«РОҲ» то Ҷоиза

 «РОҲ» то Ҷоиза

Коргардони филми ҳунарии «Роҳ» Носир Саидов ҳамроҳ бо созандагони дигари филм – муаллифи филмнома Сафар Ҳақдод, наворбардор – Георгий Дзалаев, оҳангсоз – Далер Назаров, иҷрокунандагони нақшҳои асосӣ – Зулфия Содиқова, Мавлона Наҷмиддинова, Нисо Муҳаммадҷонова ва Абдукарим Машрабов Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдулло Рӯдакиро ба даст оварданд.

Сафар Ҳақдод:
– Дар синамои тоҷик бо чунин тарзу сабк тасвир кардани ҳаёти занонеро, ки маҳбус буданд, надидаам. Ба  назари ман, меҳвари филм гузаштаи се зани маҳбус ва ҷурми онҳо нест, балки талоши онҳо барои озодӣ ва пайвастан ба зиндагии муқаррарӣ аст.

Паёми ин филм эҳтиром гузоштан ба шахсияти инсон, новобаста ба мартабаву манзалати ӯ, гузаштаи неку бади ӯ, хусусан ба Зан-модар, ки вожаҳои муқаддас ҳастанд ва хеле содаву маъмулӣ менамоянд, вале дар айни замон ниҳоят мураккабу фарогиранд.

Алексей Мячиков, синамогари рус:
– Мо кӯшиш кардем, ки дар филми «Роҳ» бо дарназардошти омилҳои мавҷуда чеҳраҳои навро ҷалб намоем ва хушбахтона, ба ин комёб шудем. Ҳунарпешагони ҷавон Мунира Зоирова ва Ҷовидон Маҳмадов, ки дар Россия мактаби ҳунарпешагиро хатм намудаанд, дар филм чеҳраҳои наванд.

Саноат Азизова, киношинос:
– Сужаи филми «Роҳ» ҳаёти бонувонеро дар бар мегирад, ки баъд аз адои ҷазои тӯлонӣ аз маҳбас озод шуда, ба хонаҳои худ баргаштан мехоҳанд. Оё онҳоро касе дар хона мунтазир ҳаст ё на? Аз озод шудану баргаштани онҳо нафаре шод мешавад ё на? Ин саволҳо давоми роҳ пешорӯи қаҳрамон ва бинандаи филм қарор мегиранд. Филме дорои чунин сужа натанҳо барои тамошобини тоҷик, балки барои бинандаи кишварҳои Осиёи Миёна низ навгонист, зеро мардуми ин қитъа одат кардаанд, ки занонро дар ҳалқаи хонавода машғули корҳои рӯзгордорӣ ва тарбияи фарзандон бубинанд. Ин ҷо бошад, зан ҷиноят содир кардааст. Ин дигаргунӣ филмро барои тамошобин шавқовар мекунад.

Мижгон Халилзода

Дигар хабарҳо