Раҳҷӯи дили мардум

 Раҳҷӯи дили мардум

Ба муносибати 90-солагии шоири маҳбуби бачаҳо Алӣ Бобоҷон

Шоири варзида Алӣ Бобоҷон маҳбуби ҳамагон буду ҳаст. Як шарофати эҷодиёти Алӣ Бобоҷон ин аст, ки ниҳоят серпаҳлуст, дар жанрҳои мухталиф ва барои хонандагони гуногунсол иншо шудааст. Аз ин ҷост, ки асарҳои ӯ дастрасу фаҳмрасу дилраси доираи васеи хонандагонанд. Гузашта аз ин, сарфи назар аз он ки дар кадом намуду жанри адабӣ ва барои кадом синну соланд, дорои сабку услуби бисёр сода, фаҳмо, тасвирӣ ва самимию заминиянд.

Шахсан ман, ки ҳоло ин сатрҳоро менависам ва аз шогирдону ҳаводорони шоир Алӣ Бобоҷон ҳастам, дар хурдӣ бисёр мехостам, ки халабон шавам. Хаёлан дар осмони ҳафтум парвозҳо доштам ва ҳавопаймоҳои бузургро, ки хатти сайраш байни қитъаҳои олам буд, идора мекардам. Ҳамон солҳо аз куҷое шеъре хонда будам, ки бо дили ман ошно буд, мақсаду ниятҳои маро талқин мекард:

Ҳар касб андар мулкамон
Беҳтар бувад аз дигаре!
Бошӣ лётчик, дар ҳаво
Аз абр боло мепарӣ!
Хуб аст коне ёфтан
Аз кӯҳҳои нуқрасар,
Ё ки каналҳо кофтан
Дар даштҳои бесамар,
Гар хидмати ҳарбӣ равӣ,
Гардӣ чу аскарҳо ҷасур.
Касбе намудан интихоб
Бисёр мебошад зарур…

Ин шеър ба дилу хотири ман нақш баст. Ман инро дар ҳама ҷо барои худу дӯстонам мехонам. Чун калонтар шудаму ба шеъру шоирӣ дил бастам, дар мулоқотҳое, ки бо бачаҳо баргузор мегардид, андешаҳои хешро бо ҳамин сатрҳо тақвият медодам. Имони комил дорам, ки ин шеър аз даврони кӯдакӣ то имрӯз рисолати шеърии худро ба дараҷаи баланд анҷом додааст ва аҳаммияташ аз ҳарвақта дида камтар нест. Борҳо андеша кардам ва аз бисёр ҳамкасбонам пурсидам, ки ин шеъри кист, аммо муайян карда натавонистам. Солҳо баъд гиреҳи ин муаммо бароям боз шуд. Чӣ мегӯед, ки ин шеър, ки шарики якумрии ман аст, ба қалами устод Алӣ Бобоҷон тааллуқ доштааст ва дар китоби  шоир “Бачаҳои хуб” дарҷ гардидааст. Ман дар бораи китоби “Бачаҳои хуб” баъзе чизҳоро медонистам. Ин китобест, ки устодони адабиёти мо Абдусалом Деҳотӣ ва Боқӣ Раҳимзода номгузорӣ кардаанд ва ба чопаш фотеҳа додаанд. Китобро соли 1963 Нашриёти давлатии Тоҷикистон ба ҳусни хубӣ нашр кардааст ва барои шоир роҳи васеъ кушодааст, ки ба майдони адабиёт дилпурона ворид шавад. Аммо ман аминам, ки ин шеърро аз китоби “Бачаҳои хуб” нахондаам. Балки аз як нашрияи дигар, аниқтараш, аз як китоби дарсӣ хондаам.

Ман бо эҷодиёти устод Алӣ Бобоҷон, нисбат ба дигарон ошноии бештаре дорам. Зеро чун як мухлиси осори ӯ ва ҳамчун як мутахассиси адабиёти кӯдакон тамоми асарҳои тозанашри ӯро бо тааннию таҳаммул хондааму мехонам. Ҳамчунин, бо асарҳои манзуму мансураш, ки барои калонсолон иншо шудааст, шиносам. Хусусан, “Мусича”, “Гули бодом”, “Домулло Азизов”, “Парвози орзу”, “Некӣ ба некӣ”, “Намаки зиндагӣ”, “Осмондара”, “Зардолуи маҳтобӣ” ва дигар китобҳои ӯро бо шавқу ҳавсала хондаам. Аммо бо шеъри “Орзуҳои ширин”, ки зикраш дар боло рафт, во нахӯрдаам. Шоир бо кадом андешае ин шеърро ба китобҳои минбаъдаи хеш дохил накардааст. Ҳол он ки ин як шеъри хубу ибратомӯз аст.

Дарвоқеъ Алӣ Бобоҷон дар масъалаи шеъру шоирӣ нисбат ба худ ва нисбат ба дигарон бисёр сахтгир буд. Ба қавли устоди шодравон Муҳиддин Фарҳат, ҳангоми офариниши шеър “ба низому мароми сухан, ба хушоҳангии калому калимаю ибора, ба вазну қофияи солим диққати махсус медиҳад”. Аз дигарон ҳам тақозо мекард, ки ҳангоми шеър гуфтан, хусусан ҳангоми иншои шеър барои бачаҳо, ин талаботро риоя кунанд. Аз ин ҷост, ки шеърҳояш равону хушоҳангу гӯшнавозанд. Оҳангсозон ба онҳо оҳангҳои зебову шево мебанданд. Сарояндагон, чи кӯдакон, чи калонсолон, онҳоро бо шавқу завқ месароянд ва шунавандагон бо ҳавсалаю ҳавас гӯш мекунанд.

Бо мамнунияти тамом ва миннатдорӣ ба ёд меорам, ки шеъри аввалини маро дар рӯзномаи “Пионери Тоҷикистон” (ҳоло “Анбоз”) устод Алӣ Бобоҷон чоп кардааст. Чун шеъри ман ба “Пионери Тоҷикистон” ирсол шуда буд, устод маро ба воситаи дӯстони худ ба идораи рӯзнома хонд. Ман ӯро то ҳол надида будам. Ӯ он вақт як ҷавони 30-солаи хушлибос ва зебою нуронӣ буд. Ӯ маро хуш пазируфт, шеъраки ночизу шогирдо- наамро писандид ва дар айни замон аз душвориҳои роҳи пешакардаам огаҳӣ дод ва изҳори умед кард, ки саҳлангорӣ накунам, ягон чиз шуданам мумкин аст.

Ин воқеа дар яке аз рӯзҳои моҳи сентябри соли 1965 сурат гирифта буд. Ман аз он дам то замони барҳаёт буданаш саодати дидору суҳбати ӯро доштам ва аз маслиҳату меҳрубонияш бархӯрдор будам. Шахсоне, ки чун ман аз ӯ сипосгузоранд, бисёранд. Зеро ӯ маслиҳатгару дастгири ҷавонон буд ва ҳар киро, ки андаке истеъдоди фитрӣ дорад, дастгирию пуштибонӣ менамуд ва ёрии худро дареғ намедошт. Аз ин ҷост, ки мардум ӯро дӯст медоштанду ҳурмату эҳтиром мегузоштанд, адибони зиёде худро шогирдаш мешумориданд.

Ӯ як шоири боистеъдоду заҳматкаш ва пурмаҳсул буд. То имрӯз бештар аз 30 китобаш дар Тоҷикистон аз кишварҳои дигар ба нашр расида, ки 20-тои онҳо барои бачаҳо эҷод шудаанд. Шоир ҳамвора кӯшидааст, ки ба воситаи осори бадеию қиссаҳои ҳуҷҷатиаш розу ниёзи мардумро гӯяд ва ба дидаҳо роҳ ҷӯяд.

Ёдаш ба хайр бод!

Ҷӯра ҲОШИМӢ 

Дигар хабарҳо