РАВШАН РАҲМОНӢ

РАВШАН РАҲМОНӢ 28 ноябри соли 1954 дар деҳаи Пасурхии ноҳияи Бойсуни вилояти Сурхондарё ба ҷаҳон омадааст. Соли 1972 мактаби миёнаи рақами панҷи деҳаро ба поён расонда, ҳамон сол донишҷӯи факултаи филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин шудааст. Пас аз хатми донишгоҳ (1977) дар Кумитаи радио ва телевизони ҷумҳурӣ (1977-1978), сипас дар ДМТ ба ҳайси мудири кабинети методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик (1978-1981) кор кардааст.

Аз 16 марти соли 1981 то 27 августи соли 1985 дар Донишгоҳи Кобул кор кард. Дар фурсатҳои муносиб аз байни тоҷикони Афғонистон ва ҳамзабонони қавмҳои дигар маводи зиёди фолклорӣ гирд овард. Зимни вазифаи аслии хеш, ки тарҷумаи дарсҳо буд, шабҳо пас аз кор бо ҳамкории таърихшинос профессор Ҷалолиддин Сиддиқӣ китоби «Тоҷикон»-и Б.Ғафуровро аз алифбои крилӣ ба алифбои форсӣ баргардон кард, ки барои худшиносӣ ва ваҳдати миллии ҳамзабонон нақши муҳиме бозидааст.

Равшан Раҳмонӣ аз байни ҳамзабонони афғонистонӣ бо ёрии донишҷӯён қариб 20 ҳазор саҳифа ва бештар аз сад касет маводи фолклорӣ гирд оварда, намунаҳои онро дар се ҷилд китоб зери унвони «Намунаҳои фолклори дарӣ» (Кобул, 1984) ба нашр расонид.

Пас аз баргаштан ба Тоҷикистон боз ба фаъолияти омӯзгорӣ ва илмӣ шурӯъ намуд. Омӯзгори ДДТ (1985-1986), асперанти Институти кишварҳои Осиё ва Африқои Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В.Ломоносов (1986-1989), корманди пешбари илмии Лабороторияи бостоншиносӣ, этнография ва фолклори ДМТ (1990), муаллими калони Кафедраи умумидонишгоҳии забон ва адабиёти тоҷики ДМТ (1991-1993), дотсент (1993), докторант (1993-1997) буд. Аз соли 1997 аввал ҳамчун дотсенти кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикӣ ДМТ (1997-2001) ва профессори ҳамин кафедра (аз 2000- то имрӯз) кор мекунад. Аз соли 2006 ҳамзамон сардабири маҷаллаи «Пайванд»-и созмони байналмилалии «Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – Пайванд» аст.

Рисолаи номазадии худро зери унвонҳои «Назми шифоҳии таълифии даризабонони Афғонистони муосир» (Москва, 1989) ва рисолаи докториашро таҳти унвони «Афсонаҳои мардуми форсизабон дар сабти имрӯз (Масъалаҳои истилоҳ, хусусият, таърих, репертуар, вазъият ва маҳорати афсонагӯён дар асоси пажӯҳиши майдонӣ)» (Душанбе, 1998) дифоъ намудааст.

Ӯ раиси Пажӯҳишкадаи «Мардумшиносӣ» (аз 1992-2005), бунёдгузор ва сардабири нахустин гоҳномаи фарҳанги мардум «Мардумгиёҳ» (аз 1993-2003) буд.

Бо пажӯҳиши фолклор, адабиёт, таърихи гуфторӣ, этнографияи тоҷикон ва форсизабонони Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон ва тоҷикони Ӯзбекистон машғул аст. Муаллиф ва таҳиягари 35 китоб ва бештар аз 500 мақолаҳои илмӣ ва оммавӣ мебошад, ки аз ҷумла 15 китоб ва мақолаи зиёди илмии эшон дар кишварҳои хориҷӣ ба нашр расидааст. Дар асарҳояш бахшҳои гуногуни фарҳанги тоҷикони ҷаҳон ва мардуми ориёитаборро мавриди таҳқиқ ва таҳлил қарор гирифтааст.

Китобҳои зерини ӯ дар дохил ва хориҷи кишвар чоп шудааст: «Намунаҳои фолклори дарӣ» (дар 3 ҷилд, Кобул, 1985), «Простонародная литература современного Афганистана (дар 2 ҷилд, М., 1994); «Афсонаҳои дарӣ» (Теҳрон, 1994, 1998); «Шавғот (Афсонаҳои форсӣ ва маҳорати як афсонапардози эронӣ)» (Д., 1996); «Шугҳои Бухоро дар сабти Равшани Раҳмонӣ» (М., 1997); «Қиссаҳо, ривоятҳо ва дуоҳои Бухоро дар сабти Раҳмонӣ» (Д., 1998); «Сказки сказочники персоязычных народов» (М., 1998); «Афсона ва жанрҳои дигари насри шифоҳӣ» (Д., 1999); «Проблемы устной поэзии и прозы в творчестве персоязычных народов» (М., 2000); Роҷеъ ба таърихи гирдоварӣ, нашр ва омӯзиши адабиёти омиёнаи тоҷик. (Washington DC – 2000, ба форсӣ), «Conversations with Dauvlat Khalav. Oral narratives from Tajikistan» (М., 2000, ҳаммуаллиф бо М.Миллс), «Таърихи гирдоварӣ, нашр ва пажӯҳиши афсонаҳои мардуми форсизабон» (Д., 2001; Теҳрон, 1380=2001); «Tajik Women as Folktale Tellers: Tales in tradition (With video-records)» (Будапешт, 2002); «Афсонаҳои нодир» (Пешовар, 2003, 2005); «Тамаддуни ориёӣ (маҷмӯаи гуфтугӯҳо)» (Д., 2006); «Фиристодаи доно ва тавоно» (Д., 2006), «Достони Барзу дар гуфтори Ҷӯра Камол» (Д., 2007), «Эҷодиёти гуфтории мардуми тоҷик» (Д., 2008), «Роҳнамои гирдоварии фолклори тоҷик» (Д., 2009, 2010), «Баёзи эҷодиёти гуфтории мардуми тоҷик» (дастури таълимӣ) (Д., 2010), «Як афсона дар баёни чор насл» (Пажӯҳш ва матн) (Д., 2011), «Фарёди бесадо» (Гуфтугӯ бо доктор Асадуллоҳ Ҳабиб) (Д., 2011), «Замоне бо Ғафуров ҳамкор будам» (Гуфтугӯ бо профессор Ҷаҳонгир Дуррӣ) (Д., 2012), «Фарҳанги ориёӣ ва тоҷику Тоҷикистон» (2012), «Муши тиллоӣ» (2012), «Наврӯзи ориёии тоҷикон» (2013), «The Story of Barzu: As Told by Two Storytellers From Boysun, Uzbekistan». (Leiden University Press, 2013), «Насри гуфтории тоҷикони Бухоро» (Д., 2014) ва ғайра.

Беш аз 150 мақолаҳои ӯ дар ЭМТ, Донишномаи фарҳанги мардум ва энсиклопедияҳои Эрон, Олмон, Амрико низ ба нашр расидааст.

Чандин ҳикоя, афсона ва ҳамчунин асарҳои зиёди публитсистии ӯ дар матбуот чоп шудааст.

Раҳмонӣ беш аз 40 сол аст, ки бо гирдоварии маводи фолклорӣ ва этнографӣ машғул аст. Ҳоло дар бойгонии ӯ беш аз 50 ҳазор саҳифа дастнавис, 12 000 сурат, 522 касет, 84 навори видео оид ба фолклор, расму оин, таърихи гуфторӣ, гуфтугӯҳо мавҷуд аст, ки аз байни мардуми киш­варҳои форсизабон ва марказҳои эроншиносии дунё сабту забт шуда, аз он олимони кишварҳои хориҷӣ низ истифода менамоянд.

Раҳмонӣ иштиркочии ҳамоишҳои байналмилалӣ дар кишварҳои Австралия (1998), Австрия (2006), Амрико (2000, 2001), Англия (2007), Арманистон (2004), Афғонистон (1983, 1984, 1985, 2009), Гурҷистон (2007), Дания (2014), Италия (2006), Корея (2009, 2010), Қирғизистон (1999), Маҷористон (2002), Миср (2009), Муғулистон (2010), Норвегия (2008), Олмон (2001, 2005, 2006, 2010, 2010), Русия (1988, 2000; 2002, 2008), Тоҷикистон (1990, 1994, 1996, 1998, 1999, 2000, 2001, 2002, 2003, 2004, 2008), Туркия (2007), Фронса (2006), Шведсия (2008, 2011, 2014), Эрон (1992, 1994, 1995, 1996, 1999, 2001, 2003, 2006, 2007, 2008, 2009, 2011, 2011), Ӯзбекистон, (1993, 1994, 1999, 2002, 2003), Ҳиндустон (1989) буда, дар онҳо суханронӣ кардааст.

Корҳои илмии эшон дар кишварҳои Австралия, Амрико, Англия, Аргентина, Афғонистон, Олмон, Покистон, Русия, Франсия, Эрон, Япония, Ӯзбекистон чоп шуда, ба забонҳои русӣ, англисӣ, фронсавӣ, португалӣ, испанӣ, арабӣ, кореягӣ, ӯзбекӣ тарҷума шудааст.

Раҳмонӣ узви Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон (аз 1993); узви «Анҷумани байналмилалии мутолиоти эроншиносӣ дар кишвари Амрико» (аз 2000); узви ҳайати таҳрири маҷаллаи байналмилалии «Эрон ва Қафқоз» [Iran and the Caucasus] (Brill. Leiden-Boston, аз 2003); узви ассотсиатсияи байналмилалии «Эпоси халқҳои ҷаҳон» (Бишкек, аз 1999); узви «Анҷумани фолклори Амрико» (аз 2003); узви «Созмони байналмилалии пажӯҳиши нақлҳои фолклорӣ» (аз 2005); узви Шӯрои «Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – Пайванд» (аз 2006) аст.

Номбурда беш аз 35 сол аст, ки дар ДМТ бо фаъолияти таълимӣ, тарбиявӣ ва илмӣ машғул аст. Эшон роҳабри илмии 18 тан асперантҳо ва унвонҷӯйҳо аст, ки то имрӯз 14 нафари онҳо аз рисолаҳои илмии худ дифоъ карданд.

Соли 2003 барои китоби «Таърихи гирдоварӣ, нашр ва пажӯҳиши афсонаҳои мардуми форсизабон», аз кишвари Эрон, ҷоизаи байналмилалии Пажӯҳиши солро дарёфт намуд. Соли 2008 дар дувоздаҳумин ҷашнвораи байналмилалии қиссагӯӣ, дар шаҳри Исфаҳон суханронӣ намуда, сазовори «Медали тилло» гардид.

Хизматҳои ӯ сазовори ордени «Дӯстӣ» (2008), нишонҳои «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон» (2008), «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2008) дониста шудааст.

Аз соли 2000 узви Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон аст.

Дигар хабарҳо