Озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол – 2024»

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол – 2024»-ро эълон менамояд.

Ҳадаф аз баргузории Озмун дарёфти беҳтарин асарҳои бадеии муосири тоҷик аст, ки ҷавобгўи меъёрҳои санъати
сухан ва забони адабӣ буда, ба мавзуи Тоҷикистон – дирўз, имрўз ва фардо, ваҳдати миллӣ, ифтихор аз ватану ватандорӣ, тарбияи ватандўстии ҷавонон, тарғиби дастовардҳои истиқлоли давлатӣ ва ба ин васила арҷгузорӣ ба тамаддун ва фарҳанги миллӣ бахшида шуда бошанд.

Дар озмун муаллифони асарҳои назму насри тоҷик, ки эҷодиёташон тайи соли 2024 дар муассисаҳои нашриявии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр шудаанд, ҳуқуқи иштирок кардан доранд.

Маҳорати маъниофарӣ, риояти санъати сухан, бадеият, забон, услуб, пайвастагии афкор ва бандубасти силсилаи воқеаҳо, мувофиқати мазмуну мундариҷаи асар бо талаботи замони муосир шартҳои асосии озмун маҳсуб мешаванд.

Барои ғолибони китоби назм, наср, публитсистика, назму насри бачагона ва тарҷумаи адабӣ дипломҳо, мукофотҳои соҳавӣ ва моддии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст:

Барои китоби назм:
Дипломи дараҷаи аввал       1500 сомонӣ;
Дипломи дараҷаи дуввум    1000 сомонӣ;
Дипломи дараҷаи саввум     500 сомонӣ;
Барои китоби наср:
Дипломи дараҷаи аввал        1500 сомонӣ;
Дипломи дараҷаи дуввум     1000 сомонӣ;
Дипломи дараҷаи саввум      500 сомонӣ;
Барои китоби публитсистӣ:
Дипломи дараҷаи аввал        1500 сомонӣ;
Дипломи дараҷаи дуввум     1000 сомонӣ;
Дипломи дараҷаи саввум      500 сомонӣ;
Барои китоби назми бачагона:
Дипломи дараҷаи аввал        1500 сомонӣ;
Дипломи дараҷаи дуввум     1000 сомонӣ;
Дипломи дараҷаи саввум      500 сомонӣ;
Барои китоби насри бачагона:
Дипломи дараҷаи аввал        1500 сомонӣ;
Дипломи дараҷаи дуввум     1000 сомонӣ;
Дипломи дараҷаи саввум      500 сомонӣ;
Тарҷумаи адабӣ:
Дипломи дараҷаи аввал        1500 сомонӣ;
Дипломи дараҷаи дуввум     1000 сомонӣ;
Дипломи дараҷаи саввум      500 сомонӣ;

Эзоҳ: шаҳрвандоне, ки хоҳиши дар Озмун иштирок кардан доранд, бояд 2 нусха (як номгўй) китоби тозаэҷоди дар соли 2024 дар яке аз нашриётҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон интишорнамудаашонро то 1 декабри соли 2024 ба суроғаи зерин ирсол намоянд:
734025, ш.Душанбе, хиёбони Рўдакӣ, 34. Раёсати табъу нашр ва матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дигар хабарҳо