Роғун рӯшноӣ дорад
Андешаҳо дар ҳошияи китобҳои публитсист Ҳасан Асоев
Ба навиштаҳои публитсист, олими пуркор, пажуҳишгари варзида Ҳасан Асоев даҳ сол боз ошно ҳастам. Ва ҳар мақолаеро, ки аз зери қалами ӯ берун меояд, бо завқ ва бо диққат мутолиа менамоям.
Дар чанд соли охир оид ба проблемаҳои мубрами рӯз, билхоса экология, энергетика, истифодаи оқилонаи обу замин мақолаҳои ҷолиб, хонданӣ навишта, тавассути матбуоти даврӣ ба муштариёну ихлосмандон пешкаш намуд. Ӯ дар ин бобат имрӯз яке аз муаллифони пурмаҳсул маҳсуб меёбад. Сармуҳаррири маҷаллаи «Садои Шарқ», шоир ва адабиётшиноси маъруф Рустам Ваҳҳобзода дар як суҳбати корӣ зикр намуд, ки Ҳасан Асоев барои маҷаллаи мо бозёфти тоза аст. Ман низ ба ин гуфтаҳо шарик ҳастам.
Бо камоли қаноатмандӣ қайд мекунам, ки бисёр навиштаҳои Ҳасан Асоев аз ҷониби донишмандони асил, узви ҳакамони озмунҳои мухталиф баҳои арзанда гирифтаанд. Китоби ӯ «НБО-и Роғун» (ҷилди 2) ғолиби озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол – 2020» шуд, ки баҳои хеле сазовор аст. Ҳамчунин китоби «НБО-и Роғун» дар озмуни ҷумҳуриявии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба матолиби беҳтарин дар мавзуи «Мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим» 26 декабри соли 2022 бо дипломи дараҷаи 1 сарфароз гардид. Соли 2021 Ҳасан Асоев барои саҳми арзандааш дар афзун амудани маърифати экологии ҷомеаи кишвар сипосномаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дарёфт намуд. Соли 2022 Ҳасан Асоев дар озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол – 2022» бахшида ба 30-юмин солгарди Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо китобаш «НБО-и Роғун» ширкат намуда, сазовори диплом шуд.
Публитсист соли 2022 ҳамчунин барои иштироки фаъолона дар номинаи маводи матбуотии Озмуни ҷумҳуриявии «Пиряхҳои Тоҷикистон – сарчашмаи обҳои тозаи минтақаи Осиёи Марказӣ ва омили мутобиқшавӣ ва тағйирёбии иқлим (бахшида ба 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон) ба ифтихорномаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардид.
Дар аксари мақолаҳои худ ба хотири исботи фикраш ба факту далелҳои илмӣ рӯй меорад. Масалан, дар китобчаи «Гумбази намаки Хоҷа-муъмин», дар баробари таҳлили илмӣ тавонистааст, ки ба хонанда аз назари бадеӣ баъзе далелҳои ба хурофот наздикро рад намояд. Вай аз назари географӣ, геологӣ ва ба таври публитсистӣ тавонистааст, ки пайдоиши чашмаҳои шифобахш ва пайдоиши набототи онро шарҳ диҳад. Муаллиф вазъи мамнуъгоҳҳои Тоҷикистон ва роҳҳои ҳифзи набототу ҳайвонот ва аҳаммияти нигоҳдории онҳоро барои насли оянда нишон додааст. Махсусан, оид ба пешомадҳои инкишофи экотуризм дар Сари Хосор таклифҳои муфид ба миён гузоштааст.
Дар се-чор соли охир ӯ китоби 3-ҷилдаи «Роғун – машъалафрӯзи минтақа» (соли 2018), «НБО-и «Роғун» – кафолати рушди устувори минтақа (соли 2019) ва «НБО-и «Роғун» намунае аз иқтисоди сабзи минтақа» (соли 2022)-ро, ба нашр расонд, ки аз ҷониби хонандагон хуш пазируфта шуданд. Банда ин сеҷилдаи Ҳасан Асоевро бо шавқ ва завқ мутолиа кардам. Ва ин ҷо мехоҳам перомуни ин китобҳо чанд сухане гӯям.
Маълум аст, ки Неругоҳи Роғун дар пешрафти иқтисодиёт ва беҳбудии сатҳи зиндагии мардуми Тоҷикистон нақши ниҳоят муҳимро хоҳад бозид. Муаллиф бо назардошти андешаҳои олимону мутахассисони соҳаи обу энергетика аз нигоҳи экологию географӣ нақши ин иншооти бузурги асрро ба хонанда пешниҳод намудааст. Бо далелҳои илмӣ бори дигар исбот намудааст, ки сохтмони Роғун барои тамоми кишвар дар шароити имрӯза чун обу ҳаво зарур аст. Бо бунёди Роғун як қатор корхонаҳои нави саноатӣ барпо шуда, инфраструктураи минтақаи Рашт беҳтар гардида, мардум ба ҷойи нави корӣ таъмин мегарданд.
«Ибтидои илм – хирад, ибтидои хирад – сабр аст”, навиштааст мутафаккир Э.Капиев. Илм, аз назари мавсуф, уқёнуси беохир аст. Аз ин рӯ, ҳар як пажуҳишгар метавонад нисбат ба ин ё он мавзуъ ва ё муаммои мухталифи илм тадқиқот анҷом дода, андешаҳои худро дар алоқамандӣ бо арзишҳои илмӣ, баён намояд.
Маҳаки асосии эҷодии хеш қарор додани Неругоҳи барқи обии Роғун аз ҷониби пажуҳишгар ва публитсист Ҳасан Асоев беҳуда нест. Ҳаштод сол мешавад, ки дар атрофи ин масъала дар матбуоти илмию даврӣ баҳсу мунозира ва муколама ҷараён дорад, аммо нақши ин неругоҳ аз дидгоҳҳои гуногун бо диди сиёсати экологӣ мавриди баррасии олимону мутахассисон ба таври бояду шояд қарор нагирифта буд. Ин омил Ҳасан Асоевро водор намуд, ки бо назардошти ҳама баҳсҳое, ки дар атрофи он ҷараён дорад, пажуҳиши назариявию амалӣ ва публитсистиро анҷом бидиҳад, рисолае таълиф намояд, ки муҳтавои он аз нигоҳи ҷадид тамоми паҳлуҳои ин баҳси чандинсоларо инъикос намояд. Баъди мутолиаи ин китоб мо эҳсос мекунем ва ба муаллиф ҳамфикр мешавем, ҳалли ин масъала тафаккури ҷадид ва муносибати диалектикиро тақозо менамояд. Албатта, ҳар як фард дар баёни андеша озод аст, аммо набояд он андеша ҷомеаро ба гумроҳӣ барад. «Танҳо илм имкон медиҳад, ки аз наздик ба ҳақиқати ин баҳс шинос шуда, барои оянда ҷавҳари чунин баҳсҳоро ифшо намоем», менависад муаллиф, ки ман шахсан бо ӯ мувофиқам.
Дар тақвияти ин андеша метавон зикр намуд, ки тӯли ин солҳо перомуни Неругоҳи барқи обии Роғун дар матбуот чандин фикру андешаҳои ҷадид тавлид шуда, чандтои онҳо лағв шуданд. Қобили зикр аст, ки дар ин баҳс дар баробари андешаҳои холисона, инчунин баъзе нигоришоте низ ба чашм мерасиданд, ки аз ҳақиқати илмӣ фарсахҳо дуранд. Аз ин ҷиҳат омӯзиши НБО-и Роғун таваҷҷуҳи табақаҳои мухталифи ҷомеаро ба худ ҷалб намуд. Ба ин кор адиби публитсисти мо Ҳасан Асоев низ ҷиддӣ машғул шудааст.
Баъди мутолиаи китоб метавон ба чунин хулоса омад, ки мақсади вай натанҳо зикри фикру мулоҳиза ва далоили қаблан зикргардида, балки ҷустуҷӯи он афкор ва ғояест, ки аз лиҳози илмӣ ба чунин баҳсҳо хотима бахшида, рушди минбаъдаи соҳаи гидроэнергетикии Тоҷикистонро пешниҳод намоянд.
Муаллиф дар пажуҳиши хеш талқин менамояд, ки истифодабарии захираҳои обии Тоҷикистон ба манфиати тамоми аҳолии минтақа нигаронида шудааст. Аз ин ҷиҳат ман бо камоли масъулият гуфта метавонам, ки тадқиқоти Ҳасан Асоев дар доираи он арзишҳои илмию фарҳангие анҷом дода шудааст, ки натанҳо ба таври воқеъбинона ба дарки пешрафти самтҳои минбаъдаи соҳаи гидроэнергетикаи Тоҷикистон имкон фароҳам меорад, ҳамчунин усулҳои бартараф намудани мушкилоти экологии минтақаро дар алоқа бо густаришёбии ин соҳа нишон медиҳад. Дар ин пажуҳиш муаллиф аз диди назариявию амалӣ сари он далелу андешаҳое баҳс намудааст, ки хусусияти проблематикӣ дошта, таҳкими минбаъдаи рушди гидроэнергетикии Тоҷикистон аз ҳалли онҳо вобаста мебошад.
Баъди мутолиаи китоб ман ба чунин хулоса омадам, ки ин пажуҳиш, бо диди ҳирфавӣ ба қалам дода шудааст. Сониян, дар ин пажуҳиш умдатарин паҳлуҳои Маҷмааи гидроэнергетикии Неругоҳи барқи обии Роғун аз лиҳози экологӣ таҳлил шуда, вазъи он дар асоси далелҳои муътамади илмӣ аз нигоҳу диди нав баён ёфтааст. Умуман, муаммоҳои экологӣ тарзе матраҳ гардидаанд, ки арзёбии онҳо барои минтақа ҳамчун омили муттаҳидсоз хизмат менамояд. Арзишҳои илмӣ дар қаробати наздик ба истеҳсолот баррасӣ карда шудаанд.
Ин кор кӯшиши хубест дар бахши ба таври комплексӣ инъикос намудани қимати экологии Неругоҳи барқии обии Роғун. Аз ин рӯ, бо боварии том метавон гуфт, ки ин асар ва дигар навиштаҳои Ҳасан Асоев вобаста бо ин боргоҳи нур натанҳо қимати илмӣ-назариявӣ, ҳамчунин аҳаммияти амалӣ низ доранд. Муаллиф дар яке аз мақолаҳои худ зарурати оқилона истифода бурдани обу заминро дар Тоҷикистон хеле хуб ба қалам додааст. Вай дуруст қайд намудааст, ки барои аз худ намудани як гектар замин дар замони Иттиҳоди Шуравӣ то 700 доллар сарф мешуд ва ҳоло бошад, яъне баъди гузаштан ба муносибатҳои бозоргонӣ ин нишондиҳанда ба 10-15 ҳазор доллар расидааст. Агар солҳои 1930-1990 майдони заминҳои обёришаванда дар ҷумҳурӣ 5,2 баробар зиёд шуда бошад, пас дар ин муддат миқдори аҳолӣ 10-12 маротиба афзудааст. Аз тарафи дигар, ҳолати аз кор баромадани заминҳо низ дар солҳои 1968-1978 нишон дода мешавад. Яъне агар дар ин муддат дар мавзеъҳои Ёвону Обикиик бештар аз 40 ҳазор гектар азхуд шуда бошад, пас дар ҳамин муддат бештар аз ҳазор гектар аз истифодаи кишоварзӣ баромадааст. Аксари ин заминҳо ба эрозия дучор шуданд. Вай дар асарҳои худ дуруст қайд намудааст, ки замони Иттиҳоди Шуравӣ бисёр лоиҳаҳо рӯйи коғаз мемонданд. Масалан, аз рӯйи лоиҳаи Вазорати об ва мелиоратсияи мамлакат аз ҳисоби дарёи Зарафшон азхудкунии бештар аз 100 ҳазор гектар дар ноҳияи Шаҳристон ба нақша гирифта шуда буд. Вале, мутаассифона, он амалӣ нашуд.
Он замон чунин муносибат ба он овард, ки агар соли 1970 ба сари кас дар ҷумҳурӣ 0,15 га замини обӣ ва 0,29 га замини лалмӣ рост меомад, пас ин нишондиҳанда дар солҳои 90-ум ба 0,11 ва 0,8 га расид. Асари сеҷилдаи Ҳасан Асоевро бо диққат мутолиа намуда, ман ба чунин хулоса омадам, ки мавсуф кори зиёдеро ба сомон расондааст. Бунёди неругоҳҳои обӣ дар Тоҷикистон ягона роҳи наҷоти минтақа буда, дар маҷмуъ, баҳри амалӣ гардондани ормону мароми мардуми минтақа имкониятҳои мусоидро фароҳам меоранд. НОБ-и Роғун ободиву сарсабзии имрӯзу фардои минтақа буда, бе бунёди он таъмин намудани рушди устувори Осиёи Марказӣ ғайриимкон мебошад. Бинобар ин, бо қатъият метавон гуфт: – Роғун – соя надорад, танҳо рӯшноӣ медиҳаду халос. Он роҳест барои расидан ба истиқлоли энергетикӣ ва гузариш ба рушди устувор. Матлаби халқи тоҷик низ аз чунин бунёдкориҳо таъмини зиндагии шоиста мебошад.
Ман ба Ҳасан Асоев самимона арзи сипос менамоям, ки ба мавзуи бисёр ҳам муҳимми рӯз ҷиддӣ даст зада ва ба комёбиҳо ноил гардидааст. Ба андешаи ман, вай публитсистест, ки навиштаҳояш ҷанбаи хуби илмӣ доранд, хонданӣ ва мароқангез ҳастанд. Ман ба ӯ барори кор мехоҳам ва мутмаинам, ки минбаъд низ асарҳои хуби илмӣ ва саршори публитсистикаи баланд навишта, хонандагон ва ҳаводорони хешро шоду масрур мегардонад.
Ато Ҳамдам,
Нависандаи халқии Тоҷикистон