Саттор Турсун: «…Аммо дигаргуна зиндагӣ мекардам»

Саттор Турсун: «…Аммо дигаргуна зиндагӣ мекардам»

– Устоди гиромӣ , имрӯз шумо ҳамчун нависанда ба қуллаи баланд расидаед. Вақте ки ба қафо, ба роҳи тайкардаатон назар меафканед, вуҷудатонро чӣ эҳсосоте фаро мегирад?

– Ман дар зиндагӣ бештар бо одамони нек вохӯрдам. Тасаввур кунед, бо маслиҳати устод Мирзо Турсунзода сармуҳаррири «Садои Шарқ» Убайд Раҷаб аз курсии донишҷӯӣ маро ба ҳайси мудири шуъбаи очерк ва публитсистикаи маҷалла ба кор даъват намуд. Дар ин маҷалла бист сол кор кардам. Солҳои дароз мудири шуъбаи наср ва қариб ду сол иҷрокунандаи вазифаи сармуҳаррир будам. Дар тӯли ин муддат аз тарафи устодону ҳамқаламон дастгириҳо дидам. Муносибате, ки Мирзо Турсунзода ба мо доштанд, маро ба ҳайрат меовард. Мани он вақт 27-28-соларо барои ширкат дар маҷлису маҳфилҳои муҳим ба Маскав ва ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ мефиристоданд. Ба шарофати ҳамин гуна сафарҳо бо адибону олимони номдори ҷаҳон, сиёсатмадорони сатҳи олӣ, аз ҷум- ла бо котибони аввали КМ ҳизби каммунистии Гурҷистон Эдуард Шеварднадзе, Озарбойҷон Ҳайдар Алиев ва Ӯзбекистон Иномҷон Усмонхӯҷаев ҳамсуҳбат шудам. Ёдам меояд, ки боре ҷиҳати ширкат дар анҷумани нависандагони Украина ба Киев рафтам. Дар фурудгоҳ маро касе пешвоз нагирифт. Пас аз каме мунтазир шудан тасмим гирифтам, ки ба таксӣ рост ба Иттифоқи нависандагон равам. Дар ҳамин лаҳза як марди бузургҷуссаи босалобат наздам омаду пурсид, ки шумо фалонӣ нестед. Гуфтам, бале. Бубахшед, ман шуморо одами умрдида гумон карда, дарҳол аҳамият надодам, гуфт ӯ ва маро ба назди мошини худ раҳнамоӣ кард. Ин мард раиси хазинаи адабиёти Иттифоқи нависандагони Украина будааст.

Ба Маскав низ сафарҳои зиёд доштам, дар маҷлисҳои бошукӯҳ иштирок мекардем. Он сафарҳо бисёр хуб ва хотирмон мегузаштанд. Ёдам ҳаст, ба муносибати 30-солагии аз фашизм озод шудани Булғория дар Маскав мулоқоти адибони ҷавони ИҶШС ва Булғория барпо гардиду баъд дар Киеву Бокуву Тифлис ва баъдан София идома ёфт. Банда ҳамроҳи Ҷӯрабек Муродов иштирок доштам. Ҳини ин сафар бо нависандагони машҳур, ба хусус Расул Ғамзатов, Леонид Леонов, Александр Баршаговский, Станислав Куняев ва дигарон ошнову ҳамсуҳбат шудам.

Ҳамроҳи Сайидалӣ Маъмур, Аскар Ҳаким ва Маъруф Бобоҷон дар машварати адибони ҷавон, ки дар шаҳри Маскав барпо гашт, иштирок кардем. Он солҳо чунин қоида буд, ки иштирокчиён бояд қаблан навиштаҳояшонро тарҷумаи таҳтуллафзӣ карда, пешниҳод менамуданд. Баъд дар рафти машварат устодон онҳоро муҳокима менамуданду маслиҳатҳо медоданд ва асарҳои писандидаашонро барои тарҷума пешниҳод менамуданд. Хулоса, дар он машварат як рафиқи моро баистеъдод шинохтанд, аммо вақте ки аз сафар баргаштем, пас аз чанд моҳ устод Фазлиддин Муҳаммадиев маро наздашон даъват карда, гуфтанд, ки сармуҳаррири «Молодая гвардия» ба суроғи ту омадааст. Тақрибан сисола будам ман он вақт. Вақте бо Сергей Шевелёв вохӯрдам, ӯ гуфт, ки асари он рафиқе, ки интихоб шуда буд, шоиста нест, навиштаҳои ба машварат пешниҳодкардаи туро хондам, писанд омад. Агар имкон даст диҳад, худам онро ба русӣ тарҷума мекунам.

Ҳамин гуна роҳи ман ба маҷаллаю нашриётҳои марказӣ кушода шуд. Китобам дар нашриёти «Молодая гвардия» ба нашр расид. Дар солҳои гуногун панҷ китобам дар нашриётҳои «Советский писатель», «Известия», «Радуга», «Художественная литература» ва ҳикояҳо- ям дар чанд китоби дастҷамъӣ ба чоп расиданд. Ҳамчунин навиштаҳоямро нашрияҳои «Аврора», «Роман — газета», «Дружба народов», «Наш современник» «Литературная Россия» чоп карданд ва  тақризҳову мақолаҳо ҳам дар маҷаллаҳои «Вопросы литературы», «Литературное обозрение» ва ҳафтаномаи «Литературная газета» нашр шуданд. Дар солҳои охири Иттиҳоди Шӯравӣ мунтахаби осорамро нашриёти «Художественная литература» бояд чоп мекард ва ман онро хонда, имзо карда, фиристода будам. Дар ҳамин айём Иттиҳоди Шӯравӣ пош хӯрд. Аз нашриёт мактуб омад, ки дигар мо чоп карда наметавонем. Лекин аҷиб ин аст, ки ҳаққи қалами китоби чопношударо пурра фиристоданд…

Насли мо насли хуб буду ҳаст. Шукри Худо, ки аз ин насл бисёриҳо зиндаву саломатанд ва хуб ҳам эҷод мекунанд. Дилро равшан гирифта, зиндагӣ кардан, аз ҳама муҳимаш дар дили худ муҳаббат парваридан ба одамон, ба илму адабиёт, ба обу ҳаво ва умуман зиндагӣ шарти асосии инсонигарист. Он гоҳ албатта кор ривоҷ мегирад. Дар Инҷил ҳарфе ҳаст, ки имон, умед ва муҳаббат муҳимтарин аркони зиндагиянд. Лекин, омадааст дар ин китоб, аз ҳама муҳимаш муҳаббат аст. Агар муҳаббат набошад, имону умед ҳам нестанд. Албатта, ман ҳам беайб нестам, зеро як бандаи хокиям, шояд дар зиндагӣ хатоҳо карда бошам, аммо аз ҳама муҳим ба касе бадӣ накардаам. Лекин вақте ноҳақиву беинсофиро мебинам, сахт мегӯям. Сахт гӯям ҳам, аммо дар дилам кина намегирам.

–Баъзеҳо мегӯянд, ки нависандагӣ сарнавишт аст ва иддаи дигар касбаш медонанд. Шумо чӣ андеша доред дар ин бобат?

– Нависандагӣ, албатта, сарнавишт аст. Шоири маъруфи рус Александр Блок низ чунин гуфтааст. Касб ҳам шояд гуфтан мумкин, вале дар асл болотар аз як касб аст. Шояд ҳар гуна касб ҳам сарнавишт бошад.

– Пас аз сарнавишти худ розӣ ҳастед?

– Нависандагӣ корест сангин, пурмашаққат, аммо касе агар ба ин банд афтад, дигар раҳо шуда наметавонад. Ҳарчанд бихоҳӣ ҳам, дигар халосӣ нест аз он, халос шудан шармандагист. Дар ин банд ҷастану тапидан бисёр мушкил аст.

– Агар имкони дубора таваллуд шудан мебуд, боз ҳамин касбро интихоб мекардед?

– Бале, агар аз нав ба дунё меомадам, боз ҳам нависанда мешудам, лекин дигаргуна зиндагӣ мекардам, ҳар касро ба дари дилам роҳ дода, оқибат азоб намекашидам. Бузургтарин хатои ман кори имрӯзро ба фардо гузоштан буд. Бинобар ин ба ҷавонон, хусусан ба онҳое, ки ба наср машғул ҳастанд, маслиҳат медиҳам, ки пайваста нависанд, ба умеди фардо нашаванд. Имрӯз, ки биноии чашмам хуб нест, баъзан худро мазаммат мекунам, ки чаро дар вақташ бисёртар нишаста, кор накардам. Ҳол он ки ҳар таълифамро дар муддати кӯтоҳ менавиштам. Ғояву сужаи асарро дар сарам пазонда, панҷ-шаш моҳ мегаштам. Нависанда бояд ҳар рӯз кор кунад. Ҳеҷ набошад, рӯзе як ҷумла нависад. Ҳарчанд навиштаҳоям ба чанд ҳазор саҳифа мерасанд, фикр мекунам, ки кам кор кардам. Аммо боз ҳам шукр мегӯям, ки ҳамеша ба муҳаббат қалам мерондам.

– Мегӯянд, ки эҷодкор бояд комилан вораставу озода, ҳатто аз гирифториҳои хонаводагӣ дар канор бошад, то тавонад асари арзишманду мондагоре биофарад. Назари шумо дар ин маврид чист?

– Ман ба ин фикр комилан розӣ ҳастам. Ба нависандагоне, ки зиёд эҷод карданду асарҳои мондагор офариданд, Худованд ҳамсарҳои хуб дода буд. Устод Лоиқ байте ба ин маънӣ дорад, ки дар пушти ҳар марди бузург зани бузургест. Масалан, зани Достоевский ҳамин гуна буд. Аз шиносҳо бигирем…Кибриё Лутфуллоева солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба Тошканд рафту бо нависандаи машҳури ӯзбек Абдулло Қаҳҳор шинос шуда, издивоҷ намуд. Абдулло Қаҳҳоре, ки аз ҳамсари якумаш ҷудо шуда, чанд муддат сарҳисоби зиндагияшро ёфта наметавонист, баъди бо Кибриё Лутфуллоева хонадор шудан оҳиста-оҳиста ба як нависандаи чирадаст мубаддал шуд. Ин зани порсою доно ҳаёти хешро пурра ба шавҳараш бахшид; натанҳо дар хона барои ӯ шароити хуби эҷод фароҳам оварда буд, балки ба корҳои эҷодиаш низ мадад мекард. Мегӯянд, ки агар Абдулло Қаҳҳорро дӯстон, ҳамқаламону мухлисонаш хабаргирӣ меомаданд, занаш мегуфт, ки машғули кор аст ва бо онҳо нишаста, басабр суҳбат мекард. Аслан бо эҷодкор зиндагӣ кардан қаҳрамонист. Албатта, ман эҷодкори асилро дар назар дорам. Гумон мекунам, ки ҳамсари устод Лоиқ (равонаш шод бод) яке аз бузургтарин занҳои тоҷик буд, зеро як ҷавони баистеъдодро ба бузургтарин шоири асри бист табдил дод.

– Ниёз ва бениёзӣ. Ин ду чиз ба эҷодиёти адиб чӣ таъсире дорад?

–Касе, ки ниёзманд аст, беҳтараш, ба даст қалам нагирад. Мегӯянд, санъат қурбонӣ мехоҳад. Ин ба он маънӣ нест, ки худатро қурбон кунӣ. Санъат бениёзӣ низ мехоҳад. Бино бар ин, касе, ки илоҷи хуб зистан надорад, бояд ба кори адабӣ машғул нашавад.

– Дар адабиёт нависандагоне чун Ҷек Лондон дар аввал ниёзманд будан- ду азоби зиёд кашиданд ва оҳиста- оҳиста ҷаҳоншумул шуданд. Дар ин маврид чӣ мегӯед?

— Ин гуна мисолҳо, албатта, ҳастанд. Лекин Ҷек Лондон қариб кулли асарҳо- яшро дар даврае навишт, ки камбағал буд ва мехост сарватманд шавад. Аммо дар аввал ҳар чизе, ки ба нашрияҳо мефи- ристод, ба нишони рад бармегашт. Боре бахт ба рӯяш хандиду як асараш чоп шуд ва дигар ҳама ноширон ба ӯ часпиданд. Вақте ки соҳиби шуҳрат, ном ва дороӣ шуд, дилаш ба зиндагӣ сард гашт, аз дурӯягиву чоплусии инсонҳо дилгир шуда, дигар ҳатто хоҳиши зистан надошт ва оқи- бат дар ҳудуди чилсолагӣ худкушӣ кард.

Дар замони шӯравӣ барои он адибо- ни хуб пайдо шуданд, ки ҳаққи қалами хуб мегирифтанд. Низоми коммунистӣ, ҳокимони давр медонистанд, ки ҳаққи адибонро додан даркор, вагарна асарҳои хуб пайдо намешаванд.

Бубинед, масалан, дар Русияи подшоҳӣ барои он ки Пушкин барин шоири озода ва фавқулодда соҳибистеъдод даромаде дошта бошад, ӯро дар дарбор камердинер таъйин карда буданд. Боз мансаби дигаре ҳам дошт, ки аз он ҳисоб низ маош мегирифт. Чун шоир айёшӣ ҳам мекард, қариб ҳамеша қарздор буд ва қарзҳояшро чанд бор шоҳи Русия пардохт карда буд. Он замон дар Русия нависандагон дар ҷое кор намекарданд. Толстой барин нависанда замину ҷоҳу ҷа- лол дошт, деҳқонони зиёде дар ихтиёраш буданд. Бинобар ин, фақат ба кори худаш машғул буд.

Мисоли дигар: Дар Русия Маркс ном ношири машҳур буд. Вақте ки Чехов гирифтори бемории сил мешавад (бемории сил то солҳои 30-юм, то пайдо шудани пенсилин даво надошт), табибон маслиҳат медиҳанд, ки чун боду ҳавои Қрим барои табобати бемории ӯ мусоид аст, дар он ҷо зиндагӣ ихтиёр кунад. Маркс ба ӯ дар Қрим бинои қасрмонанде харида медиҳад. Ман дар он ҷо будам. Давраи шӯравӣ ҳамон биноеро, ки ношир ба Чехов харида дода буд, яке аз беҳтарин хонаҳои эҷодии Иттиҳоди Шӯравӣ медонистанд. Он ҷо мерафтанду менавиштанду истироҳат мекарданд.Тургенев ҳам комилан бениёз буд, мудом дар Фаронса зиндагӣ дошт. Горкий ҳам аз зумраи сарватмандон буд.

Имрӯз ҳам дар Русия ба заҳмати аҳли қалам ва умуман ҳунармандон таваҷҷуҳ зиёд аст. То ҷое медонам, мукофоти давлатии ин кишвар дар соҳаи адабиёт ҳудуди дусад ҳазор доллар аст. Ғайр аз ин, боз мукофотҳои дигаре ҳастанд, ки пули хеле зиёд доранд.

Аз худамон бигирем. Масалан, Фирдавсӣ як умр таъмин буд. Бо фармони шоҳ дар Тӯс ҳар ҳокиме, ки бошад, мададаш мекард. Бинобар ин, нишасту «Шоҳнома» навишт. Мавлавиро агар хабаргирӣ мерафтанд, султон ё дигар зимомдорон ба хонааш нарасида, аз асп пиёда мешуданд. Мирзо Бедил амирзода буд. «Мирзо», яъне кӯтоҳшудаи «мирзода». Падараш сарлашкари давлати Бобуриҳо буд…Инҳо ҳама бениёз буданд. Албатта, дар ин миён баъзе ниёзмандон ҳам буданд, вале мардум онҳоро дастгирӣ мекарданд.

– Оё имкон дорад, ки моҳият ва ҷавҳари ҳаёту адабиётро бо чанд ҷумла ифода намоед?

— Ҳама ҷиҳати ҳаётро дар бар гириф- тани адабиёт бисёр мушкил аст. Ҳаёт уқёнусест, ки тӯфонҳои зиёд дорад. Инсон вуҷуди ниҳоят мураккаб аст ва адабиёт кӯшиш мекунад, ки аз он чи дар ҳаёти инсон ҳаст, чизҳои умдаву зарурияшро ба тасвир бигирад ва он барои беҳтар шудани ҳаёти инсонҳо хидмат мекунад. Бадиҳоро тасвир карда, некиро талқин менамояд. Аммо бояд гуфт, ки тағйир ёфтани инсон кори бисёр мушкил аст. Адабиёт он хонандаеро метавонад тағй- ир диҳад, ки ба умқи он фурӯ раваду ба даркаш бирасад.

Боре дар ҷараёни як суҳбат бо академик Носирҷон Салимӣ сухан ба «Мас- навии маънавӣ» пайвасту афсӯс хӯрдам, ки аз аҳди ҷавонӣ ба амиқ омӯхтани ин асари безавол машғул нашудам. Бародари мо дар ҷавоб гуфт, ки ҳамон сахт начаспиданатон беҳтар. Вагарна дар зери таъсираш монда, гумон буд, ягон чизи дигар нависед. Дуруст аст фикри олими маъруф. Асарҳои бузург касро билкул тасхир карда, аз олами мураккаби хеш осон раҳо намедиҳанд.

Умуман вазифаи адабиёт кашфи ҳақиқат ва роҳ кушодан ба сӯи адолат аст. Ба ёдам омад, ки боре баландмақомони лашкар дар давраи хилофати ҳазрати Алӣ аз камии нафақаашон нолида, мехостанд, ки арзашонро ба халифа бирасонанд. Вақте ки наздаш рафтанд, вай дар равшании шамъ машғули ҳисобу китоб дар хазина буд. Лашкариён арз мекунанд, ки мо бо мушкиле омадаем. Алӣ мепурсад, ки ба кори давлату лашкар вобаста нест? Посух медиҳанд, ки не, ба худамон воба- ста аст. Алӣ шамъро хомӯш мекунад ва ба дари хазина қуфл зада, онҳоро ҳамроҳ ба хонааш мебарад ва шамъро дармеги- ронаду мегӯяд: Гӯшам ба шумо. Онҳо ба ҳайрат меоянд ва мепурсанд: — Охир, гапи мо зиёд набуд, чаро моро ин ҷо овардӣ? Алӣ дар ҷавоб мегӯяд: — Дар он хазина моли муъминин маҳфуз аст ва он шамъ ҳам аз ман нест. Кори шумо, ки шахсист, ин ҷо оварда, шамъи худро гирондам, то моли муъминин беҳуда сарф нашавад. Онҳо лол монда, узр мепурсанду мераванд. Ана дарс барои адолат!

Бояд гуфт, ки инсонро ё дарки солими ҳаёт инсон мекунад ё беморӣ. Одам имрӯз либосу палосашро дигар кардааст, аммо ҳамон одами пешин аст. Бинобар ин нав ба нав асарҳо пайдо мешаванд, то инсон андаке бошад ҳам, дигаргун шавад. Нависандаи машҳури амрикоӣ Шервуд Андерсон ҳикояе дорад бо номи «Романи мурда». Дар ҳамин ҳикоя аз номи қаҳрамонаш меорад, ки бузургоне ба мисли Байрон, Ҷорҷ Барроу, Толстой ва дигарон бо эҷоди асарҳо ба ҳадаф наздик шуданд, аммо расида натавонистанд ба он. Аз ин хотир нав ба нав нависандагон пайдо мешаванд, ки боз ягон паҳлуи ҳақиқати зиндагиро кашф кунанд, ба гӯшае аз он равшанӣ андозанд. Санъаткорон мекӯшанд, ки тавассути адабиёти асил рисолати инсонро дар рӯи замин камтар бошад ҳам, муайян кунанд.

– Тавре ҳозир худатон низ ишора кардед, нависанда аслан ба кашфи ботини инсон машғул аст. Ба назари шумо, рисолати инсон дар олами ҳастӣ чист?

— Ба назари ман, рисолати инсон дар ин дунё тақвият додани гуманизм, дӯст доштан, ёрӣ додан ва эҳтироми инсонҳои дигар аст.

– Дар бораи номи забони тоҷикӣ, ки имрӯзҳо бархе ба форсӣ номидани он исрор мекунанд, чӣ назар доред?

— Имрӯз касоне пайдо шудаанд, ки истифодаи баъзе калимаҳои хоси забони тоҷикиро нодуруст медонанд ва далелашон ин аст, ки чунин калимаҳо дар луғат- номаҳои эрониён нестанд. Хатои маҳз мекунанд чунин нафарон ва ақидаашон билкул ғалат аст. Албатта, ҳам ба тоҷику ҳам ба эронӣ ва ҳам ба афғону ҳам ба ҳинду фаҳмову писанд афтодани забони тоҷикӣ аз худи соҳибзабонон, аз ҷумла нависандагон вобаста аст. Агар онҳо забони модарии хешро хуб медонанд ва ба ин забони аз нигоҳи банда воқеан ҳам пурғано гарм суҳбат кардану зебо навиштан метавонанд, худ ба худ чунин баҳсҳои бемаънию бепоя аз байн мераванд.

Ман ҳайронам, чаро олимони забон- шиноси мо кор намекунанд, ба мардум намефаҳмонанд. Камобеш шашсад сол то пошхӯрии ИҶШС эрониҳо аз Мовароуннаҳр ҷудо буданд ва табиист, ки дар ин муддат дар забони мо як силсила калимаҳои нав ворид гардиданд. Сабаби ин ҷудоӣ ҷангҳои мазҳабӣ буд, на давраи шӯравӣ. Ин ҷангҳо аз аҳди Шайбонихон оғоз ёфта буданд. Охир, баъди омадани ӯзбекҳо ба Мовароуннаҳру Хуросон дар натиҷаи ҷангҳои мазҳабӣ миёни мо як девори мустаҳкаме пайдо шуда буд. Тоҷик калимаҳое эҷод кард, ибораҳое сохт, зарбулмасалу мақолҳо пайдо шуданд. Ку олиме, ки имрӯз ин масъаларо таҳқиқ кунад!

Ҳоло як суҳбатам бо аввалин сафири кабири Эрон дар Тоҷикистон Шабистарӣ ва замони дар Эрон, дар хонаи доктор Алии Равоқӣ, донишманди луғатнигор меҳмон буданам ба ёдам мерасад. Дар он суҳбатҳо мегуфтанд, ки забони хубу ғаниву покиза, ки аз қадим бисёр чизҳоро нигоҳ доштааст, забони шумост. Ба ин нуктаҳо эътибор додан лозим.

Устод Муъмин Қаноат дар шеъри «Ба ҳаводорони забони тоҷикӣ» «Форсӣ гӯӣ, дарӣ гӯӣ варо, ҳар чи мегӯӣ, бигӯ, Баҳри ман танҳо забони модарист» гуфтааст. Фаромӯш кардан лозим нест, ки вақте ин забон бар асари зулму истилои арабҳо қариб аз байн рафта буд, эҳёи он ҳамроҳ бо худшиносиву ҳувияти миллӣ аз давраи Тоҳириён оғоз шуд ва дар давраи Сомониён ба таври комил сохта шуду ба авҷи шукуфоӣ расид. Ин забонро устод Рӯдакӣ, Ибни Сино ва дигар суханварону донишварони тоҷики ҳамон аҳд сохтанд. Баъдан ин забони нобро эрониҳо аз Бухоро ба Эрон бурданд. Шумо бубинед, забони Фирдавсиро эрониёни имрӯз дуруст намефаҳманд, мо дуруст мефаҳмем. Аз радиои Би-Би-Си суҳбатеро шунидам, ки дар он забоншиносон мегуфтанд, забони Саъдиву Ҳофиз такя ба забони Бухоро, яъне ба забони ноби тоҷикӣ дорад. Чаро акнун мо ин забонеро, ки ин қадар решаҳо дораду дар олам густурда шудааст, форсӣ бигӯем?! Забони мо тоҷикӣ аст. Воқеан, бамаврид аст, ки ин ҷо сухане чанд дар бораи «Шоҳнома» бигӯям. «Шоҳнома» аслан як раман аст. Азбаски қофияву радиф ба гӯш форам мерасанд ва суханро хотирнишин мекунанд, Фирдавсӣ асарашро дар қолаби назм эҷод кард. Баъзеҳо мегӯянд, ки Габриэл Гарсиа Маркес ба адабиёт устура овардааст, баъзе қаҳрамононаш 300-400 сол умр мебинанд. Ҳазор сол пеш хеле беҳтару бештар аз ин Фиравсӣ ин чизҳоро гуфтааст. Авҷи олии тахайюл дар «Шоҳнома» ҳаст. Неруҳои шайтониву раҳмонӣ ва аз қабили ин чизҳо дар ин асар фаровонанд. Барои ба миён омадани чунин асар заминаи бузурги фарҳангӣ лозим буд, заминае, ки аз давраи Куруш ва Сосониҳо ибтидо мегирад. Замина, ки бошад, чунин шоҳкорҳо пайдо мешаванд.

– Масъалаи дигаре , ки ахиран дар саҳифаҳои матбуот ва шабакаҳои иҷтимоии интернет матраҳ мешавад , қаҳрамон тарошидани босмачиҳост. Ин зумра касон мисол меоранд, ки русҳо муборизи ҳақиқӣ будани «гвардияи сафед»-ро эътироф карданд, мо ҳам бояд босмачиҳоро қаҳрамон донем. Азбаски шумо дар романи «Се рӯзи як баҳор» ба ин масъала дахл кардаед, мехоҳем андешаатонро дар ин хусус донем.

— Дар байни гвардияи сафед бештар афсарони касбӣ, дворянинҳо, зиёиён, аз ҷумла олимону шоирони рус буданд, ки оқибат қисми зиёдашон ҷилои ватан карда, дар кишварҳои Аврупо фавтиданд. Бештари онҳо тарафдори адолат дар ҷомеа, беҳтар гаштани рӯзгори мардум дар ҳукумати подшоҳӣ буданд. Мақсади онҳо на ба таври револютсионӣ, ки болшевикон мехостанд, балки бо роҳи эволютсионӣ дигар кардани вазъият буд.

Агар гап дар хусуси босмачигарӣ бошад, ба ҳеҷ кас пӯшида нест, ки асосгузору таблиғгари босмачигарӣ туркҳо буданд. Англисҳо онҳоро пуштибонӣ мекарданд ва босмачигарӣ ба ғояи Туркистони бузург сохтани онҳо алоқаманд буд. Анварпошшо, ки домоди султони турк ва роҳбари давлатдории сегона буд, соли 1918 аз Туркия фирор карда, оқибат дар 41-солагӣ дар Хатлон кушта шуд. Вай аввал дар Маскав бо Ленин вохӯрд ва худро тарафдори халқи меҳнаткаш вонамуда, сипас дар ин ҷо сарвари босмачиҳо шуд. Ӯ аз фурсати муносиб истифода бурда, мехост ҳамон орзую ҳадафи чандинасраи туркҳо, яъне барқарор кардани империяи усмониро, ки то имрӯз кишвари Туркия аз он даст накашидааст, пиёда намояд. Ва дар солҳои бистуми асри бист ӯ бештар дар атрофи худ мардуми туркнажодро ҷамъ карда буд. Дар омади гап бояд бигӯем, ки мардуми мо ба ин қотил ҳусни таваҷҷуҳ намуда, ҳатто фарзандони худро Анвар ном мемонданд ва ӯро Пошшо ҳам мегуфтанд. Имрӯз низ баъзе зиёиёни ғофили мо ӯро қаҳрамон медонанд. Дар миёни сардорони босмачиён ҳеҷ тоҷики машҳуре набуд. Иброҳимбек, кӯри Шер- мат, Анварпошшо, Ҷунайди Туркман ва … ҳама турк буданд.

Қаҳрамони марказии рамани «Се рӯзи як баҳор» Усмон Азиз як тоҷики бар асари инқилоб саргардон, худро босмачӣ намедонад ва ба Ҳалимбой ном зоти касиф чунин посух медиҳад: «Ман ҳеҷ гоҳ босмачӣ набудам, бой! Ба андеша гап занед. Босмачӣ – дузди шабгард, бедиё- нат, хонасӯз, харобкор! Аз қадим ҳамин тоифа махлуқони худобезор босмачӣ ном доштанд. Аммо ман… дониста монед: ман босмачӣ нестам, ман душман! Душмани ҳамаи он куффор, ки дар даст туфангу шамшер, гурги гушна барин нохост ҳамла оварда, сарзамини мусулмонободи моро олуда карданд…»

Ӯ як марди андешапарвар буд, ҳамеша мехост бифаҳмад, ки чаро мо ба ин балоҳо гирифтор шудем? Ба таври худ мехост бунёди зулм решакан шавад, дар байни мардум адлу инсоф, сулҳу салоҳ бошад. Албатта, дар байни босмачиён тоҷикони гумроҳшуда, дузду ғоратгарон низ буданд, ки ин хоси ҳама ҷангҳо, хусусан ҷанги шаҳрвандист. Аммо саркардагони босмачиён аз ҳисоби тоҷикон набуданд, агар бошанд ҳам, нуфузи зиёд надоштанд.

Сегонаи устод Ҷалол Икромӣ – «Духтари оташ», «Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро» ва «Тахти вожгун»-ро ба ёд оред. Яке аз қаҳрамонҳои асосии ин асар Асад Махсум аст. Ӯ аслан ҳамдеҳаи мост. Ман аз устод Ҷалол Икромӣ боре пурсидам, ки муаллим, шумо бо хешу табори Асад Махсум суҳбат доштед? Гуфтанд, ки не, аз рӯи шунидаҳоям навиштам. Номи аслии ӯ Муҳиддин Махсум аст. Амакбачааш Қиёмиддинхоҷа, маъруф ба Қиёмпорсо ҳоло ҳам зинда аст, дар деҳаи мо зиндагӣ мекунад. Асад Махсум азбаски тоҷик буд, Файзулло Хоҷаев — тоҷики пантуркист ва ҳамроҳонаш нобудаш карданд. Вақте ки асир афтод (дар раман дигаргунатар омадааст), як бор русҳо ӯро халос карданд, бори дуюм вақте ки дар Тахтақарачаи Самарқанд дар ҷанги шадиде ба даст меафтад, боз ба ҳабс мегиранд ва дар дохили зиндон (гӯё вақти ба мабраз рафтан кӯшиши гурехтан кардааст) ӯро мепаронанд.

– Дар ҳошияи ҳамин баҳсҳо гурӯҳе ба ҷониби шахсияту осори устод Айнӣ санг мепартоянд ва хидматҳои бузурги нахустқаҳрамонамонро нодида мегиранд. Дар ин хусус чӣ гуфтанӣ доред?

– Барои исботи бузургии устод Айнӣ ду мисол меорам: Соли 1956 дар Конгреси нависандагони мамлакатҳои Осиё ва Африқо дар Қоҳира ба қароре омаданд, ки Шарқ чор нависандаи бузург дорад: Лу Сини хитоӣ, Робиндранат Такури ҳиндӣ, Таҳа Ҳусайни араб ва Садриддин Айнии тоҷик.

Мисоли дуюм: Чаро Сталин барин шахсияте, ки ба қавле тақдири ҷаҳон дар кисааш буд, вақте раиси Иттифоқи нависандагони СССР Александр Фаде- ев барои имзо рӯйхати нависандагони номзад ба ҷоизаи Сталиниро ба назди ӯ мебарад, мепурсад, ки чаро номи он мӯйсафеди тоҷик нест? Фадеев мегӯяд, ки шумо Айниро дар назар доред… ӯ ба навиштани «Ёддоштҳо» дар чор ҷилд машғул аст, ҳоло фақат ду ҷилдашро тамом кардааст. Сталин мепурсад: Шумо гумон мекунед, ки вай чор ҷилдро ба охир мерасонад? Сипас дар рӯйхат номи Айниро худаш бо қалам менависад ва устод Айнӣ барои асари нотамом соҳиби мукофоти давлатии Сталинӣ мегардад. Ҷоизапулии он барои як умр басанда буд.

– Дар бораи Ҷоизаи ҷаҳонии Нобел солҳои охир сару садоҳо зиёданд. Ба назари шумо, дар супоридани ин ҷоиза оё адолат риоя мешавад?

– Дар миёни барандагони ин ҷоиза бештарашон нависандагони скандинавианд, ки ба он арзанда нестанд. Ба Толстой надоданд. Мережковский, Бунин ва Горкийро сездаҳ сол муҳокима карданд. Ба онҳо касе даркор буд, ки бо сиёсати давлаташ ихтилоф дошта бошад. Оқибат баъди 13 сол ба Бунин доданд. Ҳол он ки Горкий ҳам сазовор буд, зеро ин нави- сандаи воқеан баистеъдод як кӯҳи бузург аст. Баъзеҳо гумон мекунанд, ки модоме нависанда ҷоизаи Нобел нагирифтааст, пас чандон бузург нест. Ин андеша билкул хатост. Хусусан дар бист-сӣ соли охир ин ҷоиза ба як мукофоти сиёсатзада мубаддал гашт. Агар не, Светлана Алексеевичи белорус лоиқи ин мукофот мешуд?!

– Осори кадом нависандагонро бо шавқу рағбат мехонеду лаззат мебаред?

– Аз нависандагони шӯравӣ бештар аз осори Валентин Распутин, нависандаи молдовӣ Ион Друтсе ва адиби литвонӣ Йонас Авижюс, нависандаи белорус Васил Биков хушам меояд. Агар гап дар мавриди дӯст доштан бошад, асарҳои Ҳемингуэй, рамани Томас Манн — «Юсуф ва бародарони ӯ» ва «Дони ором»-и Шолоховро дӯст медорам. Эъҷозро бубинед, ки Шолохов, намедонам, мактаби ибтидоиро тамом карда буд ё не,«Ҳикояҳои Дон»-ро дар 15-16-солагияш навиштааст. Мехонеду ҳушатон мепарад. Дар бистсолагӣ навиштани рамани «Дони ором»-ро сар кард. Александр Серафимович, ки низ аз казакҳои Дон буд, ӯро бо як муҳаррири варзида шинос мекунад. Муҳаррир ҳатто ҷойи бобҳои роман ва кампазитсияи онро иваз кардааст. Лекин гап сари ин аст, ки вай мавод ва асосу бунёд дошт, баъд таҳрираш карданд.

–Барои суҳбат ташаккур, устоди азиз. Орзуманди тандурустии ҳамешагиятон ҳастем.

Мусоҳиб Толиби ЛУҚМОН

11 марти соли 2021

Дигар хабарҳо