Пайванди фарҳангии фаротар аз марзҳо

Нашриёти «Китоби Кобул», ки фаъолияти худро аз соли 2017 дар Кобул оғоз карда ва баъд аз таҳаввулоти сиёсии Афғонистон равиши мутафовитеро пеш гирифт, имрӯз фаъолияташро дар Торонтои Канада идома медиҳад. Ин нашриёт тайи наздики шаш сол даҳҳо китобро чоп карда, ба дасти хонандагони Амрико, Канада, Австралия ва кишварҳои аврупоӣ расонидааст.
Забеҳ Маҳдӣ, мудири масъули «Китоби Кобул» солҳои 1997 то 2001 дар мактаби Низомии Ганҷавӣ (рақами 9), дар шаҳри Душанбе хондааст. Ин хотироти арзишманд илҳомбахши ӯ барои чопи осори адибони Тоҷикистон будааст. Дар ҳамин росто, ахиран ин нашриёт «Ёддоштҳо», «Марги судхӯр» ва «Мактаби куҳна»-и устод Садриддин Айниро дар Торонто мунташир кардааст.
Ваҳид Меҳрдод, ки худ низ солҳо дар Душанбе зиндагӣ кардааст, дар интишори ин китобҳо нақши асосӣ дошта ва бо кумаки адабиётшиноси тоҷик Анзурат Маликзод ислоҳу омодасозии китобҳо, нигориши муқаддима ва тавзеҳи вожагони душворро анҷом додааст. Ёддошти Анзурат Маликзод бар китоби «Ёддоштҳо», ки ҷойгоҳи ин асарро дар андешаи устод Садриддин Айнӣ баррасӣ мекунад, ба арзиши фарҳангии ин иқдом афзудааст. Ин ёддошт бо истинод ба наздики шашсад нома аз устод Айнӣ навишта шуда, ки ахиран ба дасти адабиётшинос расидааст.
Қобили зикр аст, ки иқдоми ахири «Китоби Кобул» дар чопи осори адибони тоҷик аввалин таҷрибаи ин нашриёт нест ва пеш аз ин низ чанд асар аз шоирону нависандагони Тоҷикистон тавассути ин ношир ба зевари табъ ороста шуда буд, аз ҷумла: китоби пажӯҳишии «Абушакури Балхӣ», асаре аз Анзурат Маликзод, маҷмуаи шеъри Гулнози Тоҳириён «Паррандаҳои махмалӣ», китоби пажӯҳишии Исмоил Лашкарӣ «Муруре бар шеъри муосири Тоҷикистон».
Ин феҳрист нишондиҳандаи умқи ҳамкории «Китоби Кобул» бо нависандагони тоҷик ва тааҳҳуди ин нашриёт ба тақвияти пайвандҳои фарҳангӣ миёни ду кишвари ҳамзабон аст.
Қобили зикр аст, ки нашриёти «Китоби Кобул» талош дорад шуъбаи мустақилеро барои чопи китобҳо ба хатти кирилӣ ба зудӣ ифтитоҳ кунад.
Суҳроби ЗИЁ