Номаи шодбошии ИНТ ба муносибати 90-солагии драматурги маъруф Тӯрахон Аҳмадхон

 Номаи шодбошии ИНТ ба муносибати 90-солагии драматурги маъруф Тӯрахон Аҳмадхон

Яке аз ҳунарпешагони маъруфи кишвар, драматурги намоён, ходими хидматнишондодаи санъати Тоҷикистон Тӯрахон Аҳмадхон ба синни мубораки 90 гом ниҳод.

Тӯрахон Аҳмадхон 1-уми июни соли 1935 дар деҳаи хушманзараи Шаршари ноҳияи Кангурт (ҳоло ноҳияи Данғара) дида ба ҳастӣ кушод. Даҳ сол дар хонаи кӯдакон тарбия ёфта, соли 1955 баъди хатми мактаби миёна до­нишҷӯи Донишкадаи давлатии театрии ба номи Анатолий Луначарскийи шаҳри Маскав гардид.

Соли 1960 Тӯрахон Аҳмадхон дар қатори як гурӯҳ ҷавонони тоҷик донишкадаи мазкурро бо муваффақият ба анҷом расонда, бо дипломи ҳунарпешаи театр ба Тоҷикистон баргашт. Тайи як сол дар Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи А. С. Пушкин (ҳоло Театри ба номи Камоли Хуҷандӣ) ифои вазифа намуд.

Маҳорати баланди ҳунарварии ӯро ба назар гирифта, соли 1960 ба Театри давлатии академии драмаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ба кор даъваташ намуданд. Аз ҳамон сол то ба имрӯз ӯ дар саҳнаи бузургтарин театри тоҷик софдилона, пурҷӯшу хурӯш кор мекунад. Маҳз дар саҳнаи театри калонтарини кишвар маҳорат, истеъдод ва ҳунари волои коргардониву драманависии ӯ ба зуҳур омад.

Соли 1995 ӯро ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфтанд. Ӯ муаллифи намоишномаҳои «Олами пурасрор», «Карим-Девона», «Сафар Амиршо­ев», «Гилеми кабуд», «Мулки меросӣ», «Бе пир марав…», «Қиссаи аҷибу ғариб», «Баҳроми чӯбина», «Буд-набуд», «Қиссаҳои рангин» ва ғайра мебошад. Бисёре аз ин асарҳоро худи Тӯрахон Аҳмадхон коргардонӣ кардааст. Соли 2021 осори драматургияш дар ду ҷилд ба табъ расид ва аз ҷониби хонандагон хеле хуш қабул гардид.

Имрӯзҳо устод Тӯрахон Аҳмадхон машғули таҳияи яке аз асарҳои охиринаш – «Меҳргиёҳ» мебошад.

Устоди гиромиро ба муносибати ҷашни бузургаш бо ихлосу иродати бепоён муборакбод гуфта, барояш хотири ҷамъ ва рӯзгори нек таманно мекунем!

Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

Дигар хабарҳо