Офарандаи нақши Рӯдакиву Сино

Ба муносибати 90-солагии ҳунарпешаи машҳур Марат Орифов
Ҳунарпешаи маъруфи синамои тоҷик Марат Орифов соли 1935 дар шаҳри бостонии Конибодом чашм ба олами ҳастӣ кушудааст. Ӯ пас аз хатми дабистони мутавассита ба бахши забон ва адабиёти тоҷики Донишкадаи омӯзгории ба номи Т. Г. Шевченко (ҳоло Донишгоҳи давлатиии омӯзгории Тоҷикистон)-и шаҳри Сталинобод шомил гардида, онро соли 1956 хатм намуда, пешаи омӯзгори забон ва адабиёти тоҷикро касб кард. Дар донишкадаи мазкур Марат Орифов ба баҳри беканори адабиёти оламшумули форсу тоҷик ғӯтавар шуда, аз дурру гавҳари он баҳравар гашт.
Марати ҷавон аз айёми туфулият ва навҷавонӣ дар қалби покаш меҳри ҳунарро парварида буд. Ин меҳрро аз модари азизаш ҳунарманди шаҳир, Артисти халқии СССР Туҳфа Фозилова мерос гирифтааст. Бинобар ин, пас аз чанде машғули тадрис дар макотиби шаҳри Душанбе роҳи Донишгоҳи театрию бадеии шаҳри Тошкандро пеш гирифт. Ҳини таҳсили соли дувуми донишкада кинорежиссёри машҳури тоҷик (асосгузори кинематографияи тоҷику ӯзбек) Комил Ёрматов Марат Орифовро барои иҷрои нақши Сино дар филми худ бо номи «Абуалӣ Сино» (филмномаи нависандаи шаҳири тоҷик С. Улуғзода ва В. Виткович) даъват намуд. Дар филми тавлиди киностудияи Тошканд (соли 1956) воқеияти асри вусто бо тамоми вежагиҳои миллӣ, ирфонӣ, адабӣ, фарҳангӣ ва таърихиаш мунъакис гардидааст. Пас аз рӯи пардаи киноро дидани филми ҳунарӣ ва шуҳрат касб намудани он дар миқёси Иттиҳоди Шӯравӣ номи Марат Орифов ҳамвора вирди забонҳо гашт.
Студияи «Тоҷикфилм», ки ҳамакнун ба фаъолият оғоз намуда буд, ба офаридани филмҳои таърихӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Соли 1959 таҳиягар Борис Кимёгаров дар ҳамкорӣ бо филмноманавис ва нависандаи машҳур Сотим Улуғзода ба офаридани филми «Қисмати шоир», ки он аз зиндагиномаи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ – саромади адабиёти классикии форсу тоҷик ҳикоят мекард, шуруъ намуд. Филм ба истиқболи 1100-солагии устод Рӯдакӣ омода шуд. Муаллифи филмнома С. Улуғзода, ки ба замми кинодраматург ва нависандаи чирадаст буданаш, муҳаққиқи адабиёти оламшумули форсӣ буд, қабл аз навиштани сенария тамоми маводу мадорики мавҷударо аз ҳаёту фаъолияти сухансарои панҷрӯдӣ мавриди омӯзиш қарор дода, намоишномаи филми ҷолиберо рӯи қоғаз овард, ки мутолиаи ин қиссаи наҷиб бидуни дидани он низ ба хонанда таъсиру ҳаловати олии рӯҳӣ ато менамояд. Барои иҷрои нақши Рӯдакӣ таҳиягар Марат Орифовро даъват намуд, ки донишҷӯи соли охири риштаи ҳунар буд. Мавзуи асосии асар муносибати шоир ба сохти фарсудаи куҳна, ҳаёти ҳунарваре, ки замоне ба шарафи олӣ расида, пасон фаромӯш шудааст, мебошад. Барои филмофарӣ ҳунармандони дигари номвари тоҷик Нозукмо Шомансурова, Абулхайр Қосимов, Маҳмуд Тоҳирӣ, Дилбар Қосимова, Ҳоҷиқул Раҳматуллоев, София Тӯйбоева, Муҳаммадҷон Қосимов ва дигарон ҷалб гардида буданд. Агар мо дар бораи ҳунар ва салиқаю истеъдоди нақшофарии Марат Орифов сухан гӯем, ин нукта мусаллам аст, ки ҳунарвар ба умқу доираи ҳаводиси фарогирифта ва тасвири синамо амиқ шомил гардида, ба офариниши симои хотирмон ноил гаштааст. Ба ин донишу ҳунари суханвариаш, ки маҳсули таҳсил дар риштаи адабиёти тоҷик буд, кумак кард. Қаблан ҳунарпеша гаштаву баргашта ба қироати ашъори Одамушшуаро – Рӯдакӣ пардохта, ҳунару салиқаи хешро сайқал медод. Дар натиҷа, ҳини рӯи парда омадани саҳнаи қироати ашъори хеш назди Бону (С. Тӯйбоева) ва Нигина (Д. Қосимова) ҳунарвар маҳорати беамсол нишон медиҳад.
«Гирифт хоҳам зулфайни анбарини туро
Ба бӯса нақш кунам барги ёсамини туро.
Ҳар он замин, ки ту як раҳ бар ӯ қадам биниҳӣ,
Ҳазор саҷда барам хоки ин замини туро.
Ҳазор бӯса диҳам бар сиҳои номаи ту,
Агар бубинам бар муҳри ӯ нигини туро..
Ба теғи ҳиндӣ, гӯ, дасти ман ҷудо бикунанд,
Агар нагирам рӯзе ман остини туро», –
мегӯяд Рӯдакӣ бо ҳарорату эҳтиросоти том. Дар ин саҳна Нигина ба ошиқи мафтун будани Рӯдакӣ итминон ҳосил намуда, то дами вопасин ишқи ӯро дар дил мепарварад. Тамошобинон низ мафтуни малакаву ҳунари М. Орифов гашта, симои офаридаи ӯро то охир дар лавҳи хотир нигоҳ медоранд.
Саҳнаи дигаре, ки тамошогаронро мафтун сохта буд, саҳнаи бозгашти амир Наср бини Аҳмади Сомонӣ аз Ҳирот ба Бухоро ва қироати ғазали маъруфи «Бӯи ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме» аз ҷониби Рӯдакӣ – М. Орифов ва ҳалҳалаи дарбориён он ҳангом мебошад. Киношиноси маъруфи тоҷик, нахустин муҳаққиқи синамои миллӣ Ато Аҳроров ба маҳорат ва салиқаи симоофарии Марат Орифов баҳои баланд дода, дар асари таҳқиқотии хеш «Кинои тоҷик» овардааст: «Марат Орифов симои Рӯдакиро тасвир намуда, кӯшиш дорад аз такрор ва монандӣ ба филми «Абуалӣ Сино»-и офаридааш канораҷӯӣ карда, вежагиҳои фардии қаҳрамони худро ҷустуҷӯ намояд. Дар саҳнаҳои нахустини филм ҳунарвар ба оҳистагӣ барои дарки афкори шоири ҷавон ҷадал намуда, оҳанги шеърҳоро бо эҳтиросоти хоса ва ҳаяҷони ботинӣ ҳангоми мулоқот бо мардум ифшо карда, кӯшиши илҳому неруи зиндаи Рӯдакии Одамушшуароро илқо месозад».
Филми «Қисмати шоир» соли 1959 рӯи парда омада, пас аз соле дар Ҷашнвораи байналмилалии синамои шаҳри Қоҳираи Миср ҷоизаи «Уқоби заррин»-ро соҳиб гашт. Ҳунарварон Дилбар Қосимова ва Марат Орифов дар ҷашнвора бо ҷоизаҳои вежа сарфароз гаштанд.
Баъди намоиши филми мазкур номи Марат Орифов ҳамчун ҳунарвари шинохта ва боистеъдод дар ҳудуди кишвар ва хориҷ аз он вирди забонҳо гашта, дӯстдори тамошобинон шуд. Пас аз наворбардории филми мазкур Марат Орифов Донишкадаи театрии шаҳри Тошкандро бо муваффақият хатм намуда, ба шаҳри азизаш Сталинобод баргашта, ба кори эҷодӣ дар студияи «Тоҷикфилм» шуғл меварзад.
Баъдан Марат Орифов дар аксари филмҳои студия нақш меофарид. Дар филми «Насриддин дар Хуҷанд» (филмнома ва коргардонии А. Бекназаров ва Э. Карамян) нақши дузди Бағдодро ифо намуд. Соли 1961 дар филми овозадори Борис Кимиёгаров «Дирафши оҳангар» (филмномаи Е. Помешиков, Н. Рожков) нақши Ширинкори маккорро бо маҳорати том бозӣ мекунад. Корманди собиқадори соҳаи кинематографияи миллӣ Любов Ивановна Қиёмова дар бораи ин нақши офаридаи ҳунарвар гуфтааст: «Бозии нишонрас ва тезу тунди М. Орифов, ки нақши Ширинкори бадтинатро офаридааст, хеле барҷаста ва ғайричашмдошт аст».
Се сол пас ӯ дар асари синамоии таҳиягар Амон Ҳамроев (филмномаи М. Рабиев ва М. Мелкумов) «Дӯст дорӣ маро ё на» нақши Қудратро офарид. Ҳамроҳи Марат дар ин филм ҳунарпешагони маъруф Сталина Азаматова, Абулхайр Қосимов ва дигарон ҳунарнамоӣ кардаанд. Филм гарчанде ки бо нақси муаллифони филмнома ва таҳиягар натавонист ба ҳадаф бирасад, боз ҳам нақши Қудрат дар иҷрои М. Орифов то дер гоҳ дар лавҳи хотири тамошогарон нақш баст. Худи ҳамон сол ҳунарвар дар филми «То фардо» (коргардон ва филмноманавис А. Давидсон) ҳунарнамоӣ кард. Соле пас дар асари «Замони осоишта»-и коргардон Б. Кимиёгаров (филмномаи В. Хабур ва Н. Рожков) нақши Комилро боварбахш рӯи парда овард.
Малака ва маҳорати Марат Орифов пурҷабҳа ва гуногунпаҳлу буда, соҳаҳои мухталифи санъати киноро дар бар гирифтааст. Махсусан, дастовардҳои ҳунарвар дар бахши таҳиягарӣ чашмрас мебошад. М. Орифов барои омӯхтан ва тасаллут доштан дар риштаи таҳиягарӣ ва коргардонӣ факултаи режиссураи Донишкадаи умумииттифоқии давлатии кинематографиро дар коргоҳи Ҳунарии С. Герасимов хатм намуда, соли 1966 аз рӯи асари овозадори нависандаи русизабони Тоҷикистон Павел Лукнитский «Нисо» (филмномаи П. Лукнитский ва Л. Рутитский) бо ҳамин ном филмеро ба навор гирифт, ки он ба ҳодисаҳои нахустини солҳои баъди инқилоб дар Бадахшони Шӯравӣ ҳикоят мекунад. Дар синамо манзараҳои зебои кӯҳистони Бадахшон бо ҳодисаҳои замони пуршӯри инқилобӣ омехта тасвир шудаанд.
Нақши қаҳрамони асосии асар Нисоро толибаи мактаби миёна Г. Пӯлодова ифо намуда, дар нақшҳои дигар К. Холов (Бахтиёр), Ю. Назаров (Шопир) ва дигарон ҳунарнамоӣ кардаанд. Бо филми «Нисо» М. Орифов собит намуд, ки аз уҳдаи коргардонӣ ва таҳияи филмҳои мураккаб мебарояд. Марат Орифов барои нахусткоргардониаш ва Галина Пӯлодова ҷиҳати нақши нахустинаш дар филми «Нисо» соли 1966 дар мусобиқоти киностудияҳои Осиёи Марказӣ ва Қазоқистон, ки дар шаҳри Ашқобод баргузор шуда буд, соҳиби қадрномаҳои махсус гардиданд.
Асари дигари синамоии таҳиянамудаи М. Орифов «Қалби ман дар кӯҳсор аст» (1968) ном дорад, ки филмномаашро Эдгар Дубровский навиштааст. Нақши марказии асар Ашӯрро худи М. Орифов мутмаинона ва бо камоли масъулият бозӣ кардааст, ки он аз ҳаёти пурхурӯши ҷавонони геолог ҳикоят мекунад.
Филми дигари Марат Орифов «Муҳосира» ном дорад, ки соли 1977 дар синамобазми Ереван соҳиби ҷоизаи ҷашнвораи синамоии умумииттифоқӣ гардидааст. М. Орифов як қатор асарҳои синамоии мустанадро низ таҳия кардааст.
(«Адабиёт ва санъат», № 35, 3 сентябри с.2025)
Муҳаммадулло ТАБАРӢ