• 06.06.2025

Номаи шодбошии ИНТ ба Шоири халқии Тоҷикистон Ҳадиса Қурбонова

 Номаи шодбошии ИНТ ба Шоири халқии Тоҷикистон Ҳадиса Қурбонова

Шоири халқии Тоҷикистон Ҳадиса Қурбонова солҳои 70-уми қарни гузашта вориди адабиёти муосири тоҷик шуда, бо чакидаҳои аввалини хомаи хеш аз шукуфти ғунчаи тозае дар гулбоғи шеър башорат дод ва ба зудӣ дар радифи бонувони суханвари номошно қарор гирифт.

Китобҳои ашъораш – «Паймон» (1972), «Шукрона» (1980), «Сомон» (1984), «Даргоҳи офтоб» (1986), «Дунёи ҷавонӣ» (1987), «Эҳсон» (2000), «Чакомаи Душанбе» ( 2003), «Сояи мижгон» (2006), «Меҳвари ишқ (2008), «Соҳати дил» (2010) ва монанди инҳо аёнгари давраҳои гуногуни эҷодиёти шоиранд.

Ҳадиса дар жанри достон низ табъозмоӣ карда, дар бораи як зумра чеҳраҳои тобноки адабиётамон – Хайём, Ҳилолӣ, Бедил, Шоҳин ва дигарон достонҳо суруд, ки гувоҳи пуркориву пурмаҳсулии ӯянд.

Дар тарҷумаи бадеӣ низ заҳмат кашида, дар тӯли солҳои мухталиф намунаҳое аз осори А. Белевич, С. Мавлонов, Махдумқулӣ С. Капутикян, Зулфия ва дигар шоирони хориҷиро ба забони тоҷикӣ баргардонд.

Ҳадиса барои фаъолияти пурбори адабӣ бо унвонҳои Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон, Аъ­лочии матбуот, фарҳанг ва маорифи Тоҷикистон, Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода ва унвони Шоири халқии Тоҷикистон қадрдонӣ шудааст.

Ҷашни 85-солагии шоирро муборакбод мегӯйем ва барояш саломатии бардавом орзу мекунем!

Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

Дигар хабарҳо