Номаи шодбошии ИНТ ба муносибати 85-солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон Сорбон
Сорбон яке аз нависандагони пурмаҳсул ва шинохта буда, дар адабиёти муосири тоҷик ҷойгоҳи хоси худро дорад. То имрӯз понздаҳ ҷилди «Куллиёт»- и нависанда ба дасти хонандагон расидааст. Маҳсули давраи аввали эҷодиёти ӯ соли 1969 бо номи «Гап дар дил» ба табъ расид. Инак, шаст сол мешавад, ки нависанда ба кори эҷодӣ машғул аст. Ба ибораи дигар, бо нашри пайдарпайи осори хеш собит кард, ки “Гап дар дил” ном гирифтани нахустмаҷмуаи ҳикояҳояш беҳикмат набудааст.
Ҳикоя, қисса ва романҳои Сорбон ба зудӣ ҳаводорони худро пайдо карда, мавриди истиқболи гарм қарор гирифтаанд. Зеро як ҷиҳати умда ва ҷолиби навиштаҳои ӯ дар он таҷассум меёбад, ки хонанда бо ҳама шодию нишот, ғаму андӯҳ, орзую ормон ва хостаҳояш хешро дар онҳо дармеёбад. Нависанда бо романҳои «Актёр», «Зарафшон», «Достони писари Худо», «Кадевар», «Росу», «Туғрал», «Барзгар», «Шаҳрбону», повестҳои «Буд, набуд», «Ҷӯгӣ», «Шинел», «Сабо», «Санги сипар», «Қумрӣ», «Дашти морон», «Спитамон», «Ҳазорчашма» ва ғайра дар ғанӣ гардонидани дунёи маънавӣ ва тарбияи насли наврасу ҷавон дар руҳияи худшиносию худогоҳӣ ва инсондӯстию меҳанпарастӣ нақши бориз дорад.
Дар ағлаби асарҳои нависанда ботини мураккаби инсон, масъалаҳои ҳаёту мамот, рисолати ӯ дар зиндагию қарзи фарзандӣ, таърихи халқ, корномаҳои фарзандони барӯманди миллат дар лаҳзаҳои мушкилу тақдирсози Меҳан, шебу фарози рӯзгори ҳамзамонон бо диди жарф, тахайюли рангин, забони ғанию шево ва ҳақиқатнигорона ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Тасвири симои зани тоҷик дар осори адиб ҷойгоҳи хос дорад. Ӯ шебу фарози рӯзгор, ҳаёти пурпечутоби зани тоҷик ва кору пайкори ӯро дар ҳаёти иҷтимоӣ дар симои Ороста (романи “Барзгар”), Гул (қиссаи “Ғори одамхор”), Шарифа (романи “Зарафшон”), Саидабону (ҳикояи “Табари хунолуд”), Гулсимо (ҳикояи “Гови Мир”) ва дигарон аз зовияҳои гуногун ба таври муассир рӯйи коғаз овардааст.
Баъзе аз осори нависанда бо сужаи рангин ва гирумони ҷолиб мавриди таваҷҷуҳи синамогарони тоҷик қарор гирифтанд, ки филми “Тангно” аз шумори онҳост. Инро метавон хидмати арзандаи нависанда дар рушди фарҳанги даврони истиқлол донист.
Сорбон ба тарҷумаи бадеӣ рӯ оварда, асарҳои беҳтарини нависандагони машҳури дунё – “Ман офтобро мебинам”-и Нодар Думбадзе, қиссаи “Киштии сафед”-и Чингиз Айтматов ва ғайраро ба забони тоҷикӣ баргардонидааст.
Асарҳои ӯро низ тарҷумонҳову адибони машҳур ба забонҳои гуногуни дунё, аз ҷумла ба русӣ тарҷума ва нашр кардаанд. Нашриёти «Советский писатель»-и Маскав маҷмуаи повесту ҳикояҳои “Первый звонок”, “Джуги”, “Змеиное поле”, романи “Актёр” ва нашриёти шаҳри Таллин маҷмуаи ҳикояҳояшро бо номи «Puimaoo» (“Сайёд”)-ро ба забони эстонӣ ба табъ расондааст. Ҳамчунин ҳикояҳои ҷудогонаи нависанда ба забонҳои англисӣ, олмонӣ, фаронсавӣ ва бисёр забонҳои ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ тарҷума ва нашр гардидаанд.
Хидматҳои Сорбон дар рушди адабиёти тоҷик бо унвони Нависандаи халқии Тоҷикистон, Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ қадрдонӣ шудаанд.
Ҷашни 85-солагиро ба нависандаи маҳбуб самимона муборакбод мегӯем!
Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон