НОРИНИСО

 НОРИНИСО

НОРИНИСО (Норинисо Алимуҳаммадова) 25 марти соли 1949 дар маҳаллаи Раззоқи шаҳри Хуҷанд дида ба олами ҳастӣ кушодааст. Падари донишмандаш Алимуҳаммад-домулло Норинисоро аз 5-солагӣ ба омӯзиши оятҳои Қуръони Маҷид ва ҳамарӯза азёд кардани як ғазали Хоҷа-Ҳофиз ҳидоят намудааст. Ҳамин тариқ, Қуръони Маҷиду «Чаҳор­китоб»-ро дар ҳафтсолагӣ фаро гирифтааст, ки раҳнамои фаъолияти минбаъдаи эҷодии ӯ будаанд.

Баъди фавти падар Норинисоро лозим омадааст, ки барои пеш бурдани зиндагӣ ва бар по гузоштани се додару хоҳараконаш дар паҳлӯи модар истад. Аз ин рӯ, гарчи хеле ҷавон буд, дар Комбинати абрешими Хуҷанд ба кор пардохтааст ва аз ҳамон давра шеърҳои аввалинаш рӯи коғаз омадаанд. Соли 1967, бо дуои падаронаи Нависандаи халқии Тоҷикистон Раҳим Ҷалил, нахустин дастаи ашъораш дар рӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод» ба табъ расидааст. Аз ҳамон вақт бист маҷмӯаи ашъорашро дар ихтиёри муштариён гузоштааст.

Китоби нахустини ашъораш «Дунёи умед» соли 1980 аз чоп баромада, аз паси он (1983) «Оҳангҳои соҳил», баъдан «Садоқат» (1984), «Риштаи хаёл» (1986), «Гаҳвораи меҳр»(1988), «Кокули бом» (1990), «Сию се ғазал» (1993), «Ҳазору сад сатр» (бахшида ба ҳазору садсолагии давлати Сомониён; 1999), «Ошёни меҳр», «Лаҳзаи дидор», «Дарёи муҳаббат», «Меҳвари андеша» ба дасти чоп расидаанд. Соли 2013 ашъори мунтахабаш зери унвони «Дар зери чархи гардун…» дастраси умум гардидааст.

Норинисо самимона ва ҳадафрас сухан гуфта, дар ашъораш Модару Меҳан, сулҳу ваҳдат, ишқу ҷавонӣ, баҳору табиат, инсону зиндагиро ситудааст.

Барои саҳми шоёнаш дар рушди адабиёт соли 1998 бо ордени «Шараф» мукофотонида шудааст.

Аълочии матбуоти Тоҷикистон.

Аз соли 1987 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

19 марти соли 2018 аз олам даргузашт.

Дигар хабарҳо