Раҳнаварди ду ҷодаи равшан
Ба муносибати 70-солагии адиби шинохта Мансур Суруш
Муаллифи романи «Чала», қиссаву ҳикояҳои «Табъид», «Ду ранги тирамоҳ», асарҳои публитсистии «Гуноҳи деворбаст», «Нишони Азроил», «Намози бомдод», «Роҳ ба дуриҳо мерасад», «Ҳалвои оштӣ», «Ду боли як иқбол», «Паҳнои хотира», намоишномаҳои «Акси садои тӯлонӣ», «Ба куштани ман ҳанӯз фурсат хоҳед ёфт», «Шиквае аз ту надорам, асри ман», «Халифа – лаклак», «Обу оташ», барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ ва Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, нависанда ва рӯзноманигори шинохта Мансур Суруш 70-сола шуд.
Мансур Суруш адиби зуллисонайн аст, ба забонҳои тоҷикиву русӣ асарҳои бисёри хонданӣ навишта, дар муҳити адабии Тоҷикистон ва дар ҳавзаи русизабонони дохилу хориҷ ному мақоми хоса ёфтааст.
Ҷашни фархундаро ба адиби маъруф муборакбод мегӯем ва ба ӯ комёбиҳои рӯзафзун таманно мекунем.
М.Б.Ковтун,
номзади илми филология
***
Мутолиаи осори Мансур Суруш моро ба ин натиҷа овард, ки вай доим барои руҳи тоза дамидан ба жанру қолабҳо ва тозагии сабку равиши нависандагӣ талош дорад. Маҳсули саъю кӯшишҳояш дар ин масир очерку ҳикоёт ва ҳатто гузоришу хабарҳои пуршумораш мебошанд, ки аз ҷиҳати бархӯрд ба масъала фарқ мекунанд.
Суҳбатро дар бораи Мансур Суруш бояд аз зиндагиномааш оғоз кард. Ӯ соли 1954 дар ноҳияи зебоманзари Вахш дида ба ҷаҳон кушудааст. Соли 1977 риштаи суханшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ва баъдан – соли 1988 шуъбаи рӯзноманигории мактаби ҳизбии Тошкандро ба поён расонид. Ҳанӯз дар солҳои таҳсил дар факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатӣ, ки бо ибтикори профессори марҳум Воҳид Асрорӣ соли 1972 ташкил шуда буд, Мансур Суруш кори хабарнигориро дар рӯзномаи бонуфузтарини давр – «Тоҷикистони советӣ» оғоз кард. Ӯ дар эссеи «Сабақ барои тамоми умр» навиштааст: «Сарнавишт имконам дод, ки ҳанӯз аз замони донишҷӯӣ ба ҳайти эҷодии рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» бипайвандам ва аз он ҷо назокатҳои кори рӯзноманигориро омӯзам».
Он вақт Мансур Суруш ҳамчун тарҷумони мақолаҳо, очеркҳо, памфлету фелетонҳо аз тоҷикӣ ба русӣ кор мекард ва бештари ин навиштаҳо ба қалами рӯзноманигорони нашрияҳои марказии шуравӣ тааллуқ доштанд. Лозим ба зикр аст, ки аз ҳамон вақт дар ҷараёни кор бо маводи қаламкашони дигар адиби ҷавон мекӯшид, ки мантиқи андешаву мулоҳизаҳои ононро дарёбад, вежагиҳои сабки навишторашон ва махсусияти жанрҳои бадеиву публитсистиро дарку эҳсос кунад.
Фаъолият дар нашрияҳо барои рушду камоли ҳунари нависандагиву рӯзноманигории адиби ҷавон ба масобаи мактаби бузурге буд. Мансур Суруш бо гузашти муддате ба ҳайси мухбири рӯзномаи русии «Коммунист Таджикистана» (ҳоло «Народная газета») дар вилояти Суғд ва баъдан ҳамчун мудири шуъбаи ҳафтаномаи бонуфузи «Адабиёт ва санъат», ҷонишини сармуҳаррири маҷаллаи «Тоҷикистон» пурмаҳсул фаъолият кард ва соҳиби ному эътибор гардид. Ӯ дар ин марҳала аллакай гарму сарди рӯзгорро дида ва дар кӯраи замон пухтаву расида буд. Аввалин мақолаҳои аёнгари мушкилот ва очеркҳои проблемавии рӯзноманигори ҷавон дар охири солҳои ҳафтодум интишор ёфтанд.
Фаъолият дар нашрияҳои «Адабиёт ва санъат», «Тоҷикистон» ва дигар ҷаридаҳо таҷрибаи Мансур Сайфиддиновро ғанитар, қаламашро бурротар ва диди оламу одамшиносияшро фарохтар кард. Дар оғози солҳои 90 ӯ дар баробари иншои матлабҳои рӯзноманигорӣ ба эҷоди ҳикояву новелла низ рӯй овард. Бо эътимоди қавӣ аз ҳикояву очерк ба жанрҳои бузургтар руҷуъ намуд, дар миёнаи солҳои 90 ба навиштани роман машғул шуд.
Мансур Суруш натанҳо дар ҳудуди Тоҷикистон, балки дар Маскав, дар дигар марказҳо ва баъдан дар густараи Иттиҳоди Шуравӣ ба чеҳраи шинохтаи журналистика табдил шуд ва дар борааш бо меҳр сухан мегуфтанд. Ҳанӯз пеш аз чопи аввалин китобаш, дақиқтар бигӯем, соли 1992 барои саҳми шоистааш дар журналистика бо ҷоизаи ба номи А. Лоҳутӣ сарфароз гардид. Ҳоло ӯ ҳамчун носир, драматург, тарҷумон ва рӯзноманигор машҳуру маъруф аст. Ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ асар менависад.
Асарҳои алоҳидаи М. Суруш аз соли 1993 чоп шудаанд. Дар оғози солҳои навадум адиб маҷмуаи «Табъид» («Изгнание»)-ро, ки ҳикояҳо ва очеркҳои дар имтидоди 15 сол (1978-1993) навиштаашро дар бар мегирифт, мураттаб кард.
«Табъид» аввалин маҷмуаи ҳикояву очеркҳои М. Суруш аст, ки тавассути нашриёти «Адиб» дар солҳои сахту душвор ва барои Тоҷикистони нав ба истиқлол дастёфта сарнавиштсоз чоп шуд. Ин маҷмуа баъди чоп зуд таваҷҷуҳи хонандагон ва аҳли нақду пажуҳишро ба худ ҷалб кард. Китоб 16 асари ҳаҷман хурд, вале мазмунан амиқ, аз ҷумла қиссаи «Табъид»-ро, ки номи маҷмуа аз он гирифта шудааст, фаро гирифтааст. Бо таваҷҷуҳ ба қиссаву ҳикоёти «Чаковак», «Девони Ҳофиз», «Никоҳи мусулмонӣ», «Васияти Даҷҷол», «Ҳалвои оштӣ», «Табъид» ва чанди дигар метавон гуфт, ба майдони адабиёт адибе баҷуръат қадам ниҳод, ки ба воқеаҳои атроф назари хос дошт, аз мавқеи инсони муосир ба таърих менигарист, азм дошт, ки таҷрибаҳои зиндагиро бозтоб диҳад ва рисолати худро иҷро намояд.
Ба нахусткитоби М. Суруш публитсисти шинохта Масъуд Муллоҷонов бо номи «Равзанае ба дунёи бузург боз кун» пешгуфтор навишт. Дар ин пешуфтор аз ҷумла зикр шудааст: «Нависанда мекӯшад, ки равзанаи худро ба рӯи зиндагӣ боз кунад. Қариб ҳама ҳикояву қиссаҳое, ки дар ин китоб ҷамъ омадаанд, маҳсули таҷрибаҳои худаш ва рӯзгори ба сар бурдаи худаш мебошанд. Адиби ҷавон дар рӯзгори ноороми мо, дар замоне, ки кишварҳои собиқ шуравӣ байни ҳам чандон робитаи наздик надоранд, барои интишори осораш арсаи васетарро ҷустуҷӯ мекунад. Ин, ба назари ман, кори дуруст аст, зеро ҳунарро дар доираи як миллат маҳдуд кардан мумкин нест. Муҳим аст, ки муаллифи китоб ин нуктаро аз ҳоло дарк кардааст».
Тавре ки аз асари шарҳиҳолии «Оғози оғоз»-и М. Суруш пайдост, ӯ натанҳо ба забонҳои тоҷикиву русӣ асар менависад, балки фаъолияти пурбори тарҷумонӣ ҳам дорад. Дар зиндагиномае, ки ба қалами худи адиб тааллуқ дорад, омадааст: «Дар тӯли ин ҳама солҳо ман осори насрӣ, саҳнавӣ менависам, таҳрир мекунам, баъзе асарҳоро аз тоҷикӣ ба русӣ ва аз русӣ ба тоҷикӣ бармегардонам. Маро ба узвияти Иттифоқи нависандагон ва журналистон пазируфтанд, Дар умум, ман аз дер боз барои ҳамеша ба асорат афтодаам, асорате, ки шоири гурҷӣ Паоло Яшвили дар борааш гуфтааст: «Эй сухан, эй машаққати ширин!»
Ба эътирофи худи нависанда, дар дунёи бадеии М. Суруш байни махсусиятҳои забонии ду халқ (тоҷику рус) пайванди аҷибест. Дар ин маврид ба қиссаи «Оғози оғоз» рӯй меорем: «Вақте ки пушти мизи кор менишинам, намедонам, ки афкорам ба кадом забон – тоҷикӣ ё русӣ рӯйи коғаз меояд. Ба назарам, вожаҳои даркорӣ мисли парандагон аз ду лона пар мекашанд ва аз якдигар пеш гузашта, дар атрофам чарх мезананд. …Ҳамин тавр вақте ки ба забони модарӣ менависам, хаёл мекунам, ки дар ин лаҳза забони русӣ ба шонаи қавии он менишинад ва ҳангоми танаффус парвозро идома медиҳад. Ва бараъакс, вақте ки забони навишторам русист, забони тоҷикӣ гӯё дар ин лаҳза ба шонаҳои паҳлавононаи бародараш нишаста, барои парвозҳои дур омода мешавад».
Дар ҳамон асари шарҳиҳолӣ андешаҳои дигари адибро низ мехонем. Ӯ менависад: «Тардиде нест, ки ҳолномаи нависанда ва ҳунарманд аслан дунёи ботинӣ, таърихи такомули маънавию руҳонӣ ва роҳи ҳақҷӯйии ӯст, ки дар навиштаҳояш бозтоб меёбад. Вале оё мешавад зиндагии дарунии нависандаро аз олами берунӣ, аз он ҷое, ки сиришти ӯро шакл дод, аз мабдаъу оғозгоҳ, аз хаёлоту хотироте, ки эҷодиёташ аз онҳо сарчашма мегирад, ҷудо карду байнашон девор бардошт? Инҳо ҳамчун ду тори як дуторанд, ки мусиқӣ ва суруди асилро ба вуҷуд меоваранд».
…Мансур Суруш тарҷумони пуркорпу пурмаҳсул низ ҳаст. Дар тарҷумаи ӯ чанд китоб барои кӯдакон, қиссаи Саидалӣ Саид, ҳикояҳои ибратомӯзи Муҳаммад Авфии Бухороӣ, ҳикояҳои барои кӯдакон навиштаи Ӯрун Кӯҳзод, романи «Садама ё достони як марди саргардон»-и Саттор Турсун ва ғайраҳо ба забони русӣ чоп шудаанд.
Дар байни тарҷумаҳое, ки адиб аз тоҷикӣ ба русӣ анҷом додааст, «Тоҷикон дар оинаи таърих»-и Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷойгоҳи махсус дорад. Соли 1977, вақте ки нависандаи номвар Темур Пӯлодов аз сафари Душанбе ба Маскав бармегашт, таассуроташро дар бораи фарҳангу адабиёти Тоҷикистон ва адибони ҷавони тоҷик ба қалам овард. Дар радифи дигар навиштаҳо мақолае дар бораи романи «Чала»-и Мансур Суруш низ дар маҷаллаи «Наш современник» интишор ёфт. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки асари мазкур аз ҷониби маҷаллаи муътабар ва аҳли адаби рус пазироии гарм ёфтааст. Т. Пӯлодов дар ин мақола навиштааст: «Вақте ки бо ашъор ва қиссаҳои адибони ҷавони тоҷик ошно мешудам, симои тозаи адабиётро дидам. Аз байни чизҳои хондаам беш аз ҳама романи «Чала»-и Мансур Суруш диққатамро ҷалб кард».
Аз русӣ тарҷумаи Т. ХАЛИЛӢ