Конфронси илмӣ-адабӣ: «Пиряхҳо – неъмати бебаҳои Тоҷикистон»

 Конфронси илмӣ-адабӣ: «Пиряхҳо – неъмати бебаҳои Тоҷикистон»

16 май дар Иттифоқи нависан­дагони Тоҷикистон Конфронси илмӣ-адабӣ бахшида ба «Даҳ­солаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» солҳои 2018-2028» баргузор шуд. Му­овини аввали раиси ИНТ Ато Мирхоҷа ба конфронс ҳусни оғоз бахшид.

Директори Муассисаи дав­латии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ”, профессор Абдулҳамид Қаюмов дар бораи ин марказ ва фаъолияташ маълу­моти муҳим дода, ба саволҳои ҷамъомадагон посух гуфт.

Нависандаи публитсист Ҳа­сан Асоев вобаста ба мавзуи конфронс маъруза пешниҳод кард. Маърузаи номзади илми филология Манижа Баҳромзода «Ҳифзи пиряхҳо ва инъикоси он дар ВАО» ном дошта, дар он мақолаҳои пажуҳишии олимони соҳа, ки дар воситаҳои ахбори омма нашр гардидаанд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Қобили зикр аст, ки профессор Абдулҳамид Қаюмов ташаббу­скор ва ташкилкунандаи экспе­дитсияи бисёри илмӣ мебошад. То имрӯз аз тарафи Маркази омӯзиши пиряхҳо зиёда аз 40 экспедитсия роҳандозӣ шудааст. Мавсуф солҳои 1983-1984 дар экспедитсияи антарктикии шу­равӣ иштирок дошт. Ӯ нахустин тоҷикест, ки ба ҳайси пажуҳишгар аз Антарктида дидан кардааст. Дар солҳои 2008-2009 бо қарори Ҳукумат дар доираи Соли бай­налхалқии қутб якумин экспедит­сияи тоҷикӣ ба Антарктида сурат гирифт.

Дар ҷаласа инчунин адибону донишмандони дигар фикру ан­дешаҳои худро баён намуданд.

Дигар хабарҳо