Номаи шодбошии ИНТ ба адиби шинохта Сайидамин Ҷило

 Номаи шодбошии ИНТ ба адиби шинохта Сайидамин Ҷило

Сайидамин Ҷило, узви ИНТ аз соли 1995, муаллифи маҷмуаҳои ашъори “Паҳнои мурод”, “Гулбонги ғазал”, “Дар водии боронҳо”, “Гулшани ҳунар”, “Гулбоғи роз” ва ғайра дар шоҳроҳи шоирӣ таҷрибаи зиёд андӯхта, як зумра қаламкашони ҷавонро тарбият кардааст.

Фаъолияти публитсистию драматургияш низ назаррас буда, дар тӯли солҳои гуногун як силсила очеркҳои пурмуҳтаво, намоишномаҳои “Калиди бахт”, “Афсонаи ҷангал”, “Муъҷизаи ҳазрати Хизр” ва “Дилхушӣ”-ро эҷод намудааст, ки дар театрҳои вилояти Суғд манзур гардидаанд. Чанд намоишномаи драматургони хориҷӣ Скарначи, Тарабузи, А. Володин, А. Бошбеков, Алфред Рей, А. Галеев, Ю. Челюкин, И. Шароев ва дигаронро ба тоҷикӣ тарҷума кардааст.

Ҳамчунин ба тарҷумаи ашъори шоирони хориҷӣ низ машғул шуда, намунаҳое аз эҷодиёти А. Пушкин, М. Лермонтов, А. Блок, В. Шефнер, Н. Рубтсов, Махдумқулӣ, А. Қаҳҳор, Мирмуҳсин ва С. Ҳоҷибоевро ба тоҷикӣ пешкаши хонандагон намудааст.

Дорандаи Ҷоизаи ба номи Камоли Хуҷандӣ ва унвони “Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон” мебошад.

Бо орзуи тандурустии мудому саодати бардавом ҷашни 80-солагиро ба ин адиби пуркору заҳматкаш шодбош мегӯем!

Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

Дигар хабарҳо