Номаи шодбошии ИНТ ба Нависандаи халқии Тоҷикистон Маъруф Бобоҷон
Маъруф Бобоҷон баъди ба итмом расонидани факултаи филологияи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (ҳоло ДМТ) ба ҳайси муҳаррир дар Идораи гуфторҳо барои мамолики хориҷӣ, муҳаррири калон, мудири шуъбаи мухбирони ҷумҳурӣ, сармуҳаррири Идораи гуфторҳои адабӣ-драмавии Кумитаи радио ва телевизиони назди Ҳукумати ҶШС Тоҷикистон (1968-1986), ходими адабии рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ», раиси Маркази тарғиби адабиёти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1986-1990), сардори Оҷонсии ҳифзи ҳуқуқи муаллифи Тоҷикистон (1990-1992), раиси Созмони ҳифзи ҳуқуқи муаллифи назди Шӯрои Вазирони ҶТ (1992-1995) ва сарвари Ҷамъияти «Китоб»-и вилояти Суғд кор кардааст. Ҳоло мушовири Шуъбаи суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.
Мавсуф бо эҷоди ҳикоя ва қиссаҳои “Хишти аввал” (1971), “Шаби охирин” (1978), “Ҷуфти кабӯтарон” (1981), “Асири ҳафтум” (1985), “Бист дақиқаи интизорӣ” (1987), “Боғи умед” (1989), “Муҳаммад” (1991), “Бандии ихтиёрӣ” (2002), “Тавба” (2010), романҳои “Умеди вопасин” (2012), “Фурӯғи ишқ” (2016), “Қасами Гиппократ” (2019), “Қарз” (2023), “Талош” (2024), «Асарҳои мунтахаб» (2017, дар панҷ ҷилд) дар адабиёти тоҷик ҷойгоҳи арзанда дорад.
Асарҳои А. Чехов, К. Чапек, Э. Ҳемингуэй, К. Ловейра, романи “Генералҳо ва духтурҳо” (1988), П. Лукнитский “Босмачиҳо дар Осиё” (1976), Ким Селихов “Аз пайи ҷиай” ва дигаронро аз забони русӣ ба тоҷикӣ гардондааст.
Ҳикояву повестҳояш ба бисёр забонҳо, аз ҷумла русӣ, англисӣ, арманӣ ва ӯзбекӣ тарҷума ва чоп шудаанд.
Барои хидматҳои шоён бо ифтихорномаи Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон (1980), унвони Корманди шоистаи Тоҷикистон (2004), Ҷоизаи адабии ба номи Камоли Хуҷандӣ, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон», Аълочии матбуоти ҶТ, нишони «Сухан» ва Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд (2016), Нависандаи халқии Тоҷикистон (2021) қадрдонӣ гардидааст.
Бо камоли эҳтиром 80-умин солгарди умри баракатбори ҳампешаи худро сидқан табрик гуфта, ба ӯ саломатии комил, табъи болидаю хотири осуда ва дар ҷодаи эҷод барору комёбӣ таманно дорем.
Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон



