Ойинаи рӯзгори мардум
Шариф Халил аз зумраи нависандагони соҳибистеъдодест, ки тайи чанд соли охир бо ҳикояҳои хонданию ҷолиб худро ба хонандагон ва ҳаводорони каломи бадеъ муаррифӣ намудааст. Мутолиаи маҷмуаҳои ҳикояву новеллаҳояш «Ширмолаҳои маҳтобӣ» ва «Дар орзуи рӯшноӣ» гувоҳи он аст, ки вай дар роҳи сангини қаламкашӣ қадами муваффақона мегузорад ва дар таҳқиқи бадеии зиндагию сарнавишти ҳамзамонон кӯшиши зиёде ба харҷ медиҳад. Ба сифати як носири хушзавқ паҳлуҳои гуногуни зиндагии мураккабу пур аз шебу фарози одамонро, ки дар байни онҳо умр ба сар мебарад, мавриди тасвир ва бозтоби бадеӣ қарор медиҳад. Нақди адабӣ ба навиштаҳояш таваҷҷуҳ дорад ва нависандагони пуртаҷриба ӯро ҳамчун носири воқеанигор ном мебаранд. Аз ҷумла дар пешгуфтори китоби «Ширмолаҳои моҳтобӣ», ки ба қалами нависанда Равшан Махсумзод таълиф шудааст, ин суханҳоро дар мавриди ҳунари нависандагии ӯ мехонем: «Шариф Халил нависандаи андешапарвар ва дақиқназар аст. Вай танҳо ба хотири рӯи коғаз овардани воқеае қалам намеронад, балки мекӯшад, то ба умқи ҳодисаҳо бирасад ва сабаби ба вуқуъ пайвастани онҳоро қадри тавон ба риштаи муҳокима кашида, сабақе ба хонанда дода бошад. Ин, албатта, яке аз хусусиятҳои хуби нависандагӣ ба шумор меояд».
Шариф Халил асосан дар инъикоси зиндагию сарнавишти пурихтилофи қаҳрамонони ба истилоҳ манфӣ қобилияти назаррас дорад. Дар нақлу тасвир зоҳиран ба суннату анъанаҳои дерини адабӣ ва шеваю сабки нависандагони маъруфи муосир такя мекунад, вале мушоҳидаҳояш то ҷое тоза буда, дар ҳар як ҳикоя саъй бар он менамояд, ки аз тасвири батафсили зиндагии одамон ҳикмату фалсафаи вижаеро ба хонанда талқину таъкид кунад. Каломаш фасеҳу пуробуранг аст, таъбиру зарбулмасалу мақолҳои мардумиро ба мавқеъ ва ҳунармандона истифода мекунад. Чунин усулу сабки нигоришро дар ҳикояи «Учитель» ба мушоҳида гирифтан мумкин аст. Нависанда бо баёни андешаҳои ботинии омӯзгори ҷавони русто, хӯву хислати ӯро дар муносибат бо омӯзгори куҳансол Муҳибуллоев ба таври равшану возеҳ инъикос мекунад. Ҳолати руҳии омӯзгори ҷавон дар лаҳзаи дарс бо тамоми ҷузъиёташ, аз ҷумла, манзараи табиати фасли тирамоҳ, вазъи хонандагон ва андешаҳои ӯ ба таври ногусастанӣ тасвир шудааст. Аз ибтидо то интиҳои ҳикоя муаллим дар ҳукми виҷдони хеш монда, бо ба ёд овардани баҳсу мунозираҳояш бо омӯзгори куҳансол Муҳибуллоев худро ҳақ баровардаю амалу рафторҳои ӯро кинаваронаю аз рӯйи нотавонбинӣ меҳисобад. Аммо раванди воқеаҳо бозгӯйи онанд, ки омӯзгори ҷавон корашро аз сари сидқ анҷом намедиҳад, фиребгар асту ба фарзандони мардум дилаш намесӯзад. Ҳарчанд Муҳибуллоев ӯро панд медиҳаду таъкиду хотиррасон мекунад, вай ин ҳамаро қабул надорад. Ба нависанда муяссар гардидааст, ки сиришти омӯзгори ҷавонро, ки бар ивази ислоҳ шудан ба Муҳибуллоев дар дил кина мепарварад, бо ҷамеи кӯтаҳназирию бадхоҳияш муассиру реалӣ тасвир намояд. Ҳосили таҳлилу қазовати омӯзгори ҷавон иқрор шудан на бар аъмоли зишти худи ӯ, баръакс, гунаҳгор донистани омӯзгори дилсӯзу садоқатманд Муҳибуллоев мебошад. Шариф Халил дар офаридани характери омӯзгори ҷавон бо нишон додани муносибати ӯ ба духтари Муҳибуллоев – Мафтуна, ки хонандаи мактаб аст, муваффақ шудааст. Хулосаи ҳикматомези нависанда ин аст, ки шахси бадтинат тағйир нахоҳад ёфт, чунонки омӯзгори ҷавон бе ҳеҷ сабаб ба Мафтуна баҳои «2» мегузорад ва симои аслияш бо ин кирдораш пеши назари хонанда маълум мегардад.
Чунин ҳамоҳангии мантиқиро дар ҳикояи «Раис» низ эҳсос кардан мумкин аст. Дарунмояи ҳикояро руҷуъҳои ботинии қаҳрамони ҳикоя – пирамарде, ки замоне раисии хоҷагиро бар уҳда дошт, дар бар гирифтааст. Дар ин ҳикоя низ азобҳои руҳии шахс тасвир шудааст, ки бо таҳлилу хулосагириҳо аз умри бесамараш тинати баду хислатҳои ғайриинсонияш пеши чашмаш ҷилва мекунаду ошуфтааш месозад. Бо нақлу бозтоби рӯзгори талху нобасомони раис нависанда фикреро талқин кардан мехоҳад, ки ҳама гуна амалу кирдори зишт подоши худро дорад. Раиси замоне ҳавобаланду мағрур ҳамакнун тани танҳо мондаасту ҳатто фарзандон меҳреву самимияте бар ӯ надоранд, пайваста азоби ботинӣ мекашад, зеро тамоми умр бо наздикону пайвандон, ба ҳамсараш бо бераҳмию беинсофӣ муносибат кардааст. Ҳамсарашро азоб додаву сухани неке ба ӯ нагуфтааст. Аз мутолиаи ҳикоя маълум мегардад, ки раис умуман, дили инсонӣ надошта, занашро дар ҳолати мастӣ шаби зимистон бо ду кӯдаки хурд аз хона бароварда пеш кардааст. Ва ин амали бераҳмона чандин бор такрор шудааст. Аслан мавзуъ ва паёми бадеии нависанда аз оғозу инкишофи хатти сюжет то анҷом нав нест. Дар адабиёт асарҳои насрии зиёде дар ин мавзуъ эҷод шудаанд, аммо ҳадаф ва хулосаи нависанда аз бозтоби ҳаёти пурпечутоби мураккаби қаҳрамони ҳикоя сабақ додан ба одамон аст.
Дар ҳикоя ин фикр ҳамчун ғояи ҳикматомӯз чунин баён гардидааст:
– Боз… дар дунё мукофоти амал ном чизе вуҷуд доштааст, ки бандагонаш набояд аз он ғофил бошанд. Охир, дар ин олами дудар касе нест, ки бе мукофот биравад. Мана мисолаш: вай ҳам ҳар чӣ дар ҳаёт кошта буд, фурсаташ расида, медаравад… ва ба ин худаш амин аст! Худованд ба ду чашми сараш, чунон нишонаш дод, ки … эҳа-ҳа-а-а! Акнун кадом ангушташро бигазад?!
Яке аз хусусиятҳои ба назар намоёни ҳикояҳои Шариф Халил қавӣ будани ҷанбаи тарбиявию ахлоқии онҳост. Чунин тобишу оҳанги услубиро дар ҳикояи «Паёмак» дучор шудан мумкин аст. Бо тафовут аз ҳикояи «Раис» дар «Паёмак» хислату атвори ношоиста ва метавон гуфт, аз одамият фарсахҳо дури қаҳрамони манфӣ (шавҳари зан), ки дар кишвари дуре зиндагӣ ва фаъолият мекунад, аз андешаву амали ӯ барнамеояд, балки аз нигоҳи ҳамсари ӯ маълуму муайян мешавад. Дар ҳикоя андешаҳои ботинии зан тавъам бо драматизми шадиди руҳии ӯ мавқеъ пайдо карда, рӯзу шабҳоро дар интизории паёми шавҳар сипарӣ намудани ӯ бо оҳанги лиризми шоирона тасвир шудааст. Зан, то даме ки шавҳар ба ӯ бо ин мазмун – «Туро дӯст дорам, азизам!» паёмак мефиристод, худро саодатманду хушбахт меҳисобид. Аммо тадриҷан аз шавҳар паёму пайғоме ба ӯ намерасид ва ин ҳол ошуфтаю парешонаш мекунад. Нависанда саргарми нақли батафсили воқеаву рухдод нашуда, ба таври муҷазу мухтасар, бо нишон додани дарду изтироби ҳамешагии зан, ки бо шикасти руҳӣ ва фоҷиаи зиндагии ӯ ба поён мерасад, ба ҳикоя ҳусни анҷом мебахшад.
«Шояд вақти ларзиши замин ин паёмак омада, ки вай хабар наёфтааст. Мисли гушнае, шояд ташнае… паёмакро кушоду хонд. Хонда… дунё дар назараш торик гашт! Замин зери пояш рафт! Аз номи шавҳари раҳдураш ин паёмак расида буд: «Туро се талоқ кардам!»
Ҳикояи хуб, муассиру такондиҳанда, аммо аз чӣ бошад, ба таври иҷмолӣ ҳам бошад, ба чунин рафтори аҳдшиканона ва тасмимгирии шавҳар, ки ҳамсару тифли хурдсолашро дар чорсӯи зиндагӣ танҳо гузоштааст, аз ҷониби муаллиф рӯшанӣ андохта нашудааст. Хонанда пас аз мутолиаи ҳикоя шояд пурсон шавад, ки сабабу омилҳои чунин амали шавҳар ва зуҳури рухдоди бадфарҷом дар чист?
Дар китоби «Дар орзуи рӯшноӣ» якчанд ҳикоя, қисса, ҳикоёти муъҷаз ва лавҳаю очеркҳои Шариф Халил ҷой дода шудаанд, ки мавзуъҳои мухталифро фаро гирифтаанд. Тавре ишора шуд, яке аз мавзуъҳои меҳварие, ки дар ҳикояҳои нависанда ба мушоҳида мерасанд, муҳоҷирати тоҷикон дар кишвари Русия ва талошу заҳмати онҳо баҳри ба даст овардани маблағи зарурӣ барои таъмини зиндагӣ мебошад. Ҳикояи «Маро як бор модар гӯй» рӯзгори вазнин ва меҳнати пурмашаққати Шавкату дӯстони ӯро таҷассум намудааст. Ҳикояи «Қурбони мулӯҳ» замони пурошӯбу таҳлукаомези солҳои 30- юмро, ки дар таърих ҳамчун табъиди рӯшанфикрону сиёсатмадорон бо ҷурму гуноҳи маснуӣ ва тамғаи «душмани халқ» ба зиндонҳо ва меҳнати сангин ба ҷангалзорони Сибир бадарға мешуданд, бо маҳорати хуби нигорандагӣ қаламдод намудааст. Дар ин мавзуъ дар адабиёт, хосса, насри тоҷик асарҳои фаровоне мавҷуданд, ки муаллифони ин осор сарнавишти талху фоҷиаомези афроди бегуноҳро аз диду дарки худ мавриди тасвир қарор додаанд. Шариф Халил саргузашти Мулло Абдуллоҳро, ки марди заҳматкашу порсо ва хайрхоҳи мардум аст, дар муносибат бо ҳамдеҳагон ба тафсил нақл мекунад. Лаҳзаҳову ҷузъиёти зиндагии мард воқеъбинона бозтоби бадеӣ гардида, хусусан, аз бими ба бод нарафтани сараш китобҳои қадимии аз падараш меросмондаро шабона дар мазори куҳна, дар хокдоне пинҳон кардани ӯ бо маҳорати том рӯйи сафҳа оварда шудааст. Ҷанбаи ба назар намоёни сабку шеваи нигориши адиб дар ҳикояҳои ӯ ҷамъбасти бадеии онҳост, ки таъсиргузоранду эътимодбахш. Дар ҳикояи «Қурбони мулӯҳ» низ он аз тасвири муаллиф маълум мегардад, ки муҷиби гунаҳгор дониста шудани Мулло Абдуллоҳ ниҳодеву мақомоте набуда, балки Шукруллоҳи бекорхӯҷа, писари чӯпони деҳа Нуъмонбой мебошад, ки аз ӯ қасду кина меситонад. Раванди инкишофи хатти сужа ва тафсили муназзами воқеаҳо дар ҳикоя бозгӯйи онанд, ки нависанда ба ин васила, ҳамчунин, дар гуфтугӯю муколама ва бархӯрдҳои қаҳрамонони ҳикоя талош меварзад, ки симои инсонҳои покниҳоду озоду ворастаро мукаммалу хотирмон биофарад, ки дар ин бобат дастёбу муваффақ аст ӯ! Аммо маълум намегардад, ки чаро ҳикоя «Қурбони мулӯҳ» унвонгузорӣ шудааст, дар ҳоле ки дар ҳикоя ҷое ба Қурбону амалҳои ӯ ишорае нест. Нависанда аз Шукруллоҳ ва сурати манфури ӯ, ки ба Мулло Абдуллоҳ душманӣ варзида, ба туҳмат гирифтораш кардааст, ривоят анҷом медиҳад. Ин иштибоҳ бояд ислоҳ гардад.
Қиссаи «Як шаби боронӣ» аз қисмати зану шавҳаре ҳикоят мекунад, ки фаҳмишу биниши онҳо нисбат ба ҳодисоти зиндагӣ куллан тафовут дошта, хилофи ҳамдигаранд. Ҳамдам, ки чӯпони хоҷагии калонест, маъною моҳияти зиндагии худро дар ҷамъ кардани молу сарват, он ҳам сарвати давлат, фиребу найранг, зери по намудани виҷдону инсоф медонад. Шарафу нангу обрӯ ва камолоти инсонӣ барояш мутлақо бегона буда, дар банди ҳирсу нафси аммора афтода, ҳатто меҳру муҳаббат ба хонадону ҳамсарашро дар муносибати маҳрамонаю шаҳват хулоса мекунад. Дар баробари ӯ, ҳамсараш Баҳора зани поку баиффат ва ростқавлест, ки рафтору кирдор ва амалҳои ғайриқонунии шавҳарро дар суҳбатҳои хосаашон мазаммат ва маҳкум мекунад. Ҷое ба Ҳамдам чунин панд медиҳад:
– Ғам, махӯр, очаш! Хонаи гург беустухон нест!
– Аз ёд набароред, мардак, даври гургиҳоятон гузашт акнун.
– Хайр…
– Баъдан, ҳамон «устухонҳое»-ро, ки аз тариқи гургиву туркӣ ба даст овардед, билкул фаромӯш кунед. Биёед, ҳалол хӯрем ва ҳалол мирем.
Ҳамин сухан, яъне, «биёед, ҳалол хӯрем ва ҳалол мирем» ба масобаи метавон гуфт, консепсияи бадеию фалсафии қисса хидмат кардааст. Сарнавишти Ҳамдам, ки бо бадбахтию нокомӣ меанҷомад, аз ҷониби нависанда на бо нақли тулонию хастакунанда, балки суҳбату муколамаҳо ва андешаҳои ботинии қаҳрамон, ки мухтасару ҷаззобанд, бо ҳунару лаёқати баланд инъикос гардидаанд. Дуруст аст, ки мавзуи қисса нав нест, аммо муҳим ҳаллу ҷамъбасти бадеии воқеаҳост, ки хеле хуб сурат гирифта, дар мукаммалу равшан офаридани симои Ҳамдам ба муаллиф ёрӣ расондааст.
Дар умум, аз мутолиаи ҳикояҳои Шариф Халил метавон ба хулосае расид, ки вай ҳамчун навсиандаи воқеънигор марҳала ба марҳала ба рушду такомули эҷодӣ расида, маҳорати бозтоби ҳодисаҳо ва неруи тасвирпардозияш сайқал меёбад, симоҳои таҷассумнамудааш хотирмон ва мавриди таҳлилу баррасии хонандаи ҳушманд қарор мегиранд. Забон ва шеваи баёни нависанда хушобурангу фасеҳу рангин буда, вай аз калимаю таъбирҳои нобу нодир огоҳона истифода мекунад. Бо вуҷуди ин, нависанда дар корбасти бархе аз вожаҳо ба ғалат ва шитобкорӣ роҳ медиҳад. Аз ҷумла, дар аксар ҳикояҳо ва қиссаи «Дар орзуи рӯшноӣ» калимаи «гиребон» дар ду шакл (гиребон, гиреҳбон) омадааст. Бемавқеъ омадани калима ва таъбиру ифодаҳо низ ба чашм мерасанд. Ҷое менависанд: «Ҳавои серун ба сару рӯяш нишаста, ӯро андаке аз ҳавр (?) фароварда бошад ҳам, ҳамон хотираш мушавваш боқӣ мемонд». Баъзан дар ҳикояҳо ба имлои калимаҳо диққат дода нашудааст. Дар натиҷа калимаи «Худо» бо ҳарфи хурд, дигар вожаҳо бо ӯ-и дароз (амсоли руҳ, макруҳ, абру…) навишта шуда, шумораи ҷамъ ва ибораҳо риоя нашудаанд: чандин сарҳо (дурусташ: чандин сар).
Ҳароина, ин норасоиҳо ислоҳшавандаанд ва Шариф Халил, ки нависандаи ҷӯяндаву мушоҳидакор мебошад, минбаъд бо ҳикояву қиссаҳои нав гулбоғи насри тоҷикро рангину муаттар хоҳад кард.
Шодӣ Раҷабзод,
нависанда



