Садриддин Айнӣ ва театр
Устод Садриддин Айнӣ яке аз аввалин нависандагоне буд, ки асари барҷастаи илмии «Намунаи адабиёти тоҷик»-ро иншо кард ва баъдан солҳои 30-40 роҷеъ ба эҷодиёти бузургтарин намояндагони адабиёти тоҷику форс – Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Саъдӣ, Навоӣ, Бедил ва дигарон як силсила асарҳо ва мақолаҳои илмӣ таълиф намуд. Аз ҷумла, дар очерки бадеии худ «Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик» бори нахуст бо тобиши публитсистӣ ва романтикӣ образи нотакрори қаҳрамони халқи тоҷикро ба вуҷуд овард, ки он яке аз сарчашмаҳои муътамади драмаи машҳури Сотим Улуғзода «Темурмалик» гардид.
Образи қаҳрамон аз тарафи муаллиф дар заминаи ҳодисаҳои таърихӣ ва ҷараёни иҷтимоӣ ва иқтисодии Мовароуннаҳр, Хуросон ва Хоразм тасвир мегардад, ки он ифодагари таваҷҷуҳи беандозаи устод Садриддин Айнӣ ба сарнавишти шахсияти таърихист.
Ба ин маънӣ, агарчанде Садриддин Айнӣ муаллифи осори драматургӣ набошад ҳам, дар ташаккули театри тоҷик ҳам дар осори таърихӣ ва асарҳои саҳнавие, ки дар заминаи эҷодиёти ӯ фароҳам омаданд, саҳми беандоза дорад. Назар ба маълумоте, ки синамошинос Ҳазрат Сабоҳӣ дар тадқиқоти худ овардааст, нахустин асари саҳнавие, ки аз рӯи навиштаҳои устод Айнӣ сурат гирифтааст, драмаи «Ҷаллодони Бухоро» ба шумор меравад. Ин намоишномаро соли 1926 Алӣ Ардобус дар саҳнаи театри сайёри Андиҷон таҳия намудааст.
Соли 1936 аз тарафи драматург Султон Саидмуродов дар асоси романи «Дохунда» намоишномаи якпардагӣ таълиф гардид ва дар саҳнаи театри мусиқии тоҷик (театри опера ва балети ба номи Айнӣ) гузошта шуд.
Дар давраи баъди ҷанг театри драмаи ба номи Лоҳутӣ ба романи устод Айнӣ «Дохунда» ва повести «Марги судхӯр» муроҷиат намуд. Намоишномаи «Қорӣ Ишкамба», ки муаллифони он драматург С. Саидмуродов ва ҳунарпешаи шинохта М. Қосимов мебошанд, соли 1953 таҳия гардид. Дар намоиши нахустин худи устод Садриддин Айнӣ иштирок намуда, мулоҳизаҳояшро роҷеъ ба ин асари саҳнавӣ баён мекунад.
Пйесаи Ҷалол Икромӣ «Духтари ноком» (1951) дар заминаи «Ёддоштҳо», намоишномаи «Дохунда» (1954) бошад, дар асоси романи ҳамном ба вуҷуд омад (таҳияи Е. Мителман ва Ҳ. Раҳматуллоев). Хусусан, намоишномаи «Дохунда» бо бозёфтҳои бадеии худ дар қатори беҳтарин асарҳои саҳнавии театри тоҷик ҷой гирифт. Дар рӯзҳои ҷашни 100-солагии устод Садриддин Айнӣ балети оҳангсоз Толиб Шаҳидӣ чун падидаи нав арзи ҳастӣ намуд.
Дар осори саҳнавӣ аз рӯи эҷодиёти Садриддин Айнӣ хусусиятҳои ба худ хоси драматургияи миллӣ, нақшофарии барҷастаи актёрон, махсусияти ҳунари таҳиягарӣ ифодаи худро ёфтанд.
Хусусан, ҳунари актёрии ҳунарпешагони маъруф Муҳаммадҷон Халилов (Мутаваллӣ), Аслӣ Бурҳонов (Ёдгор), Зоҳир Дӯстматов (Азимшоҳ), Туҳфа Фозилова (Гулнор), Муҳаммадҷон Қосимов (Колесников) бо тобишҳои дурахшон сайқал ёфта, рангубори тоза пайдо кард.
Санъатшиноси маъруф Низом Нурҷонов образҳои офаридаи ҳунарпешагони номӣ, аз ҷумла, Аслӣ Бурҳоновро таҳлил намуда, чунин навиштааст: «Барои ӯ ҳам тавсифи реалистии рӯҳбахш, ҳам ҳақиқати маишӣ, ҳам парвози озоди илҳоми инқилобӣ ё худ романтикӣ, ҳам ҳаяҷонбахшии баланд, ҳам муболиғаи тунду тез, ҳам фоҷиаи муҳташам наздик аст». Ин хусусиятҳои ба яке аз образҳои хотирнишини Аслӣ Бурҳонов – Ёдгор (аз драмаи «Дохунда») низ хос аст.
Боз як ҷиҳати пайвастагии эҷодиёти устод Садриддин Айнӣ бо театр ба вуҷуд омадани драмаи таърихии «Субҳи озодӣ» мебошад, ки ба қалами драматург Расул Ҳодизода мансуб аст.
Қабл аз он яке аз асарҳои барҷастае, ки дар худ ҷанбаи бадеӣ ва эстетикии осори таърихиро муҷассам намудааст, драмаи Сотим Улуғзода «Алломаи Адҳам ва дигарон» (1976) иншо гардид, ки ба зиндагӣ ва эҷодиёти олим ва маорифпарвари бузурги асри XIX Аҳмади Дониш бахшида шудааст. Муаллиф дар асарҳои илмию тадқиқотии хеш низ вобаста ба ҳаёти сиёсӣ ва адабию фарҳангии Бухоро (нимаи дуюми асри XIX) ба таҳлили вазъияти давраи номбурда ва равшан сохтани симои Аҳмади Дониш пардохтааст. Аз ҷумла, соли 1940 дар асари тадқиқотии «Намунаи адабиёти тоҷик» мақолаи Сотим Улуғзода роҷеъ ба зиндагии Аҳмади Дониш, ҳамчунин соли 1946 рисолаи ӯ «Аҳмади Дониш» нашр гардид. Танҳо баъди таълифи асарҳои тадқиқотии мазкур Сотим Улуғзода ба иншои драмаи «Алломаи Адҳам ва дигарон» оғоз намуд.
Дар драмаи «Алломаи Адҳам ва дигарон» Сотим Улуғзода аз дарҷ намудани маълумоти таърихӣ ба тариқи муқарарӣ даст кашида, ба ҷамъбасти бадеии хусусиятҳои асосии ҳаракати маорифпарварӣ таваҷҷуҳ зоҳир мекунад. Ба ин маънӣ, муаллиф дар драма то андозае симои Аҳмади Донишро бидуни маҳдудият, барҷастаю возеҳ офарида, танҳо дар баъзе лаҳзаҳои драма маълумоти таърихиро истифода намудааст. Ин тарзи муносибат ба ҳодисаҳои таърихӣ боиси таҷассуми воқеии ғояҳои пешқадами қаҳрамони асосӣ гардида таъсири эстетикии асарро меафзояд.
Ҳамин тавр, аз ҷиҳати таҳлили амиқи иҷтимоӣ, шаклҳои гуногуни тасвири психологӣ ва бадеият намоишномаи «Алломаи Адҳам ва дигарон» дар қатори беҳтарин асарҳои саҳнавӣ қарор гирифт, ки оҳанги замонавиро дорост. Ҷанбаи фоҷиавӣ ва иҷтимоии намоишномаи «Алломаи Адҳам ва дигарон» сабаби идомаи бозёфтҳои бадеии театр дар жанри таърихӣ гардид. Зимнан, драмаи Расул Ҳодизода «Бахт чист?» («Субҳи озодӣ», 1978) низ аз қабили чунин асарҳои драматургист, ки ғояҳои пешқадам ва олами андешаҳои шахсияти таърихиро ба тарзи тоза ифода месозад.
Дар драма яке аз давраҳои зиндагӣ ва эҷодиёти асосгузори адабиёти шӯравии тоҷик, шахсияти барҷастаи таърихӣ – Садриддин Айнӣ қарор дорад. Асари номбурда лаҳзаҳои муҳими зиндагии С. Айнӣ солҳои 1895-1920-ро дар бар гирифтааст, ки аҳаммияти таърихии он дар тақдири фарҳанги миллӣ беҳамтост.
Р. Ҳодизода дар драмаи «Бахт чист?» муборизаи ғоявии давраи таърихиро ба тариқи боварбахш тасвир намуда, дар асоси маводи ҳуҷҷатӣ ва нигоҳ доштани ному насаби аслии қаҳрамонон ҷанбаи пурқуввати воқеии асарро таъмин месозад. Дар асар образи Садриддин Айнӣ то андозае идомаи образи Аҳмади Дониш аст. Дар образи Айнӣ қисмати мураккаби зиёиёни тоҷик, ташаккули ҷаҳонбинӣ ва тафаккури озоду башардӯстонаи онҳо ифодаи комили хешро ёфтааст.
Таҳиягари театри русии ба номи В. Маяковский, Р. И. Нагорничних дар асоси таҳайюли эҷодкоронаи хеш ва маводи боварбахши драматургӣ намоишномаи қобили таваҷҷуҳ ва замонавиро меофарад. Бо истифода аз василаҳои тасвири санъати театрии замонавӣ ва услубҳои шартӣ режиссёр ба инкишофи динамикаи ҳодисаҳо даст ёфта, дар саҳна муҳити эҳтироси воло, муборизаи қувваҳои зиддиятнокро меофарад. Маҳз ин ҷиҳат таҳиягар драматизми намоишномаро афзуда, ба он набзи замонавӣ мебахшад. Боиси қаноатмандист, ки инкишофи динамикии образҳо ба ифшои хислатҳои қаҳрамонон халал намерасонад ва баръакс, онҳоро такмил медиҳад.
Дар таҳияи Р. И. Нагорничних ҷанбаи поэтикии асар бо публитсистика пайваст аст. Дар саҳнаҳои алоҳида режиссёр «тавассути василаҳои тасвирӣ-пластикӣ ба ифодаи фазои давр, ҳолату шиддати он муваффақ мешавад. Умуман, намоишнома дорои сохтори ягонаи воситаҳои тасвир ва набзи амиқ аст».
Таҷассуми дурахшони саҳнавӣ, бозии табиӣ, наҷобату бузургӣ ба образи офаридаи В. Князев – Айнӣ шукӯҳи хосе бахшидааст. Айнӣ – В. Князев дар гирдоби ҳодисоти рӯзгор обутоб ёфтааст, зеро нақши ӯ дар ташаккули маънавии миллат муайян гардидааст. Ҳунарпеша дар образи Айнӣ муҳаббати самимӣ ба зиндагӣ ва инсон, нафрат нисбати чоплусӣ ва дурӯягӣ хоксорию наҷобатро муҷассам намуда, ба ин васила ба тасвири ҷаззобу дурахшон муваффақ мешавад. Махсусан, саҳнаи қатли бародари Айнӣ – Сироҷиддин аз лаҳзаҳои пуршиддат ва таъсирбахши асар аст.
…Айнӣ – В. Князев аз ташрифи рафиқи наздики хеш, шахсияти эҷодкор – Ҳамдӣ (К. Краснухин) хеле сарфароз аст. Ӯ дӯсти ҷониашро самимона истиқбол намуда, ба оғӯш мекашад ва сурудеро замзама намуда, ба тайёр намудани таом шуруъ мекунад. Тамоми диққати тамошобин ба сӯи Ҳамдӣ равона мешавад ва ӯ андешаи онро дорад, ки чӣ тавр хабари марги фоҷиавии Сироҷиддинро ба Айнӣ изҳор намояд…
Ниҳоят, бо душворӣ ин хабари ҷонгудозро бо камоли маҳзунӣ ба Айнӣ мерасонад. Айнӣ – В.Князев, ки аз ин ҳодисаи даҳшатовар огоҳ мешавад, бо ҳузни саршор ва ғаму андӯҳи бепоён аз ҷойи худ бархоста, бадоҳатан марсияи машҳури худро қироат менамояд. Ин саҳнаи пуршиддати намоишнома аз ҷониби актёр бо оҳанги публитсистӣ ва психологизми амиқ фароҳам омадааст. Ҳамчунин, характери қавии қаҳрамони В. Князев дар лаҳзаи азияти ҷисмонии ваҳшиёнаи ӯ баръало зоҳир мешавад. Офариниши образи шахсияти нодири фарҳангӣ ҳамчун ҷӯяндаи ҳақиқату адолат аз ҷониби ҳунарпеша дар қалби тамошобин эҳсоси муҳаббати бепоёнро ба наҷобати олӣ, тафаккури воло ва қисмати мураккаби санъаткор бедор месозад.
Воқеан, дар драмаи таърихӣ тахайюли муаллиф тавассути василаҳои санъат он чиро, ки аслан дар таърих мавҷуд нест, ба вуҷуд меорад. Ин факти ҷамъбастӣ, ки ҷанбаи бадеиро дорост, баъзан нисбати факти таърихӣ пурқувваттар аст.
Албатта, характер ва амалиёте, ки аз ҷониби санъаткор офарида мешавад, ба мавқеъ, ҷаҳонбинӣ ва идеали эстетикии муаллиф вобаста аст, чунки “дар зери дастони ӯ лаҳзаҳои рангоранги бидуни зиндагӣ ва маънӣ тамомият касб мекунад, саршори фикр мегардад ва мо ногаҳон набзи онеро, ки кайҳо аз олам гузашта дар биосфера пароканда шудааст, аммо чун қатра дар мавҷи фарҳанг рехтааст, гӯш мекунем”.
Дар драмаи «Субҳи озодӣ», ки беҳтарин анъанаҳои жанри драмаи таърихиро идома медиҳад, нишонаҳои тадқиқи бадеӣ ва эстетикӣ на таҷассуми зоҳирии ҳодисаҳои таърихӣ, балки дар навбати аввал падид овардани олами ботини шахсияти таърихӣ мебошад. Ин бозёфтҳои бадеӣ дар навбати аввал аз тасвири барҷастаи симои дурахшони қаҳрамони асосӣ – Садриддин Айнӣ пайдо мешаванд.
Танҳо идроки таърих кофӣ нест, онро эҳсос бояд кард. Ва танҳо он муаллиф ҳуқуқи эҳё намудани саҳифаҳои зиндагии гузаштагонро дорад, ки истеъдоди ба таври амиқ эҳсос намудани рӯзгори гузаштаро дошта бошад, қудрати ба забон овардани сукути таърих, ба қисмат табдил додани фактҳои муқаррариро соҳиб бошад.
Дар замони ҷаҳонишавии маданият, дар даврае, ки арзишҳои воқеӣ ва аслӣ дигаргун мешаванд, ҷомеаи имрӯз ба тарбияи тафаккури таърихӣ, ифтихори миллӣ ва худшиносӣ ниёз дорад. Ҳифзи арзишҳои миллӣ, рӯ овардан ба асарҳои таърихӣ, ки саршори оҳангҳои умумиинсонист, барои пойдории ахлоқи устувори ҷомеа имкон медиҳад ва муроҷиати театр ба асарҳои устод барои пешрафти эҷодӣ ва баланд бардоштани эстетикаи он хидмат мекунад.
Ин вазифаи бузургро осори ҷовидонаи нависандаи маъруф устод Садриддин Айнӣ имрӯз низ идома медиҳад.
Баҳор ХУРРАМЗОД



