Омадам, то ба ҷои худ бошам…

 Омадам, то ба ҷои худ бошам…

Даромади сухан

Номи Нуқраи Суннатниё аз охири солҳои 70-ум дар саҳифаҳои рӯзномаву маҷаллаҳои кишвар иқболи боландагӣ ёфт. Сурудани шеърро аз замони таҳсил дар мактаби зодгоҳи хеш, деҳаи Роғи ноҳияи Ванҷ шуруъ кард ва замоне ки таҳсилро дар факултаи таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон идома медод, ба унвони як шоири ҷавону хушқареҳа матраҳ шуд. Дар соли 1973 таҳсилро дар риштаи суханшиносӣ ба поён расонд ва муддате дар кафедраи «Таърихи Тоҷикистон»-и донишгоҳи мазкур кор кард. Дар ҳамин ҳангом буд, ки аввалин маҷмуаи шеърҳои худро бо унвони «Чашмаи Роғ» (1976) мунташир кард. Баъдҳо, ки аз соли 1993 то 2015 дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон кор кард, барои парвариши истеъдоди хеш аз ин муҳит суди фаровон бурд ва дар ин муддат устоди кори хеш гардид. Маҷмуаҳои «Шогуна», «Сояи абр», «Нафаси хаёл» ва «Атри гули ёс»- ро дар солҳои мухталиф ба нашр расонид, ки ҳосили ҳамин айём мебошанд. Маҷмуаи охири ӯ “Хотиранур” (2025) ном дорад, ки ҳомили ашъори солҳои охир ва гулчине аз соири осори пешинаш аст.

Овози Нуқраи Суннатниё аз се майдон ба гӯш мерасад: майдони ғазал, чаҳорпора ва нимоӣ. Аммо намешавад корномаи ӯро бидуни рубоӣ ва дубайтиҳои ошиқонааш ба баррасӣ гирифт, хоса дар мавридҳое, ки ингуна шарҳи ҳол мекунад:

Ишқам бигузашту коғази зард шудам,
Пойизи ғаму таронаи дард шудам.
Аз авҷи ситорагии худ канда шудам,
Бар хок фитода лахчаи сард шудам.

Ӯ шоирест, ки бо ихлос рубоӣ месарояд ва дар ин даст рубоиҳояш ҷозибаи суварии хосе падидор аст. Албатта, рубоӣ бо гуноҳи он, ки як навъи куҳнаву ҷоафтода дар шеъри мост, таваҷҷуҳи кам касонеро ба худ ҷалб мекунад, вале вақте ба дидаи таҳқиқ ба он менигарӣ, чизҳоеро дар он ошкор хоҳӣ кард, ки қобили арз ва ситоишанд. Ҳамин рубоӣ, ки хондем, танҳо як қолаби мустаъмал бо як мавзуи ҳамешагӣ нест. “Коғази зард”-у “пойизи ғам”, “таронаи дард”-у “лахчаи сард” фақат як кӯшиши таркибофаринии шоирона аз назари ҳунарӣ нестанд, балки омадаанд шарҳи ҳоли касеро гӯянд, ки пасту баланди зиндагиро таҷриба кардааст. Ин чаҳор мисраъ барои мо, ки ҳанӯз ин дардро эҳсос накардаем, фақат як ангезаи ҳунарист. Аммо барои касоне, ки ин роҳро паймудаанд, ҳақиқати дигар аз фалсафаи умрро бозгӯ мекунад.

Чаҳорпора

Нуқраи Суннатниё агарчи дар маҷмуаи охири худ ҳаққи бештар ба ғазал додааст, чаҳорпораҳояш аз назари муҳтаво ва фарогирӣ афзалияти бештареро соҳибанд. Тасвиргароӣ ва нигоҳи шоиронаи ӯ ба зиндагӣ, ба муҳит бештар дар ҳамин навъи ашъораш падидор мегардад. Дар ин навъи ашъор шоир бо тамоми бурду бохти рӯзгор ҳамовозӣ мекунад ва он бори бештаре аз эҳсоси фардии ӯро бар дӯш дорад. Дар ин ашъор шоир унсурҳои ҳаётро вориди шеър мекунад ва тасвирҳояшро тозагии бештар мебахшад:

Шоири бекитобу беунвон,
Шоири дардҳои худ бошам.
Н-омадам, ҷои дигаре гирам,
Омадам, то ба ҷои худ бошам.

Номи ман номаест аз дили кӯҳ,
Рӯҳи ман аз шарораи хуршед,
Гесувонам зи мавҷи дарёҳо,
Дастбандам зи ёраи хуршед…

Ин чаҳорпора, ки ду банди он зикр шуд, аз оғоз то анҷом ҳасби ҳоли шоир аст ва бартариаш аз назари мавзуъ дар заминаи воқеӣ доштани тасвир аст, ки бо лаҳне нарм ва баёне дилкаш ироа мегардад. Ҳунармандиҳои шоирона дар пораи баъдӣ бо ташбеҳсозии рӯҳ ба шарораи хуршед ва гесӯ ба мавҷи дарё падидор аст. Он чи ки аз назари ҳунари шоирона ин шеърро қувват медиҳад, аз роҳи тахайюл хуршедро дастбанди худ донистани шоир аст. Мисли ин ки дар шеъри “Хабарнигор” фаъолиятҳои хабаргузориро вориди шеър мекунад ва бо истифода аз таркибу вожаҳои хабарнигорӣ ин гуна як баёни шоиронаро тарҳрезӣ месозад:

З-ин ашкҳо, ки мечакад аз чашмам
Бар сафҳаи гузориши ҳиҷронам…

Чакидани ашкҳо ба сафҳаи гузориш, ки он ҳам як гузориши содаву маъмулӣ не, балки сафҳаи гузориши ҳиҷрон аст, шоирона ба назар мерасад.

Нимоӣ

Дар шеърҳои нимоии шоир пардохтан ба ишқу отифа, ба ҳикмат бо ҷузъиётнигориҳо аз рӯзгори инсони муосир фаровон ба назар мерасад, вале иҷтимоъ дар ин даст ашъори ӯ мавзуи меҳварӣ ба ҳисоб меравад. Афкори шоир бештар дар маҷрои иҷтимоъгароёна ҳаракат мекунад ва масъалаи иҷтимоъ дар меҳвари шеъраш қарор мегирад. Дар баробари анвои суннатӣ, шеъри нимоӣ ба шоир озодии бештареро додааст, то андешаҳои иҷтимоъгароёнаи худро ҳадафмандона ироа кунад. Вақте мегӯяд:

“Хурӯсакҳо”-и боми Ғарб,
Арӯсакҳои доми Ғарб,
Ба боми мо намегунҷед,
Ба субҳи нуқрафоми мо намегунҷед!
                                                          (“Хурӯсакҳо”)

Ин ҷо овози ӯ дар пардаи иҷтимоъ танинандоз аст, овози устувору пуриқтидор алайҳи касоне, ки намакношиносона ба ҷониби кишварашон санг меандозанд.

Ва ғазал

Ғазал дар ашъори Нуқраи Суннатниё бо ҳифзи сохтори суннатии худ дорои мазмуну муҳтаво ва забону баёни имрӯзист, ки метавон гуфт дар заминаи шеъри солҳои 70-80-и тоҷик шакл гирифта ва то кунун бо равиши сода ва бидуни такаллуф дар пайи баёни тасвирҳои воқеӣ аз зиндагии инсони имрӯз аст ва дар мисоли ишқу иҷтимоъ ва ҳасби ҳол хулоса мешавад. Яъне, ғазалҳои ӯ дар ҳар мавриде инъикоскунандаи ҷаҳонбинӣ ва масъалаҳои муҳимми рӯзгори инсони муосир ҳастанд. Эҳсос мешавад, ки таҷрибаи рӯзгор водораш кардааст, то дар ғазал ҳам гоҳе ишқро дар хидмати иҷтимоъ қарор диҳад ва дар ин навъи шеър ҳам бо гунае неку бади муҳити дирӯзу имрӯзро ба намоиш гузорад. Яъне ба ин васила муҳтавои теъдоде аз ғазалҳои худро тобиши иҷтимоӣ додааст.

***

Дар ин матлаби кӯтоҳ, ки бар мабнои чанд намунаи шеъри шоир иншо шудааст, наметавон ба таври лозим ашъори вайро матраҳшуда дар ҳавзаи нақд донист. Нуқраи Суннатниё ҳунармандиҳои дигаре аз қабили шоиронагӣ, таркибу ибораороӣ ва умуман офаридаҳои ҳунарӣ дорад, ки барои бозкушоӣ ва пажӯҳишашон ниёз ба баррасии бешатр аст, то ҷойгоҳи гӯянда дар тӯли солҳои фаъолияти шоирӣ дар ҳавзаи адабии кишвар мушаххас гардад.

М. Сабурӣ

Дигар хабарҳо