Номаи шодбошии ИНТ ба шоираи маҳбуб Нуқраи Суннатниё

Нуқраи Суннатниё бо ашъори латиф ва сифатҳои неки инсонияш дар байни шоирони имрӯзамон мавқеи шоиста ёфтааст. Ботинаш аз чашмасорони зодгоҳаш – рустои Роғи ноҳияи Ванҷ сафо ёфтаву суханаш аз табиати зебои ин диёр тароват гирифтааст.
Донишомӯхтаи мактаби зодгоҳ ва факултаи таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, дар давоми солҳои гуногун дар ҳамин донишгоҳ, баъдан дар яке аз мактабҳои миёнаи ноҳияи Қумсангир ва чандин сол ба ҳайси мудири бахши кадрҳои Иттифоқи нависандагон фаъолият дошт.
То кунун маҷмуаҳои ашъораш «Чашмаи роҳ», «Шогуна», «Сояи абр», «Нафаси хаёл» ва «Атри гули ёс» ба дасти хонандагон расидаанд. Намунаҳои ашъораш ба забонҳои русӣ, ӯзбекӣ ва арабӣ тарҷума ва ба хатти форсӣ дар нашрияҳои Эрону Афғонистон чоп шудаанд.
Барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода ва соҳиби медали «Хизмати шоиста» аст.
Ҳамқалами азизи худро ба муносибати 75-солагияш самимона муборакбод гуфта, барояш шукуфоии табъу тандурустии комил таманно мекунем.
Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон