Сабақи Соҳиб Табаров

Ба муносибати 100-солагии адабиётшинос Соҳиб Табаров
Ин ҷо, ки сухан аз дарсҳои профессор Соҳиб Шуҳратиевич Табаров меравад, метавон эшонро ба ҳайси омӯзгор як шахсияти феномен (аъҷуба) ё фавқулодае донист, ки ба ҳеч кас монанд набуд. Тавре маълум аст, ӯ суханшиносе буд бисёрсоҳа. Дар нақди адабӣ, таърихи адабиёти давраи шуравии тоҷик, матншиносии осори адабии давраи мазкур, назариёти адабӣ ва ғайра мусаллат буду онҳоро ба шогирдон тадрис мекард ва пайваста китобу мақолаҳояш низ чоп мешуданд.
Дар солҳои ҳафтодуми асри гузашта, ки камина бо ҳамсабақонам дар факултети филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳозира ДМТ) таҳсил мекардем, ҳама шомили як шуъба, яъне забон ва адабиёти тоҷик будем. Фақат дар соли дувум ба ихтисосҳои забони тоҷикӣ, адабиёти муосири тоҷик, адабиёти классикии тоҷик, журналистика, фолклори тоҷик тақсим мешудем. Онҳое, ки дар тахассуси адабиёти муосири тоҷик буданд, аз дарсҳои С.Ш.Табаров баҳра бардоштанд. Аммо ман ва чанде аз ҳамсабақонам дар ихтисоси адабиёти классикӣ мехондем. Аз ин рӯ инҷониб дар соли чоруми таҳсил аз дарсҳои ҳамагонии мавсуф, ки аз фанни назарияи адабиёт буд, таълим гирифтаам. Курси мо аз чор гурӯҳ («а», «б», «в» ва «г») иборат буд. Тасаввур кунед, агар ҳар гурӯҳ аз 25 нафар иборат бошад, дар дарсҳои С.Ш.Табаров 100 донишҷӯ иштирок мекард.
Устод Табаров дарсҳоро чунон ташкил менамуд, ки донишҷӯён бо хомӯшии комил лексияҳои ӯро гӯш мекарданд. Устод аз оғоз то охири дарсаш бо овози баланд ва бо шавқу завқи зиёд сухан мегуфт. Ӯ камтар дикта менамуд, то донишҷӯён ҳарфҳояшро бинвисанд. Равиши репредуктивиро истифода мекард. Аммо бештар ба усули суҳбат ва баҳс дарс мегузаронд, зеро шефтаи мавзуъҳои адабӣ буд. Дар раванди дарсгӯӣ садояшро баланду паст мекард, мимикаҳои ба худ хосе дошт, зинда ва бо шавқун дарс мегуфт. Мӯйҳои зичи сиёҳашро (ӯ то охири умр сияҳмӯ буд), ки ҳар дам ба рӯяш мефуромаданд, бо такони сар ба боло меафшонд. Гоҳ ҷиддӣ ва гоҳе бо мазоҳ сухан мекард. Дар ҷумлаҳо задаи мантиқиро ба таъкиди махсус кор мефармуд. Аз суханрониҳояш кас ба чунин хулоса меомад, ки ӯ аслан хаста намешавад. Аз назарияи адабиёт дониши густарда ва дақиқ дошт. Барномаи таълими назарияи адабиётро низ худаш танзим карда буд (1975). Мехост, ки матлабҳояшро ҳамаи донишҷӯён бифаҳманд. Дар раванди дарсҳояш ҳамеша бо донишҷӯён иртиботи мустаҳкам барқарор дошт. Синфхонаро, ба истилоҳ, зери ирода ва итоати худ қарор медод. Шогирдон бо кори ғайр машғул шуда ё бо ҳам гапзанон карда наметавонистанд. Гоҳе ин ё он суоли ба назараш ҷузъиро аз шогирдон мепурсид. Вақте ду-се касро мушаххас мекарду тақозои посух мекард, аммо дар ҳоле ки онҳо намедонистанд ё ҷавоби қонеъкунанда намедоданд, сахт асабонӣ мешуд. Садояшро боз ҳам баландтар мекард. Ин тарафу он тарафи синфхона лангон-лангон ҳаракат мекарду мегуфт: «Ин шогирдони бесаводи ман кай босавод мешуда бошанд?» Ин суханро батакрор мегуфт ва нороҳатии худро изҳор мекард. Вале агар аҳёнан ҷавоби дуруст мешунид, хурсанд мешуд ва ҳалли масъаларо боз ҳам равшантар ва амиқтар мефаҳмонд.
Ҳини дарсҳояш аз мақулаҳое, монанди як навъи санъат будани адабиёти бадеӣ, ҳақиқати бадеӣ, ҷинсҳои адабӣ, намуд ва жанрҳои адабӣ, ягонагии шаклу мундариҷа, мавзуъ ва ғояи асари адабӣ, фабулаву сужа, низоъ, устухонбандии осори манзуму мансур, ҷанбаҳои раванди адабӣ, суннат ва навоварӣ, вақт ва фазои бадеӣ, пейзаж, портрет, сабкҳои адабӣ, робитаҳои адабӣ, қаҳрамони асар ва ғайра чизҳои шуниданӣ ва хотирмон мегуфт. Аз замони донишҷӯиям қариб 50 сол мегузарад, вале дарсҳои ин устоди мумтоз ҳанӯз дар гӯшҳоям ҷарангос доранд.
Бояд гӯем, ки С.Ш.Табаров, ки зода ва парваридаи замони шуравӣ буд ва махсусан, ки зери ҳимояи давлати шуравӣ (дар хонаи бачагон) калон ва соҳибмаълумот гашта, то ба дараҷаи мунаққиди касбӣ рушду нуму карда буд, ба мафкураи марксистӣ-ленинӣ садоқати комил дошт. Аслан дигар хел шуданаш ҳам мумкин набуд, зеро ягона мафкураи ҳоким дар он вақтҳо ҳамин мафкура буд. Биноан, вақте ки дар бораи мактабҳои адабӣ ва равандҳои эҷодӣ сухан ба миён меовард, роҷеъ ба методи реализми сотсиалистӣ ва принсипҳои асосии он – ҳизбият, синфият ва халқият бештар сухан мекард. Дар бораи дурустии он ҳанӯз дар соли 1954 мақолае навишта буд (Реализми сотсиалистӣ – методи ягонаи адабиёти советӣ. Ҷавонони Тоҷикистон, 1954, 23 июл). Ҳатто романтизм ҳам бояд револютсионӣ мебуд (Романтизми револютсионӣ – ҳиссаи ҷудонашавандаи реализми сотсиалистӣ. Тоҷикистони советӣ, 1959, 9 июл). Устод Табаров аз Ленин ва ҳаммаслакони ӯ Плеханов, Тротский, Жданов ва дигарон эътиқодмандона иқтибосҳо меовард. Баъзе мактабҳои адабӣ, монанди футуризм, дадаизм, натурализм, эгзистенсиализм, формализм ва ғайра зери танқид мегирифт.
Гоҳи дарсгӯӣ барои тасдиқи афкораш аз навиштаҳои адибони бузурги ҷаҳон, аз қабили Буало, Густав Флобер, Мигел де Сервантес, Виктор Гюго, Оноре де Балзак, Проспер Мериме, Эрнест Ҳемингуей, Лев Толстой, Фёдор Достоевский, Гогол, Чехов, Булгаков, Горкий ва монанди инҳо мисолҳо меовард ва мо, донишҷӯёнро ташвиқ мекард, ки осори онҳоро мутолиа кунем. Аз фаъолияти эҷодӣ ва лаҳзаҳои ҷолиби ҳаёти Толстой ва Достоевский, ки ба мавзуи дарс рабте медошт, бисёр мегуфт. Ақидаҳои назарию танқидии демократҳои рус Н. Г. Чернишевский, Н. А. Добролюбов ва дигаронро таҳлил мекард. Устод хотираи ниҳоят мустаҳкам ва зеҳни гиро дошт. Бисёр чизҳои муҳимро бадоҳатӣ мегуфт. Вақте дар бораи ҷинсҳои адабӣ – лирика, эпика ва драма сухан мекард, ба шӯру шавқ меомад. Хусусиятҳои ҳар яки онҳоро хеле муфассал ва равшан ироа мекард. Махсусан роҷеъ ба жанрҳои драма-фоҷеа ва мазҳака бо ҳарорат сухан мегуфт. Бо такя ба «Бутиқо»-и Арасту осори саҳнавиро тоҷи санъат эътироф дошт. Истилоҳоти эстетикии мимезис (тақлид), катарсис (поксозӣ), гармония (ҳамоҳангӣ), зебоӣ, зиштӣ ва монанди инҳоро аз назари Арасту шарҳу тавзеҳ мекард.
С.Ш.Табаров ҳамеша иддао дошт, ки ҷону ҷигари (ҷавҳари) адабиёти бадеӣ образ аст. Инҷониб хеле китобҳои назарии русҳо ва эрониҳоро дидаам, ки муаллифони онҳо образ (эмож)-ро гуна- гуна таъриф додаанд. Ба назари ман, устод Табаров дар дарсҳояш ин мақулаи адабиро дар тафовут аз дигарон хеле мукаммалтар ва дақиқтару илмитар таъриф медод ва аз мо талаб мекард, ки онро азёд кунем. Таърифи ӯро ҳоло ҳам дар ёд дорам: «Тасвири конкретии (мушаххаси) падидаҳои ҳаёт ва дар айни замон лаҳзаҳои умумият додашудаи зиндагӣ, ки бо неруи хаёл офарида мешавад ва аҳаммияти маърифатӣ, эстетикӣ ва ахлоқӣ дорад, образи асари бадеӣ номида мешавад». Баъдан С. Ш. Табаров ин таърифро ба таври тулонӣ шарҳу тавзеҳ мекард. Чунончи, чи будани «тасвири мушаххас», «падидаҳои ҳаёт», «лаҳзаҳои умумиятдодашуда», «неруи хаёл», аҳамийяти «маърифатӣ», «эстетикӣ» ва «ахлоқӣ»-ро ба таври густарда мефаҳмонд. Дар чунин ҳангом ӯ бештар аз осори устод С. Айнӣ намунаҳо меовард. Дар бораи фардикунонӣ ва типикунонии образ низ хеле таваққуф мекард. Барои ин образҳои Одинаву Гулбибӣ, Ёдгору Гулнор, Қорӣ Исмат ва дигаронро мисол меовард. Мегуфт, ки Одина ва Гулбибӣ типи ҷавонони солҳои бистум ва Ёдгору Гулнор типи ҷавонони солҳои сиюму аввали чил мебошанд ва ба таври реалистӣ тасвир шудаанд. Мегуфт, ки дараҷаи баланди образи типӣ характер аст. Изҳор медошт, ки баъзеҳо чигунагии характери худро намедонанд, чи расад ба офаридани он. Аммо Лев Толстой дар романи муҳташами худаш «Ҷанг ва сулҳ» беш аз панҷсад характер офаридааст, ки яке ба дигаре монанд нест. Дар бораи образҳои ҷовид, рамз ва адабиёти рамзӣ низ суханҳои шуниданӣ ва хотирмон мегуфт.
Як ҷиҳати хеле хуби дарсҳои Табаров он буд, ки барои омӯхтани назарияи адабиёт конспект кардани беҳтарин адабиёти илмиро мефармуд. Бештарини онҳо ба забони русӣ буданд. Мо дар китобхонаи ба номи Фирдавсӣ, ки бинояш ҳоло Палатаи китоб аст, онҳоро пайдо намудаву соатҳо нишаста, ёддоштбардорӣ мекардем. Ёдам ҳаст, ки ӯ ба чандеи онҳо сахт аҳамийят медод. Агар ҳамаро омӯхта, конспект карда бошию рисолаи адиб ва назарияпардози асри XVIII Олмон Готхолд Лессинг “Лаокоон, или о границах живописи и поэзии” (Лаокоон ё дар бораи ҳудуди рассомӣ ва шеър) ва мақолаи калони мунаққиди рус В.Г.Белинский “Разделении поэзии на роды и виды» (Тақсимбандии назм ба ҷинсу намудҳо)-ро конспект накарда бошӣ, ба имтиҳон роҳ намедод. Мавсуф махсусан ба ақидаҳои назарӣ ва танқидии Белинский, ки асосан тасвири реалистиро дар асари бадеӣ меписандид, хеле вафодор буд. Аз корҳои ӯ бисёр иқтибос меовард. Андешаҳои ӯро шарҳ медод. Эҳтиромаш ба Белинский то дараҷае буд, ки номи ӯро тоқ намегирифт, онро ҳамеша дар шакли пурра «Виссарион Григоревич Белинский» ба забон меовард.
С. Ш. Табаров дар ҷараёни дарс гаҳ-гоҳ аз ҳамсабақони пурдониши худ ёдоварӣ менамуд. Масалан, ӯ борҳо зикри хайри ҳамсабақаш Тӯхтасун Ҷаббории конибодомиро мекард. Дар ҳангоми донишҷӯии мо Т. Ҷабборӣ дар Конибодом сармуҳаррири рӯзномаи шаҳрии «Машъали коммунизм» (ҳозира «Садои Конибодом») буд. Инҷониб, ки зодаи Конибодомам, вақтҳои таътили тобистона ба зодгоҳам мерафтам ва мехостам ба дафтари кори Ҷабборӣ равам ва гӯям, ки «устоди мо Соҳиб Табаров шуморо меситояд». Аммо чун ҷавони донишҷӯ будам, барои рафтан назди ӯ истиҳола мекардам. Ҳоло афсӯс мехӯрам, ки чаро нарафтаам. Агар мерафтам, ӯ метавонист дар бораи С.Табаров хеле қиссаҳо кунад. Аммо имрӯз ӯ дар қайди ҳаёт нест ва чунин имкон тамоман аз даст рафтааст.
Устод Табаров аҳёнан аз мавзуи дарс ба муддати хеле кӯтоҳ берун ҳам мешуд, аммо суханони хеле муфид мегуфт. Чунончи, мегуфт: «Маданияти интелектуалии халқамонро боло бурдан лозим аст» ё мегуфт, ки барои Тоҷикистон мутахассисон ва донишмандони яхшинос лозиманд, зеро дар ҷумҳурии мо пиряхҳо зиёданд. Ин суханро ӯ дар солҳои 70-уми асри гузашта мегуфт ва пешниҳоди ӯ имрӯз ҳам барои мардуми ватани мо шуъроӣ мебошад. Боз насиҳат мекард, ки пурмутолиа бошем, пайваста кор кунем, агар бекор бошем, ёддоштҳои зиндагии худро бинависем…
С. Ш. Табаров бо донишҷӯён тарзе бархурд дошт, ки онҳо ба ӯ на наздики наздик шуда метавонистанд ва на аз ӯ дури дур. Аммо онҳоеро, ки аз ин устод кори курсӣ, дипломӣ гирифта буданд ё мавзуи маърӯза аз ӯ доштанд, эшонро дар даҳлези бинои факултет дида, бозмедошт ва бо садои баланд барояшон маслиҳатҳо медод.
Шукр, ки устод дар масири омӯзгории худ дар иртиботи масъалаҳои назарияи адабиёт ва танқиди адабӣ чандин китобу воситаи таълим, ба мисли «Ҳаёт, адабиёт, реализм» (дар 5 китоб), «Симои ҷовидонаи пешво дар адабиёти тоҷик» (1970), «Масъалаҳои анъана ва навоварӣ дар ленинианаи тоҷик» (1975), «Дастури таълимӣ доир ба назарияи танқиди адабӣ» (1980), «Методи таҳлили асарҳои бадеӣ» (1992), «Асосҳои назариявии танқиди адабӣ» (1999) ва ғайраро таълиф кардааст ва устодони факултети мо ва шогирдон имкон доранд аз онҳо ба таври васеъ истифода кунанд.
Яқин дорам, ки матни лексияҳои устод дар бойгониаш ҳаст. Агар он пайдо ва нашр карда шавад, барои таҳқиқи таърихи афкори назарӣ-адабии замони шуравии тоҷик хеле мусоидат хоҳад кард, зеро С.Ш.Табаров намояндаи хушноми он буд.
Устод С. Ш. Табаров аз роҳи худшиносии илмӣ дарк мекард, ки дар илми адабиётшиносии тоҷик чи мақомеву ҷойгоҳе дорад. Аз ин рӯ, дар баҳо додан ба эҷодиёти адибони чи ҷавон ва чи собиқадор боке надошт. Дар ҳама ҷо озодвор фикрашро мегуфт. Аз ҷумла дар дарсҳои назарияи адабиёт ҳамин тавр рафтор мекард. Ба як ҷумла метавон гуфтаҳои болоро ҷамъбаст намуд: Соҳиб Шуҳратиевич Табаров устоди бузурги касби худ буд.
Ёдаш ба хайр!
Бадриддин Мақсудзода,
профессор