“Пораи дил”-е, ки ҳанӯз метапад
Ба муносибати 90-солагии нависанда ва публитсист Қурбон Алӣ
Одамон меоянду мераванд, аммо баъзеҳо бо худ чароғе меоранд, ки шуълаи он пас аз рафтан низ хомӯш намешавад. Нависанда ва публитсист Қурбон Алӣ Ӯрмонов аз ҷумлаи ҳамин мардоне буд, ки зиндагии кӯтоҳ, вале пурмазмуну пурбори худро ба сухан, ба андеша ва ба хидмати маънавии ҷомеа бахшид.
Ӯ нависандае буд, ки ҳарфаш аз дил меомад ва ба дил менишаст. Журналисте, ки воқеиятро бо чашми ҳассоси эҷодкор медид ва инсоне, ки ҳузураш ба атрофиён оромиш мебахшид. Қурбон Алӣ 5-уми январи соли 1936 дар деҳаи Ёваи ноҳияи Хуҷанд ба дунё омадааст. Аз ҳамин хоки пок реша гирифт ва ба сӯйи маърифат, сухан ва эҷод қадам ниҳод. Ӯ нависанда, ва журналист, узви Иттифоқи нависандагони ИҶШС буд. Солҳои гуногун ҳамчун нозири калони Хонаи эҷодиёти халқи вилоят, корманди идораи Кинопрокати вилоят ва дар идораҳои рӯзномаҳои ноҳиявӣ ва ҷумҳуриявӣ дар вазифаҳои масъул фаъолият бурд.
Пас аз ташкилёбии дубораи вилоят, Қурбон Алӣ аз бунёдгузорони рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Ленинобод» (айни ҳол “Ҳақиқати Суғд”) гардид. Солҳои тулонӣ ҳамчун ходими адабӣ ва сипас котиби масъули ин рӯзнома дар ташаккул ва рушди рӯзноманигории тоҷик, инчунин дар тарбияи кадрҳои ҷавони журналистӣ саҳми бузург гузошт. Ӯ муҳаррири соҳибқалам ва омӯзгоре буд, ки бо меҳр ва бо сахтгирии солим навқаламонро ба роҳи эҷод раҳнамун месохт.
Осори Қурбон Алӣ аз соли 1972 дар нашрияҳои гуногун рӯйи чоп омад. Повести машҳури ӯ «Пораи дили ман» соли 1976 дар маҷаллаи «Садои Шарқ» ва соли 1978 бо забони русӣ дар маҷаллаи «Помир» нашр гардид. Ӯ муаллифи китобу очеркҳои ҳуҷҷатии «Ташаббус» (1976), «Ашти калон» (дар ҳаммуаллифӣ бо Зайниддин Дӯстматов, 1978), маҷмуаи ҳикояҳои «Ситора» (1976), инчунин повесту ҳикояҳои «Пораи дили ман» (1980) мебошад. Асарҳои ҷудогонааш дар маҷмуаҳои «Субҳи ҷавонӣ», «Тулуъ», «Дар домани кӯҳсори сабз» (солҳои 1977-1978) ҷой гирифтаанд.
Қурбон Алӣ тарҷумони варзида низ буд. Ӯ ҳикояҳои А. П. Чехов, М. Шолохов, Г. Гулиаро ба забони тоҷикӣ тарҷума кардааст. Бо ибтикори шогирдон ва ҳиммати фарзандонаш соли 2006 куллиёти осораш дар се ҷилд бо унвони «Пораи дили ман» мунташир шуд, гӯё ки пораҳои дили нависанда дубора ба ҳам омада, як китоби бузурги сарнавиштро ташкил доданд. Аммо тақдир ба ӯ умри дароз надод. Қурбон Алӣ 22-юми марти соли 1984, дар айни гулшукуфти эҷодӣ, дар синни ҳамагӣ 48-солагӣ дунёи фониро тарк намуд. Ӯ рафт, вале суханаш, андешааш бо дӯстон монд ва ёди некаш дар дилҳо ҷо гирифт.
Хотираҳои дӯстону ҳамкорон симои инсонии ӯро равшантар мекунанд…
Аҳмадҷон Раҳматзод, Шоири халқии Тоҷикистон, бо эҳтиром ёд менамояд: – Қурбон Алӣ мактаб ва донишгоҳро бо забони узбекӣ хатм карда бошад ҳам, эҷодаш ба забони тоҷикӣ бо фасоҳат ва зебоӣ сурат мегирифт. Ӯ нисбат ба худ сахтгир буд, бисёр мехонд, бисёр кор мекард ва маҳз ҳамин серталабӣ боис шуд, ки дар умри кӯтоҳ осори арзишманд ба мерос гузорад. Медонам, ки Қурбон Алӣ як роман ҳам навишта буд бо номи «Кабки дарӣ», ки мутаассифона, нотамом монд. Мехоҳам хотираеро дар бораи ин роман қисса кунам.
Як бегоҳ, солҳои ҳаштодуми асри гузашта, аз кор ба хона мерафтам. Дар истгоҳ ногаҳон чашмам ба нафаре афтод, ки ба устод Фазлиддин Муҳаммадиев хеле шабоҳат дошт. Ба он нафар наздиктар шудам ва дидам, ки воқеан худи устод Фазлиддин Муҳаммадиев ҳастанд. Аҳволпурсӣ кардем. Он кас гуфтанд, ки ба хонаи Қурбон Алӣ рафтанӣ ҳастанд.
Устод гуфтанд: – Қурбон Алӣ барои хондан ва баён кардани фикру андешаҳои ман як романашонро дода буданд, ки «Кабки дарӣ» ном дорад. Ман дар Исфара будам ва фурсат ёфтам асарро мутолиа кунам. Албатта, роман ҳоло тамом нашудааст, аммо фикру пешниҳодҳоямро мехоҳам ба Қурбон Алӣ расонам. Агар корро идома диҳанд, як романи хуб мешавад.
Ҳамин тавр, ман таксӣ гирифтам ва бо ҳамроҳии устод Фазлиддин Муҳаммадиев ба хонаи Қурбон Алӣ раҳсипор шудем. Дар хонааш моро ҳамсараш пешвоз гирифт ва гуфтанд, ки он кас ба моҳидорӣ рафтаанд. Чун ҷойи ҳамешагии моҳидории ӯро медонистем, рост ба соҳили дарё рафтем.
Он бегоҳ дар канори рӯди Сир чӣ шоми хотирмон ва фараҳбахше буд… Суҳбатҳои бисёр ҷолибе доштем роҷеъ ба асрори нависандагӣ, ҳунари нигорандагӣ, дарди эҷод ва масъулияти сухан.
Мутаассифона, умр вафо накард, то романи «Кабки дарӣ»-и Қурбон Алӣ ба анҷом ва ба дасти хонанда расад. Қурбон Алӣ воқеан нависандаи чирадаст буд. Маслиҳатгари хуби нависандагон, муҳаррири бисёр тавоно. Дар рӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод» дар рушди журналистикаи солҳои 1970-1980 саҳми назаррас гузоштааст.
Ҳамчун нависанда нигоҳу бозёфтҳои аҷиб дошт. Ман ибораи «бӯи офтоб»-ро бори аввал маҳз аз забони вай шунида будам. Инсони наҷибе буд. Руҳаш шод бод.
Сайидамин Ҷило, шоир ва драматург: – Қурбон Алӣ Ӯрмонов барои ман пеш аз ҳама як инсони оромтабиат, вале бисёр донишманд буд. Аз он нафароне, ки баланд ҳарф намезананд, аммо ҳар суханашон вазн дорад. Ҳузури ӯ дар муҳити эҷодӣ ҳамеша эҳсос мешуд. Ҳар боре бо ӯ ҳамсуҳбат мешудам, эҳсос мекардам, ки ӯ бештар мешунавад, то мегӯяд. Аммо вақте сухан мекушод, як ҷумлааш метавонист барои муддати дароз ба фикр барад. Қурбон Алӣ суханро беҳуда сарф наменамуд, ҳам дар зиндагӣ ва ҳам дар эҷод. Ӯ ба адабиёт бо чашми масъулият менигарист. Барояш навиштан танҳо ҳунар набуд, қарз буд, қарз назди замон, назди хонанда ва назди виҷдони худ. Шояд барои ҳамин ҳам асарҳояш пурмазмуну таъсирбахшанд.
Дар муҳити рӯзноманигорӣ Қурбон Алӣ муҳаррири дақиқкор буд. Ӯ мехост, ки сухан поку фикр равшан бошад ва масъулияти муаллиф дар ҳар ҷумла эҳсос шавад. Ман борҳо дидаам, ки соатҳо ғарқи андеша мешуданд. Гӯё дар ботинаш ҷаҳони дигаре ҷӯш мезад. Имрӯз, ҳар гоҳ номи вайро ба забон меорам, пеши назар дарбаробари як нависандаи пурҳунар, инсонияти баланд, хоксорӣ ва садоқат ба сухан ҷилва мекунад.
Ӯрунбой Усмонов, адиб ва рӯзноманигор: – Бо Қурбон Алӣ бисёр наздик будем. Он солҳо ман ҷавон будам ва қадамҳои аввалинамро дар ҷодаи рӯзноманигорӣ ва нависандагӣ мегузоштам. Маслиҳату раҳнамоиҳои он кас дар шаклгирии маҳорати ман нақши бисёр боризу фаромӯшнашаванда дорад.
Он замон дар рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд», ки ҳар рӯз нашр мешуд, кор хеле зиёд буд. Қурбон Алӣ котиби масъул буданд барои ҳамин то дергоҳ дар идора мемонд. Бо вуҷуди хастагӣ, ҳаргиз аз суҳбат бо мо, ҷавонҳо канора намегирифт.
Бегоҳиҳо як соат ба боғи Камоли Хуҷандӣ ҳамроҳ ба гардиш мебаромадем. Суҳбатҳои мо дар он лаҳзаҳо комилан дар бораи адабиёт буд. Устод аз нақшаҳои эҷодии хеш бо шавқ нақл мекард. Аз сужаҳои ҳикояҳое мегуфт, ки барои навиштан дар зеҳнаш чарх мезад. Ҳис мекардӣ, ки дунёи ботинии вай ҳамеша дар ҳаракат аст, ҳамеша дар ҷустуҷӯйи сухани нав.
Ҳамзамон, барои камоли эҷодии ман маслиҳатҳои зиёде медод, ки аз онҳо хеле баҳравар шудаам. Маҳз он кас маро бо эҷодиёти нависандаи маъруф Габриэл Гарсиа Маркес ошно кард. Рӯзе ҳангоми пиёдагардӣ гуфт:
– Ӯрунбой, «Сад соли танҳоӣ»-и Габриэл Гарсиа Маркесро гирифта хонед, бароятон бисёр манфиат дорад.
Бо тавсияи устод ин асарро мутолиа намудам ва воқеан ҳам бисёр писанд омад. Баъд аз он дигар асарҳои ин нависандаро низ пайдо карда хондам. Устод аз нависандагони ҷаҳонӣ зиёд мутолиа мекарданд, дар эҷод диду назарҳои муосир дошт. Сабки хосси ӯ буд, ки асарҳояш миёни хонандагон зуд маҳбуб мешуд. Ман ҳикояи «Девор»-и ӯро хонда ба чунин хулоса омада будам, ки Қурбон Алӣ воқеан дар эҷоди ҳикоя дасти қавӣ ва нигоҳи ғанӣ дорад.
Рафоат Муъминова, рӯзноманигор: – Солҳои 1979-1982 бо устод Қурбон Алӣ Ӯрмонов ҳамкор будам. ӯ аз зумраи нависандагони воқеан, соҳибқаламу соҳибистеъдод, фарди бисёр шариф буд, бо инсонияти баланд, қалби нозуку пурэҳтирос ва хулқу атвори неку. Ягон маротиба надидаам, ки бо овози баланд сухан гуфта бошад. Табиати ниҳоят ором дошт.
Дар байни ҷомеа соҳиби обрӯву нуфузи баланд буд. Дар шуъбаи адабии рӯзнома якҷо бо Озод Аминзода ва Ҳадиятилло Тӯйчизода (равонашон шод бод!) фаъолият мебурд. Бисёр вақт он касро дар пайроҳаву гулгаштҳои хиёбони ба номи Камоли Хуҷандӣ дидан мумкин буд. Ғарқи андешаҳои худ, соатҳо ором-ором қадам мезаданд, гӯё бо худ ва бо сухан гуфтугӯ дошта бошанд. Асарҳои Қурбон Алӣ «Пораи дили ман», «Кавкаб» ва дигарҳо дар солҳои ҳафтодуму ҳаштодум асарҳои рӯимизии хонандагони сершумор буданд. Забони асарҳояш фасеҳ, ширин ва нотакрор буд. Дар ҷодаи адабиёт сабку услуби хоси худро дошт, сабке, ки хонандаро зуд ба худ мекашид.
Ӯ кам ғизо тановул мекард ва мегуфт: “Эҷодкор набояд то серӣ ғизо хӯрад, вай бояд ҳамеша худро сабук ҳис кунад, то ба эҷод омода бошад”.
Асарҳои ин фарди шариф аввал дар саҳифаҳои рӯзномаамон (“Ҳақиқати Суғд”) интишор мегардид ва муштариён идомаи онҳоро бесаброна интизорӣ мекашиданд. Аҳли оилаи вай низ инсонҳои соҳибмаърифату зиёиянд. Ҳамсараш директори мактаби рақами 1-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буданд, фарзандонашон низ имрӯз ҳама дар ҷомеа соҳибэҳтиром, зиёиёни пешқадаманд.
Ман то ба идораи рӯзнома ба фаъолият оғоз намуданам ҳам, ҳанӯз аввали солҳои ҳафтодум, ба назди ин фарди шариф мерафтам. Ҳикояҳои навмашқонаамро, баъзан тарҷумаҳоямро меовардам. Устод ба навқаламон хеле боэҳтиёт муносибат мекард, то ки дар ҷодаи адабиёт қалбашон шикаста нагардад. Барои беҳбуди минбаъдаи фаъолияти эҷодӣ маслиҳатҳои худро ҳеҷ гоҳ дареғ намедошт.
Аз ин устоди азизу нависандаи баркамол дар ҷодаи нигорандагӣ бисёр омӯхтаам ва худро шогирди ӯ мешуморам. Руҳи устоди азизу арҷманд шод бод…
Имрӯз вақте асарҳои Қурбон Алиро мутоила мекунем, дарк месозем, ки ӯ аз ҷумлаи он нависандагоне ба шумор мерафт, ки зиндагиро на тасвир, балки эҳсос мекард. Ӯ суханро аз дил мегирифт ва ба дил месупорид. Гарчанде умраш кӯтоҳ буд, осораш умри дароз дорад.
Имрӯз, дар остонаи 90-солагии ӯ, мо аз нависандаи ҳунарманд, аз як мактаби эҷод ва аз ҷаҳонбинии равшан ёд мекунем. Аз нафаре, ки “Пораи дилаш” дар саҳифаҳои китобҳо ва дар замири хонандагон бо муҳаббат метапад.
Сурайё ҲАКИМОВА,
рӯзноманигор



