НУРУЛЛОҲИ АБДУЛЛО

6 ноябри соли 1948 дар деҳаи Лучоби ноҳияи Рӯдакӣ ба ҷаҳон омадааст.

Мактаби миёнаи №16 ба номи Т.Г Шевченкои деҳаро хатм кардааст.

Соли 1965 муҳассили Донишкадаи давлатии педогогии ба номи Т.Г. Шевченко шудааст.

Баъди ду соли таҳсил, баробари ифтитоҳи факултаи санъат дар ҳамин донишкада, ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи навтаъсис супурда, таҳсилро аз курси аввал сар кардааст ва, ниҳоят, пас аз хизмати ҳарбӣ ва хатми Донишкадаи давлатии санъати ба номи Мирзо Турсунзода, соли 1975, дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосими Лоҳутӣ ба фаъолияти ҳунарӣ пардохта, дар офаридани чеҳраҳои мутаъаддидаи саҳнавӣ ва таҳияи осори гуногуни драматургӣ маҳорати ҳунарварӣ нишон додааст.

Дар баробари фаъолияти босамари ҳунарии театрӣ ва ҷамъиятӣ, дар таълифи осори драматургӣ ҳам соҳибтавфиқ буда, асарҳои калонҳаҷми драмавии «Кӯҳистонӣ» (1985), «Афсонаҳои муйсафед» (1987), «Ҷеғ зан Искандарата!» (1989), «Хонадомод» (1992), «Куҷо равонем?» (1995), «Шикасти умед» (2000), «Мусофирони роҳи ғалаба» (2005) «Ҷанҷоли сари пода» (2007) ва ғ. ба қалами ӯ тааллуқ доранд, ки чанде аз онҳоро театрҳои берун аз Тоҷикистон ҳам саҳнагузорӣ кардаанд.

Тарҷумаи пйесаҳои калонҳаҷми «Ворисон», «Аз соати се то шаш»-и А.Чхеидзе, «Покизагии муқаддас»-и А.Макаёнок, «Дар танҳоӣ бо олам»-и А.Ҳелман, «Анной»-и Нозим Ҳикмат ва ғ. зодаи заҳмати ӯстанд.

Маҷмӯаи асарҳои драмавии ӯ «Кӯргиреҳ» соли 2001 дастраси хонандагон гардидааст.

Ҳунарпешаи шоиста ва халқии Тоҷикистон.

Бо ордени «Дӯстӣ» мукофотонида шудааст.

Аз соли 1994 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Дигар хабарҳо