Номаи шодбошии ИНТ ба нависандаи шинохта Ҷӯрақули Аҷиб

 Номаи шодбошии ИНТ ба нависандаи шинохта Ҷӯрақули Аҷиб

Ҷӯрақул Аҷиб аз нависандагони сермаҳсули мо буда, то имрӯз чакидаҳои хомааш бо номҳои «Тавал­луди муҳаббат» (1990), «Хиёнат» (1992), «Ҷорӯбкӯл – зодгоҳи паҳлавонон» (1997), «Нафаси давр» (1999), «Фарзанди ҷасорат» (2000), «Таҳамтан» (2001), «Занҷири тилло» (2002), «Симои нексиришт» (2002), «Тоҷикистон – кишвари обҳои зулол» (2002), «Марди дарёдил» (2004), «Садои ҷовидон» (2005), «Оинаи дил» (2007), «Ошёни ишқ» (2010), «Лаҳзае, ки Офтоб сиёҳ шуда буд…» (2011), «Як қадами тақдирсоз» (2012), «Қисмати кишвари кӯҳсор» (2014), “Як қадами сарнавишт” (2016), “Лаҳзаҳои сафедтобу тирагуни рӯзгор” (2017), “Арзиши аспи бидав” (2019), “Шаклу шамоили ишқ” (2020) ва ғайра ба забонҳои тоҷикию ӯзбекӣ дастраси хонандагон гардидаанд.

Тарҷума дигар шохаи фаъолияти мавсуф буда, асарҳои чанде аз адибони тоҷикро ба ӯзбекӣ баргардон намудааст.

Ба синни мубораки 75-солагӣ расидани ҳамқалами гиромиро сидқан табрик гуфта, ба ӯ тани сиҳату дили беғам ва тамоми хубиҳову хушиҳои зиндагиро таманно дорем!

Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

Дигар хабарҳо