Номаи шодбошии ИНТ ба шоири шинохта Акбар Абдулло

Шоири шнохтаамон Акбар Абдулло агарчи солҳои солҳои зиёд дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ фаъолият дошт, аз бомдоди умр ба шеъру сухани воло меҳру ихлос меварзид. Ин муҳаббати шуълавар ба каломи мавзун дар ҳар ҷое, ки қарор дошт, лаҳзае дар дилаш хомӯш нашудааст.
Мавсуф дар мактаби олии ВКД СССР-и шаҳри Тошканд (1976), Академияи ВКД-и шаҳри Маскав (1986) ва Академияи полиси шаҳри Қоҳираи Миср (1995) таҳсил намуда, солҳои тӯлонӣ дар соҳаҳои гуногуни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ кор кардааст.
Ҳамчун шоир низ фаъолияти пурбор дорад ва бо вуҷуди масруфиятҳои зиёд аз эҷоди шеър даст накашидааст. Намунаҳои ашъораш аз солҳои ҳаштодуми қарни гузашта дар нашрияҳои даврӣ чоп шудаанд. Баъдан китобҳои алоҳидаи ашъори ӯ – «Розҳои танҳоӣ» (1991), «Фарёди дур» (1993), «Фарёди ёри дур» (1994), «Кошонаи сӯхта» (1997), «Созҳо аз розҳо» (2001), «Ниёзи дил» (2008), «Намози дил» (2012) ва «Тирамоҳи сабз» (2019) дастраси хонандагон гардиданд. Шеърҳои ба забонҳои русиву ӯзбекӣ тарҷумашудааш дар китобҳои «Раздумые» (2004), «Аура любви» (2010) ва «Сунги япроқ» (2019) фароҳам омадаанд. «Чашми нурпоши пуршарар» унвони китоби дигари ашъори ӯст, ки соли 2024 ба хатти форсӣ дар Эрон чоп шуд.
Қиссаи воқеии «Духтарам», ки соли 2025 ба забонҳои русӣ ва тоҷикӣ интишор ёфт, гувоҳи маҳорати ӯ дар эҷоди наср аст.
Соли 2019 бо китоби «Тирамоҳи сабз» соҳиби Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода гардид. Хидматҳояш ҳамчунин бо Ҷоизаи адабии ба номи Лев Толстой (Русия), унвонҳои «Корманди хидматнишондодаи ВКД», «Аълочии милитсия советӣ» ва «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадр шудаанд.
Ҳамқалами худро ба муносибати 75-солагияш бо эҳтирому самимият шодбош мегӯйем ва ба ӯ саломатии комилу саодати мустадом таманно мекунем.
Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон