«Роғун» — рамзи пайванди инсон ва табиат

Манбаъҳои обию гидроэнергетикии Тоҷикистон, аз ҷумла дарёи Вахш хеле барвақт таваҷҷуҳи мутахассисони соҳаро ба худ ҷалб кардаанд. Захираи манбаъҳои обии Тоҷикистон дар собиқ Иттиҳоди Шуравӣ пас аз Русия мавқеи дуюмро ишғол мекунад. Барҳақ Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози назар намудаанд, ки «… ба бахти мардуми Тоҷикистон неъмати бебаҳо, дарёҳои серобу захираҳои энергетикӣ дар сарзамини мо баръакси бисёр кишварҳои дигар Худодод фароҳам омадаанд…».
Тоҷикистон аз ҷиҳати манбаъҳои захираи барқ дар ҷаҳон дар ҷойи сеюм меистад. Ҳанӯз солҳои 20-30-юми асри гузашта корҳои таҳқиқотии геологию гидрологӣ дар минтақаи Роғун оғоз ёфтанд. Ибтидои солҳои 60-уми асри гузашта тасмим гирифта шуда буд, ки дарёи Вахшро барои истеҳсоли барқ ва обёрии заминҳо истифода мекунанд. Бо ҳамин мақсад соли 1978 лоиҳаи техникии Неругоҳи «Роғун» таҳия ва соли 1980 аз ҷониби Шӯрои вазирони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ тасдиқ карда шуд. То соли 1990 корҳои сохтмону васлгарӣ дар ин иншоот идома ёфтанд ва дарғоти аввали неругоҳ то ба 40 метр бардошта шуд. Лек бо сабаби пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва маблағгузорӣ нашудани иншоот корҳо қатъ гардиданд. Моҳи майи соли 1993 аз сабаби бориши зиёд ва сел, иншоот зери об монда, дарғот пурра шуставу хароб гардид. Баъдан низ давоми солҳои зиёд иншоот валангор буд. Ба бахти мардуми аз нобасомониҳои таърих ҷафокашидаи тоҷик, пас аз истиқрори сулҳу субот, Ваҳдати миллӣ ва густариши ҳамкорию пешравиҳои иқтисодӣ маҳз бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба эҳёю эъмори иншооти тақдирсози миллат – Неругоҳи барқи обии «Роғун» шаҳсутуни боэътимод гузошта шуд, ки бо ҳарфҳои заррин дар саҳифаҳаои тозаи таърихи миллату давлати тоҷикон сабт мегардад.
Мувофиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 31-уми августи соли 2007 ба манзури барқарорсозию сохтмони ин иншооти муҳимми стратегӣ Ҷамъияти саҳомии кушодаи Неругоҳи барқи обии “Роғун” таъсис ёфт.
Ташхиси асосноккунии техникию иқтисодии лоиҳаи «Роғун» таҳти назорати бевоситаи Бонки ҷаҳонӣ аз ҷониби консорсиуми байналмилалии Коэн-эт Беллие (Фаронса), Электроконсулт (Италия), ІРІ (Британияи Кабир) ва баҳодиҳии вазъи экологию иҷтимоии он аз ҷониби ширкати швейтсарии “Пойри Энерҷӣ” сурат гирифт. Дар ин ташхиси доманадору мураккаб коршиносони Бонки ҷаҳонӣ мустақиман иштирок намуданд.
Соли 2014 хулосаи шаффофи ташхисгарони байналмилалӣ ва Бонки ҷаҳонӣ дар бораи коромадии лоиҳаи «Роғун» ва бунёди ин “Кохи Нур” ба ҷаҳониён эълон гардид. Ба раванди ташхиси шаффофи лоиҳа Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд, ки ин ба муҳандисону мутахассисони ватании соҳаи гидроэнергетикаи ҷумҳурӣ рӯҳу илҳоми тоза бахшид.
Рӯзи 29-уми октябри соли 2016 бо иштироки Сарвари давлат маҷрои дарёи Вахш тағйир дода шуд ва таҳкурсии иншооти баландтарини гидроэнергетикии дунё-сарбанди Неругоҳи барқи обии «Роғун» бо баландии 335 метр поягузорӣ гардид. Рӯзи 16-уми ноябри соли 2018 нахустагрегати неругоҳ аз ҷониби Пешвои миллат, дар ҳузури иштирокдорони зиёди ин маъракаи муҳташам, кормандони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, шоирону нависандагон, зиёиён ва меҳмонону шаҳрвандони мамлакат ба кор андохта шуд ва нахустбарқи «Роғун» тавлид гардид.
Рӯзи 9-уми сентябри соли 2019 дар рӯзи ҷашни Истиқлол дуюмин агрегати неругоҳ бо пахши тугмаи рамзӣ аз ҷониби Пешвои муаззами миллат ба тавлиди барқ оғоз намуд ва то имрӯз ба нафъи иқтисоди миллии мамлакат ва шукуфоии Тоҷикистони азиз хидмат мекунад.
Дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» соли 2018 барои ба шабакаҳои ягонаи барқи ҷумҳурӣ пайваст намудани неруи барқи истеҳсолкардаи он бинои истеҳсолии КРУЭ ба истифода дода шуд. Дар айни замон ду агрегати нахустини неругоҳ, ки бо иқтидори минималӣ вобаста ба сатҳи обанбор фаъолият мекунанд, дар як шабонарӯз бо иқтидори 260 мВт-соат неруи барқ истеҳсол менамоянд.
Неругоҳи барқи обии «Роғун» калонтарин неругоҳ дар дарёи Вахш ба ҳисоб меравад. Иқтидори лоиҳавии неругоҳ ба 3600 МВт баробар буда, он дорои 6 агрегат аст, ки ҳар кадом аз 600 МВт иборат аст, баландии сарбанд 335 метр, ҳаҷми обанбор зиёда аз 13,3 миллиард метри мукааб мебошад.
Барои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистони соҳибистиқлол аҳаммияти сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» бениҳоят муҳим аст. Тоҷикистон ба давлати содиркунандаи неруи барқ табдил меёбад, даҳҳо корхонаи нави саноатӣ бунёд мегардад, ҳазорҳо ҷои нави кор таъсис меёбад ва имкони истеҳсоли моли содиротӣ зиёд мешавад.
Ба ифодаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «Роғун» ободию сарсабзии имрӯзу фардои Тоҷикистон, тараққиёти бесобиқаи саноату кишоварзӣ ва муҳимтар аз ҳама, рӯшноиву гармии шабонарӯзии ҳар хонадони мардуми мо мебошад! «Роғун» воситаи муҳимтарини баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, омили таконбахши рушди маорифу тандурустӣ, илму фарҳанг ва фаъолияти пурсамару бардавоми бемористону ятимхонаҳо, хонаҳои пиронсолон ва иншооти муҳимми иҷтимоӣ мебошад!».
Неругоҳи барқи обии «Роғун» натанҳо сохтмони азим, балки далели бебаҳси тавоноии миллати тоҷик, рамзи неруи эҷодкорӣ ва пайванди инсон бо табиат аст. Дар фазое, ки об ва неру рамзи ҳаёт мебошанд, нақши ин неругоҳ ҳамчун сарчашмаи энергия, рушд ва тавоноии мамлакат ба таври амиқ эҳсос мегардад. Дар асри XXI, ки рақамикунонӣ ва инноватсия ҷузъи ҷудонашавандаи ҳаёти муосир шудаанд, Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба маркази ҳамоҳангии технологӣ табдил меёбад ва бо равшангарии ҳадафҳои баланд ба самти ояндаи дурахшон пеш меравад.
Дар дили кӯҳистони сарбаланди Тоҷикистон, ки Неругоҳи барқи обии «Роғун» мисли як муъҷизае арзи вуҷуд дорад, аз техникаи замонавию навгониҳои технологӣ ба таври муассир истифода мешавад.
Раёсати инноватсия ва рақамикунонӣ мисли чароғи роҳнамо амал мекунад ва ба Ҷамъияти саҳомии кушодаи НБО-и «Роғун» имкон медиҳад, ки натанҳо чун неругоҳи бузурги обӣ, балки ҳамчун намунаи иншооти пешқадам дар технологияҳои инноватсионӣ ва рақамӣ шинохта шавад.
Рақамикунонӣ ҳамчун калиди тиллоӣ дарҳои самаранокӣ ва автоматизатсияро боз мекунад. Дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» автоматикунонии равандҳои корӣ натанҳо суръат ва дақиқии фаъолияти ҳаррӯзаи кормандонро афзоиш медиҳад, балки онҳоро ба ҷаҳоне пайваст мекунад, ки дар он ҳар қадам бо технологияҳои пешрафта ҳамоҳанг аст.
Системаҳои ERP, CRM ва платформаҳои абрӣ, ки ба кор дароварда мешаванд, мисли наҳрҳое ҳастанд, ки обҳои зиндагиро ба ҳар гӯшаи ин «шаҳри неру» мерасонанд. Кормандони неругоҳ ҳоло метавонанд дар фазое фаъолият кунанд, ки суръат ва созгорӣ бо тамоюлҳои ҷаҳонӣ қисмати ҷудонашаванда аст.
Ояндаеро тасаввур кунед, ки дар он зеҳни сунъӣ ба муҳандисон ёрӣ мерасонад, то равандҳои мураккаби коркарди маълумотро бо суръат ва дақиқии бесобиқа анҷом диҳанд. Шуъбаи инноватсия ва рақамикунонӣ аллакай аввалин қадамҳоро дар ин самт гузоштааст. Илова бар ин, баланд бардоштани саводнокии рақамии кормандон қисми муҳимми кор аст. Омӯзиши онҳо натанҳо ба истифодаи технология, балки ба ташаккули фарҳанги эҷодӣ ва мутобиқшавӣ мусоидат мекунад. Ин фарҳанг заминае мегузорад, ки дар он неруи инсонӣ бо қудрати технология ба ҳам меоянд.
Сохторе, ки ба самти инноватсия ва рақамикунонӣ машғул аст, ба фаъолияти худ эътимоди қавӣ мебахшад, ки Неругоҳи барқи обии «Роғун» ҳамчун намунаи пешқадами ҳамкорӣ бо асри рақамӣ амал намояд. Бо роҳбарии одамони боистеъдод ва бо истифода аз технологияҳои навтарин Неругоҳи барқи обии «Роғун» ояндаи Тоҷикистонро равшан месозад. Аз дили кӯҳистон ба осмони ояндаи мамлакат нур меафканад, нуре, ки натанҳо аз неруи барқ, балки аз зеҳни инсонӣ ва қудрати ҳамоҳангии он бо ҷаҳон маншаъ мегирад.
Асри XXI, асри технология ва зеҳни сунъӣ ҷомеаи ҷаҳониро ба сӯи марҳалаи нави инноватсионӣ ва илмӣ мебарад. Дар ин раванд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати оқилона ва дурбинонаи худ Тоҷикистонро ба макони рушд ва ҳамгироӣ бо тамоюлҳои ҷаҳонӣ табдил додаанд.
Пешвои миллат ҳамеша ба истифодаи технологияҳои муосир ва татбиқи навовариҳо дар ҳама соҳаҳо таваҷҷуҳи хос зоҳир мекунанд. Дар Стратегияи рушди Тоҷикистон то соли 2030 бахши технология ва рақамикунонӣ ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятнок муайян гардидааст.
Зеҳни сунъӣ ҳамчун яке аз омилҳои асосии рушди технологӣ дар маркази таваҷҷуҳи Пешвои миллат қарор дорад. Бо ибтикори Президенти мамлакат дар Тоҷикистон тадбирҳои муҳим барои омӯзиш ва татбиқи зеҳни сунъӣ амалӣ мешаванд.
Имрӯз Неругоҳи «Роғун» тибқи дастуру роҳнамоӣ ва ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи нангу номус, майдони заҳмату меҳнат чун рамзи воқеии ватандӯстию меҳанпарастӣ, кафолати ободии имрӯзу фардои мардуми шарифи мамлакат, сарсабзии давлати соҳибистиқлол ва миллати офарандаю бунёдкори тоҷик тадбил ёфтааст. Таърих имрӯз бар дӯши мардуми озодаву худшиноси тоҷик рисолати бузург-бунёди “Кохи Нур”-ро вогузор намудааст, ки ин ҳам масъулияти азим ва ҳам ифтихору шарафи бузург аст. Чунин масъулият ва шарафи бузурги миллиро коргарону кормандони ин иншооти тақдирсоз таҳти раҳбарию раҳнамоии мутахассисони варзидаву корозмуда хуб дарку эҳсос мекунанд ва барои пешбурди хушсифати корҳо аз шароиту имкон пурсамар истифода мебаранд.
Бунёдгарони «Роғун» азми қавӣ доранд, ки тибқи дастурҳои раҳнамунсози Сарвари давлат ба сохтмони иншооти ифодагари орзуву ормонҳои ҳазорсолаи мардуми тоҷик вусъат бахшида, дар муҳлатҳои таъйиншуда иқтидори навбатии неругоҳро ба истифода диҳанд ва истиқлоли энергетикии мамлакатро комилан таъмин созанд.
Ҳақ ба ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки борҳо таъкид намуданд: «Он рӯз дур нест, ки мо ин иншооти тақдирсози Тоҷикистони азизро бунёд карда, барои ояндаи дурахшони Ватани аҷдодии худ ва зиндагии шоистаи фарзандонамон заминаи боэътимод мегузорем».
Ҳар миллате, ки мехоҳад дар фазои рақобати ҷаҳонӣ мавқеи худро устувор гардонад, бояд бо замон ҳамқадам бошад ва ҷараёнҳои нави илму технологияро дар сарнавишти худ ҷой диҳад. Аз ҳамин рӯ, Президенти Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ солҳои 2025-2030-ро Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон намуданд. Ин тасмим маънои оғози марҳалаи нави таърихиро дорад, ки дар он ояндаи мамлакат бо қувваи навоварӣ ва технологияҳои муосир равшан хоҳад шуд.
Дар ин панҷсола Тоҷикистон ба оянда қадамҳои ҷиддӣ мегузорад, то бо неруи рақамиёт ва инноватсия фазои зиндагии мардумро дигар кунад. Ин солҳо давраи эҳёи афкор ва имконот хоҳанд буд. Ҳар шаҳрванди тоҷик, аз деҳқони одӣ то муҳандиси соҳибистеъдод худро ҳамчун ҷузъи муҳимми ин тағйирот эҳсос хоҳад кард.
Ин солҳо солҳои эҷоди оянда хоҳанд буд, солҳои пайванд додани анъанаҳои пурғанои миллӣ бо замонавӣ, солҳои рушде, ки ҳар фарди кишвар ба худ метавонад бигӯяд: «Ман низ дар сохтани Тоҷикистони муосир саҳм мегузорам».
Шарораҳои ин иқдом Тоҷикистонро ба самти насли нав, насли ояндасоз мебарад. Бо ин ният мо ҳама якҷо қасрҳои нави илму фанновариро бунёд хоҳем кард.
Меҳриддин ТОҲИРЗОДА,
мудири навоварӣ ва рақамисозии соҳаҳои
иқтисодӣ-иҷтимоии НБО-и «Роғун»