Пас шарфаи пой аз паҳлуи охур гузашт. Ва модасаг…

Парид!

Париду марди тирарӯй сахт афтида, ба тамоми овозаш дод гуфт. Вале модасаг, ки дар ин лаҳза аз чашмонаш оташак меҷаст, асло натарсид. Баръакс – ба ҳар ду пои пеш ӯро бештар ба замин пахш карда, мехост аз хирнояш гирад; дандонҳои тезаш ташнаи қасос буданд, ташнаи хун…

Мард ҳамчунон даступо зада, фарёд мекашид, имдод металабид; ҷонварро гоҳ аз сари синаву гоҳ аз пешонии паҳнаш тела дода, илоҷи халосӣ меҷуст.

Модасаг…

Вай паст намеомад.

Дастони мардро газида, гиребону остинҳои курта ва камзӯлашро дарида, ҷандала мекард, ки ҳар чи зудтар ба хирнойи ӯ дандон занад.

Ҳамин тавр онҳо ду ё се дақиқа часпу талош доштанд. Лекин на мард аз зери пойҳои модасаг раҳоӣ меёфт, на модасаг ӯро аз хирнояш мегирифт, – гӯё дар панҷа андохтан ҳар ду баробар буданд.

Бо вуҷуди ин ҷонвар аз нияти худ намегашт.

Нохост аз тарафи хона овози мӯйсафед баромад:

– Нарас, Холдор, нарас! Сар деҳ, Холдор, сар деҳ! Нарас гуфтам…

Ва модасаг ғазабаш бадтар аланга гирифта, дар ҳайрат дид, ки мард якбора хомӯш шуд. Вай дигар муқовимат намекард. Чашмони хокистариашро калон-калон кушода, ранги рӯяш пахта барин сафед, ба дандонҳои тези модасаг менигаристу аз ҷой намеҷунбид. Гӯё ноилоҷ монда, «раҳм кун, аз гуноҳам гузар…» – мегуфт ба ҳамон чашмони пур аз тарсу тавалло.

Инчунин, мӯйсафед:

– Нарас, Холдор, нарас! Сар деҳ… – гӯён дар арбада ба вай наздак мешуд.

Модасаг як дил кард, ки то расидани соҳибаш… Ба хирнойи он марди бераҳм дандон фишурда, ниҳоят аз ӯ қасдашро гирад. Фурсат ғанимат, охир… Вале аз нав ранги кандаву чашмони қариб мурдаи душманашро дида, аҷаб, ки ба ин кор ҷуръат накард.

Ё аз нидои таҳдидомези мӯйсафед тарсид?

Балки раҳми худаш омад?

Шояд боз ягон чизи дагар ба вай монеъ гардид?

Намедонад…

Ба ҳар ҳол ҷонвар аз шасташ гашт ва марди рӯяш тираву чашмонаш акнун беҳисро дар ҳамон вазъ партофта, соҳибашро, ки ба онҳо тамоман наздик омада буд, чап дода, мингосзанон ба як кунҷи ҳавлӣ хазид.

Мард бархост… – мӯйсафед аз ҷой хезонд ӯро!

Бархосту гоҳ ба сӯйи модасаг ва гоҳ ба соҳиби вай нигариста, дар қаҳру заҳр баланд-баланд чиҳое гуфта…

Яқин таҳдид карда, дастонаш хуншор, гиребону остинҳояш дарида, шитобон аз дарвоза берун рафт.

Мӯйсафед қафо гашт.

Ба айвон баромада, хаёлманд каме истод. Сипас ба ҷониби модасаг як назар давонду аз чӣ бошад, ки беҳол даст афшонда, оҳиста ба хона даромад.

Саҳни ҳавлиро сукунат гирифт.

Ҷонвар танҳо монд. Вай дир-дир меларзид. Нафасаш тангӣ карда, ёрои ҷунбидан надошт. Чашмонаш ғарқи об, дунёро тира медид. Дили бадардаш хала мезад; бенизом тапида, қариб мекафид.

Ҳавлӣ сокит буд.

Модасаг сар ба рӯйи дастонаш гузошта… чун мурда беҳаракат мехобид. Дар гӯшаш гуп-гупи ноороми дили афсурда, вай ҳоло бачаҳояшро ба ёд меовард.

Дар ин ҳавлии батартиб, дар паноҳи мӯйсафеди меҳрубон ҷонвар се маротиба бача кард.

Имсол ҳам мезояд.

Ҳа-а, зоиданаш наздик… Вале акнун бачаҳояш дар куҷо бошанд, ба дари киҳо мегарданд, чӣ рӯз доранд?

Ҳар сол, ҳамин ки ҷигарбандонаш чашм кушода, қувват мегирифтанд, мӯйсафед онҳоро якта-якта бароварда, ба одамон медод. Модасаг аввал зиқ мешуд; пас оҳиста-оҳиста ба танҳоии худ одат карда, то метавонист, дар хизмати соҳибаш мегашт.

Порсол…

Порсол ҳам вай ба азоб зоид.

Баъде ки чор бачаи зебояш чашм кушода, дар атрофи модасаг парвона шуданд, ба дари хонаи мӯйсафед яке аз пайи дигаре боз одамон омаданд.

Ва боз онҳоро гирифта бурданд.

Фақат алоякаш монда буд.

Шӯх буд Ало! Орому қарорро намедонист. Аз субҳ то шом дар саҳни ҳавлӣ давидаву ғелида, хурсандӣ мекард. Гоҳ аз думи мӯйсафед мегашт, гоҳ аз пайи гурба метохт, гоҳи дигар, аксаран гушна мондан пас, дар гирду пеши модараш тор метанид. Мешуд, ки нохост худро ба миёни мокиёну чӯҷаҳо зада, дар як лаҳза фиғонашонро мебаровард…

Аз ин бесарии Ало зуд-зуд қаҳраш ояд ҳам, модасаг бисёр мехост, ки вай мудом дар паҳлуяш бошад, мӯйсафед ӯро ба касе надиҳад.

Лекин…

Дер давом накард рӯзи хуши онҳо!

Як саҳар ҳамон марди тирарӯйи чашмони тангаш хокистарӣ ва бурути маллааш ба ду тараф овезон, ки ҳоло модасаг аз вай қасдашро гирифта натавонист – раҳмаш омад, бале, раҳмаш… – дар ин ҷо пайдо шуда, ба мӯйсафед хеле гап зада нишаст. Вақте ки бозпас мерафт, Ало баногоҳ аз паяш давид.

Мард як баргашта, ба вай таҳдид кард…

Беақл буд Ало!

Ба таҳдида ӯ эътибор надода, мӯзаашро бӯид; дум ликонда, тохта аз пешаш гузашт; баргашта худро аз нав ба мӯзаҳояш молид…

Ва ба зарби яке аз ҳамон ду мӯзаи сиёҳ фиғони ҷонхароше бароварда, чун тӯб рафта, ба девор зад. Пасон нақши замин гардида, боз – ин дафъа пасттар – фарёде кашиду ҳамоно хомӯш монд.

Модасаг, ки баробари зарбаи мард аз ҷой ҷаста буд, ба чанд ҷаҳиш худро назди бачааш расонд.

Вале…

Акнун ҷон меканд Ало, балки мурда буд!

Мард наменамуд.

Мӯйсафед дуртар аз модасаг моту мабҳут меистод…

Ҳамин тавр шуда буд дар он чоштгоҳи офтобӣ.

Ҷонвар Алоро мебӯйиду мегирист, мебӯйиду мегирист.

Ҳоло низ сар ба рӯи дастони бемадораш гузошта… бачаҳояшро, махсусан, алоякашро ба ёд оварда, хомӯш ашк мерезад.

Дар рӯйи ҳавлӣ касе нест. Осмон баланд, мусаффо, каб-кабуд. Офтобаки баҳорон нарм-нарм нур мерезад. Ҳама ҷо ором, тоза, об задагӣ барин…

Ногаҳон гулдуроси туфанг баромад.

Модасаг рост аз пешониаш тир хӯрда, баробари қади худ ба ҳаво хест. Ҳангоме ки гӯшҳояш чиппӣ гирифта, гашта ба замин меғалтид, хира-хира аввал ҳамон марди тирарӯй ва хода барин дарозро дид, ки дар даст туфанг дошт; ба сари мили он ҳалқа-ҳалқа дуди сафед мепечид. Баъд мӯйсафедро дид, ки аз дар баромада, айвонро тозон гузашта… ба душмани вай наздик мешуд.

Сипас Ало, алоякаш аз мағзи ҷигар фарёд кашид. Ва рӯзи равшани баҳорон дар дидаи модасаг тира гардид.

Дигар хабарҳо