Сабақи Қобилҷон

 Сабақи Қобилҷон

Ба дарди дилраси худ гиря кардам,
Ба қадри чун хаси худ гиря кардам,
Надидам дар барам ҷуз сояи худ,
Ба шахси бекаси худ гиря кардам.

                               ***
Ҷаҳон дар марги Қобилчон бигиряд,
Ба сад ҳасрат, ба сад афғон бигиряд,
Палидии шағолеро бубинад,
Барои як Бузургинсон бигиряд.

                                                   ***
Дар сари синаякаш, болои дилакаш Парчами Тоҷикистон дошт.

Вақте ки гургсифату шағолтинат, кордбадаст ба сараш омада, аз миллаташ пурсид, бо забони ғурури падари шодравон ва ҷонбахшии шири модари ҷоноҷон «Тоҷик!» гуфт.
Худро ба вартаи ҳалокат андохту даҳҳо ҳамсину ҳамсинфашро наҷот дод.
Як ҳафта боз номаки чун чеҳраякаш, чун овозаки ширинаш вирди забонҳост. Соҳибдилони тамоми миллатҳо зикри хайраш мекунанду ба мардумаш ҳамдардӣ изҳор менамоянд.
Марги Қобилҷон мардумашро беш аз ҳарвақта такон бахшиду муттаҳид сохт. Сари одаму одамгарӣ, қадри инсон, масъулияти Ватану ватандорӣ, фарзанду фарзанддорӣ, ҳамдиливу ҳамдардӣ ба андеша водошт. Пиру барно дар ин бора гуфтанду навиштанд, шоирон – аз машҳуртаринҳо то навқаламон – даҳҳо шеъри пурдард иншо намуданд. Эй кош, мо бе чунин фоҷиаҳо ҳамин гуна ҳамдилу ҳамфикр бошем!

Эй кош дар марги ҳама фарзандони миллат чунин баалам бигирйем!
Эй кош ба рӯзе бирасем, ки фарзандони тоҷик ҳама дар оғӯши гарми Ватан муваффақона кору рӯзгор дошта бошанду аз ҳар шодии ҳамдигар ҳамин сон инсонвор, самимона шод бишавем! Чунин ҳодисаҳо қаблан ҳам рух дода буданд ва ҳама яксон ҳушдор медиҳанд, ки кӯдакону наврасони бепаноҳи мо бояд дар Ватан бошанду дар оғӯши модарвори он ба камол бирасанд. Ягон қавму қабилаи бегона, ягон мулку макони бегона онҳоро интизор нестанд, ягон дасти бегона сари онҳоро сила намекунад, ягон дили бегона ба онҳо намесӯзад, ягон сиёсатмадору дигаркирдор кафолати амни онҳоро намедиҳад. Мутаассифона, муҳити ғализ, таҳаммулнопазирӣ, кинаю адовати миллӣ, ки дар ҷомеаи ноогоҳ ва ҳатто баъзан дар доираҳои расмии худхоҳаш мушоҳида мешавад, ба чунин хулосаи пурдард водорамон мекунад.
Қобилҷон бо дилаки кӯчак хизмати бузургашро карда рафт. Акнун муҳим аст, ки сабақи сина сипар кардан барои дигарон, рехтани ашки алами пиру ҷавон, сарҷамъ намудани ҳазорон ҳазорони ӯ фаромӯш нашавад. Бошад, ки бо таҳияи қонуни марбут, таъсиси муассисаҳои дахлдор ва хазинаҳои имконпазири давлатию ҷамъиятӣ ақаллан кӯдакону наврасони миллатро дар Ватан нигоҳ бидорем, фарзандони ширини миллатро аз хурдию бепаноҳӣ ба дасти бераҳми гургу шағоли ғурбату миннат надиҳем, гапшунаву миннатпазири касу нокас накунем, бо номи ҳалолу оби зулоли Ватан дар хоки аҷдодӣ ба камол бирасонем. Сарвари дилсӯзи миллати мо чунин корҳо зиёд кардааст, дар ин сивучор сол сари ҳазорон ятимро сила кардаву ба камол расондааст. Симои дирӯзааш дар ҳамоиши сарони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил симои фоҷиабори миллат буд ва он лаҳзаҳо дар он дили бузург чӣ шӯру ғалаёне буд, худаш медонаду Худо. Ҳатто дар лаҳзаи гирифтани ҷоизаи муътабар ҷуз арзи зебандаи хоксорона ва ғамборонаи эҳтиром бо толор ҳаракате накард, арзи таслияти сарвари он давлати муқтадирро бо солорию давлатмардии том шуниду барҷо посух дод. Ва, боварӣ ҳаст, ки Сарвари муҳтарами давлати азизи мо ин масъаларо минбаъд низ ҳамеша ва беш аз пеш дар мадди назар хоҳад дошт.
Давлат, Ҳукумат, вакилону вазирон, соҳибкорону тоҷирон, ҷомеаи шаҳрвандӣ, дар маҷмуъ Ватани азизамон ба чунин амалҳои ояндасоз қодиранд. Бо тасмими Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба модараку додараки Қобилҷон хонаи дуҳуҷрагӣ додаву рӯзгорпулии сазовор таъйин карда шуд ва, умедворем, ки ин оғози барномаи бузурги давлатамон оид ба дастгириву нигаҳбонии пайвастаи насли навраси оилаҳои бесаробону камбизоат хоҳад буд.
Қобилҷони ширинрӯ бо нархи ҷонаки ширинаш ба бузургону бузургсолони миллат сабақи бузурги инсониву ватандорӣ дод. Сабақи хунӣ аст он, ки бояд аз насл ба насл бигзарад. Сабақи нангу номус аст, ки бояд моро ҳеҷ ором нагузорад. Бошад, ки мо умрбод онро фаромӯш накунем ва дар фикри ободии Ватану дар Ватан будани фарзандони ободкори ояндааш бошем. Дили сӯхтаи модар ва вуҷуди умре гирёни додарро ғайр аз Худо касе тасаллӣ дода наметавонад. Бо вуҷуди ин, таъзияи пурашки тамоми адибонро ба онҳо изҳор медорем ва барояшон аз ҳамон даргоҳи ҳамабину ҳамадон сабри ҷамилу қуввати ҷону дил металабем.

Низом ҚОСИМ

Дил дар кафи гарм

Тоҷикистон бо як дидан касро ба худаш ошиқ мекунад.

Ман дар он ҷо ба наздикӣ, моҳи октяби ҳамин сол, дар намоишгоҳи байналмилалии китоб будам ва аз Душанбе  ҳаракати инсонитарине овардам, ки ба ман тоҷикон ёд доданд ва имрӯз дар Доғистон бе муболиға ҳар рӯз такрораш  мекунам. Он кафи гарми даст дар рӯи дил аст. Дидор бо тоҷикон ҳаргиз бе ин ҳаракат – даст ба рӯи дил ниҳодан, ки нишони кушодадиливу дӯстхоҳӣ, рамзи бунёдкорӣ, бовар ба некӣ ва самимияти ниятҳост, сурат намегирад.

Ин ҳаракат гӯё амалисозии суханони Расул Ғамзатови бузург аст, ки мефармояд:

Тамоми халқҳо бар ман азизанд
Ва бар он бод сад нафрини дунё,
Ки бо ҷаҳди фузун, бо чуну бо чанд
Сияҳ созад яке з-он халқҳоро!

Ба халқи тоҷик, ки дар ин куштори палидона фарзанди кӯчак, вале диловари худ – Қобилҷонро, Қобилҷонеро, ки натарсида, диққати террористро ба худ ҷалб намуду бо ин амалаш ҳаётҳои дигарро наҷот бахшид, аз даст дод,  ҳамдардӣ изҳор мекунам… Беш аз ин, ба худамон таъзия баён мекунам, ки то ҳол имкони рух додани чунин воқеаҳои мудҳиш дар мулкамон имконпазир аст…

Вақте ки дар Душанбе аз масҷид ба меҳмонхона мерафтам, таксирон, меҳмон будану аз куҷо омаданамро фаҳмида, қатъиян пул гирифтанро рад кард.

Синфхонаи бузурги Донишгоҳи миллии Тоҷикистон – беш аз сад нафар баробари ворид шудани ман чун як тан парида аз ҷо хест ва гӯё нафас накашида, суҳбати яксоатаамро дар бораи Доғистон ва адабиёти он шунид. Ягон  донишҷӯ ба ҷонибе дигар таваҷҷуҳ накард, изҳори хастагӣ нанамуд, кӯчактарин беэҳтиромӣ нишон надод.

Ана, ҳамин хеланд тоҷикон, чунин тарбия ёфтаанд.

Душанбе шаҳри русзабон ҳам ҳаст. Қисми ҷудоинопазири ҳамон «ҷаҳони рус» аст, ки мо дар пайи ҳифзаш ҳастем. Он ҷо дар ҳар қадам, аз пиру ҷавон ҳарфи русӣ мешунавӣ.

Намедонам, боз дар куҷо ин қадар одамони меҳрубону самимиро дидаам! Ва ҳаракате, ки гуфтам, на танҳо рамз, балки ҷузъи ҷаҳонбиниву ҷаҳоншиносии онҳост…

Бигзор, ин падидаи мудҳиши инсонбадбинӣ, ксенофобия ва палидӣ дигар ҳаргиз такрор наёбад! Бигзор, аз ин кӯдаккушии мудҳиш хулосаҳои дуруст бароварда шаванд! Бигзор, чунин адовати беҳад дигар рӯи шумашро нишон надиҳад ва дигар аз ҳодисае чунин нанговару дилфишор нашунавем!

Ҳамдардатонам, дӯстони тоҷикам.

Мурод АХМЕДОВ
(шоири Доғистон)

Дигар хабарҳо