Рӯдакишиносӣ дар замони Истиқлол

 Рӯдакишиносӣ дар замони Истиқлол

Ба муносибати Рӯзи Рӯдакӣ

Шуҳрати шоирии Абуабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммад Рӯдакӣ (860-941) бартари шоирони Арабу Аҷам, ифтихори шоирони ҷаҳон, соҳибқирони шоирӣ, Одамушшуаро, рӯзгору осори ӯ, ҳунару хислату сифоти ӯ аз замони худи ӯ дар тазкираву ашъори адабиёти беш аз ҳазорсолаи мо омӯхта, таърифу тавсиф шудаанд. То имрӯз шуълаи оташи муҳаббати ихлосмандону алоқамандони шеъри устод Рӯдакӣ фурӯзон аст, аз ҷумла машъалбардорони рӯдакишиносӣ дар Тоҷикистон дар масири қадимии сунани шинохту таҳқиқи Рӯдакӣ гомҳои устуворе мениҳанд.

Рӯдакишиносиро дар Тоҷикистон муҳаққиқон ба се давра ҷудо кардаанд: 1) давраи аввал аз замони Рӯдакӣ то ибтидои қарни ХХ; 2) аз солҳои бисти қарни ХХ то соли 1956; 4) аз соли 1956 то имрӯз. Хушбахтона, дар даврони истиқлолу озодии Тоҷикистон рӯдакипажӯҳӣ вусъат пайдо карда, таҳқиқоти зиндагиву осори Рӯдакӣ аз нигоҳу равишҳои тоза, берун аз қайду банду маҳдудиятҳои милливу фарҳангиву мазҳабӣ анҷом мешуданд, ки сафаҳоти тозаеро дар рӯдакишиносӣ боз карданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид мегӯянд: “…Ва танҳо дар шароити соҳибистиқлолӣ ва соҳибихтиёрии Тоҷикистон мо имкон пайдо кардем, ки ба кору пайкори абармардони илму адаб, таъриху фарҳанги оламшумули гузаштаи худ арҷ гузошта, номашонро зинда нигоҳ дорем, ки дар садри онҳо устод Рӯдакӣ қарор дорад”. Ба ин далел рӯдакишиносии даврони Истиқлолро метавон давраи нав – аз соли 1991 то имрӯз ҳисобид.

Аз замони ба даст овардани Истиқлол дар Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба ҳаёту осори Одамушшуаро беш­тар гардид. Дар самти рӯдакишиносӣ донишмандони Академияи илмҳо пешсаф буда, корҳои назаррасеро дар ин замина анҷом доданд. Аз ҷумла, китоби “Андарзномаи Рӯдакӣ” (1991, мураттиб Мирзо Муллоаҳма­дов) аз аввалин меваҳои даврони озодии фикрӣ, фарҳангиву адабист, ки 210 абёти ахлоқии парокандаи шоирро ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва хатти форсӣ фаро гирифтааст.

Ба муносибати ҷашни 1100-со­лагии давлати Сомониён соли 1999 маҷмуаи ашъори Рӯдакӣ бо номи “Насими Мӯлиён” (мураттиб Асрори Раҳмонфар) бо пешгуфторе дар бораи “тартибу танзими мероси манзуми Рӯдакӣ”, ки онро аз чаҳор марҳала иборат медонад, ба табъ расидааст.

Соли 2000 бо эҳтимоми Сайидрасули Мусавӣ, Масъуди Қосимӣ ва Азиз Мирбобоев “Девони Одамушшуаро Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ” ба чоп расид, ки мураттибон дар он бисёр иштибоҳоти чопҳои қаблиро ислоҳ кардаанд ва он яке аз чопҳои мусаҳҳаҳи ашъори устод Рӯдакӣ мебошад.

Китоби профессор Абдуманнон Насриддин “Рӯдакӣ (нусхашиносӣ ва нақду баррасии ашъори бозмонда)”, ки ҳосили пажӯҳиши чандинсолаи адабиётшинос мебошад, бар асоси нусхаи Саид Нафисӣ ва И. Брагинский таҳия шуда, тамоми ашъори бозмондаи то замони мо расидаро фаро мегирад, ки маъхази ҳар як байт дар он нишон дода шудааст.

“Девон”-и Рӯдакӣ ба истиқболи 1150-солагии шоир дар шаҳри Ол­мотӣ (2007) бо тасҳеҳу тавзеҳи Қ. Рустам ба чоп расид. Иқдоми ӯ дар ҳалли масъалаҳои интисоби байтҳо ба Рӯдакӣ ва шоирони дигар, нус­хабадалҳо ва ихтилоф дар шарҳи вожаҳои ашъори шоир сазовори таҳсин аст.

Силсилакитоби “Ахтарони адаб” иборат аз 50 ҷилд соли 2007 бо чопи ашъори Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ оғоз ёфт.

Ба муносибати 1150-солагии Рӯдакӣ чандин маҷмуаҳои шеърии Одамушшуаро ба забонҳои тоҷикӣ, форсӣ, русӣ ва англисӣ ба табъ расиданд, ки барои муаррифии устод ба миллатҳои дигар беҳтарин иқдом аст. Ба ин муносибат Бунёди байналмилалии забони тоҷикии форсӣ “Девони Рӯдакӣ”-ро бо кӯшиши Усмон Назир ва паёми табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар асоси нашрияҳои пешин ба табъ расонд. Бо кӯшиши Расул Ҳодизода ва Алии Муҳаммадии Хуросонӣ матни илмиву интиқодии “Девони ашъори Абуабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммад Рӯдакӣ” ба хатти форсӣ, бо пешгуфтори Алиасғари Шеърдӯст ва мақолаҳои таҳякунандагони матн доир ба шуҳрати ҷаҳонии Рӯдакӣ, нашри осори бозмондаи шоир ва равиши танзими девони мазкур дар нашриёти “Пайванд”-и сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон ба табъ расид. Ин девон на ҳама абёти бозёфтшудаи осори Рӯдакиро фаро мегирад, бинобар ин, наметавон матни онро комил шуморид. Инчунин, дар заминаи ин девон китоби “Ашъори мунтахаби Рӯдакӣ” барои дабиристонҳо омода гардид.

Шоиру нависандагони муосири мо суннатҳои нависанда Сотим Улуғзода ва коргардон Борис Кимё­гаровро, ки филми “Қисмати шоир”-ро офарида, шукӯҳу шаҳомати Рӯдакиро афзун намудаанд, идома дода, асарҳои бузургҳаҷме эҷод кардаанд. Аз ҷумла, дар романи Рав­шани Ёрмуҳаммад “Ишқи Рӯдакӣ”, драмаи Ғаюр Растагор “Рӯдакӣ дар Самарқанд ё офтоб омад далели офтоб” лаҳзаҳои муҳимму пурмоҷа­рои рӯзгори шоир тасвир шудаанд, ки дар шинохти Одамушшуаро, аҳвол ва осори ӯ саҳми назаррас гузоштаанд.

Паҳлуҳои мухталифи осори Рӯда­кӣ, рӯзгору муҳити зиндагӣ ва аҳволи ӯ дар бахшҳои адабиётшиносиву забоншиносӣ, таърих, ҳунару мусиқӣ аз ҷониби муҳаққиқони тоҷик дар даҳаҳои охир пажӯҳиш шудаанд.

Дар даврони Истиқлол равишҳои наве дар рӯдакипажӯҳӣ падид ома­данд, монанди озодии фикрӣ дар баёни матлаб, рӯ овардан ба сун­натҳои қадимии фарҳангиву мазҳа­бӣ, таҳлили масъалаҳои инъикоси воқеияти иҷтимоӣ дар ашъори Рӯдакӣ.

Пажӯҳиши муфассалу арзишман­ди ҷамъбастӣ дар атрофи рӯзгор ва осори Рӯдакиро профессор Аълохон Афсаҳзод анҷом додааст, ки бо номи “Одамушшуаро Рӯдакӣ” (2003, 2008) ба табъ расидааст. Китоб аз 4 боб – “Муҳити зисти Рӯдакӣ”, “Зин­дагиномаи устод Рӯдакӣ”, “Осори дастраси устод Рӯдакӣ”, “Бадеиёти осори устод Рӯдакӣ” иборат аст.

Асари ҷамъбастии дигар дар Рӯдакишиносӣ “Рӯдакӣ: рӯзгор ва осор, таърихи таҳқиқ”-и ховаршиноси Русия Абдуҷаббор Тоҳирҷонов мебошад, ки аз ҷониби Мирзо Мул­лоаҳмадов (2008) тарҷума шуда, ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар Эрон ба табъ расид. Асари мазкур аз чанд ҷиҳат арзиши баланди илмӣ дорад: 1) муаллиф манбаъу сарчашмаҳои марбут ба Рӯдакӣ, аз ҷумла ада­биёти арабиро гирдоварӣ ва баррасӣ намудааст; 2) ба баҳс кашидани бархе аз масоили норавшан дар бораи Рӯдакӣ, аз ҷумла масъалаи нобиноии Рӯдакӣ ва бо далелҳо собит сохтани тирачашми модар­зод будани ӯ ва ҳақиқати таърихӣ надоштани кӯр кардани Рӯдакӣ; 3) масъалаи қарматӣ будани Рӯдакиро муаллиф баррасӣ карда, дар асоси сарчашмаву манобеи зиёди илмӣ ба чунин натиҷа мерасад, ки “Насри II, Балъамӣ ва Рӯдакӣ ба қарматия ҳеч муносибате надоштанд”.

Адабиётшинос Саъдоншо Имро­нов пажӯҳишу суханрониҳои худро дар маҷмуаи “Ёдномаи Устод Рӯда­кӣ” (2001) мураттаб сохтааст, ки дар онҳо сухан аз боби миқдори шеъри Рӯдакӣ, ашъори тозаи Рӯдакӣ дар “Хайрулбаён”, кашфи манбаъи як байти Рӯдакӣ меравад.

Шарифмурод Исрофилниё дар китоби “Хизонаи пурганҷ” (2001) маълумоти мухтасаре доир ба рӯз­гор ва осори Рӯдакӣ дода, шеърҳои “Бӯйи Ҷӯйи Мӯлиён”, “Шикоят аз пирӣ” ва “Баҳори хуррам”-ро шарҳу тафсир кардааст.

“Рӯдакӣ ва рӯдакишиносон”-и Мирзо Муллоаҳмадовро низ метавон дар ин саф муаррифӣ кард. Он аз ду бахш иборат буда, бахши нахуст таҳқиқоти солҳои охири муаллифро фаро мегирад ва дар бахши дувум муҳаққиқ дар бораи 20 донишманди маъруфи рӯдакишинос иттилооти пурқимат медиҳад.

Аз китобҳои дигари арзишманд дар самти рӯдакишиносӣ рисолаи адабиётшиноси маъруф Абдунабӣ Сатторзода бо номи “Аз Рӯдакӣ то Лоиқ” мебошад, ки дар он мақолаҳои дар солҳои охир навиштаи муаллиф, аз қабили “Қасидаи “Модари май” ва шеъри мадҳия”, “Шеъри ҳолия дар замони Сомониён”, “Рӯдакӣ ва адабиёти замони бостони Ҳинд”, “Рӯдакӣ ва таҳқиқи сабки адабӣ дар шеър”, “Бунёди Рӯдакӣ ва дурнамои рушди рӯдакишиносӣ” ва амсоли инро фаро мегирад.

Соли 2008 китоби шарқшиноси маъруф И. С. Брагинский “Абуаб­дуллоҳ Ҷаъфари Рӯдакӣ” аз ҷониби Шодӣ Шокирзода ба забони тоҷикӣ тарҷума шуда, бо муқаддимаи ӯ ба табъ расид.

Субҳони Амир дар асараш “Рӯда­кӣ – падидаи нодир ва ҷаҳонии та­маддуни аҳди Сомониён, (1999) аз дидгоҳи тоза ба ҷанбаҳои ноаёни ҳаёти адабии замони шоир, амсо­ли таъсири унсурҳои дини масеҳӣ, зуҳури барҷастаи худшиносиву ифтихори миллӣ дар маҳдудиятҳо нигариста, яке аз омилҳои шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардани шоирро дар иртиботи ӯ бо давлати Сомониён ва ифодаи ормонҳои озодихоҳиву истиқлолталабӣ медонад. Соли 2015 ин китобро бо 6 мақолаи дигар бо номи “Устод Рӯдакӣ – аввалин шоири миллӣ ва ҷаҳонӣ” ба чоп расонд, ки дар он сухан аз муаммову иштибоҳо­те дар шарҳи аҳволу осори шоир меравад.

Рӯдакӣ рафту ҳикмати ӯ ҷовидона монд ва мо итминон дорем, ки қар­нҳо сурудаҳои ӯ танинандоз хоҳанд шуд ва осори гаронарзиши дигаре дар пажӯҳиши ашъори ӯ ба миён хоҳанд омад, зеро ба қавли Рустам Ваҳҳобзода:

Аз сухан пайкаре гар ороянд,
Андар он шеъри Рӯдакӣ ҷон аст.
Аз ҳазорон яке аз ӯ монда,
Ҳар яке беш аз ҳазорон аст.

Фарангис ШАРИФЗОДА,
директори Институти забон ва адабиёти
ба номи Абуабдулло
ҳ Рӯдакии АМИТ

Дигар хабарҳо