• 30.01.2025

Номаи шодбошии ИНТ ба Сафар Абдуллоҳ

 Номаи шодбошии ИНТ ба Сафар Абдуллоҳ

Пажӯҳишгари маъруфи осори илмиву адабӣ Сафар Абдуллоҳ, ки яке аз чеҳраҳои шинохтаи ҳавзаҳои илмиву адабии Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя аст, ба синни мубораки 70 расид.

Ӯ пас аз хатми факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (1978) таҳсилро дар бахши аспирантураи Пажӯҳишгоҳи адабиёти ҷаҳони АИ Иттиҳоди Шӯравӣ идома дод. Соли 1984 дар ҳамон ҷо дар мавзуи “Сунани ҳамосаҳои миллӣ ва шеъри муосир” рисолаи номзадӣ дифоъ намуд ва дар Донишкадаи адабии ИН СССР ва Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии АИ СССР фаъолияти илмиашро идома дод.

Аз соли 1992 дар Қазоқистон зиндагиву кор мекунад ва бо таҳияву таълифи китобҳои “Марсияи Хуршед”, “Шаранги андӯҳ” (2001), “Гуфтугӯи тамаддунҳо” (2004), “Нури сухан”, “Пулҳои сеҳрангез» (2005), ”Тасаввуф дар Эрон ва Осиёи Марказӣ” (2006), “Ҷодуии Наврӯз”, “Феҳристи нусхаҳои форсии китобхонаи миллии Қазоқистон” (2008), “Фарҳанги форсӣ ба русӣ ва русӣ ба форсии тахассусӣ» (2011), ”Фирдавсӣ ва рушди ҳамосаҳои миллӣ дар Эрон ва Осиёи Марказӣ” (2014),“Рӯшаноии сухан”, “Сеҳри сухан” (2015), “Рӯдакӣ ва ҳазор соли шеъри форсӣ” ( 2017), “Ҳама олам тан асту Эрон дил” (2019), “Равобити таърихӣ ва фарҳангии Эрон ва Дашти Қипчоқ “ (5 ҷилд, 1995-2017) дар таҳқиқу тарғиби забону адаби тоҷик саҳми назаррас гузоштааст.

Сафар Абдуллоҳ бунёдгузор ва сардабири маҷаллаи илмии “Эроннома”, ки то кунун бештар аз 50 шуморааш интишор шудааст ва узви ҳайати таҳририяи маҷаллаҳои илмӣ ва адабиест, ки дар Алмаато, Маскав, Теҳрон, Исфаҳон, Машҳад чоп мешаванд. Соли 2023 китоби ашъораш бо номи “Аз шаҳри ғурбат” дар Афғонистон ба табъ расид.

Мақолаҳои зиёди донишмандони Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистонро ба забони русӣ тарҷума ва чоп намудааст, ки дар муаррифии нақду адабиётшиносии кишварҳои форсизабон хидматгузоранд.

 Сафар Абдуллоҳ профессори Донишгоҳи равобити байналмилалӣ ва забонҳои хориҷии Қазоқистон, узви созмонҳои нависандагони Тоҷикистону Қазоқистон, Фарҳангистони забону адаби форсӣ буда, хидматҳояш бо Ҷоизаи байналмилалии Форобӣ, Нишони тиллоии ваҳдати ақвоми Қазоқистон – “Бирлик” ва медали “Барои хидмати шоён” қадр шудаанд.

 Раёсати Иттифоқи нависандагон Тоҷикистон ҷашни фархундаи узви пуркору пухтакори созмонро самимона табрик гуфта, барояш тандурустии комил ва илҳоми саршор таманно мекунад.

Дигар хабарҳо