Сарсупурдаи илм ва санъат

Сарсупурдаи илм ва санъат

Дар Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзодаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо иштироки аҳли адабу санъат рӯнамоии китоби «Менигарему меравем. Ёдномаи устод Ҷӯрабек Назрӣ», ки фарогири сӯгномаву ёдномаҳо ва андешаҳо дар бораи Арбоби шоистаи санъат, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ҷӯрабек Назрӣ мебошад, баргузор гардид.

Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим дар сухани ифтитоҳии хеш оид ба фаъолияти адабиётшиносиву овозхонии Ҷӯрабек Назрӣ ибрози назар кард. Гардонандаи маҳфил шоир Беҳрӯзи Забеҳулло,

Шоирони халқии Тоҷикистон Гулрухсор Сафӣ, Муҳаммад Ғоиб, адабиётшинос Абдураҳмони Абдуманнон, Алии Муҳаммадии Хуросонӣ, Адибаи Хуҷандӣ, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Шаҳбози Кабир, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ортиқи Қодир ва дигарон аз зиндагиву эҷоди Ҷӯрабек Назрӣ сухан гуфтанд.

Аз ҷониби овозхонҳои маъруфи кишвар Афзалшоҳи Шодӣ, Исмоил Назрӣ ва дигарон сурудҳои дилнишин пешниҳоди ҷамъомадагон гардид.

Гуфта шуд, ки дар маҷмуаи тозанашр ёдномаҳои академик Абдуҷаббор Раҳмонзода, нависанда Мансур Сурӯш, марсияҳои шоирон Алимуҳаммад Муродӣ, Меҳринисо, Исмоил Зарифӣ, Беҳрӯзи Забеҳулло, Мирзо Кенҷа, андешаҳои устодону ҳамкасбон ва шогирдону пайвандон дар бораи Ҷӯрабек Назрӣ ҷой дода шудаанд.

Дигар хабарҳо