• 05.02.2025

Сарқонун

Сарқонун

Гарчи Сарқонун китоби осмонӣ нест,
Мисли он аммо китоби ҷовидонӣ нест,
Ихтирои инзамонӣ нест,
Ҷуз ҷилои тозаи «Занд»-у «Авасто»-ву
Курӯши ориёнӣ  нест.

Нуктаҳои қисмати давлат дар он дарҷ аст,
Ҳарфҳои ин замону ҷовидон дарҷ аст,
Ганҷҳои сарзамину ахтарони осмон дарҷ аст,
Роҳи бахти ҳар нафар то бекарон дарҷ аст.

Ҳарфҳояш ҳамчу инсонҳои хушбину хушомоланд,
Сатрҳояш роҳи бахту роҳи иқболанд,
Сафҳаҳояш баҳри парвози баланди халқ чун боланд,
Нуктаҳояш аз талоши миллату давлат барои
ганҷи Истиқлол хуш фоланд.

Ҳарфи гарми ҳазрати Зардушт дар он шуълавар монда,
Ҷовидонӣ шаҳ Курӯшу номаи ҳаққи башар монда,
Сарбадорон дар дифои мулку миллат сарбасар монда,
Аз ҳазорон соли мо садҳо ҳазорон номаи фарҳангу фар монда.

Чашмҳои Рӯдакӣ чун ҳарфҳо биност андар он,
«Шоҳнома» аз шукӯҳи халқи мо гӯёст андар он,
Ибни Сино рамзи халқи хеш дар дунёст андар он,
Мавлавию мавлавиҳои дигар аз мост андар он.

Тора-тора хуни захми пушти Айнӣ сатрҳояш шуд,
Номи Бобоҷон Ғафуру «Тоҷикон» дар рӯи дунё
рӯнамояш шуд,
Шеъри Турсунзода дар шаш қитъаи олам садояш шуд,
Махсуму Шотемураш баҳраш ҳалоку зиндаи доим барояш шуд,
Роҳи ҷовидонагии давлату миллат кушод
Эмомалӣ Раҳмону
дар ин роҳи мушкил Пешвояш шуд.

Баҳри халқи мо ҳама дунёст Сарқонун,
Амни халқу рушди санъатҳост Сарқонун,
Парчами боло, сари болост Сарқонун,
Тахту тоҷи давлату бахти баланди мост Сарқонун!

Маншааш омоли халқи поки олиҳиммати мост,
Такядораш асли Истиқлолу азми нусрати мост,
Зистан бо он бақои давлати мост,
Пеши роҳаш во зи рӯҳи бешикасти Пешвои миллати мост!

Низом ҚОСИМ

* * *

                  ВАТАНИ ҚОНУН

Миллати мост, к-аз замони қадим
Аз Ҳуқуқи Башар башорат дод.
Ибрату дарси адлу қонунро
Бар тамоми ҷаҳон кафолат дод.

Миллати мост, к-аз замони қадим
Монд бар ёдгори худ Қонун.
То шиносад ҳуқуқи худ инсон,
По намонад зи ҳадди худ берун.

Аз Ҳуқуқи Башар башорат дод
Бар замину замон Курӯши Кабир.
Миллате, ки ба ҳикмати Зардушт
Буд худ дар талеаи тақдир.

Одамизод соҳиби Қонун
Шуд ба ҷаҳди гузаштагони мо,
Парчами мост аввалин Парчам,
З-аввалинҳо бувад Нишони мо.

Миллати мо ҳамеша ойина
Дошт дар пеши рӯяш аз Қонун.
Хайру некиву родмардиҳо
Буд ӯро ҳамеша андар хун.

Балки кохи вуҷуди поки ӯ
Пояҳо гашт бар Ҳуқуқи Башар,
Пайки сулҳу башорати некӣ
Буд ӯро ҳамеша болу пар.

Зербуни ҳуқуқу қонунаш
Буда озодагиву озодӣ,
Арҷ бар ҷумла халқу миллатҳо,
Ҳамдилӣ, ҳамҷаворӣ, ободӣ.

Тоҷикистони соҳибистиқлол
Сарбаландӣ дар ин ҷаҳон дорад,
Ҳуҷҷати бахти ӯ бувад Қонун,
Обрӯву фари замон дорад.

Инак, озодагӣ, ҳуқуқи шахс
Шуд муқаддас дар ин диёри куҳан,
Ҳар нафас мешавад Ватан обод,
Ҳар нафас мешукуфад ин Меҳан.

Ватани асли асли қонунҳост,
Зербуни равонаш аз адл аст.
Бо ҳама ҷабри зиндагӣ зинда
Монда, зеро, ки ҷонаш аз адл аст.

Кишвари дунявию ҳақбунёд
Дар кушода ба рӯи ёрон аст.
Дӯстро тоҷи сар кунанд ин ҷо,
Чунки ин марз Тоҷикистон аст!

Камол НАСРУЛЛО

* * *

                      САРҚОНУН

Халқе, ки ливояш аз азал Қонун аст,
Бар зидди ҳама макру ҳиял Қонун аст.
Бо фитрати Синову Низомулмулкаш
Бунёди низоми бехалал Қонун аст.

Тоҷик ҳамеша рӯ ба Қонун дорад,
Озодагӣ аслест, ки дар хун дорад.
Аз ҳиммату сарбаландияш ҳаст нишон:
Аз парчами худ сутун ба гардун дорад.

***

Ливои мо шукӯҳи осмон аст,
Мадори қомати тоҷик он аст.
Ба Сарқонун сарафроз аст миллат,
Паёмаш аз Курӯши бостон аст.

Зи Сарқонуни мо парчам баланд аст,
Зи Қонун аҳли кишвар арҷманд аст.
Ба ҳикмат ҳамчунон “Қонун”-и Синост,
Аз он ҳастии миллат бегазанд аст.

Нишони адли Нӯширвонии мост,
Мадори шавкати Сомонии мост.
Ба Сарқонун сару сомони мулк аст,
Ба раҳмат ҳуҷҷати инсонии мост.

Чу Сарқонун ба як маҷмуа пайваст,
Ба ҳар ҷойи ҷаҳон як тоҷике ҳаст.
Чу миллат аз азал аҳли китоб аст,
Фурӯғи ҳастияш чун офтоб аст.

Рустам ВАҲҲОБЗОДА

* * *

               ҲИКМАТИ ҚОНУНИ АСОСӢ

Дар мамлакати тантанаи бахти худодод,
Дар мамлакати тантанаи шодии ҷовид,
Гӯем ба ҳар фарди Ватан бод муборак,
Эй миллати озода, ин озодии ҷовид!

Бошад ҳама ин қудрати Қонуни асосӣ,
Хушбахтии мо — ҳикмати Қонуни асосӣ.
Ин нома ҳақи мост ба ному насабу кеш,
Ин нома ҳақи мост ба таҳсилу ба заҳмат.

Ин нома ҳақи мост ба сармояву манзил,
Ин нома ҳақи мост ба иқболу саодат.
Бошад дили мо маснади Қонуни асосӣ,
Олист ҳама мақсади Қонуни асосӣ.

Дар манзили халқ аст чу ин нома муқаддас,
Поянда бувад манзалати давлати тоҷик.
Бо маънии чун шеъри диловез баландаш
Бошад ба ҷаҳон тоҷи сари миллати тоҷик.

Озодии поянда — зи Қонуни асосӣ,
Ободии поянда — зи Қонуни асосӣ!

Ато МИРХОҶА

* * *

                    РАҲНАМОИ УМР

Ҳарф агар мақбул аз мазмун шавад,
Баҳри пайдо карданаш дил хун шавад.

Мешавад қонунбарор обу адо,
То каломи зиндагӣ мавзун шавад.

Он ки бар қонун итоат мекунад,
Ёр бар ӯ бахти рӯзафзун шавад.

Одами дилбаста бар қонун мудом
Бар ҷамоли зиндагӣ мафтун шавад.

Бар суолаш медиҳад қонун ҷавоб,
Гар касе пурсад, ки: «Ҳолам чун шавад?»

Аз замон гирад мукофоти амал,
Он касе ки аз ҳадаш берун шавад.

Аз китоби бахти худ бигрифта ранг,
Чеҳраи аҳли Ватан гулгун шавад.

Умри мо сармояи ҳастии мост,
Раҳнамои умр Сарқонун шавад.

Муҳаммад ҒОИБ

* * *

Сарномаи бахти накуи мост Сарқонун,
Пайки умеду орзуи мост Сарқонун.

Ҳаққу ҳуқуқи мо дар он дорад ҷилои нав,
Ойинагавҳар рӯ ба рӯи мост Сарқонун.

Бо ҳам расидем аз ҳазоронсола роҳи дур,
Пайдои роҳи ҷустуҷӯи мост Сарқонун.

Даҳ боби он армони даҳ асри ниёгон аст,
Зарринкитоби сақфи кӯи мост Сарқонун.

Дар ҳифзи Сарқонун забони Рӯдакӣ бошад,
Бо ин забон дар гуфтугӯи мост Сарқонун.

Омад ҳақиқат рӯйи об аз Пешвои халқ,
Дар чашми дунё обрӯи мост Сарқонун.

Дасташ ба Сарқонун, бигӯяд Пешво савганд,
Дастур бар рушду нумӯи мост Сарқонун.

 Бузургмеҳри ТОҶИДДИН

* * *

                            БАХТНОМА

Дунёи мо мунаввар аз Бахтномаи мост,
Дар авҷ сози дибар аз Бахтномаи мост.

Дар сафҳаҳош дарҷ аст садҳо баёни ширин,
Гуфтори мо чу шаккар аз Бахтномаи мост.

Дорад ҳавои форам, бо хоки мост ҳамдам,
Гулзори мо муаттар аз Бахтномаи мост,

Дарбастагӣ надорем, пархастагӣ надорем,
Ҳар дар, ки ҳаст чун пар, аз Бахтномаи мост.

Қонуни бемисол аст, ду ҷилди он ду бол аст,
Парвози бахти кишвар аз Бахтномаи мост.

Кӯҳи Ватан чу минбар, хуршеди он чу сарвар,
Хуршеди рӯйи минбар Бахтномаи мост.

Файзи АШӮР

* * *

                   ИРФОНИ НОНИ ҲАЛОЛ
                                                    Эҳдо ба Пешвои миллат

Омӯхтам зи мактаби ту дарси ҳолро,
Ирфони як буридаи нони ҳалолро.

Дарёфтам зи таҷрибаҳое, ки доштам,
Дар шахси ту барои бузургон мисолро.

Райҳон шудӣ, ки сабзу муаттар кунӣ зи худ
Ин хоки хушки пайкари ман, ин сафолро.

Эй маҳзари камол, ба даврат шамидаам
Он накҳате, ки хос бувад Зулҷалолро.

Гоҳи сууд хайли малак бар ту ғибта хӯрд,
Азбас надид дӯшу барат ранҷи болро.

Чун ҷо шавӣ ба олами андешаҳои ман?
Он вусъатӣ, ки ҳеҷ нагунҷад хаёлро.

Номат ба Бесутуни дилам нақш бастааст,
Нақше, ки ӯ ба худ напазирад заволро.

ОЗАР

* * *

               СУҲБАТИ ХУРШЕДУ ДАРЁ
(Пора аз манзума)

Бо дилу бо нийяти нуронияш,
Бо фару бо фитрати нуронияш,

Бо саломи гарми тоҷиконааш,
Бо каломи нарми тоҷиконааш,

Пурзиё омад ба Роғун Пешво,
Чун сафири кишвари хуршедҳо.

Омаду Вахшобро байъат намуд,
Соате бо ӯ сипас суҳбат намуд,

Суҳбате аз рӯшноипарварӣ,
Аз рамузи рӯшноигустарӣ.

Тарҳи нуронии фардо буд он,
Суҳбати Хуршеду дарё буд он,

Суҳбате, ки пур зи ҳарфи ноб буд,
Пешгуфтори китоби НОБ* буд.

Толиби ЛУҚМОН

* * *

           РАВШАНРАВОНУ ПОКМАНИШ

Эй хайрхоҳи халқи Худо, меситоямат,
Ҳар дам кушода дасти дуо, меситоямат.

Эй марди сулҳпарвару эй ходими башар,
Эй покбину поксаро, меситоямат.

Дар дасти туст парчами озодию зафар,
Фармонравои дидадаро, меситоямат.

Обод гашт кишвару осуда гашт халқ,
Кардӣ ба аҳди хеш вафо, меситоямат.

Равшанравону покманиш, боадолатӣ,
Ҳам дӯстдори аҳли зиё, меситоямат.

Аз чанги ҷаҳлу нанги таассуб раҳо шудем,
Шуд решакан зи мулк вабо, меситоямат.

Эй толиби ҳақиқату эй ҳомии Ватан,
Чун кабки масти нағмасаро меситоямат.

Меҳри Ватан ба синаи ту мавҷ мезанад,
Ҳуббулватан туӣ, бахудо, меситоямат.

Дар Шарқу Ғарб номи ту вирди забони мост,
«Бингар, ки аз куҷо ба куҷо» меситоямат.

Таърихи мо ба номи ту пайванд хӯрдааст,
Таърихсози фосилаҳо, меситоямат.

Эй раҳнамову раҳбари маҳбуби тоҷикон,
Шоистаӣ ба мадҳу сано, меситоямат!

Беҳрӯзи ЗАБЕҲУЛЛО

Дигар хабарҳо