Номаи шодбошии ИНТ ба Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло

 Номаи шодбошии ИНТ ба Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло

Шумо ба адабиёт бо нафаси тозаву азми қавӣ ворид шуда, бо шеърҳои нахустинатон диққати суханшиносонро ҷалб намудед ва дар радаи адибони ҷавони тозагӯ қарор гирифтед.

Маҷмуаи нахустини ашъоратон «Навгонӣ» соли 1978 бо пешсухани устод Лоиқ Шералӣ чоп шуда, аз сӯйи хонандагон пазироии гарм ёфт. Баъдан бо азми ҷазмтару дили гармтар ба эҷод машғул шуда, маҷмуаҳои ашъори худро муттасил ба табъ расондед, ки ин далели ҷӯёиву пӯёӣ ва заҳматписандиятон мебошад. Ба баракати ҳамин талошу заҳмат дар муддати кӯтоҳ дар адабиёт ҷойгоҳи шоиста ёфтед ва чун шоири оташинсухану баркамол дар муҳити адабӣ эътироф шудед.

Хонандагон Шуморо чун шоири пешсафи ватандӯст мешиносанд ва эҳтиром мекунанд. Мавзуи Ватан, арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои давлату миллатамон дар ашъоратон ҳунармандона ва бо муҳтавои вусъатманду пирояи зебои бадеӣ бозтоб ёфтаанд. Дар ин маврид, махсусан, китобҳои «Тоҷикистонро дигар қисмат макун» ва «Рӯ ба меҳроби Ватан», ки беҳтарин ашъори ватандӯстонаатонро дар бар гирифтаанд, шоёни зикри хоссанд.

Мавқеи устувори шаҳрвандӣ, инсонпарастӣ, ҷавонмардӣ ва дигар сифатҳои волои инсониву эҷодӣ дар тамоми навиштаҳоятон бармало буда, дарунмояи асосии осоратонро ташкил додаанд.

Ба нақду пажуҳиши осори шоирони классику муосир низ жарфбинона машғул шуда, дар ин замина чанд китобу рисолаи арзишманд таълиф намудед, ки барои шинохти ашъори шоирон басо муфиданд. Дар рисолаҳои «Шаҳписари Хайём. Зиндагӣ ва шеъри Лоиқ», «Шеър чист ва шоир кист? Андар шинохти шеър ва шоир», «Сухан пироҳани ҷон аст», «Бедилонро бедиле дилдор кард» ва «Ҳунар ҳусн асту дониш ҷони шеър аст» муҳимтарин вижагиҳои ашъори шоирони дирӯзу имрӯз мӯшикофона мавриди нақду баррасӣ қарор гирифтаанд. Ин китобҳо, махсусан, барои ташаккули завқу табъ ва маҳорати шоирони ҷавон судманд буда, чун дастури хуби эҷодӣ метавонанд хидмат кунанд.

Ҳамчун қаламкаши ватанпарвар бо мақолаҳои пурбори публитсистӣ дар тарғибу тарвиҷи сиёсати давлат ва созандагиҳову бунёдкориҳои халқамон саҳми равшан мегузоред ва ин ҷанбаи фаъолиятатон боиси гуногунрангӣ ва пурмуҳтавоии эҷодиётатон шудааст.

Бо ҷоизаи комсомоли Тоҷикистон, ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, унвони Шоири халқии Тоҷикистон ва ордени «Шараф» қадрдонӣ шуданатон гувоҳи равшани хидматҳои бедареғи Шумо дар густариши адабу маънавиёт мебошад.

Бо самимияту эҳтиром ҷашни 75-солагиятонро хуҷастабод гуфта, бароятон саломатии бардавому саодати мустадом таманно мекунем.

Дигар хабарҳо