Расида авҷи Фирдавсӣ ба гардун

 Расида авҷи Фирдавсӣ ба гардун

Ба номи накӯ гар бимирам, равост,
Маро ном бояд, ки тан маргрост.
                                                                    Фирдавсӣ

«Агар мо бихоҳем, ки ҷовидон дар ин сарзамин рӯҳи Фирдавсиро зиндаву покиза нигаҳ дорем ва худро вориси воқеии ӯ бидонем, бояд ҳамаи андарзҳои ӯро ҳифз намуда, тибқи онҳо амал бикунем, баҳри оромишу осоиш, ваҳдату ягонагӣ ва пойдор гардидани сулҳ ба ҷон бикӯшем», – мегӯянд Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Ва ба қавли Ризошоҳ Паҳлавӣ, «эй кош, ҳазорҳо аз қабили Фирдавсӣ дар ин мамлакат пайдо мешуданд, имону ишқ ба Ватанро дар мардуми ин, мамлакат дар тӯли аъсору қурун эҷод мекарданд ва мамлакати мо ба хотири ҳамин ашъору ривоёту достонҳои таърихӣ зинда аст ва мардум бо шунидани онҳо ба ваҷду сурур дармеоянд ва худро ба аҷнабӣ намефурӯшанд ва миллияти худро аз ёд намебаранд».

Воқеан, Ризошоҳ ин абёти Фирдавсиро ҳамвора ва ба таваҷҷуҳи хос гӯш мекардааст:

Чу Эрон набошад, тани ман мабод,
Бад-ин буму бар зинда як тан мабод!

                                     ***
Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,
Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.

Мусаллам аст, ки Фирдавсӣ шоири паёмрасон аст. Лиҳозо, мо дар «Шоҳнома» ба паёмҳои гуногуни ӯ рӯбарӯ мешавем. Ба қавли худи шоир:

Ҳам аз оштӣ рондаму ҳам зи ҷанг,
Сухан гуфтам аз ҳар даре ранг-ранг.

Дар ҳақиқат, Фирдавсӣ ҳазорон мавзуъро дар «Шоҳнома» ҷой додааст. Бинобар ин, Файёзи Хуҷан­дӣ мегӯяд:

Зи «Шаҳнома» он кас, ки дорад хабар,
Бубинад дар он ҷо ҳазорон ҳунар.

Аммо нахустин паёми Фирдавсӣ аз хирад аст, яъне беҳтарин неъмате, ки Худованд ба инсон ар­зонӣ доштааст ва раҳнамои ӯ дар ин сарою он сарой аст. Ба андешаи ӯ:

Хирад раҳнамою хирад дилкушой,
Хирад даст гирад ба ҳар ду сарой.

Воқеан, «Шоҳнома» бо васфи хирад шуруъ ме­шавад:

Ба номи Худованди ҷону хирад,
К-аз ин бартар андеша барнагзарад.

Агар мо хирадномаҳои Фирдавсиро дар як ҷо ҷамъ оварем, афзун аз як ҷилд мешавад, аммо дар ин мавқеъ бо овардани як намуна иктифо менамоем:

Хирад афсари шаҳриёрон бувад,
Хирад зевари номдорон бувад.
Хирад зиндаи ҷовидонӣ шинос,
Хирад мояи зиндагонӣ шинос.

Албатта, васфи хирад дар илму адабу фарҳанги мо суннати дерина дорад. Мо ин мавзуъро дар осори паҳлавӣ, ба вежа «Пандномаи Бузургмеҳр», «Панд­номаи Анӯшервон», «Андарзи Хусрави Қубодон», «Аҳди Ардашери Бобакон», «Минуи хирад» ва ғайра боздид менамоем. Аммо авҷи хирадситоиро мо дар «Шоҳнома» мебинем. Он хирадномаҳо имрӯз барои сохтани як ҷомеаи хирадсолор бароямон маводи фа­ровон медиҳанд. Бинобар ин, мутолиаи «Шоҳнома», ҳифзи хирадномаҳои Фирдавсӣ ва дар амал татбиқ кардани онҳо вазифаи ҷонии мо, ба вежа ҷавонон ва дастури зиндагии эшон маҳсуб мешавад. Беҳуда Фирдавсӣ нагуфтааст:

Ҳамеша хирадро ту дастур дор,
Бад-ӯ ҷонат аз носазо дур дор!

Пас аз хирад мо мерасем ба дониш, ки Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» тараннум кардааст. Дар ин замина ӯ идомадиҳанда ва баавҷрасонандаи ин мавзуъ дар осори Рӯдакӣ, Абушакур ва дигар шоирони пеш аз худ мебошад. Рӯдакӣ гӯяд:

То ҷаҳон буд аз сари одам фароз,
Кас набуд аз роҳи дониш бениёз.

Абушакуррост:

Биёмӯз, то зиндаӣ, рӯзу шаб,
Чунин гуфт доно, ки бикшод лаб.

Аммо авҷи донишситоиро мо дар ин байти ма­шҳури Фирдавсӣ пайдо мекунем, ки ҷанбаи фалсафӣ дорад:

Тавоно бувад ҳар ки доно бувад,
Ба дониш дили пир барно бувад.

Баъди хираду дониш мо дар «Шоҳнома» ба васфи сухан ва суханварӣ рӯбарӯ мешавем, зеро сухан ҷон аст, аслиҳаи набард аст, мекушад, зинда мекунад, яъне чун шамшер аст. Лиҳозо, дар сухан гуфтан бояд эҳтиёт кард, аз неку бади он андеша намуд. Ба қавли Фирдавсӣ:

Пажӯҳиш намою битарс аз камин,
Сухан ҳар чи бошад, ба жарфӣ бубин.

Аммо асоси «Шоҳнома»-ро паёми ватандӯстӣ ташкил медиҳад. Воқеан, ин абёти Фирдавсӣ ба масобаи гимн дар ин асар садо медиҳад. Бинобар ин, зиёда аз 1000 сол аст, ки дар фазои зиндагии мо танинандоз аст. Ба мо, бавежа ҷавонон, ҷасорат, далерӣ, меҳандӯстӣ, садоқат, силаҳшӯрӣ, пайкорҷӯӣ, родмардӣ, паҳлавонӣ, қаҳрамонӣ меомӯзад:

Нигаҳ кун бад-ин лашкари номдор,
Ҷавонони шоистаи корзор.
Зи баҳри бару буму фарзанди хеш,
Зану кӯдаки хурду пайванди хеш
Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,
Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.

Тавре ки дар боло гуфтем, «Шоҳнома» мавзуъҳои гуногунро фаро мегирад ва Фирдавсӣ дар он паёмҳои мухталиф ба инсонҳо, хусусан ҳамватанони худ, медиҳад. Аз сулҳу оштию адлу инсоф то ба озор нарасондан ба мӯри донакаш:

Маро оштӣ беҳтар ояд зи ҷанг,
Набояд гирифтан чунин кор танг.

                           ***
Маёзор мӯре, ки донакаш аст,
Ки ҷон дораду ҷони ширин хуш аст.

Зимнан бояд гуфт, ки Фирдавсиро аҳли илму адаб дар дарозои таърих фаровон сутудаанд ва ҷойгоҳашро баланду дастнорас ба қалам додаанд. Намунаҳои зер андаке аз бисёранд:

Офарин бар равони Фирдавсӣ,
Он ҳумоюннажоди фархунда.
Ӯ на устод буду мо шогирд,
Ӯ худованд буду мо банда.
                                               Анварии Абевардӣ

Сиккае, к-андар сухан Фирдавсии Тӯсӣ нишонд,
То напиндорӣ, ки кас аз зумраи фурсӣ нишонд.
Аввал аз болои курсӣ бар замин омад сухан,
Ӯ дигар бораш ба боло бурду бар курсӣ нишонд.
                                                                                          Ибни Ямин

Аммо, ба қавли устод Айнӣ, касе мисли худи ӯ натавонистааст «Шоҳнома»-ро васф намояд. Дар ин замина фахрияи ӯ дар шеъру адаби мо беназир аст:

Биноҳои обод гардад хароб
Зи борону аз тобиши офтоб.
Пай афкандам аз назм кохе баланд,
Ки аз боду борон наёбад газанд.
Бад-ин нома бас умрҳо бигзарад,
Бихонад, ҳар он кас, ки дорад хирад.
Намирам аз ин пас, ки ман зиндаам,
Ки тухми суханро парокандаам.
Ҳар он кас, ки дорад ҳушу рою дин,
Пас аз марг бар ман кунад офарин.

Бинобар ин, мо бояд имрӯз беш аз ҳар вақти дигар рӯ ба «Шоҳнома» биёрем, шоҳномахонӣ кунем, зеро «Шоҳнома» ёдгори беназир, бегазанд ва ҷовидонии миллати тоҷик аст. Фирдавсӣ шоири беҳамто ва нобиғаи адабиёти мост. Ӯ шоири ҳувият­соз, ифтихорофарин, зиндакунандаи Аҷам ва аҳли он аст. Ӯ худ бад-ин маънӣ гуфта:

Басе ранҷ бурдам дар ин сол сӣ,
Аҷам зинда кардам бад-ин порсӣ.

Инро ҳам бояд донист, ки мо баъд аз 1000 сол орзуҳои Фирдавсиро дар як гӯшаи Эронзамин – Тоҷикистон ҷомаи амал пӯшондем. Аз ин хотир, мо бояд аз миллати худ, кишвари хеш дифоъ бинамоем, онро дӯст дорем, худшиносу худогоҳ бошем, дасти бадхоҳонро аз Ватанамон кӯтоҳ кунем, тавре ки шоир ҳазор сол қабл ба мо дастур додаву васият карда буд:

Биё, то ҷаҳонро ба бад наспарем,
Ба кӯшиш ҳама дасти некӣ барем.

                          ***
Набошад ҳаме неку бад пойдор,
Ҳамон беҳ, ки некӣ бувад ёдгор.

Аз ин лиҳоз, мо, пеш аз ҳама, бояд худи «Шоҳнома»-ро бихонем, баъдан, тадқиқотеро, ки дар кишвар ва хориҷ аз он дар бораи он кардаанд, ба даст оварем, биёмӯзем, то битавонем ба дигарон биёмӯзонем. Дар он сурат мо қарзи фарзандии ху­дро дар пеши ин хуршедсавори сухан ва қаламкаши бузург ба ҷо меорем. Аммо мо бояд аз «Шоҳнома» афкореро биҷӯем ва корбаст намоем, ки мута­раққӣ бошанд, ба дарди имрӯзи мо ва кишварамон бихӯранд. Шоир беҳуда ба мо дастур надодааст:

Қиссаи Заҳҳок, ҳамэдун, бихон,
Номаи Ҷамшеду Фаридун бихон!
Неку бад аз дафтари эшон биҷӯй,
Нек бар хотир куну бадро бишӯй!

Лозим ба ёдоварист, ки миллати мо танҳо дар асри гузашта шоирони миллии худ, аз ҷумла Фирдав­сиро шинохт, зеро баъди фурӯпошии давлати мил­лии Сомониён осори шоирони миллиамон дар мак­табу мадрасаҳо омӯхта намешуд. Шоҳону амирони бегона, шоирони маддоҳ фирдавситезӣ мекарданд, монеи хондани осораш мешуданд. Аввалин касе, ки бунёди шоҳномаситезиро гузошт, Султон Маҳмуди Ғазнавӣ буд. Ӯ баъд аз хондани «Шоҳнома», ки ғояи он дар муқобили сиёсати ӯ буд, гуфт: «Ҳамаи «Шоҳ­нома» худ ҳеҷ нест, магар ҳадиси Рустам ва андар сипоҳи ман ҳазор мард чун Рустам ҳаст». Дар ҳамин замон буд, ки асарҳое чун «Маҳмуднома», «Тоҷул­футуҳ», «Давлатнома», «Умарнома» навиштанд, то мардум «Шоҳнома» нахонанд. Аммо, баръакс, мардум «Шоҳнома» мехонданд, ҳатто султонҳои Салҷуқӣ дар майдони разм байтҳои «Шоҳнома»-ро мехонданд ва ҷон ба ҷонофарин медоданд. Аммо, ба ҳар ҳол, Фирдавсӣ маҳз дар асри гузашта зинда шуд. Номаш вирди забон гардид, осораш ба барномаҳо ворид шуд. Ба қавли устод Турсунзода:

Суруди Рӯдакӣ шуд зинда акнун,
Расида авҷи Фирдавсӣ ба гардун.

Ниҳоят, маҳз ба шарофати Истиқлол ва дастури Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба олимон супориш дода шуд, ки матни «Шоҳнома»-ро омодаву чоп намоянд ва ройгон дар дастраси мар­дум қарор бидиҳанд. Ин бузургтарин рухдод барои миллати мо маҳсуб мешавад, зеро дар таърихи мавҷудияти миллати мо бори аввал «Шоҳнома» ба ҳар хонадон тақдим мегардад. Аз ин рӯ, мо ҳақ до­рем, ки аз забони шоир ба зодгоҳи Фирдавсӣ, ба Тӯс паём бифиристем ва бо сари баланд бигӯем, ки, эй пайғамбари сухан, Фирдавсии сеҳрофарин, орзуҳоят маҳз дар кишвари мо баъд аз 1000 сол бароварда шуд, рӯҳи миллӣ ғалаба намуд, адолат тантана кард ва дар фазои зиндагиамон танинандоз гардид:

Аё бод, бигзар суи хоки Тӯс,
Пур аз нофа кун мағзи ҷонро зи бӯс.
Ба Фирдавсӣ аз ман расон ин паём,
Ки имрӯз гетӣ туро шуд ба ком…

Ҷамолиддин САИДЗОДА

Дигар хабарҳо