Офаридан чӣ қадар душвор аст…

Андешаҳо дар ҳошияи маҷлиси баррасии маҷаллаи «Садои Шарқ
Чаҳор ё панҷ сол қабл Алӣ Васу Ҷӯйборӣ ном муҳаққиқе аз Эрон ба Душанбе барои ҳимояи рисолаи илмиаш омада буд, аммо кораш барор нагирифт. Рисолааш ба бозтоби фарҳанги мардумӣ дар шеъри Қайсари Аминпур (шоири соҳибқареҳа ва хеле боистеъдод, ки дар Тоҷикистон маҳбубият дорад) ихтисос дошт.
Кадом бонуи руси гӯё “забондоне” аз сафорати Русия дар Теҳрон рисолаи ин касро ончунон тарҷума карда буд, ки сару нӯг надошт, ягон ҷумлаи сиҳат пайдо набуд, маълум, ки тарҷумаи мошинӣ… Дубора тарҷума ва ба сатҳи дурусти расмӣ даровардани ин кор ба уҳдаи банда афтод. Баъди чаҳор моҳ ӯ рисолаашро дифоъ карду ба зодгоҳаш – Мозандарони Эрон баргашт.
Вақти ҷобаҷо кардани таълифоти илмии Ҷӯйборӣ, яъне мақолаҳояш, ӯ ду навиштаашро ба банда доду гуфт, ки инҳоро дар аввали феҳрист гузоштан лозим. Каме ҳайрон шудам, ки чаро дигар мақолаҳоро нею маҳз ҳаминҳоро. Бо ифтихор гуфт, ки ин ду мақола дар беҳтарин маҷаллаи Эрон, ки “Иқлими нақд” ном дорад, нашр шудаанд.
– Дар ин маҷаллаи бонуфуз чизе нашр кардан бисёр мушкил аст, талаботаш сангин. Агар чоп шуд, муаллиф умре ифтихор хоҳад кард…
Ин суханони оқои Ҷӯйбориро ҳангоми баррасии фаъолияти солонаи маҷаллаи миллии адабии “Садои Шарқ” ба ёд овардам ва зимни суханрониам гуфтам, бисёр мехоҳам ин маҷалла, ки дар Тоҷикистон ягона маҷаллаи адабист, ҷойгоҳи аз имрӯза ҳам баландтар дошта бошад. Кас баъди нашри навиштааш дар ин маҷалла ақаллан худаш ба худаш бо ифтихор бигӯяд, ки “модом ки “Садои Шарқ” мақолаи маро нашр кард, пас он навишта барои илму фарҳанг аҳаммият доштааст…”.
Агар воқеъбинона бигӯем, “Садои Шарқ” ҳолиё рисолати азиме дорад. Ягон нашрияи дигаре нест, ки бо ин маҷалла баробарӣ кунад, зеро ин ҷо конгломерати тамоми офаридаҳои адабу ҳунар ҳаст: ҳам шеъру ҳам наср, ҳам нақду ҳам китобиёт, ҳам ёддошт, ҳам насри иҷтимоиву ҳам тарҷумаҳо, ҳам силсилаи мусоҳибаву навидҳои фарҳангӣ…
Ба як сухан, “Садои Шарқ” якҷо бо ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” раванди адабиёти имрӯзаи Тоҷикистонро инъикос мекунанд. Аз муҳтавои ҳамин маҷалла маълум мешавад, ки адабиёти имрӯзаи тоҷик чӣ бурду бохтҳо дорад, ба кадом самт равон аст, чӣ тозагиҳо дорад ва чӣ иллатҳо…
Агар ҳама маводи ин маҷалларо якҷо бо баррасиҳои солонааш тасаввур бикунем, мешавад кори як пажӯҳишгоҳи суханшиносӣ. Ҳоло намедонам, ки дар ин маҷалла чанд кас фаъолият мекунанд, ҳамин қадар медонам, ки ба ҷуз сардабири маҷалла, шоир ва олими маъруф Рустам Ваҳҳобзода боз устоди шеъру сухан Давлати Раҳмониён, нависандаи шинохта Юнус Юсуфӣ ва нависандаи донишманд Баҳманёр Муродӣ сари кор ҳастанд.
Касе дар музокираи баъди гузоришҳо гуфт, ки ҳар шумораи “Садои Шарқ” китоби алоҳидаи адабиёт аст. Комилан дуруст гуфт, ҳар шумораи он фаъолияти якмоҳаи адабӣ дар ин кишвар ва беҳтарин офаридаҳои адибони Тоҷикистон ҳам ҳаст. Ба ибораи дигар, оинаест, ки ҳар моҳ ба мо натиҷаи кори худи адибон ва алоқамандони адабиётро нишон медиҳад.
Аммо оина оина аст ва соле як бор ҳадди ақал ба тоза кардану шустан ниёз дорад. Банда баррасиҳои солонаи ин маҷалла ва низ ҳафтавори “Адабиёт ва санъат”-ро ҳамин гуна мефаҳмам: соле як бор ин оина тавассути баррасиву ибрози назарҳои мухталиф ва созанда покиза карда мешавад…
Ҳамин тавр, 27-уми феврал дар Иттиҳодияи адибон баррасии фаъолияти яксолаи маҷалла сурат гирифт. Дар бораи он ки дар тӯли як сол чӣ миқдор шеър чоп шуду чӣ тозагиву чӣ масъалаҳо дошт, Сафармуҳаммади Аҳмад (устоди адабиёти Донишгоҳи Бохтар), дар бораи нақду адабиётшиносӣ профессор Шарифмурод Исрофилниё, дар бораи тарҷумаҳо Қарор Муҳаммадизода, дар бораи насри иҷтимоӣ Наргис Усмонова гузориш доданд.
Бандаи ҳақир чанд мулоҳизаро аз мутолиаи намунаҳои насри дар як сол нашршуда баён кардам. Ҷамъан ин ҷаласа се соат идома кард ва гумонам, лозим буд, ки ҳамин қадари дигар идома кунад. Зеро намешавад, ки 15-20 асари бадеӣ ё 20-25 шеърро дар даҳ дақиқа шарҳ диҳӣ ва хулоса кунӣ. Аслан, аз рӯйи адолат мебуд, агар барои баррасии муфассали ҳар соҳаи фаъолияти эҷодӣ (назм, наср, нақд ва ғайра) ҷаласаҳои алоҳида доир мешуд, он гаҳ гуфтугӯҳо ҷиддӣ ва имкони баҳсу талошҳои фикрӣ фарохтар магардид. Аммо чунин қоида қабул шуда, ки ҳама фаъолияти маҷалла якҷо ва дар як нишаст бояд баррасӣ шавад.
Ин кор, албатта, бадие надорад, аммо агар равиши дигаре ба кор гирифта шавад, боз беҳтар хоҳад шуд. Ба андешаи мо, агар маводи адабии маҷалла пешакӣ, дар марҳалаи омодагӣ ба нашр ба зумрае аз муҳаққиқон ё донишмандон барои фаҳмидани он ки онҳо чӣ назар доранд, супорида шавад, кори савобе барои адабиёт хоҳад шуд. Агар ҳайати таҳрири маҷалла раво бинад, ки он нуқтаи назарҳо ё мулоҳизаҳо дурустанд, пас ба муаллифон барои такмилу таҳрири иловагӣ баргардонида мешавад.
Хубии ин кор ҳамин аст, ки ҳар асари нашршаванда пешакӣ (то чопи маҷалла) ислоҳ ва мукаммал мегардад. Ба ибораи дигар, “илоҷи воқеа қабл аз вуқуъ” андеша карда мешавад ва ин ба нафъи адабиёт аст.
Агар ин кор мунтазам сурат бигирад, зарурати ҳар сол баргузор намудани ҷаласаҳои солона аз миён меравад ва ба ҷойи он мизҳои мудаввар роҷеъ ба баррасии асарҳои алоҳидаро барпо кардан мумкин аст. Масалан, романи “Нони шарикӣ”-и нависандаи хушном Мирзонасриддин дар доираҳои адабӣ ва иҷтимоӣ баҳсу гуфтугӯҳои тӯлониву мухталиф ба вуҷуд овард. Мешуд, ки дар як ҷаласаи бузург бо ширкати аҳли қалам ва нақд ин асар ҳамаҷониба баррасӣ гардид.
Хуб аст, ки перомуни ин ё он асари бадеӣ (дар кадом навъу жанре бошад) баҳсҳо шаванд, бад аст, ки дар бораи ҳусну қубҳи ин ё он асар умуман чизе нагӯянд… Сухани Оскар Уайлд аст, ки “роҷеъ ба ҳар асаре, ки атрофаш андешаву баҳс зиёд шавад, маълум мешавад, ки чизҳое дорад пураҳаммият…”.
Банда ин романро (чопи аввалашро), ки муаллиф ҳадя карда буд, хондам ва ба ин ақидаам, ки бо вуҷуди андешаҳои пурихтилофи бархе муҳаққиқон, ки гӯё ин асар моли таърих аст, на адабиёт, романи мазкур комилан романи таърихист ва моли адабиёт аст. Адиб аз он рӯзгороне ошкоро суҳбат мекунад, ки ба бозтоби бадеии он дасти дигар адибон ҳанӯз нарасидааст ё дар сояи ғафси идеологияи шӯравӣ бо рангу равғани дигар оро ёфтааст.
Ҳоло расм аст (аз даврони шуравӣ то рӯзҳои мо), ки пораҳо аз романҳо нашр шаванд ё ҳиссае аз қиссаҳои дароз. Фикр мекунам, ки ин чандон таҷрибаи хубе нест, як пораи асарро хондан ба кас манфиате намеорад, таассуроте намебахшад… Ё романро пурра чоп кардан лозим ё на.
Беҳтар мешавад, ки маҷалла замимае бо унвони “Замимаи маҷалла: қисса ва романҳо” дошта бошад (мисли он ки замони шуравӣ “Роман-газета” дар шакли маҷаллаи алоҳида нашр мешуд ва хеле маҳбубият дошт). Ин кор бе дастгирии Ҳукумат намешавад ва банда ба ин фикрам, ки бояд Вазорати фарҳанг ин иқдомро дастгирӣ ва маблағгузорӣ кунад.
Чаро чунин кор зарур аст? Чунки ҳамагӣ ва буду шуд як маҷаллаи адабӣ дорем ва миқдори роману қиссаҳои адибон зеле зиёд шудааст. Магар метавон “баҳрро дар кӯза” ҷо кард? На, бояд чорае ҷуст.
Рюноскэ Акутагава дар замонаш гуфта буд: “Адабиёт то вақте фаъол аст, ки истифодабаранда дорад…” Тақрибан ба ҳамин маъно. Акнун завқи мардуми китобхон дигар шудааст ва аз мушоҳидаҳоям мегӯям, ки хеле ҷавонон ба анвои дигари адабии ғайриреалистӣ, новеллаҳои навъи нав (модернистиву фаровуқуънигорӣ ва ғайра), навъҳои гуногуни фентези, масалҳои насрӣ, фаблиоҳо ва ғайра шавқу завқ доранд. Осори Толкину Клайв Люис ва Роберт Говард ва дигарон хеле маъруфанд. Ин навъ осори адабиро ба саҳифаҳои маҷалла бояд роҳ дод ва аз муаллифон тақозо кард, ки мутобиқ ба тамоюлоти завқии ҷавонон ҳам асар нависанд…
Аз мушоҳидаву суҳбату хондаҳо ба чунин хулоса расидаам, ки аксар адибони мо танҳо ба мазмуни навиштаҳояшон таваҷҷуҳ мекунанду ба шакли офаридаҳо не. На ҳама саводи адабӣ (банда масъалаи шинохти анвои адабиро дар назар дорам, на чизи дигарро) доранд, на ҳама хатмкардаҳои донишкадаҳои адабиётанд, ин маълум. Барои ҳамин масъалаи он ки адиб чӣ навиштааст ва дар чӣ қолаб навиштааст, хеле муҳим ба назар мерасад.
Қиссаву повестгӯён ҳикоя менависанд, гоҳе романҳо ба тақозои ин жанри ба қавли Бахтин, “мазбуту воҳиду яклухт” посухгӯ нестанд. Ҳол он ки ҳар навъи асар талаботи худ, қонуниятҳои назарии худро дорад, зеро ба масобаи зарфест, ки ҳар чизи пешомадаро андаруни он гузоштан мумкин нест. Магар мешавад, ки дар деги ошпазӣ об биҷӯшонӣ? Мешавад, аммо на барои чой дам кардан… Барои омода кардани чой зарфи дигаре лозим аст, барои қаҳва дигар…
Аз ин рӯ, бо назардошти ҳамин вазъият маҷалла бояд чанд саҳифаи худро барои омӯзиши адибон бибахшад. Асарҳои омӯзишие ҳастанд, ки онҳо барои нафақат адибон, балки тамоми ҳаводорони адабиёт, навқаламону ошиқони китоб заруранд (масалан, китоби “Заҳмати нависанда”-и Сейтлин, “Нома ба романнависи ҷавон”-и Марио Варгас Лйоса, асарҳои Сент-Бёв ва ғайраҳо). Худи адибони баркамоли мо ҳам бояд аз таҷрибаи эҷодии хеш дар шакли дастуру воситаҳои омӯзишӣ дар ин кор саҳим бошанд. Қариб ҳама бузургони адабиёт аз кишварҳои хориҷӣ ҳамин корҳоро кардаанд, ҳайронам, ки чаро бузургони мо намекунанд?
Азбаски “Садои Шарқ” маҷаллаи адабист, пас набояд мақолаҳои дорои мазмунҳои иқтисодиро нашр кунад, зеро иқтисоддону ҷуғрофиёшиносон нашрияҳои соҳавии худро доранд. Чӣ лозим бо ин қабил навиштаҳо ҷойи осори адабӣ ва нақдро танг кардан?
Солҳое буд, ки бо унвони “Турфаҳо” қиссаҳои зебову пандомӯз (иқтибос аз осори бузургҳаҷм) дар саҳифаҳои охири маҷалла нашр мешуданд, панду ҳикматҳо, ҳикоятҳои хурду реза ва ғайра, ки басо хонданбоб буданд. Замоне ин корро шодравон Баҳманёр мекард. Бисёр хуб мешавад, ки маҷалла ҳамин корро эҳё намояд. Мутмаинам, ки бо ин кор сафи хонандаҳои маҷалла афзун хоҳад шуд.
Дақиқан медонам, ки заҳмат ва машаққати нашри ҳар шумораи “Садои Шарқ” хеле зиёд аст, кори такмилу тасҳеҳу таҳриру ҷойе афзудану ҷойе мухтасар карданҳои матнҳо кори заргарро мемонад, ба қавли Чингиз Айтматов “нақшкорӣ дар чӯб”. Натанҳо дар дохили кишвар, балки дар буруни он ҳам аз чигунагии ин маҷалла раванди адабии моро баҳо медиҳанд ва арзишдоварӣ мекунанд…
Барои иҷрои чунин рисолат ба сардабири ин маҷаллаи номдор – шоир ва муҳаққиқи тавоно Рустам Ваҳҳобзода ва кормандони дигари он, ки ҳармоҳа моро аз вазъи адабиёти кишвар бо ҳама навъҳои маъмулаш ошно ва огоҳ мекунанд, изҳори сипос менамоем.
Ҳафиз РАҲМОН