Руҳияи баланди миллӣ дар Паём

 Руҳияи баланди миллӣ дар Паём

Дар нишасте, ки рӯзи 24-уми декабр бо иштироки адибону адабиётшиносон ва рӯзноманигорон дар Иттифоқи нависандагон доир гашт, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар таҳлил ва баррасӣ карда шуд.

Раиси Иттифоқи нависандагон Низом Қосим чорабиниро ифтитоҳ карда, иброз дошт, ки ҳамасола Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари кишвар мавриди омӯзиш ва шарҳи фаъолони ҷамъиятӣ, аз ҷумла, аҳли қалам қарор мегирад. Паёми имсола низ вежагиҳои хоси худро дошт, ки дар ин нишаст ҷамъомадагон аз онҳо хоҳанд гуфт.

Сармуҳаррири ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” Абдуллоҳи Раҳнамо дар мавзуи “Паём – роҳнамои фаъолият” маърузаи худро пешниҳод намуд: – Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ суханрониест, ки ба он ҳамчун ба як падидаи сиёсиву иҷтимоӣ таваҷҷуҳ мекунем. Дар илми сиёсатшиносӣ ҳуқуқи муайян кардани сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ асоситарин аломати истиқлоли як давлат ба ҳисоб меравад. Бинобарин ин, Паём додани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тантанаи Истиқлол мебошад. Аз ҳамин назар ин суханронӣ атрибути муҳимми давлатдории миллӣ ва нишонаи соҳибистиқлолии давлат ба шумор меравад. Ба он аз ин ҷиҳат рӯҳияи ҷашнӣ ва тантанавӣ медиҳем, – гуфт Абдуллоҳи Раҳнамо.

Чуноне арзёбӣ шуд, Паёми имсола руҳияи рӯ ба рушд дорад. Қисми асосии Паёмро силсилаи пешниҳодҳо дар бораи ташаккули босуръати кишвар, воридоти технологияи иноватсионӣ, иқтисоди рақамӣ, иқтисоди сабз, ҳукумати электронӣ, истифодаи зеҳни сунъӣ, яъне пешрафтатарин масъалаҳои имрӯз дар бар мегирад. Аз ин ҷиҳат агар баҳои умумӣ диҳем, як Паёми иноватсионии рӯ ба рушд ва прогрессивӣ аст.

Ба гуфтаи Абдуллоҳи Раҳнамо, дар ин Паём Пешвои миллатро ҳамчун лидери миллӣ дидем, ки бо ҳамон устувориву ғурури миллӣ дар минбар истода, арзишҳои миллӣ, номуси миллӣ ва рӯҳияи миллиро ба сатҳи зарурӣ ифода карданд. Дар сатҳи амалӣ пешниҳодҳои мушаххас барои сохтани Конуни тамаддуни ориёӣ, Маркази байналмилалии Наврӯз ва ғайра ифода ёфтанд.

Ҷасорат ва боваре, ки Сарвари давлат нисбат ба дурнамои рушди кишвар ва сарнавишти миллат ироа карданд, ба шунаванда интиқол меёбад. Таъсиси конун на фақат барномаи сиёсӣ, балки боз рисолати тамаддунӣ ва таърихист.

Муовини аввали раиси ИНТ Толиби Луқмон дар идомаи ҷаласа иброз дошт, ки дар Паём ба чандин шахсияти итихорофарини таърихиву фарҳангии мо арҷ гузошта шуд ва пайваста таъкид гардид, ки ба қадри онҳо бирасем, бузургу гиромӣ дорем ва бо ҳамин минвол эҳсоси ифтихору ҳувияти миллиро дар дили ҳаммеҳанон бедортару саршортар намоем. Сол соле хоҳад буд, ки дар партави Паём, рӯҳияи ватандорӣ дар адабиёти мо болотар меравад.

Дигар хабарҳо