Рӯнамоии китобномаи адиби пуркор Ато Мирхоҷа
4 июли соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили рўнамоии дастури библиографӣ – маҷмуаи мақолаҳо ва китобномаи шарҳиҳолии адиби шинохта, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рўдакӣ Ато Мирхоҷа баргузор гардид.
Директори Китобхонаи миллӣ Ҷумъахон Файзализода дар ибтидо нашри китобномаро хеле муҳим дониста, онро дастури муҳиму ёрирасон барои муҳаққиқону пажуҳишгарон ва алоқамандони осори адиб арзёбӣ кард.
Муовини раиси ИНТ Равшан Махсумзод зимни суханронияш Ато Мирхоҷаро шоири пуркору хушсухан ва нависандаи қавидаст номида, осори ўро гуногунҷанбаву пурбор донист.
Шоири халқии Тоҷикистон Рустам Ваҳҳобзода дар бораи фаъолияти густардаи эҷодӣ, ба вижа роҷеъ ба арзиши бадеии романи «Саройи санг», вусъати тасвири нависанда, забони ғаноманд ва ҷанбаи қавии мардумшиносии он батафсил изҳори назар кард.
Ҳамчунин, дар хусуси вижагиҳои эҷодиёти Ато Мирхоҷа ва аҳаммияти китобномаи мавриди назар адибони шинохта Азизи Азиз, Салими
Зарафшонфар, Раънои Мубориз, профессор Сироҷиддин Эмомалӣ ва дигарон андешаҳояшонро баён намуданд.
Дар охир Ато Мирхоҷа ба роҳбарияти Китобхонаи миллӣ ва мураттибони китобнома арзи сипос карда, ин ибтикорро шоистаи таҳсин ва кори хеле муҳим донист.
Китобномаи мазкур бо ибтикори роҳбарияти Китобхонаи миллӣ аз ҷониби кормандони он Марзия Зардодхонова ва Наргис Валиева мураттаб шудааст. Он мақолаҳои адибону пажуҳишгарон дар бораи паҳлуҳои гуногуни эҷодиёти адиб, зиндагинома, санаҳои муҳими рўзгори ў ва номгўи осорашро аз рўи тартиби соли нашр дар бар гирифтааст.
Китобнома имкон медиҳад, ки хонандагон номгў, санаи нашри асарҳо ва дигар маълумоти даркории худро пайдо кунанд ва ҳамчун сарчашмаи муътамад аз он истифода баранд.
Китобхонаи миллӣ чанд сол аст, ки ин иқдоми хубро пеш гирифтааст ва кормандони он пеш аз ин китобномаҳои адибони маъруф Кароматуллоҳи Мирзо, Муҳаммад Ғоиб, Ҳақназар Ғоиб ва Аскар Ҳакимро таҳия ва чоп карда буданд. Ба иттилои роҳбарияти китобхона, ин
ибтикор мибаъд низ идома меёбад.