Пайвандгари тоҷику туркман
11 октябри соли равон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши байналмилалӣ ба муносибати 300-солагии шоир ва мутафаккири туркман Махдумқулӣ Фироқӣ, ки дар шаҳри Ашқобод зери унвони «Робитаи замонҳо ва тамаддунҳо – асоси сулҳу тараққиёт» баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ карданд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла, дар Тоҷикистон баргузор кардани мизҳои мудаввари байналмилалӣ бахшида ба ҳаёту эҷодиёти шоири туркман, гузоштани пайкараи Махдумқулӣ дар шаҳри Душанбе, номгузории яке аз кӯчаҳои зебои пойтахти кишвар ва мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлонро нишони возеҳи дӯстӣ ва муносибатҳои созандаи мардумони бародари Тоҷикистону Туркманистон донистанд. Пешвои миллат ҳамчунин дар бораи мақоми адабии Махдумқулӣ, эҷодиёти ӯ ва пайвандаш бо адабиёти тоҷикии форсӣ чунин гуфтанд:
“Махдумқулӣ Фироқӣ тавассути мероси нодири худ дар рушди фарҳанг ва адабиёти мардумони Осиёи Марказӣ саҳми арзанда гузоштааст. Эҷодиёти ӯ, ҳамчунин, бо мероси бузурги адабии тоҷику форс пайванди ногусастанӣ дорад.
Ба ҳамагон маълум аст, ки Фироқӣ ҳанӯз дар синни наврасӣ бо адабиёти ғании тоҷику форс, ки дар китобхонаи падари шоираш маҳфуз буд, шиносоӣ пайдо кардааст.
Чуноне ки аз эҷодиёти шоир бармеояд, ӯ аз мероси адабии мутафаккирони маъруфи сатҳи ҷаҳонии тоҷику форс, аз ҷумла Абулқосими Фирдавсӣ, Умари Хайём, Саъдии Шерозӣ, Ҷалолуддини Балхӣ ва Ҳофизи Шерозӣ илҳом гирифтааст.
Эҷодиёти Фироқӣ, дар навбати худ, ба адибони муосири мо илҳом мебахшад.
Бисёре аз адибон ва тарҷумонҳои маъруфи тоҷик даҳҳо маҷмуаи асарҳои ӯро ба забони тоҷикӣ тарҷума ва нашр кардаанд.
Эҷодиёти Махдумқулӣ саршори ғояҳои башардӯстӣ, ба монанди дӯстӣ, бародарӣ, хайрхоҳӣ, ғамхорӣ нисбат ба одамон ва хулқу атвори неки инсонӣ аст.
Мероси ӯ, бешубҳа, пули пайвандгаре дар роҳи тавсеаи робитаҳои байнифарҳангӣ ва ба ҳам наздик гардидани кишварҳои мо ва мардумонамон мебошад”.
Мавриди зикри хос аст, ки дар ин ҳамоиш Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо медали ҷашнии «300-солагии Махдумқулӣ Фироқӣ» сарфароз гардонида шуданд.