РОМАНИ ПУРАСРОРИ ШОИР

Ғаффор Мирзо яке аз адибони сермаҳсули нимаи дуюми асри бисти мост, ки бо маҷмўаҳои зиёди ашъор, достонҳо, китобҳо барои бачаҳо, ҳикояҳои муассиру очеркҳои масъалагузор, тарҷумаҳо аз бузургони адабиёти дигар халқҳо ва мақолаҳои тунду тезу баҳсбарангезаш оид ба ҳаёту адабиёт шуҳрати сазовор дорад. Муаллифи нахустин ва алҳол ягона романи манзуми «Фарзанди ҳукумат» дар адабиёти тоҷик низ ўст ва ҳоло сухан аз хусуси он аст.

«Мавзўи «Асрор»-ро ман яке аз мавзўъҳои асосии эҷодиёти худ мешуморам, — навиштааст шоир дар муқаддимаи асари мазкураш. — Гаштаю баргашта ҳам ба воситаи назм, ҳам ба воситаи наср ба ин мавзўъ муроҷиат карданам маро ба андешае водор кард, ки сабабгори асосии қаламдаст гардидани ман ҳам ҳамин  мавзўст».

Дар ҳақиқат, паҳлуҳои гуногуни мавзўи «Асрор» дар назму насру публитсистикаи Ғаффор Мирзо ба таври гуногун борҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтааст ва достони ҳамноми шоир ҳам, ки ҳанўз дар соли 1957 навишта шуда буд, бозгўи он аст. Пас чаро баъди беш аз бист сол боз ба ин мавзўъ баргашта, дар баёни он романи манзуми зиёда аз панҷҳазормисраъӣ навишт?

Дар ҳамон сарсухан ба ин савол, мухтасар бошад ҳам, ҷавоб ҳаст: «Бо вуҷуди он ки вай (яъне, достони «Асрор» — Н.Қ.) дар вақташ ба хонанда ва танқид маъқул афтода буд, лекин бо мурури вақт, бо мурури таҷриба омўхтани худ аз нуқтаи назари нависандаи баркамол сол то сол ва бештар ба андешае одат кардам, ки достони «Асрор» ҳамчун асари фасли ҷавонӣ аз тасвири амиқи масъалаҳои иҷтимоӣ бебаҳра аст. Қариб ҳамаи воқеаҳо дар он нақл карда мешаванд, вале асос, сарчашмаи иҷтимоии онҳо кушода дода намешавад. Ин аст, ки боз панҷ соли ҳаёти эҷодии худро ба инъикоси нави мавзўи «Асрор» сарф карда, романи манзуми «Фарзанди ҳукумат»-ро навиштам».

Чунонки хонандаи муҳтарам медонад, романи мазкур ҳам асосан аз баёни саргузашти пурфоҷиаи тоҷикписари кўҳистонӣ Асрор ва аз шарофати парвардахонаи шўравӣ ба камолоти инсониву касбӣ расидани ў иборат аст. Зимнан тавассути ҳаёту фаъолияти персонажҳои зиёди романи манзум — модари бадбахти Асрор Ширинмо ва таззодқисматаш Азиза, писари ў ва ҷўраи Асрор Сафар, ки тарбияти ин модари озоду соҳибкасбро гирифтааст, наздикони Асрор — падараш Мусофир, модарандараш, апааш Мукаррам ва язнаи милисааш Каҷ, додараш Абдусаттор, аммааш, амакаш усто-Маҳмуди якдаст, момаи Зумрад ва момаи Ният, марди ҳамдеҳаи Асрор Дуло ва тифле, ки «мерафт ба сўи Ховалинг аз Сангтўда» ва Мукарраму Асрорро ба истиқомат дар хонаи бачаҳо талқин кард, ҳамкурси ношоистаи Асрор Бадал, лаҳзаҳои зиёди ҳаёти пурпечутобу пуркашмакаши қаҳрамони асосӣ мавриди тасвир қарор мегиранд.

Дар оғози романи манзум қаҳрамони асосии он, баъди чор сол ва бо мадади мўсафеди посбони таваллудхона, қабри апаашро меёбад ва савганд ёд мекунад,

Ки умрамро саросар мекунам сарф

Ба разми хайр бар зидди шарирон

Ва ҷон додан агар ояд зарурам,

Чу сарбози фидоӣ медиҳам ҷон!»

Зиндагии қаблии Асрор ҳам ҷонибдорӣ аз хайр ва, мубориза набошад ҳам, муқобилат ба шар аст. Вале як сағираи камбағалу дарбадар дар муқобили он ҳама нобаробарию ноадолатиҳое, ки муҳиташро пур карда буд, чӣ кор карда метавонист? Аз ин рўст, ки дили ҳассоси ў ҳамеша пурғам ва сари пурсавдояш ҳамеша дар андешаи беадолатиҳои дунёи пурғавғост. Ба фикри Асрор, ҳама бадбахтиҳои иҷтимоии мардумаш аз дунёи фосиду палиди аморати Бухоро сарчашма мегиранд. Деҳаи қаҳрамони асар — Вокак дар ҳудуди ин сарзамини тирагию ҷаҳолат, вале ҳамсоядеҳа — Искобул дар қаламрави Россияи подшоҳист ва ҳатто ҳамин мансубияти зоҳирӣ дар қисматҳои онҳо таъсиргузор аст.

Аморат! Мутлақиятро дар ин шакл

Фақат андар Бухоро офариданд,

Барои чашмро

аз косахона

Ҷаҳидан, рехтанҳо

 офариданд.

Россия, ҳарчанд подшоҳист, ба ҳадди аморати Бухоро зулму ситам ва тангбиниву таассуб надорад ва ҳатто:

Россия! Абрҳояш тира буданд,

Вале он тирагӣ аз барқ буд пур.

Ҳамин аст, ки ҳамсоядеҳаи Искобул маҳзари ҳавасу орзўи ҳамешагии Асрор ва ҳамтоҳои ўст, зеро:

Дар Искобул (ба бахташ

мебарам рашк)

Дари сўи аморат буд маҳкам.

Табиист, ки Искобул, чун як ҷузъи кўчаки қаламрави бузурги Россия аз ҳавои навгониҳо бархурдор аст, вале деҳаи Вокак, — ба ақидаи Асрор, — ба як хоби ҷаҳолат гирифтор буд, ки гўё ҳеҷ бедорӣ надошт.

Тазоди ду қаламрав, ду сохти иҷтимоӣ, ду тафаккуру ҷаҳонбинӣ ва ду сатҳу савия тазодҳои дигаре меофарад. Ҳамзамон дар ду деҳа ду духтарак ба дунё меоянд ва агар ба навзоди искобулӣ, ба қавли шоир, «Азиза — номи зебои китобӣ» бимонанд, Вокак ба тифли хеш номи вокакӣ — Ширинмо дод. Ҳарду  ҳам тифланду бо даводавҳои тифлӣ машғул, вале, аз назари муаллифи асару қаҳрамони асосиаш, яке рў ба Оянда дорад, дигаре — рў ба гузашта. Ва ин дар ҳар қадами онҳо мушоҳида мешавад. Масалан, вақте ки Азиза бемор мешавад,

…Қўқанд рафтанд,

Варо пеши табиби рус бурданд,

Давову маслиҳат аз ў гирифтанд.

Вале чун ба ҷони Ширинмо хатар таҳдид мекунад,

Варо мулло бихонду куфу суф кард,

Хате бинвишту дар

 гаҳвора бигзошт.

 Минбаъд низ бо санъати муқобилгузорӣ бисёр ҷиҳатҳои шахсияту воқеаҳо мавриди тадқиқ қарор мегиранд. Масалан, «Азиза ёри сарбозони Фардост», вале Ширинмо

Ба ақли кўтаҳаш андеша мекард:

«Ҳукумат мешудаст аз деҳқонон,

Чи суд? Аз ҳар ки ҳам ҳоким намонӣ,

Зи дастурхони деҳқон мехўрад нон».

Ятим мондани Асрор ва апаашу додараш дар даврони советӣ сурат мегирад, дар давроне, ки тибқи унвони асар ятимон «фарзандони ҳукумат» буданду ба қадри имкон парасторӣ медиданд. Вале дар он кунҷи кўҳистони тоҷик ҳанўз кам касон аз ин рухдод огоҳ буданд ва огоҳон низ бо теғу ханҷари ҷаҳолату таассуб истиқболаш мекарданд.

Шоир саргузаштҳои пуробичашми Асрору фарзандони падарашро бо санъатҳои зиёди бадеӣ, забони дар маҷмўъ равону фаҳмо ва сўзу гудози воқеан дилрас тасвир мекунад. Бесоҳибӣ, хориву зорӣ, ранҷу азоб тифлаки маъсум Абдусаттор — додари Асрорро ба ҳоле ё беҳолие расондааст, ки ҳатто қуввати гиря надорад ва шоир ин манзараро бисёр равшан нишон додааст:

На нон пурсад, на об ў ҳамчу кўдак,

На аз дарду алам дорад шикоят,

Чу он пире, ки аз минбаъда тақдир

Надорад ҳеҷ уммеди иноят.

 Чунин лаҳзаҳои пур аз драматизми зоҳириву ботинӣ дар роман кам нестанд. Масалан, ба хонаи бесоҳиби валангорашон баргаштани ятимакҳо, шаби аввал

Ва инак, гург. Ними шаб Мукаррам,

Ки буд шабзиндадорӣ одати ў,

Баногаҳ дид андар рахнаи дар,

Ки ҷондоре дарунро мекашад бў.

 Даҳшатро тасаввур кардед? — Шаб, хонаи тираву сарду вайрон, ду тифлаки танҳову гушнаву ташна (додаракашон қабл аз ин ҳодиса зору низор даргузашт) ва ҷонвари даҳшатноки низ гушнае, ки мекўшад танбаи дарро беҷо бикунаду назди луқмаҳои хоми хеш бидарояд… Бубинед, давоми он воқеаи мудҳишро ҳам чӣ аёну гўё ба қалам медиҳад шоир:

Ба ин фарёди як села Мукаррам

Қатӣ шуд доди як анбўҳ Асрор,

Саросема сараш аз рахнаи дар

Кашиду ҷонсарак бигрехт ҷондор.

Ба ҳамин тариқ, драматизми шадид саропои асарро фаро гирифтааст. Он, бахусус, дар саргардониҳои ятимакони хорузор, баъдан ҳангоми тасвири дуздидани сару либоси Асрор ва, вобаста ба қиссаи сигор, гирифтори туҳмат гардидани ў равшан эҳсос мешавад.

Мукаррам натанҳо худ тифли бадбахти ҳафтсолаест, балки боз бори ду тифли аз худ хурдтар — додараконаш Асрори панҷсола ва Абдусаттори сесоларо бар дўш дорад ва ин масъулият ўро ноилоҷ пеш аз вақту беш аз синну солаш бузургтар месозад.

Меҳру муҳаббати фарзанди падарии ўро шоир бо пораҳои муассиру дилрасе дар саросари асар ба қалам додааст. Масалан, лаҳзае, ки амакашон онҳоро дар сангов партофта меравад, собункаҳак чидану додараконашро бо меҳр, «фанди меҳрубони модарона» ва умеди «дўстдории калонҳо» шустани Мукаррами хурдсол дили ҳар хонандаеро ба дард меорад:

Ба кафки сабзранги турфа собун

Мукаррам шуст рўи додаронро,

Ки «рўи бачча гар покиза бошад,

Калонҳо дўст медоранд онро»…

Дар ин замони сериву пурӣ, вале қаҳти меҳру муҳаббати инсонӣ чи муассиру дилфишоранд чунин лаҳзаҳо!

Чунин як романи пуршўр аст «Фарзанди ҳукумат», ки давомаш талаби жанру тақозои шиддату вусъати воқеаҳо буд, вале, мутаассифона, бо чӣ сабабҳое идома наёфт.

Ғаффор Мирзо асосан шоири реалист, таҳкия, воқеанигор аст. Вале дар романи манзумаш лаҳзаҳову пораҳое дучор меоянд, ки дили аслан нозуку ҳассоси сирф лириконаашро бозгў мекунанд. Ў аслан ба шукўҳи ботинии сухан моил аст ва барои ба он ноил гардидан аз ҳама воситаҳои дастраси назм истифода мекунад. Дар романи манзуми «Фарзанди ҳукумат» — ин асари комилан реалистӣ, ки унсурҳои реализми сотсиалистиро ҳам дораду («ки онро ҳамчу динам меписандам») реализми танқидиро ҳам, ба қавли худи шоир, «бо хотири сотсреализм» ва ба хотири «ятимони ба шафқат муҳтоҷи Мусофир» ба тахайюлот бештар роҳ додааст ва натанҳо образеро бо ҳама кирдорҳои мусбиаш боварбахш бофтааст, балки унсурҳои фавқулреализмро корбаст намудааст.

Чунонки зикр шуд ва, табиӣ ҳам ҳаст, чунин асари калон бе корбасти санъатҳои зиёди бадеӣ дилчаспу дилнишин намебуд. Барои ихтисори ҳарф намунаҳои он зикр ва таҳлилу тафсирашон ба хонанда вогузор мешавад:

Ба сар гўё на мў, — жўлидаҷангал.

***

Таваллудхона.

Марди мўсафеде,

Ба риши тобааш пуф карда,

хоб аст.

***

Бизад як бори дигар раъд наъра,

Дусад дафъа баҳайбаттар

аз аввал,

Ки гўё санг холӣ кард ногаҳ

Яку якбора як милён самосвал.

***

Дусад хона ҷавонӣ рехт берун,

Ҷаҳон шуд обхези ширмаҳтоб.

***

Миёни ҳалқаҳо зарринамўе

Ба мисли шамъи сўзон менамояд.

***

Ба даҳр омад ду духтар

аз ду модар,

Ки чун ду қатра борони баҳоранд.

***

Биист, эй ландаҳур! Охир, ту аввал

Кадуи қоқи худро кор фармо.

Дар ин радиф шоир аз зарбулмасалу мақол ва ифодаҳои халқӣ зиёд истифода мекунад ва ҷо-ҷо сатрҳое меорад, ки мақол шуданашон аз эҳтимол дур нест.

Дар истифодаи луғат ҳам Ғаффор Мирзо муносибати хос дорад ва ин ҷиҳатро хонанда бе душворӣ мушаххас мекунад. Дар ин асар ҳам калимаҳои «система», «сотсреализм», «матрас», «петлитса», «погон», «советӣ», «худнигаҳдорӣ» (ба маънои «самосохранение») чун луғати хоси шоир табииву самимӣ истиқбол мешаванд, вале калимаҳои соф ба ў нохос, аз қабили «уқёнус», «давот», «идомат», «хулд», «фонӣ», «абно», «маъонӣ», «ар» (мухаффафи «агар»), «алъон», «тааб», «эҳё», «растохези миллӣ», низ бегона наметобанд.

Ҳамин муносибат бо қофия низ ба мушоҳида мерасад. Гузашта аз қофияҳои солиму носолим ва номақбул, шоир калимаҳоеро қофия мекунад, ки урфан ҳеҷ қофия нестанд, вале савтиёташон ба ҳам наздик аст ва бо як хондану гузаштан ҳамоҳанг ба гўш мерасанду чун қофия истиқбол мешаванд. Аз ин қабиланд «бо худ — шабохун», «ҳозир — бозӣ», «мавҷ — мавт», «ҷамъу гир — гиребонгир», «лақаб — рақам», «оташ — бо чашм», «карданд — гардан», «бадеӣ — ба деве». Бояд гуфт, ки чунин тарзи қофиябандӣ дар назми баъзе халқҳо, бахусус дар шеъри рус, роиҷу фаровон аст.

Калимаву ибора ва ҷумлаҳои пургунҷоиш низ дар роман кам нестанд. Масалан, «мазори зиндаҳо», ки аҳволи мардуми кўҳистонро дар охири ҳукмронии манғитиён равшан ифода мекард. Агар калимаи «ғарибак» аҳволи сағираҳои дар хонаву дари худашон бесоҳибро аёну вусъатнок ифода бикунад, ибораи «ба як аҳвол» ранҷу азоберо, ки дар гирудори санги калону тифлаки хурд воқеъ мешавад, басо гўё мефаҳмонад:

Ғарибак кулбаашро рўбу чин кард

Ва як санги калонро аз таги бед

Ба як аҳвол ғелонида овард,

Дарашро тамба кард, аз пой афтид.

Дар хусуси расоиву норасоиҳои ин асари дар жанри худ беҳамто дар вақташ навиштаву гуфта буданд, мо танҳо зикр мекунем, ки воқеан пораҳои аз ҷиҳати вазну қофия, забону баён, ифодаи тоҷиконаву шоирона эҳтиёҷманди коркард кам нестанд, аксари қаҳрамонҳо лаҳзавӣ буда, амиқ таҳқиқ нашудаанд, образҳои пешбар худ, ба дараҷае, ки мебояд, пешраву пешбар наянд ва, ниҳоят, сарнавишти образҳои муҳиме, чун Асрор, дўсти содиқи ў Сафар ва язнаи разилаш Каҷ мармузу мавҳум мондаанд.

Дар маҷмўъ роман бозгўи масъалаву мушкилаҳои зиёди равонӣ, аз ҷумла нақшу мавқеи зан дар ҷомеа, аҳаммияти донишу омўзиш дар ҳаёти ҳар шахс, ки боиси рушди ҷамъият мешавад, муносибати гуногуни донишҷўён ба касбу дониш, симои маънавии зиёӣ ва намояндаҳои ҳокимият, оид ба қонунияту иҷрои қонунҳост, ки дар роҳи бунёди ҷомеаи нав, давлати озоду ободи Тоҷикистон буданд ва бо заҳматҳои пайваста, дурусткориҳову нодурусткориҳои ногузири аҷдод ҳаллу бартараф гардиданд ё шаклу намуд дигар кардаву ҳанўз чун садди пешрафти ҷомеа мавҷуданд. Образи марказии асар Асрор на бо пассивию камфаъолиятии зоҳирӣ, ки мушоҳида мешавад, балки бо дили беқарору шуури бедор, эҳсоси шадиди адолатхоҳиву ҳақиқатҷўӣ саргузашти худро хонданиву хотирмон мекунад ва дар хотирҳо мемонад.

Низом ҚОСИМ

Дигар хабарҳо