Оғози банаворгирии филми муштарак

 Оғози банаворгирии филми муштарак

1-уми август дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» навор­бардории филми муш­тараки Тоҷикистону Ӯзбекистон бо номи «Дурахши ахтарон: «Ҷомӣ ва Навоӣ» оғоз гардид. Дар расми иф­титоҳи наворбардорӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, Са­фири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, директори Агентии «Ӯзбекфилм» Шуҳрат Ризоев, директори «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён ва ҳунарпешагон ширкат варзиданд.

Дар суҳбатҳо зикр гардид, ки то кунун баҳсҳои эҷодӣ, вохӯриҳо ва гуфтушунидҳои муфид миёни ҷонибҳо сурат гирифта, заминаи мусоиди ҳамкориро фароҳам оварданд.

Гуфта мешавад, ки ин филми муштарак ба таҳкими дӯстиву бародарии ду миллат мусоидат хоҳад кард.

Тавре ки «Тоҷикфилм» хабар додааст, ҳоло 40 ҳунарпешаи Ӯзбекистон барои иштирок дар сабти филм дар Тоҷикистон қарор доранд. Наворбар­дорӣ дар павилонҳои студияи «Тоҷикфилм» ва ҳамчунин дар маконҳои таърихии кишвар, аз ҷумла, қалъаҳои Балҷувон, Ҳисор ва Хуҷанд сурат мегирад.

Дигар хабарҳо