Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

 Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 22-23 августи соли равон баргузор мегардад, идомаи мантиқии сиёсати пешгирифтаи Роҳбарияти олии ҳарду кишвар ба ҳисоб меравад. Дар доираи баргузории чорабиниҳо маросими ифтитоҳи расмӣ бо пешниҳоди барномаи консертӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва санъати тасвирии Қазоқистон дар Маҷмааи давлатии “Кохи Борбад”, барномаи консертии ҳунарпешагони қазоқ дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ, Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Қазоқистон ва барномаҳои консертӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Бохтар бо шукӯҳи хоса баргузор хоҳанд гардид.

Тибқи барномаи баргузории Рӯзҳои фарҳанг 21 август дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ дар маросими пардабардорӣ аз нимпайкараи мутафаккир ва шоири қазоқ Абай Қунанбаев вазири фарҳанги Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, вазири фарҳанг ва иттилооти Қазоқистон Аида Баллаева,   раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим  ва чанде аз адибону аҳли зиёӣ кишвар иштирок намуданд.

 

 

Дигар хабарҳо